Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор дастовардҳои бузург ва гузоштани заминаҳои боз ҳам қавӣ дар тавсеаи равобити дуҷонибаи стратегӣ анҷом пазируфт. Онро метавон яке аз бошукуҳтарин сафарҳои сатҳи олии роҳбарони кишварҳои дӯсту шарик унвон кард. Сабаби чунин истиқболи сатҳи баланду самимимонаро аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон аз овардани ду нуқтаи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дод.

Якум, тавре, ки гуфта шуд, дар зарфи 32 соли ҳамкориҳои дипломатӣ ягон маротиба дар сарҳади ин кишварҳо ҳодисаи нохуш рух надодааст.

Дуюм, ишораи бисёр маънидору бамавриди Пешвои миллат, ки зимни суханронӣ дар маросими тақдими ордени Дӯстӣ, гуфтанд “Муносибат ва самимиятро дар ҳамкории байнидавлатӣ бояд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин омӯхт”.

Ҳамин ду нукта гувоҳи он аст, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ва роҳбарияти ин давлат барои кишвари мо соҳибэҳтирому арзандаи ҳама гуна қадрдонӣ ва истиқболи шоиста аст.

Ҳамин тавр, сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле пурмаҳсул ва таҳкимбахши заминаҳои боз ҳам қавии ҳамкорӣ барои дурнамои дарозмуддат мебошад.

Тавре маълум аст, зимни сафар 29 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нахуст, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи навро имзо карданд. Изҳороти мазкур имконият медиҳад, ки рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисоди кишвар таъмин гардад ва такони нав дар робитаҳои стратегии ҳамаҷониба мебошад.

Дуюм, Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба эътирофи мутақобила ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои тахассусӣ, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ. Бо имзои ин санад, эътирофи унвонҳои илмӣ дар кишвари якдигар ва табодули  олимон ва дараҷаҳои илмӣ афзоиш меёбад.

Сеюм, Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Идораи миллии матбуот ва интишороти Чин оид ба тарҷума ва нашри осори классикон. Санади мазкур имкон медиҳад, ки осори классикони тоҷик дар Чин нашр гардад ва мардуми он бо ашъори пурғановати донишмандони тоҷик ошно шаванд. Ҳамзамон, осори классикони чинӣ дар Тоҷикистон интишор шуда, мардум аз наздик ба онҳо шиносоӣ пайдо менамоянд.

Чорум, Ёддошти тафоҳум оид ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи нав миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин. Зикр бояд кард, ки Тоҷикистон кишвар болооб ва дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад, дар ҳамкорӣ бо Чин метавонад сохтмони НОБ-ии хурду миёнаро ба роҳ монад.

Бо имзои санадҳои мазкур рушд ва таҳкими ҳамкории дарозмуддати мутақобилан судманди ду ҷониб дар марҳилаи нав  таъмин гардиданд.

Дар тули 30 сол Тоҷикистон ва Чин аз ҳамсоягии нек ба шарикии беназири стратегӣ омада расиданд ва дорои сарнавишти ягона ҳастанд ва ҳамкориҳо дар марҳилаи рушди босуръат ва эҳёи миллӣ қарор доранд. Инчунин, таъкид гардид, ки сафари болозикр уфуқҳои нави ҳамкориро миёни ду кишвари дӯст ва бародар боз менамояд.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки муносибатҳо ба қуллаҳои нав бароварда шаванд ва ҳамкории амалӣ густариш ёбад. Инчунин, суръат бахшидан ба сохтмони қитъаҳои асосии роҳи мошингарди “Чин – Тоҷикистон”, афзун намудани ҳаҷми сармоягузорӣ, бунёди низоми муосири саноатӣ дар кишвари мо тезонида шавад. Хусусан, таъкид гардид, ки имконияти бунёду навсозии қитъаи шоҳроҳи “Душанбе-Кулма” дар минтақаи ноҳияи Рӯшон то гузаргоҳи сарҳадии  “Кулма – Қарасу” мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки бунёди роҳи оҳан дар масири “Чин – Тоҷикистон – Афғонистон” ба густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодии минтақавӣ кумак мекунад. Агар қитъаи роҳи мазкур таҷдид ва бозсозӣ гардад, Тоҷикистон ҳамчун шоҳраги пайвасткунандаи кишварҳои Осиёи Марказиву Ҷануб ва Чин мегардад, яъне Тоҷикистон комилан ба долони транзитӣ табдил меёбад.

Мавриди зикр аст, ки дар рафти ин сафар бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ҳаҷми 1,5 млрд юан бо маблағгузории ҷониби Чин сохта ва бо иштироки Роҳбарони ду кишвар ба истифода дода шуданд. Дар кушодашавии биноҳои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ миннатдории худ ва мардуми тоҷикро ба Раиси Чин Си Ҷинпин иброз доштанд. Бинои Парлумони Тоҷикистон рамзи беназири ҳамкории Тоҷикистону Чин буда, калонтарин бинои Парлумон дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмуъ, Тоҷикистон ва Чин ба беҳбуди инфрасохтори нақлиётию сайёҳӣ таъкид намуданд ва дар дурнамои дарозмуддат дар доираи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ҳамкории зич ва ҳамдигарфаҳмиро тавсеа бахшида, ҳамдигарро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба иқтисоди «сабз» ва «рақамӣ», зеҳни сунъӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар авлавияти ҷонибҳо қарор дорад.

Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
 сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и  назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед