Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ барои рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.
Дар он зиёда аз 65 мавзӯи ҳаётан муҳим, аз ҷумла, масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи табиат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, тақвияти неруи инсонӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ, беҳбудии вазъи бозори меҳнат, ислоҳоти соҳаи об, нақлиёту коммуникатсия, масъалаҳои демографӣ, таҳлили низоми бонкии мамлакат, саноатикунонии босуръати кишвар, ҷалби сармоя, таҳлили низоми энергетикии кишвар, рушди соҳибкорӣ, ҷавонон, терроризм, экстремизм, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, қазияи Афғонистон, вазъи минтақавӣ ва байналмилалӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Пешвои миллат ба масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Алҳол авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон аст. Зеро кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашидаанд.
Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудаанд. Терроризм ҷинояти сахту хавфнок аст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон, гӯё ҷавобгӯйи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад. Дар натиҷаи амалҳои террористии онҳо давлатҳои ҷудогона бесуботу хароб мешаванд. Қишре аз мардумро дар муқобили қишри дигар, пайравони мазҳабҳои гуногунро зидди ҳам шӯронда, ҳатто давлатеро муқобили давлати дигар қарор медиҳанд. Дасисаҳо ва дастгирии баъзе абарқудратҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ давлатҳои дигарро ба ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: “Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад”. Дар ҳақиқат, тарбияи дурусти ҷавонон муҳимтарин воситаи пешгирии шомилшавии онҳо ба равия, гурӯҳ ва ҳаракатҳои номатлуб мебошад.
Пешвои миллат вазъи муқовиматбори Афғонистонро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид карданд, ки “Суботу оромии ҳамсоякишварамон – Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзи аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад”. Афғонистон аз солҳои 70 – уми асри гузашта ба майдони муборизаи на танҳо қувваҳои моҷароҷӯи дохилӣ, балки абарқудратҳои ҷаҳону минтақа ва ҳоло ба пойгоҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Сабаби мушкилоти Афғонистон ақибмондагии иқтисодӣ, фарҳанги қабилавӣ, ҳузури созмону ташкилот ва неруҳои террористию экстремистӣ мебошад. Дар ин замина мамлакат босуръат ошӯбзада гардида, вазъи иҷтимоӣ ва сиёсӣ бо хушунатҳо, зиддиятҳо ва тазодҳои сиёсӣ, идеологӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ рӯ ба рӯ шудааст. Дар ин сарзамин неруҳои мухталиф бо ҳам дар набарданд. Ҷанг ҳар чи рӯшантар хосияти қавмӣ, фаъолияти террористӣ, ангезаи сиёсӣ, мазҳабӣ, ва идеологӣ пайдо карда истодааст. Имрӯзҳо вазъи сиёсию ҳарбӣ дар вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, тадриҷан тезу тунд мегардад. Раванди шаклгирии неруҳои гуногуни ифротӣ дар Афғонистон гувоҳи он аст, ки солҳои минбаъда низ буҳрони вазъ дар ин кишвар дар сархати рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ боқӣ хоҳад монд.
Масъалаи дигаре, ки дар Паём мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, масъалаи забон мебошад. Таърихи инсоният бисёр халқу миллатҳоеро медонад, ки бо гузашти вақт забони модарии худро гум карда, ё таркиби луғавӣ ва сохти сарфу наҳви онро ба ҳадди шинохтанашаванда тағйир дода, дар натиҷа аз мероси таърихию фарҳангии хеш маҳрум шудаанд. Мояи хушнудӣ ва сарфарозист, ки забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон мақоми ҳақиқии давлатӣ гирифт ва рушду нумуи тоза пайдо кард. Пешвои миллат ба масъалаи рушду такомули забон дахл намуда, таъкид карданд: “Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем”. Ҳамчунин, Пешвои миллат бо ҳам алоқаманд будани омӯзиши забонҳои модарию хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳо ва мутолиаи китобро дар Паём махсус таъкид намуданд. Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”– ро васеъ ба роҳ монанд.
Бо итминон гуфта метавонем, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва таъмини амнияту субот дар Ватани азизамон ба сифати як раҳнамо ва дастури муътамад хизмат хоҳад кард.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
сардори раёсати таъминоти иттилоотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон