Санаи 6 апрели соли 2023 дар Боғи фарҳангию фароғатии “Куруши Кабир” занону духтарони Марказ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, махсусан либосҳои атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ ва аз байн бурдани тамоюлҳои бегонапарастӣ дар чорабинии аксияи “Тоҷикона мепӯшем”, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1 март то 31 майи соли равон роҳандозӣ гардидааст, фаъолона иштирок намуданд.

Шурои занон ва духтарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед