Террорист ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда ба ҳамдигар кӯмак расонидан зарур аст.
Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, базаи иҷтимоии он ба асосҳо ва пояҳои идеологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии терроризм иртибот дорад.
Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст.
Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани ҷамъиятӣ ором мебошад.
Љомеа ифротгароиро дар кадом шакле набошад қабул надорад, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад, барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.
Дар љомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардидааст.
Тавассути расонаҳои хабарӣ ҳар рӯз мебинем, ки чӣ гуна ҳазорҳо нафар мардуми мусулмон бинобар ноамнии диёрашон хонаву ватани худро тарк карда, дар орзуи як гушаи ором љони худро дар роҳҳо, сарҳади давлатҳои дигар ва баҳрҳо аз даст медиҳанд.
Дидани чунин манзараҳои мудҳиш хусусан, барои мо бисёр дардовар аст, чунки замоне кишвари моро низ чун нуқтаи љангзада ба маърази тамошои аҳли љаҳон мегузоштанд.
Сарфи назар аз тадбирҳои дар солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилли шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан – ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатнокро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллат, ки ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориља қарор доранд, бар зидди давлати ороми мо ангезаҳои бардуруғ дар расонаҳо нашр мекунанд, ки яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти ифротгароӣ мегардад.
Имрӯз, мутаассифона шабакаҳои интернетӣ, аз љониби гуруҳҳои экстремистиву террористӣ бо мақсади таблиғи ғояҳои худ ба сафи худ љалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбари кардани онҳо ва аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад. Онҳо, ки исломро ба василаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати ба ном исломиро доранд, бехабаранд, ки виљдонашонро бо ғаразҳои нопок омехта мегардонанд ва ҳељ вақт ба ин нияти нопокашон намерасанд.
Айни замон байни давлатҳои абадқудрати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз дар ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.
Дар аксари вақт онҳо кӯшиш мекунанд, ки байни ду давлати ором иғво ва зиддият барангезанд. Яке аз омилҳои тезутунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои ғарб маҳз ҳамин сиёсати дурӯягӣ ва мунофиқона аст.
Дар кишвари ҳамсояи мо-Афғонистон вазъ рӯз ба рӯз мураккабу нигаронкунанда шуда истодааст. Чунин вазъи ниҳоят сангин мардуми Афғонистон гуноҳ надорад. Зеро зиёда аз чил сол аст, ки бар асари рақобат ва мудохилаи қудратҳои љаҳонӣ сарзамини онҳо ба майдони љанги харобиовар табдил ёфтааст.
Экстремистон ва террористон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ҷавонон бо зудбоварӣ ба осонӣ онҳоро пайравӣ менамоянд, мақсади экстреми муосир таъсиси давлате мебошад, ки бо барпо намудани он барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони исломӣ ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногун, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд.
Ҳамаи ин воқеаву рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намудаанд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надошта, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Мирзо Ашуров Коршиноси масоили
сиёсати дохилии МТС