Агар асри XXI дар таърихи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун асри кашфиёти бузурги техникӣ сабт шуда бошад ҳам, хатарҳои ба сари ҷомеаи инсонӣ таҳдидкунандаро ҳадду канор нест. Яке аз падидаҳои басо номатлуби ин аср терроризм мебошад. Ин мафҳум зодаи асри XXI нест, қабл аз ин ҳам нишонаҳои терроризм арзи вуҷуд дошт, аммо дар асри ҳозир он ба тарзу усули нави худ зуҳур мекунад, домани ваҳшати он сарҳадҳои кишварҳоро убур карда, дар тамоми сайёра паҳн мегардад. Аз ин хотир, имрӯз терроризм яке аз он масъалаҳои глобалиест, ки дар сурати баратараф карда нашуданаш боиси ҳалокати ҷомеаву сайёра хоҳад гардид.
Агарчи намояндагони кишварҳои гуногуни олам сари мизи гуфтушунид нишаставу дар хусуси пешгирӣ намудани терроризм андешаронӣ ва тадбирандешӣ мекунанд, мутаассифона, таъсири терроризм торафт қувват пайдо кардаву рушд карда, боз дар баъзе кишварҳо ҷонибдорони худро пайдо карда истодааст.
Қайд намудан зарур аст, ки ҳамарӯза дар тамоми гӯшаву канори олам амалиёти гуногуни террористӣ ва садҳо таркиш воқеъ гардида, ҳазорон қурбонии ин инфиҷорҳо ҷони ширини худро аз даст медиҳанд.
Дар шароти кунунӣ тафаккури экстремистиву террористӣ бештари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст. Вақте дар бораи мафҳуми террористу терроризм сухан меронем, аз таъкиди бисёр арзишманди Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 22 декабри соли 2017 зикр намуда буданд, мавриди истифода қарор доданамон зарур аст. Пешвои миллат ёдовар шуда, барҳақ гуфта буданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддиву ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Бояд тазаккур дод, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобудӣ раҳоӣ ёфт. Мутаассифона, дар замони мо шахсоне, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое мавҷуданд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ифротгароӣ ва терроризм яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он вазифаи ҷониву имонии ҳар як инсони соҳибандеша мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлату кишварҳо таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро, ки боиси рушду такомули онҳост, тамоман аз байн мебарад.
Домани нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт густариш ёфта, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст. Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо дар зиёда аз 40 нуқтаи олам низоъҳои мусаллаҳона идома доранд, ки бар асари онхо шахсони бегуноҳ ва бештар кӯдакон талаф меёбанд.
Тайи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Бо сабаби амалҳои террористӣ дар бисёр кишварҳои дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб гардида, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар мерасад.
Пурра собит шудааст, ки ҳадафи аслии ҳодисаҳои фоҷиабори Афғонистону Либия, Ироқу Суриву Яман ва як қатор кишварҳои аврупоӣ, пеш аз ҳама, даъватҳои зиддидавлатию зиддиинсонии созмонҳои террористию экстремистӣ буда, суботи сиёсӣ, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияту якпорчагии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.
Аз ҷумла, кишвари Сурия бинобар ҷанги ҳафтсола ба хисороти ниҳоят зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва талафоти ҷонӣ мувоҷеҳ гардид ва ба харобазоре табдил ёфта, аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар ному нишоне намондааст. Аз ин кишвар аз ваҳшати ҷанг ва қатлу куштор зиёда аз 8 миллион нафар дар дохилу хориҷ дар ҳолати гурезагӣ қарор доштанд.
Ҳамчунин, ин ҷанг сабаби кушта шудани 460 ҳазор нафар шудааст, ки 12 ҳазори онҳо кӯдакон буданд. Мавҷи ҳиҷрат теъдоди зиёдеро аз ин кишвар ба кишварҳои аврупоӣ бурд. Дар роҳи муҳоҷират дар баҳру уқёнусҳо шумораи зиёди гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдакон, ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Ин амалҳои нангини террористие, ки дар Ироқу Сурия сурат гирифтанд, дигар кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст.
Дар давлати ҳамсарҳади мо Афғонистон беш аз 45 сол аст, ки алангаи оташи ҷанг хомӯш намешавад. Беш аз якуним сол аст, ки кишвари Афғонистон таҳти роҳбарии гурӯҳи террористии “Толибон” қарор дорад. Вазъият рӯз аз рӯз дар ин кишвар мушкилтар мегардад. Озодиву баробарии халқу миллатҳои дар ин сарзамин сукунатдошта ҳифзу ҳимоя ва мавриди эҳтиром қарор дода намешавад. Занону бонувон дигар дар муассисаҳои таълимӣ ва коргоҳҳо ҳуқуқи таҳсилу фаъолиятро дар як ҷо бо мардон надоранд. Ваъияти баду тезутунди ин кишвари ҷангзада тибқи хулосаи баъзе аз мақомоту коршиносон таҳдиде ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.
Мо ҳама хуб медонем, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забонҳо шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм мебарад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» буда, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон касоне мебошанд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз манфиатҳои давлату ҷомеа боло гузошта, мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ин ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Қабули «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» далели гуфтаҳои болост, ки яке аз қадамҳои устувори давлати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад. Дар Стратегияи номбурда аз ҷумла омадааст: “Мақсади муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзиии давлат, қонуният ва тартибоқи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд. Мақсадҳои мазкур бояд тариқи амалӣ намудани чорабиниҳои хусусияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, профилактикӣ ва ҳақуқтаъминкунӣ, ки дар Стратегияи мазкур, санадҳои дигари сиёсиву ҳуқуқӣ ва дастурҳои бо дарназардошти эҳтиёҷоти мубориза бо эстремизм ва ва терроризм қабулшаванда пешбинӣ шудаанд, ба даст оварда шуда, мебояд ҳамзамон, тамоми ҷомеаро фаро гирифта, ба уҳдадориҳои марбут ба ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ ва стандартҳои озодӣ аз табъиз мувофиқат намоянд”.
Бояд таъкид кард, ки терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроти номатлуб ва ваҳшатфиканашон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Мураккабтарин ва хатарноктарини зуҳури терроризм он аст, ки дар заминаи эътиқоди диниву мазҳабӣ пайдо шуда бошад. Терроризми динӣ ба он асос меёбад, ки амалҳои террористӣ бо таълимоти динӣ тақвият дода мешаванд. Террористон бо ташвиқоти беасоси худ ашхоси ноогоҳро талқин менамоянд, ки ҳар касе дар роҳи муборизаи онҳо ҳалок мегардад, шаҳид мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки дар шароити имрӯза ба хотири ба роҳ мондани муборизаи дастаҷамъона бар зидди тафаккури террористӣ муттаҳидсозию сафарбарсозии тамоми имкониятҳои зеҳниву ақлонӣ, моддиву маънавӣ бениҳоят зарур буда, бо ин васила барои аз байн бурдани тафаккури террористӣ муваффақ шудан мумкин аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар Русия ва дигар кишварҳо ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд ва бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт фирефта намуда, ба доми макру найранги худ меафкананд.
Баъзеҳо пайдоиши мафкураҳои террористиро ба таъйиноти ақидаҳои динӣ вобаста медонанд ва ба ин восита ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Бояд тазаккур дод, ки ғояҳои ифротиву экстремистӣ ба ягон дину ойин алоқамандӣ надошта, он маҳсули мафкураи пурғарази гурӯҳҳои муайян мебошад. Ба ҳамин маънӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барҳақ таъкид медоранд, ки «Терроризм дин, миллат ва ватан надорад».
Бо пуштибонӣ аз дини мубини ислом Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошта буданд, ки номи поки исломро ба зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан, иштибоҳи маҳз аст. Амалҳои ғаразноки онҳое, ки таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегиранд, аз ҷониби душманони дини мубини ислом роҳандозӣ мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба хатари терроризм ва экстремизм таъкидҳо намуда, аз ҷумла соли 2016 ҳушдор дода буданд, ки хатари терроризм ва экстремизм барои башарият на камтар аз силоҳи ҳастаӣ мебошад.
Имрӯз яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонон мебошад. Баъзе аз ҷавонони мо ба ҷойи омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд. Аз ҷумла, чанде аз онҳо ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайваста, дар ҷангҳои Сурия иштирок намуда, шумораи зиёдашон ба ҳалокат расидаанд. Коршиносони масъалаҳои динӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайвастани ҷавононро аз надоштани донишу маърифати мукаммали динӣ ва хуб набудани шароити иқтисодиашон вобаста медонанд.
Ҷавонон аз ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ноогоҳ ба даъватҳои сарварону аъзоёни ин гурӯҳу созмонҳо фирефта шуда, гӯё ба дини мубини ислом хизмат карда, мақому манзалатеро соҳиб мешуда бошанд, ба гурӯҳҳои мазкур шомил мегарданд.
Чунонки дар боло зикр гардид, амалҳои ҳамешагии экстремистону террористон тахрибкориву даҳшатафканӣ, қатлу хунрезӣ мебошад, ки ин гуна амалҳои ғайриинсониро дини мубини ислом намеписандад ва маҳкум мекунад. Баръаски ҳол, дини ислом возеҳу равшан эълом медорад, ки қатлу хунрезӣ аз гуноҳони кабира буда, содиркунандагони чунин ҷиноят назди Худованд ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.
Шайх Саъдии Шерозӣ дар адабиёти классики форсу тоҷик бо асарҳои насиҳатии хеш–«Бӯстон» ва «Гулистон» ҳамчун шоири андарзгӯй ва муаллими ахлоқ маълуму маъруфанд. Ӯ дар яке аз шоҳбайтҳои хеш хирадмандона ба хонандаи хеш муроҷиат карда, талқин менамояд, ки дар ҳаёт ҳеҷ гоҳ боиси озори касеву чизе нагардад.
Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст.
Ин гуфтаи шоир далолат бар он мекунад, ки ҳатто озор додани хурдтарин махлуқи Худованд, яъне мӯрча гуноҳи азим мебошад. Новобаста аз он ки мӯр ҷисми хурд дорад, ҷон ҳам барои вай азизу ширин аст.
Мутаасифона, имруз барои аъзоҳои гурӯҳҳои экстремитиву террористӣ на танҳо мӯр, балки инсон ягон зарра қадру манзалате надорад. Ин гурӯҳҳо аз ҳисоби онҳое ташкил гардидааст, ки барои онҳо ҳатто падару модаронашон заррае қадру эътибор надоранд. Ин ҷо овардани ҳикояти воқеие ба мақсад мувофиқ аст. Модари бечорае бо мақсади аз ҷангу хунрезиҳои кишвари Сурия баргардонидани фарзандаш бо ҳисси дилсӯзии зиёда ба ӯ насиҳат кардаву ҷангу хунрезиро як амали аз ҳама ношоиста мехонад. Фарзанди нохалаф на танҳо зориву илтиҷо ва насиҳатҳои модари зорашро пушти по мезанад, балки ӯро ваҳшиёна ба қатл расонида, гӯё бо ин амалаш исбот карданӣ мешавад, ки ӯ дар роҳи дини ислом содиқ асту ӯро касе аз ин роҳ пас гардонида наметавонанд. Барои террористону ифротгароён ягон муқаддасот вуҷуд надорад.
Аъзои гурӯҳҳои террористӣ барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан, аз ҳеҷ гуна амали пурдаҳшат ва ваҳшатфикан даст намекашанд. Чанде аз ин гурӯҳу созмонҳо худро ҷонибдорону пуштибонони дини ислом эълон дошта, вале аз тарконидани масҷиду таълимгоҳ ва дигар иншоотҳои иҷтимоиву динӣ рӯй намегардонанд.
Ёдовар шудан зарур аст, ки дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандии кишварамон чандин амалиёти террористӣ воқеъ гардида, бо ин васила баъзе аз шахсиятҳои номдори кишварамон ба ҳалокат расонида шуданд, ки дар байни онҳо арбобони намоёни давлатӣ, олимону адибон ва дигарон, аз ҷумла журналисти маъруф Отахон Латифӣ, Прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев, олимони забардаст Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва Баширхон Исҳоқӣ ва дигарон буданд.
Пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ доир ба кушторҳои воқеъгардида таҳқиқоти ҷиддӣ ба роҳ монда шуд. Таҳқиқоту баррасиҳои амиқ собит намуданд, ки дар чандин куштори рухдода намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон даст доранд. Онҳо бо роҳнамоии хоҷагони хеш аз кишварҳои хориҷӣ ба хотири гирифтори тарсу ҳарос намудани роҳбарияти кишвар ва ба тасарруфи худ даровардани ҳокимият шахсиятҳои шинохтаро мавриди террор ва куштор қарор додаанд.
Бо дарназардошти аз тарафи намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон содир шудани силсилаи куштору тахрибкориҳо созмони мазкур аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби террористӣ эълон гардида, фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон гардид.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати тарбия соли 2011 дар кишварамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муҳити хонаводагӣ, баланд бардоштани масъулияти волидон дар пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла нашъамандӣ, шаробхорагӣ ва дигар амалҳое, ки роҳ ба сӯйи ҷиноятҳои вазнин мебарад, мебошад.
Истиқлол ва Ваҳдату Сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Дар давлате, ки оромӣ, субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти самараноку бомароми сиёсати байналмилалиро метавон ба роҳ монд. Чун раванди ҷаҳонишавӣ ҳам ҷиҳатҳои манфӣ ва ҳам ҷиҳати мусбат дорад, мо бояд ҷиҳатҳои мусбати онро аз худ кунему муттаҳидтар бошем, то манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем.
Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Мирзо Ашӯров,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркзи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон