Дар асри 21 вазъи сиёсии байналмилалӣ то рафт мураккаб, печида ва ноустувор гардида, таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар ҳоли афзоишанд, ки дар самти рушду нумӯи кишварҳо монеаҳоро ба вуҷуд оварда, истиқлоли давлатҳоро зери хатар қарор дода истодаанд. Яке аз чунин таҳдидҳои муосир терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ мебошад, ки дар айни ҳол мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Чунки дар баробари ҷаҳонишавӣ ва инқилоби технологӣ хатари терроризму ифротгароӣ низ бо суръат афзоиш ёфта истодааст. Дар ин раванд истифода гардидани технологияи иттилоотӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ таҳдиди онҳоро даҳчанд гардонидааст. Технологияи иттилоотӣ имкон дод, ки гурӯҳҳои ифротиву даҳшатафкан кибертерроризмро рушд диҳанд ва бидуни монеаи ҷиддӣ дар дилхоҳ гушаву канори дунё ҷиноятҳои кибериро анҷом диҳанд. Вобаста ба ин, хатару таҳдиди ташкилотҳои террористӣ аз сатҳи маҳаллӣ, давлатӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, ба сатҳи байналмилалӣ мерасанд. Дигар наметавон терроризми байналмилалиро мушкилоти як кишвар ё минтақаи алоҳида номид, зеро “ин таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.
Маврид ба зикр аст, ки созмонҳои ифротиву террористӣ, ба мисли “ДИИШ”, “Ал-Қоида”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Толибон” ва дигар ҳаракатҳои тундгарову иртиҷоӣ хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ касб намуда, аз ҷониби гурӯҳҳои болозикр на танҳо ба давлатҳои алоҳида, балки ба тамоми кишварҳои дунё таҳдидҳои низомӣ, идеологӣ, иттилоотӣ, кибернетикӣ ва амниятӣ дида мешавад. Бинобар ин, давлатҳо дарк карданд, ки дар олами муосир дигар наметавон дар алоҳидагӣ бо таҳдидҳои муосир мубориза бурд. Барои ҳамин, ҷомеаи ҷаҳонӣ ягона василаи муассир ва таъсирбахшро дар иттиҳоду муборизаи дастаҷамъӣ ва ҳамбастагӣ бар муқобили терроризми байналмилалӣ мебинад. Зеро терроризми байналмилалӣ то сатҳе рушд кардааст, ки афроди худро дар сохторҳои дигар давлатҳо ворид намуда, бар зидди дилхоҳ давлат ҷангҳои гибридиро роҳандозӣ намуда, амалҳои террористиро анҷом медиҳанд. То имрӯз дар зиёда аз 100 давлати дунё амалҳои террористӣ анҷом шудаанд, ки танҳо ва танҳо мардуми одӣ зарар дидаанд. Аз ҳамин лиҳоз, зиёда аз ду даҳсола мешавад, ки кулли мамлакатҳои дунё бо ин вабои аср даст ба гиребонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хатару таҳдиди терроризми байналмилалиро дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ба инобат гирифта, муборизаро бар зидди ташкилотҳои ифротгароӣ ва террористӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба монанди СММ, САҲА, СҲШ, СААД, ИДМ ва дигар созмонҳо пурзур намудааст.
Қобили қайд аст, ки Тоҷикистон таҳдидҳои терроризму ифротгароиро ба инобат гирифта, ду маротиба стратегияи муқовимат бо терроризму ифротгароиро солҳои 2016-2020 ва 2021-2025 қабул намуда, бар зидди терроризму ифротгарои муборизаи оштинопазирро ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар доираи созмонҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуда истодааст. Инчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳо ва паёмҳои солонаи худ аз хатару таҳдиди терроризму экстремизм ёдовар шуда, ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳад, ки “терроризму ифротгароӣ вабои аср” ҳастанд ва “террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад” ва ҳамчунин, мефармоянд, ки як омили густариши терроризми байналмилалӣ сиёсати дугонаи баъзе доираҳои манфиатхоҳони байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон дар тӯли ду даҳсола кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки дар сатҳи байналхалқӣ фазои эътимоду боварӣ дар мубориза бар муқобили терроризми байналмилалӣ шакл гирад.
Бинобар ин, Тоҷикистон доимо ташаббус нишон дода, ҳамоишу конфронсҳоро баргузор менамояд. Масалан, дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе 3-4 майи соли 2018 Конфронси байналмилалӣ “Муқовимат бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез”, 16-17 майи соли 2019 ҳамоиши “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” ва дар назар аст, ки 18-19 октябри соли 2022 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” баргузор гардад. Зарур ба таъкид аст, ки баргузории конфронсу ҳамоишҳо доир ба терроризми байналмилалӣ бисёр манфиатовар мебошанд ва ҳам ҷанбаи амалӣ ва назариявӣ барои пешгирии амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ доранд. Аҳаммияти дигари чунин ҳамоишҳо дар он аст, ки дар натиҷаи табодули афкор ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳу усулҳои нави мубориза ва ба вуҷуд омадаи фазои эътимоду боварӣ дар баробари муборазаи зидди терроризми байналмилалӣ мебошад.
Имрӯз хатару таҳдидҳои терроризмро ҷомеаи байналмилалӣ комилан дуруст дарк карда, талош карда истодааст, ки тариқи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ садди роҳи фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ дар ҳама гуна сатҳ гирифта шавад. Вале барои муваффақияти комил омилҳое мавҷуданд, ки монеаи раванди мазкур мегарданд. Аз ҷумла, баъзе абарқудратҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ манфиатҳои худро ба инобат гирифта, хатару таҳдидҳои ғайрианаъанавии муосирро ҷиддӣ қабул намекунанд ва бо созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳамкории зич доранд ва ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ паногоҳҳо медиҳанд. Аз ҳамин хотир, бозиҳои дугона ва пӯштипардагии баъзе доираҳои манфиатҷӯ боис мегардад, ки терроризми байналмилалӣ роҳу усулҳои нави густаришро пайдо намояд.
Бояд тазаккур дод, ки ташкилотҳои террористӣ аз сиёсати дугона ва муғризонаи баъзе неруҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ истифода намуда, ҷангу ваҳшониятро дар баъзе минтақаҳо рушд дода истодаанд, ки оқибатҳои фоҷиаборро ба дунбол дорад. Ҳамчунин, ба назар мерасад, ки ташкилотҳои террористӣ даъвои ҳокимият намуда, барои расидан ба чунин ҳадаф солҳои охир ҳамгироии гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ бараъло мушоҳида мегардад. Мисоли равшани инро мо дар кишвари ҳамсояи худ Афғонистон дида метавонем, ки “Толибон” дар ҳамкорӣ бо дигар гурӯҳҳои террористӣ ҳокимияти сиёсиро ба даст гирифта, шароитро барои рушди дигар ташкилотҳои ифротгароиву террористӣ фароҳам оварда истодаанд, ки Афғонистон метавонад бори дигар ба лонаи терроризми байналмилалӣ мубадал гардад. Аз ҳамин лиҳоз, зуҳуроти фалокатбори терроризм боис гардидааст, ки бештари кишварҳо таъмини амниятро дар авлавият қарор диҳанд ва бештари қувваву неруи худро баҳри ҳифзи суботу оромӣ сарф намоянд.
Қобили қайд аст, ки ҳаракатҳои ифротиву террористӣ пойбанди ҳеҷ гуна меъёри ахлоқӣ нестанд ва арзишҳои умумиинсонӣ барояшон камтарин аҳамиятро надорад, инчунин, ғояҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва хушунатро ташвиқу тарғиб намуда, тафсири ғаразноки сарчашмаҳои диниро ба роҳ мемонанд ва мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро вайрон менамоянд.
Масъалаи доғи имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ сарчашмаҳои маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ аст, зеро бидуни амалҳои молиявӣ ташкилотҳои террористӣ наметавонанд фаъолияти пурсамар ва дарозмуддат намоянд. Бештари таҳлилгарони ҷаҳонӣ ба хулосае омадаанд, ки манбаи асосии молии терроризми байналмилалӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа мебошад, чунки минтақаҳое, ки зери нуфузи ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ҳастанд, дар он ҷо бесуботи ҳукмфармо буда, хариду фуруши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа ба таври бесобиқа боло меравад. Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа дар марзҳои баъзе аз кишварҳо боис гардидааст, мудирияти сарҳад аҳамияти калидӣ пайдо намояд ва давлатҳо маҷбуранд барои мустаҳкам намудани сарҳади худ тадбирҳои иловагӣ андешанд, зеро омили асосии пойдории субот дар ҷаҳони муосир доштани марзи мустаҳкам аст.
Қобили қайд аст, ки баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланди “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускор дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ мебошад ва интизор меравад, ки дар конфронси байналмилалии сатҳи баланди дарпешистода баррасии масъалаи убури бемамониати сарҳадҳо аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ, чораҳои пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дарёфти равишҳои нави муқовимат бар зидди терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромарзӣ сурат мегардад. Ҳамчунин, дар назар аст, ки натиҷаи конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба инкишофи ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар самти муқовимати муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва мудирияти дурусти сарҳад арзёбӣ мегардад.
Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи зидди терроризми байналмилалӣ дар самти дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкории фаъол дошта, дар ташкил ва баргузории чорабиниҳо оид ба терроризму ифротгароӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, мизбони чандин конфронсҳову ҳамоишҳо мебошад. Баргузори конфронсҳои байналмилалӣ боис мегардад, роҳу воситаҳои нави мубориза ва ҳамоҳангии кишварҳо дар баробари таҳдидҳои ғайрианъанавӣ бештар гардида, иқдомҳои ҷиддитар сурат бигирад, доманаи фаъолияти террористӣ тангтар шавад, зеро имрӯз терроризми байналмилалӣ мисли дарахт чандин шохаҳои дигар, амсоли техно-терроризм, биотерроризм, кибертерроризм, агротерроризм ва дигар навъҳои терроризмро ба вуҷуд овардааст.
ҶАҲОНГИР Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон