Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғаӣришаръӣ ва аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешаванд.

Ҳамаи ин воқеияту рӯӣдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто такдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аз аъмоли онҳо бармеояд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин зухуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯз буда, ташкилкунандагони онҳо махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Имрӯз Тоҷикистон ба воқеаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни мусалмоннишин бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздик ба ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор кунанд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид намуда, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор диҳанд ва ҷавонони ноогоҳро фиреб дода, онҳоро ба муқобили ватану миллати худ равона созанд.

Террористону экстремистон, хоинону ватанфурӯшон ҷиҳод алайҳи кӣ эълон медоранд? Муқобили мусулмонон, муқобили калонсолону кӯдакон, ҳамдиёрону ҳамватанони худ. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.

Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат намонад.

Ҷавонони мо бояд бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд, дар олами ислом имрӯз ҳеҷ гуна зарурате барои ҷиҳод нест.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошанд, ба иғвои хоинон дода нашаванд, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ доранд. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи Ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.

Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу тадқиқ бошанд.

Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

Боварии комил дорем, ки ҷавонони мо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, вазъи имрӯза ва ояндаро амиқ дарк менамоянд, ба хотири тақкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона месозанд.

Содиқова Саодат

мутахассиси пешбари Раёсати омӯзиши

масъалаҳои амнияти минтақавӣ

Чоп кунед