Занону духтарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либосҳои миллии атласу адрас, чакан ва баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ ва аз байн бурдани тамоюлҳои бегонапарастӣ санаи 12 марти соли 2024 дар Боғи фарҳангию фароғатии “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” дар чорабинии аксияи “Тоҷикона мепӯшем”, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1 март то 31 майи соли равон роҳандозӣ гардидааст, фаъолона иштирок намуданд.

Шӯрои занон ва духтарони Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед