Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо сиёсати мутавозин мавқеи шоистаро касб намуда, густариш ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи сиёсати босубот бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, бо Давлати Қатарро хеле муҳим арзёбӣ менамояд. Дар ин замина, ҳамеша Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳкими муносибатҳои сиёсӣ назари нек дошта, бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн дар ҳавзаҳои гуногуни ҷаҳонӣ самараи онро таконбахши рушд медонад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта, бо 184-тои он равобити дипломатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин самт, ҳанӯз 13 декабри соли 1994-ум Тоҷикистон робитаҳои дипломатиро бо Давлати Қатар оғоз намуда, то имрӯз марҳалаҳои гуногуни рушду дуҷонибаро тай намудаанд. Сипас фаъолияти сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе (моҳи ноябри соли 2012) ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа (моҳи майи соли 2013) оғоз гардидааст.

Оре, аз аввалин лаҳзаҳои фаъолияти сиёсии Сарвари давлат хурду бузурги кишвар хуб дарк намуданд, ки маҳз бо сиёсати зиндагисоз, хирадмандона, заҳмату талошҳои шабонарузӣ ва хастанопазирӣ Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносиботи мутақобилан судманд мунтазам дар марҳалаҳои нав таҳким меёбад. Бахусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла бо Давлати Қатар, марҳалаҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаи рушду инкишофро сипарӣ намуданд. Имрӯзҳо Қатар, ҳамчун шарики муҳимми стратегии Тоҷикистон дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони араб дониста мешавад. Дар ин росто, тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо ин шарики боэътимод яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии бомуваффақонаи кишвар мебошад. То имрӯз ҷиҳати инкишофи ҳамкории мутақобилан судманд ва рушди муносибатҳо байни ду кишвар дар масъалаҳои дорои манфиати муштарак 16 санади муҳимми ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонидаанд.

Мусаллам аст, ки ҳамеша бо шарофати хиради стратегӣ, иродаи қавӣ ва малакаи беназири сиёсӣ сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом меёбанд. Дар ин самт, ду маротиба (солҳои 2007 ва 2017) Пешвои миллат бо иродаи неку самимӣ ба Давлати Қатар сафари расмӣ анҷом дода буданд. Дар натиҷа, маҳз сафарҳои мазкур ба рушди ҳамкориҳои сиёсии ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ду кишвар асос гузоштанд. Инак, роҳбарияти олии кишвар мунтазам дар масъалаи эҷоди лоиҳаҳои муштарак ва густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин кишвари арабӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз соли 2021-ум зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигорони қатарӣ, ки муҳтавои он дар рӯзномаи «Аш-Шарқ»-и Давлати Қатар ба чоп расид, бо қаноатмандӣ доир ба таҳкими муносибати ду кишвар иброз намуданд: «…Мо аз сатҳу муҳтавои робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунии таърихӣ ва усули бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ мекунем. Бо саъю талошҳои муштарак то имрӯз механизми ҳамкориҳои тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтаанд».

Ростӣ, маҷмуи санадҳои нави муҳимми ҳамкорӣ, бешубҳа, боиси  густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои гуногун ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат муҳим дониста мешавад. Зимнан, тайи солҳои 2012-2023 аз ҷониби сармоягузорони Давлати Қатар ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 64,6 млн. доллар сармоягузориҳои мустақим ворид гардидааст. Дар ҳошияи сафари шахсони воломақоми Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаи бунёди шаҳраки муосири “Диёри Душанбе” бо сармоягузории Ширкати қатарии «Диёр» ба маблағи 300 млн. доллар равона гардид, ки то ҳол ҷиҳати татбиқи марҳалаи аввали он ба миқдори 65 млн. доллар ворид шудааст.

Дар ин росто, санаи 8-уми июни соли 2023-юм дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Сарони давлатҳо Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Дарвоқеъ, бузургтарин тарҳҳои анҷомдодаи Давлати Қатар – маҷмааи «Диёри Душанбе» ва сохтмони масҷиди бузург дар шаҳри Душанбе мебошанд.

Дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, ҳамчун шарики боэътимод дар ҳавзаи Осиё 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла:

– Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории Давҳаи Давлати Қатар дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ;

– Ёддошти тафоҳум дар соҳаи савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар;

– Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти стандартизатсияи ва метрологияи Давлати Қатар;

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити зисти табиии он;

– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар;

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон;

– Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Давлати Қатар оид ба ҳамкории ҳарбӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи авқоф ва корҳои исломӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнати Давлати Қатар;

– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар барои солҳои 2023-2025.

Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ҳанӯз соли 2007 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Ҳамзамон, таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 14-15 июни соли 2019-ум Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид, ки  ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши мазкур сафари кории Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.

Албатта, ҳадафҳо ва афзалиятҳои асосии кишвар дар ин ҷода муайян буда, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро дар самтҳои гуногун дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз, имкониятҳо дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату энергетика, молия, кишоварзию долонҳои нақлиётӣ, бахши хусусӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ, иқтисоди сабз ва рақамӣ, бонкдорӣ, илму маориф, сармоягузорӣ, фарҳангу муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳӣ фаровон буда, як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар ҷиҳати маблағгузорӣ мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор доранд.

Зимнан, рӯнамои иқтидорҳо ва самтҳои афзалиятноки кишвар муҳим буда, доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Давлати Қатар метавонанд дар амалияи ба кор андохтани лоиҳаҳои мазкур нақши муассир дошта бошанд. Зеро Қатар аз лиҳози устуворӣ яке аз ғанитарин кишварҳои арабӣ ва дувумин бузургтарин таъминкунандаи гази моеъ дар ҷаҳон дониста мешавад. Имрӯзҳо ба мақсади расидан ба авлавиятҳои дарҷгардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар баробари ин, роҳбарияти олии кишвар солҳои охир бо имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби бештари сармоягузорӣ як зумра имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ намуда, муҳити сармоягузории дурусту ҳисобиро яке аз масъалаҳои меҳварӣ медонад.

Дар маҷмуъ, тақвияти ҳамкориҳои судманд дар самти афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар муҳим арзёбӣ гардида, имкониятҳо рушд дар самтҳои гуногун ба рушди бемайлон ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, Давлати Қатар бо иқтидори бузурги сармоягузорӣ зимни баргузории машваратҳои сиёсӣ доир ба татбиқ лоиҳаҳои гуногун ва расидан ба ҳадафҳои статегии кишвар метавонад саҳмгузор бошад.

Ораз Муртазозода,
сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед