Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати тақвияти худшиносии миллӣ ва таърихии мардуми кишварамон чунин омадааст: “Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.
Вазоратҳои маорифу илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо вазифадор карда мешаванд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд. Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва академик Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард.
Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳимми Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти доимии худ қарор дода, ба мақсади боло бурдани рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон”-ро дар ду шакли электронӣ – ПДФ ва WORD дар бахши “Китобхонаи электронӣ”-и сомонаи Марказ мегузорад ва ҳаводорони таъриху фарҳанг ва тамаддуни бостонии тоҷикон ва ақвоми ориёӣ менамояд. Хоҳишмандон метавонанд бо суроғаи www.mts.tj матни ин китоби арзишмандро дарёфт ва мутолиа намоянд.
Раёсати таъминоти иттилоотӣ МТС