Дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳо дар асоси принсипи сиёсати дарҳои боз нақши муассир дорад. Аз ин рӯ, тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо мамолики олам ба рушди соҳаҳои мухталифи кишвар кумак хоҳад намуд.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикстон ва Покистон яке аз намунаҳои муваффақи сиёсати дӯстонаи Тоҷикистон мебошад, ки сол то сол тавсеа меёбад.
Бояд зикр намуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ самтҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷониба ба шумор мераванд.
Қобили зикр аст, ки робитаҳои ду кишвар дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ давра ба давра тақвият меёбанд зеро Покистон дар бахши кишоварзӣ ва саноат пешрафтҳои назаррасро доро мебошад. Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои мазкур метавонад аз таҷрибаи Покистон истифода намояд, зеро соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳимми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина ташкили корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи Покистон ба нафъи тарафҳо мебошад.
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи нақлиёт ҳам хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон, ки ба баҳр роҳи баромад надорад, имкон дорад, ки тариқи бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон молҳои худро вориди бозорҳои ҷаҳони намояд ва ё ба воситаи бандарҳои мазкур молу коло ворид кунад, яъне аз шабакаҳои мавҷудаи транзитии кишвари дӯст истифода намояд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи энергетика ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондаанд. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои обии фаровон ва иқтидори гидроэнергетикии бузург аст, бинобар ин барои рушди ҳамгироии минтақавӣ имконият дорад, ки қувваи барқро ба Покистон ирсол кунад. Вобаста ба ин, ҷонибҳо дар доираи лоиҳаи CASA 1000, ки хатҳои интиқоли барқи Осиёи Марказиро ба Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад, робитаҳоро тақвият бахшида истоданд. Бо амалишавии лоиҳаи мазкур ҷониби Покистон метавонад ҳамасола 1300 мегаватт барқ дарёфт кунад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва маориф низ тавсеа ёфта истодаанд. Дар соли 2004 Созишнома байни Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид. Бо имзои созишномаи мазкур робитаҳои илмӣ миёни тарафҳо тақвият ёфтанд ва табодули илмӣ-фарҳангӣ байни донишмандони тоҷику покистонӣ рушд намуда истодаанд. Дар ин замина, созишномаҳо миёни донишгоҳҳои ду кишвар ба имзо расиданд, ки аз ҳамкории назарраси ҷонибҳо дар соҳаи илм хабар медиҳад.
Дар соли 2014 Ёддошти тафоҳум байни ду кишвар дар соҳаи таҳсилоти касбӣ низ ба имзо расидааст. Айни ҳол Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломобод, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Панҷоб, соли 2019 бошад, лоиҳаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Донишгоҳи Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар созишномаҳо ба имзо расонида шудаанд. Ҳамзамон, аз забони урду дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дарс гуфта мешавад ва маркази омӯзишии Покистон низ фаъолият дорад.
Чи тавре ки ба назар мерасад, рушди фаъолияти илмӣ, технологӣ, таълимӣ ва мубодилаи олимону донишҷӯён ва табодули адабиёти таълимӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон дар даҳсолаи охир бисёр хуб шудааст. Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад. Зеро таҳсил дар барномаҳои байналмилалӣ ва табодули захираҳои инсонӣ таҷрибаи олӣ барои омода намудани мутахассисони касбӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон вобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ва хатарҳои нави афзоишёбанда ҳамкориро дар бахши амният низ таҳким мебахшанд. Зеро терроризм ва ифротгароӣ падидаи номатлуб буда, ба дилхоҳ кишвар зарари худро мерасонад ва мубориза бо онҳо дар якҷоягӣ чуноне ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, самаранок мебошад. Бо шомил шудани Покистон дар соли 2017 ба СҲШ ҳамкорӣ дар ин самт боз ҳам такони ҷиддӣ ёфт.
Мавриди зикр аст, ки санаи 2 июли соли 2024 Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафари мазкур 9 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, сайёҳӣ, авиатсия, варзиш ва саноат ба имзо расонида шуд. Муҳимтарин дастоварди ин сафар имзои Созишномаи шарикии стратегӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ҳамкориҳои ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфтанд: “Мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом хеле муҳим медонем. Аз ин рӯ, алоқаманди таҳкиму тавсеаи ҳамкории худ бо кишвари бародари Покистон ҳастем”. Ин нуқта аз таваҷҷуҳи махсуси Сарвари кишвари мо нисбат ба Покистон далолат мекунад.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон