Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар самти муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати ”дарҳои кушода”- ро авлавияти дипломатияи худ қарор дода, дар асоси рӯҳияи дӯстиву бародарӣ  ва таҳкими муносибатҳои самарабахш  дар марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Тоҷикистон ба ташаккули равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳаммияти махсус зоҳир менамояд.

Дар ин радиф, бодарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва рушди иқтисодӣ, инчунин робитаҳои алоқаманди таърихӣ, миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои самарабахш, созанда ва устувор шакл гирифтаанд. Ин ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар, фарҳангу анъанаҳои бо ҳам наздик доранд. Муносибатҳои дӯстӣ ва бародарӣ миёни ин ду кишвар сол аз сол қавитар гардида, ҳукумат ва мардуми ҳарду давлат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, то ки муносибатҳои мутақобилан судмандро вусъат бахшанд.

Таҳаввулоте, ки дар муносибатҳои ду кишвар аз охири соли 2016 ба амал омад, ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳи нав бароварданд. Аввалин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9-10 марти соли 2018 сурат гирифт. Зимни пазироии самимии меҳмони олиқадр—муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар Қасри Миллат баргузор гардида буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “нахустин сафари давлатии Шуморо ба Тоҷикистон ба ҳайси Сарвари давлати Ӯзбекистони бародар ҳамчун сафари таърихӣ дар муносибатҳои дуҷониба дар доираи дӯстии халқҳоямон арзёбӣ мекунем”. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад. Дар рафти ин мулоқот аксари масъалаҳои ҷойдошта дар муносибатҳои ду давлат ҳаллу фасл гардиданд. Дар доираи ин сафар, ҷонибҳо тамоми масъалаҳои сарҳадиро бартараф намуда, ба қароре омаданд, ки низоми рафту омадро барои сафарҳои шаҳрвандони ду кишвар сабуктар намояд. Вобаста ба ин дар буду боши шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз низоми бераводид ҷорӣ гардида, фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадии байнидавлатӣ барқарор карда шуданд.

Дар идомаи таҳкими муносибатҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рӯзҳои 17-18-уми августи соли 2018 ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Зимни ин сафар ҷонибҳо заминаи созишномаҳои қаблиро қавӣ намуда, як зумра Созишномаҳои нави муштарак ба имзо расониданд, ки он дурнамои муносибатҳои  Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба сатҳи нави ҳамкорӣ баровард. Дар рафти ин мулоқот на танҳо масъалаҳои сарҳадӣ, робитаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин, масъалаҳои соҳаи амният ва мудофиа, ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ  қарор гирифтанд.

Бузургтарин дастоварди ин сафар–имзои Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки Созишномаи шарикии стратегӣ сатҳи нави муносибатҳоро муйян намуда, шароити мувофиқро барои пешбурди муносибатҳои судманд фароҳам овард.

Сафарҳои болозикр дар ҳаёти мардумони ин давлатҳо саҳифаҳои нав оғоз намуданд. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар асоси робитаҳои таърихӣ ва маънавии ду халқи дӯсту бародар шакл гирифтаанд, дар доираи эътимод, дӯстии самимӣ ва ёрии якдигар мебошад.

Дар ин замина, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 10-11 июни соли 2021 анҷом дода шуд, барои ҳамкориҳои бисёрҷониба ва шарикӣ миёни ду кишвар аҳаммияти хосса дорад. Ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ самти муҳимтарини муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ташкил  медиҳад. Ҳамчунин, баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, инчунин масъалаҳои фарҳангӣ дар меҳвари муколамаи ду кишвар қарор доранд.

Дар марҳилаи нави рушди муносибатҳо, ҷонибҳо барои сайқал додани муносибатҳои фарҳангии худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Моҳи ноябри соли 2019 дар қаламрави Тоҷикистон “Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон” баргузор шуд. Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ “Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон” доир гардида буд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон саҳми бузурги халқҳои тоҷику ӯзбекро дар рушди фарҳанги миллии якдигар мусбат маънидод намуда, иброз доштанд, ки «мо ба «Шашмақом» ҳаёти дубора бахшидем ва бо қарори ЮНЕСКО ин намуди санъати аҷдодони мо мероси маънавию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек эълон карда шуд”.

Такмил додани робитаҳои самарабахши ду давлати ҳамсоя — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаҳои гуногун на танҳо ба манфиати ду мамлакат, балки барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа низ нақши калидӣ мебозад. Зеро тоҷикон ва ӯзбекон ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Ҳарду кишвар дар баробари пешбурди муносибатҳои дуҷониба, дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СҲИ, МҲТБО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкориҳои муваффақ доранд. Қайд кардан зарур аст, ки дар доираи ташкилотҳои болозикр давлатҳо аз мавқеъ, манфиатҳои миллӣ ва минтақавии ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ ҳифз ва пуштибонӣ менамоянд.

Тоҷикистон минбаъд, низ омодааст, ки муносибатҳои дуҷонибаро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рӯҳияи эътимод, бародарӣ ва шарикии стратегӣ таҳким бахшад.

 

 Ҳафизова Азиза Саидаҳмадовна,
мутахасиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед