Дар шароити рушди рузафзуни технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ баррасӣ намудани моҳияти радикализм, экстремизм ва терроризм метавонад барои шинохти ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои экстремистию террористӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Албатта миёни радикализм, ифротгароии динӣ, экстремизм ва терроризм аз нигоҳи мазмуну мундариҷа ва сохтору муҳтаво маъниҳои тавъаму мутаносиб мавҷуд аст, ки яке бидуни дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Яъне ҳангоми баррасии падидаҳои мазкур як навъ робитаҳои мантиқӣ мушоҳида мешаванд. Ба ибораи дигар радикализм, экстремизм ва терроризм идомаи мантиқии ҳамдигар буда, ҳалқаҳои пайвастаи яқ занҷираанд ва дар замони муосир ба як хатари пуриқтидори минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил гаштаанд. Дар маҷмуъ, радикализм экстремизмро тавлид намуда, онҳо дар якҷоягӣ заминаи асосии пайдоиши терроризм ба шумор мераванд.

Барои муайян намудани иқтидори таҳдиду хатарҳои афзояндаи радикализм, экстремизм ва терроризм ба амнияти миллию минтақавӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама бояд табиату моҳияти падидаҳои мазкур муайян карда шаванд, ки онҳо вобаста ба сатҳи зоҳиршавӣ ҷанбаъҳои идеологӣ-мафкуравӣ, фалсафӣ-психологӣ ва амалӣ дошта, ҳадафҳои муайянро пайгирӣ менамоянд ва ё ҳамчун абзори сиёсӣ барои расидан ба ҳадафҳои геополитикию геостратегии доираҳои махсус мавриди истифода қарор мегиранд.

Радикализм аз назари маърифатӣ – ин пеш аз ҳама тарзи фикрронӣ ва ё маҷрои андешаронист, ки раванди пайдоиши андеша ва идеяҳои ифротиро дар зеҳну тафаккури шахс ва ё гуруҳи алоҳида фаро мегирад. Шахси радикал бошад, бо сабабҳои гуногун дар зери таъсири идеяҳои ифротӣ қарор гирифтааст. Радикализм метавонад бар хилофи экстремизм, ки амалӣ аст, ғоявӣ бошад. Экстремизм ҳамеша тамоюли мухолиф буда, ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсии кишвар таҳдид менамояд.

Экстремизм – ин ҷаҳонбинӣ ва шакли мафкураест, ки ҷанбаъҳои қавии идеологӣ дорад. Экстремизм ҳолати зеҳнию равониест, ки бо андешаҳои солим ва ба афкори ҷамъиятӣ дар муҳити фикрии ҷомеа мухолифати оштинопазир дорад, ки он ба амнияти зеҳнӣ, амнияти миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва суботи сиёсӣ таъсири манфӣ мерасонад. Асоси фаъолияти экстремизмро радикализм ташкил медиҳад. Экстремизм ба ақидаҳои шадиди радикалӣ асос ёфта, бар зидди ниҳодҳои мавҷудаи давлат ва ҷомеа равона гардидааст.

Терроризм бошад, дараҷаи амалии зоҳиршавии экстремизм буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлоли сиёсӣ, мавҷудияти давлату миллатҳо ва дар маҷмӯъ аз байн бурдани низоми амнияти миллию минтақавиро ҳадафи хеш қарор медиҳад.

Мутаассифона, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ низ ба дастовардҳои нави илмию техникӣ, интернет ва технологияҳои итиллоотиву коммуникатсионӣ дастрасӣ пайдо намудаанд. Ин ҳолат табиату моҳияти падидаҳои мазкурро дигаргун сохтааст. Махсусан технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ, барои паҳну густариши андешаҳои ифротӣ ва идеологияи экстремизм ва ҷалби аъзоёни нав заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Ҳамчунин воқеиятҳои сифатан нави илмию техникӣ дар баробари афзалиятҳои худ ба табиату моҳият ва сатҳи зоҳиршавии терроризм низ таъсири ҳамаҷониба расонида, амалиётҳои тахрибкориро на танҳо дар амалияи ҷамъиятӣ, балки дар фазои маҷозӣ ба роҳ монда, системаҳои соҳавиро ҳадаф карор дода, раванди рушди бомароми кишварҳоро халалдор менамоянд. Дар ин замина, баррасии амнияти кибернетикӣ, таҳдидҳои кибернетикӣ, ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар ҷиноятҳое, ки дар натиҷаи рушди бемайлони илму техника пайдо гардидаанд, ба миён омадааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ, таҳдиду хатарҳои афзояндаи радикалӣ, экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ, ҷамъиятӣ ва шахсии шаҳрвандони худ эҳсос менамояд. Бидуни шак дар рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба гирдоби кашмакашиҳои даҳшатангез кашида шудани кишвар натиҷаи фаъолияти экстремистию террористии гуруҳҳои алоҳида буд, ки онҳо ҳамчун абзори геополитикӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии доираҳои махсус фаъолияти сиёсию илмӣ ва фарҳангию низомӣ менамуданд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандона, сулҳчӯёна ва санҷидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз вартаи нестӣ ва буҳрони сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ наҷот ёфта, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намояд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ тавассути назарфиребиҳои худ дар шабакаҳои интернетӣ бори дигар мехоҳанд дар ҷомеаи тоҷик фазои чолишбарангез ва буҳрони эътимоди мардумро нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ бедор намоянд. Асоси фаъолиятҳои экстремистию террористии онҳоро паҳну густариши маълумотҳои бардуруғе, ки дар ҷомеа ҳамдигарбадбинии миллию қавмиро эҷод менамояд, ҳамзистии осоишта ва ваҳдати миллиро халалдор менамояд, ташкил медиҳад. Онҳо аз низоми таъмини манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ шуда, ба низоми таъмини манфиатҳои миллии кишварҳои дигари дуру наздик ворид гардидаанд.

Дар шароити кунунӣ як қатор ташкилотҳои экстремистию террористӣ барои Тоҷикистон ба сифати сарчашмаи таҳдидҳои иттилоотӣ баромад менамоянд. Махсусан ТТЭҲНИ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ чун пештара, субъекти нооромкунандаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, дар шабакаҳои Интернетӣ бар зидди давлату миллати тоҷик ташвиқотҳои бардуруғи иттилоотиро ба роҳ мондаанд. Фаъолияти экстремистию террористии онҳо ба самтҳои зерин нигаронида шудааст:

  • террори иттилоотӣ;
  • паҳну густариши тафаккури ифротӣ;
  • дар арсаи ҷаҳон миллати террорист муаррифӣ намудани тоҷикон;
  • коҳиш додани легитимияти ҳокимияти сиёсӣ;
  • вайрон сохтани системаи таъмини амнияти миллӣ;
  • вайрон сохтани асосҳои сохтори конститутсионӣ.

Гузашта аз ин, таҳдиду хатарҳои нави замони муосир хислати фаромиллию фаромарзӣ ва фароминтақавӣ дошта, на танҳо ба суботи минтақаҳои алоҳида, балки ба амнияти байналмилалӣ таҳдид менамоянд.

Ин омил бевосита ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиррасон мебошад. Бо назардошти воқеиятҳои мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаву стратегияҳои муқовимат ба экстремизм, терроризм радикализми динию сиёсӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар чаҳорчубаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ амалӣ намуда истодааст.

Маҳз таҳкими сиёсати воқеъбинона ва пайгириҳои бесобиқаи ниёзҳои геостратегӣ аз ҷониби абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ташкилотҳои байналмилалии экстремистиӣ террористиро ба абзори қавии геополитикӣ табдил дода, боиси шиддат гирифтани носуботии ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақаҳои гуногун гардидааст. Илова бар ин дастрасии террористон ба технологияҳои итиллоотиву коммуникатсионӣ онҳоро ба як хатари пуриқтидори минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил дода, дурнамои таъмини амниятро дар равандҳои минтақавӣ норушан сохтааст. Аз ин нуқтаи назар, дар амалияи сиёсӣ динамикаи таъмини амнияти миллӣ ва амнияти минтақавию байналмилалӣ ба динамикаи муборизаҳои геополитикӣ гиреҳ мехурад ва вобаста ба тамоюлоти мазкур ҳар як кишвар дар раванди ивазшавии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон мавқеияти геополитикии ба худ хос касб менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофии худ ва идома ёфтани рақобати стратегӣ миёни абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ ва атрофи он ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020 қабул намуд. Дар ин давра таҳдиду хатарҳое, ки аз фаъолияти ташкилотҳо ва ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ зоҳир мегарданд, коҳиш наёфта, баръакс миқёсан ва сифатан афзоиш ёфтанд. Маҳз бо назардошти равандҳои сиёсии охир дар ҷаҳон ва минтақа ва таҳдидҳои воқеӣ ба амнияти миллии кишвар, 1-уми июни соли 2021 барои давраи то соли 2025 стратегияи нави муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гашт.

Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими танзимкунандаи соҳаи мазкур, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти пешгирии таҳдиду хатарҳои аз фаъолияти гуруҳҳои тундгаро бароянда муайян менамояд.

Мақсади асосии қабул намудани Стратегияи мазкур ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти  ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ, пешгирӣ кардани шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ, роҳ надодан ба қурбонсозии ҷавонони кишвар барои манфиатҳои нерӯҳои беруна мебошад.

Ҳамин тариқ, терроризм ва экстремизм дар шароити муосир ба як хатари бузурги минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфта, бевосита ба амнияти миллию минтақавӣ ва асосҳои сохтори конститутсионии кишварҳо таҳдид менамояд.

Махсусан замоне, ки падидаҳои мазкур ҳамчун абзори геополитикӣ мавриди истифода қарор мегирад, таҳдиду хатарҳои афзояндаи он на танҳо ба амнияти миллӣ, балки ба амнияти минтақавию байналмилалӣ миқёсан бузург шудан мегирад.

Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба мавқеи ҷуғрофии худ, ки бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон сарҳади тулонӣ дорад дар хатти аввали мубориза бо паҳншавии тафаккури ифротӣ, экстремизм ва терроризм қарор гирифтааст ва дар муқобили таҳдидҳои итиллоотие, ки аз падидаҳои болозикр бар меояд, дар баробари мақомотҳои қудратӣ ва ниҳодҳои илмӣ-таълимӣ, кишвар ба як набарди умумимиллӣ ниёз дорад.

Зеро таҳкими арзишҳои дунявият дар низоми давлатдории миллӣ, ҳимояи истиқлоли сиёсӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъмини амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ вазифаи на танҳо давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди бонангу номус ва ватандӯсти кишвар ба ҳисоб меравад.

 Баротов Исроил
муовини сардори Раёсати омӯзиши
масъалаҳои
амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед