ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба амали террористие, ки 22 март дар Маҷмааи «Крокус Сити Холл» содир шуда буд, дар китоби таъзия аз номи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзо изҳори ҳамдардӣ навишт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорйев таъкид намуд, ки Тоҷикистон қотеона ба терроризму ифротгароӣ дар якҷоягӣ бо Русия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бурда, пайваста ин зуҳуроти номатлуби асрро маҳкум менамояд.

Мардуми Тоҷикистон ба андуҳи мардуми Русия ҳамроҳ буда, ба осебдидагон шифои комил орзу менамояд.

Чоп кунед