Мусаллам аст, ки дар ҷаҳони муосир кишваре дида намешавад, ки дар он ҳолатҳои беқурбшавии пул ва ё баръакси он дида нашавад. Махсусан, дар солҳои охир аксари мамлакатҳо ба ҳолатҳои девалватсионӣ ва ҳамчунон, ревалватсионӣ дучор мегарданд, ки ҳар яки онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то мувозинати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва танзими дурусти агрегатҳои пулро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд. Навобаста аз ин, сатҳи беқурбшавӣ ба сатҳи зиндагии мардум бетаъсир монда наметавонад. Бо дарназардошти дурнамои мувозинати пул ва талаботи истифодабарии он бештаре аз давлатҳо кӯшиш менамоянд, ки саравал вобастагии иқтисодиёти миллӣ аз дигар давлатҳоро коҳиш диҳанд. Дар ин хусус хуб мегардад, ки оғози беқурбшавии пул ва сабабҳои асосии онро возеҳтар дарҷ намоем.
Таваррум ин ҳолатест дар он нарху навои молу маҳсулот ва хизматрасониҳо аз ҳолати аввала дида рӯз то рӯз баланд мегардад. Дар натиҷа беқурбшавии пул бавуҷуд омада қиммати аввалаи пул гум гашта, қобилияти харидории аҳолӣ коҳиш меёбад. Дар ин радиф метавонад баракси таваррум пастшавии нархҳо ба вуҷуд оянд, ки инро дефлятсия меноманд. Навобаста аз дараҷаи тарақиёт ва рушди давлатҳо ҳолати инфлятсионӣ ва дефлятсионӣ мушоҳида намудан мумкин аст, аммо се навъи таваррумро метавон аз ҳамдигар фарқ намуд.
–якум, ин таварруми муътадил мебошад, ки дараҷаи нархҳо дар як сол аз 5 то 8 дарсад афзоиш ёфтанро имкон дорад. Ин навъи таваррум метавонад боиси рушди истеҳсолот низ гардад. Дар ин маврид баланд гардидани то як андоза нархи молу маҳсулот, боиси ҳавасмандии истеҳсолкунандагон мегарданд. Аз ҷумла, боис мегардад, ки он молу маҳсулоте, ки дар соли гузашта камтар буданд, дар соли ҷорӣ бо сабаби баланд гардидани нарх ва зиёдгардидани ҳавасмандии истеҳсолкунондагон, истеҳсоли маҳсулот низ афзун гашта, метавонад омили мусбати иқтисодиёти миллӣ гардад ва боиси афзун намудани фазои сармоягузориро дар кишвар ривоҷ диҳад.
–дуюм, таварруми афзоянда ё хазанда низ ном мебаранд, ки дар ин раванд афзоишёбии нархи молу маҳсулот аз 10 то 50 дарсад дар як сол ташкил медиҳад. Агар дараҷаи болоравии нархи молу маҳсулот дар муддати 3 моҳ пайи ҳам аз 5 дарсад зиёд шавад, ин маънои онро дорад, ки имсол имконияти дар кишвар таварруми хазанда ба миён омадан, аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунон, ин маънои онро дорад, ки иқтидори истеҳсолии давлат нисбат ба талаботи аҳолӣ рӯз то рӯз кам гардида истодааст.
–сеюм, ин таварруми аз эътидол зиёд (гиперинфлятсия) мебошад, ки болоравии нарху навои молу маҳсулот зиёда аз 50% дар як солро ташкил медиҳад. Агар вазъи миёнаи болоравии нархи молу маҳсулот ҳар моҳ на камтар аз 5-7%-ро ташкил диҳад, ин маънои онро дорад, ки эҳтимолияти ба вуҷуд омадани таваррум аз эътидол зиёд мебошад. Ин навъи таварум бештар дар кишварҳое рух медиҳад, ки ҳолатҳои ноамнии сиёсӣ ва ё ҷангӣ дохили давлатиро аз сар мегузаронанд. Аксаран таварруми аз эътидол зиёд дар он вақт рух медиҳад, ки давлат барои маблағгузориҳои давлатӣ хараҷоти беандоза зиёд намуда, эмиссияи пулро зиёд намудааст. Дар ин раванд имконияти идоракунии агрегатҳои пул мушкил гардида ҳолати аз этидол зиёди таваррум рӯй додан аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, ҳар як ҳодисаи иқдисодие, ки бавуҷуд меояд сабаб, мақсад ва ҳалли худро дорад. Омилҳои асосии бавуҷуд омадани таваррум низ гуногун мебошанд. Аз он ҷумла:
- кам гардидани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба миқдори доимии ҳаҷми пул дар муомилот истифодашаванда;
- афзоиши хараҷоти давлатӣ бо сабабҳои гуногун (ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода, ноамнии сиёсӣ ва дигар омилҳо);
- аз ҳад зиёд додани қарзҳои давлатӣ ба шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ширкатҳо;
- монополия дар иқтисодиёт, аз ҷониби ширкатҳои калон ва ё ширкатҳои асосии истеҳсолкунандаи молу маҳсулот, ки имконияти муайян кардани арзиши маҳсулот ва хараҷоти худро пайдо мекунанд.
Дар ин хусус метавон нишондиҳандаҳои асосии таварумро аз индекси нархҳои истеъмолӣ, индекси нахҳои истеҳсолкунанда, дефлятори ММД (яъне муносибати байни ММД-и номиналӣ ва ММД-и ҳақиқӣ зиёдшавии ММД-ро аз ҳисоби нарх нишон медиҳад, ки онро дефлятори ММД меноманд, яъне:
паритети нархҳои истеъмолӣ (ҳампоягӣ яъне миқдори воҳиди пулеро, ки барои харидани маҷмуи молҳо ва хизматрасониҳо лозим буда, бо як воҳиди пулии асосии як кишвар ё як воҳиди пули умумии гурӯҳи кишварҳо харидан мумкин аст), ҳамчунон, бо индекси Пааш (яъне сатҳи нарх ба ҳисоби миёна барои массаи моли фурӯхташуда чанд маротиба зиёд ё паст шудааст ё дар давраи ҳисоботӣ чанд фоиз афзудааст, инчунин нишон медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ чӣ қадар мол арзон ё гарон шудааст назар ба соли базисӣ, ки чунин формула дорад: ( ), муайян карда мешаванд.
Масалан, барои нигоҳ доштани ҳолати муқарарии афзиши таварум метавон аз чунин роҳҳои бартарафнамои он истифода намуд:
- Гардиши пули нақдиро ба иқтисодиёт ва муомилот маҳдуд намудан. Ба ҳамагон маълум аст, ки сарчашмаи асосие, ки ба иқтисодиёт пул ворид мегардад, қабл аз ҳама қарзҳо мебошанд. Барои бастани қарз ва ё кам кардани он Бонки марказӣ меъёри асосиро боло мебарад ва ё захираҳои ҳатмиро зиёд намуда, пас аз он бонкҳои тиҷоратӣ фоизи солонаи қарз ва пасандозҳоро баланд менамояд. Сипас имконияти додани қарзҳо суст гардида, гузоштани пасандозҳо афзун мешаванд. Ин ҳолат наметавонад болоравии фаъолияти иқтисодиро дар кишвар коҳиш диҳад, аммо сатҳи таваррум паст карда мешавад. Танҳо ба бахшҳои муҳимми стратегӣ ва соҳаҳои истеҳсолӣ қарзҳоро зиёд намудан лозим асту бас.
- Нархи молу маҳсулотро пурра аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро зери назорат гирифтан. Ин ҳолат бештар дар вақти ба вуҷуд омадани таварруми аз эътидол зиёд метавон роҳандозӣ карда шаванд. Асосан дар ин давраи таваррум давлат бояд нархи нон, равған, маҳсулоти асосии дар сабади истеъмолӣ ҷойдоштаро зери назорати худ гиранд. Бояд гуфт, ки на танҳо назорат кардани нархи маҳсулоти асосӣ ва нигоҳ доштани қарзҳо метавонад садди таварум гардад, балки аксари истеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ пурра дастгирӣ ва имтиёзҳо дода шаванд. Дар ин раванд давлат пеши роҳи фурӯши молҳои бозори дохилии худро мегирад, на молҳои содиротиро, ки ба хориҷа ба фуруш пешниҳод мегардад. Аз ин лиҳоз, давлат арзониии молу маҳсулотро танҳо барои аҳолии худ муайян менамояд.
- “Спекуляторҳо” (иштирокчии бозори коғазҳои қиматнок, ки бо мақсади ба даст овардани фоидаи инфиродӣ аз рӯйи фарқияти арзиши воситаҳои молиявӣ тиҷорат мекунанд), яъне ташабускорон. Онҳо метавонанд бо нархи арзон молу маҳсулот харида, ба хориҷа бо нархи гарон содирот намоянд. Дар ин давра давлат содироти молҳоро назорат карда, ба онҳо низ имтиёзҳо медиҳанд.
- Ноил шудан ба ҳадафҳои муқарраршудаи таваррум. Дар давраи буҳрон давлат вазифадор аст, ки вазъро ҳарчи зудтар таҳти назорат гирад. Муҳимтарин коре, ки бояд анҷом диҳад, ин муайян кардани дастурҳои молиявӣ ба тиҷорат ва аҳолӣ мебошад. Барои ин дар бораи нишондиҳандаҳои воқеии таваррум ва нақши он дар соли ҷорӣ маълумоти даққиқро муайян намуда, чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Кори аз ҳама муҳимми дигар ҷалбу ҳавасмандӣ ва имтиёзҳо ба соҳибкорон додан лозим меояд, чунки маҳз соҳибкорон метавонанд иқтисодиётро аз нав эҳё карда, кишварро аз буҳронҳои молиявӣ озод намоянд.
Албатта, муҳайё ва иҷрои чунин усулҳои мубориза бо таваррум кори осон ва одӣ буда наметавонад. Бо вуҷуди ин, метавон усулҳои дигари мубориза ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани таварум мавҷуд бошад, ки беҳтаринаш нигоҳ доштани таваруми муътадил ва мувозин нигоҳ доштани он дар ҳамма ҳолат мебошад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хушбахтона, ҳолати мувозинӣ ва муътадили таваррум нигоҳ дошта мешавад, ки ин хело хушҳолкунанда мебошад. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Пайёми навбатӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” зикр намуд, ки , “сатҳи таваррум дар соли 2022 ба 4,2 фоиз баробар буд. Ин ҳолатро дар ҳисоботи худ Бонки Ҷаҳонӣ низ чунин қайд менамояд, ки сиёсати оқилонаи пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва болоравии қурби асъор ба поинтарин мизони таваррум дар минтақа мусоидат карда, мизони таварум дар нархҳои истеъмолӣ то 4,2% коҳиш ёфта аст. Ҳамчунон иброз намуд, ки иқтисодиёти ин кишвар аз ҳисоби ҷараёни интиқоли маблағҳо ва тавсеаи бахшҳои хизматрасонӣ ва саноат дастгирӣ ёфта, боиси афзоиши воқеии ММД дар соли 2022 то ба 8% гардидааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2023 бошад, сатҳи таваррум муътадил ба назар мерасад. Аммо тавре, ки Бонки Аврупоии Рушд дар бораи дурнамоиҳои макроиқтисодии худ барои солҳои 2023-2025 гузориш медиҳад, ки интизориҳои мо дар бораи расидани сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба 6% дар охири соли 2023 аз эҳтимол дур нест.
Мушкилот дар он арзёбӣ мегардад, ки интиқоли маблағҳои пулӣ низ боиси рушди иқтисодиёти миллӣ гардиданро дошта бошад, пас болоравии дараҷаи таваррум аз кишвари воридшавандаи маблағ имкон намедиҳад, ки рушди иқтисодиёти миллӣ ба таври кофӣ ва назаррас таъмин бошад. Дар ин росто набояд аҳолии кишвар дар ҳолати таҳлука бошанд, ки болоравии рубл ё дигар маблағҳо аз кишвари воридшаванда боиси сатҳи пасти зиндагонии онҳо мегардад.
Дар ҳақиқат қурби як рубли русӣ 0,1225 сомониро дар санаи 04.07.2023 ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ сатҳи баланди таваррум дар рубли русӣ мебошад. Ин метавонад бештар ба шахсоне, ки даромади хонаводагиашон аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ мебошад, каме таъсири манфӣ расонад. Ба ақидаи коршиносон, омилҳои ба қурби рубли русӣ таъсиркунанда инҳо мебошад:
- Таъсири таҳримҳое, ки бар зидди Федерастияи Русия аз ҷониби давлатҳои Ғарб баста шудаанд. Ин ҳолат боис мегардад, ки ба иқтисодиёти ин кишвар зарбаи сахт расонида, боиси сади рушди иқтисодиёти он гардад.
- Коҳиш ёфтани гардиши савдои берунаи Федератсияи Русия ва ё пурра маҳдуд гардидани он бо давлатҳои Аврупо, ки бештар газ, нафт ва дигар маводҳои энергетикӣ бароварда мешуд. Савдои чунин номгӯйи молу маҳсулот боис мегардад, ки ба Федератсияи Русия даромади камтар ворид гардад.
- Паст гардидани нархи нафт, газ ва дигар неруҳои нерудиҳанда ба давлатҳои Шарқ, ки бо нархи пастар нисбат ба бозори ҷаҳонӣ фурухта мешаванд:
- Аз кор боз мондани бештаре аз ширкатҳои бузургӣ ҷаҳонӣ, ки фаъолияташонро дар қаламрави Федератсияи Русия қатъ кардаанд. Ин ширкатҳо имконияти зиёди ба даст даровардани даромад ва пардохтҳои андозиро доштанд.
- Амалиёти махсуси Федератсияи Русия ба қаламрави Украина, ки вобаста ба ин раванд харҷи зиёди маблағҳо дида мешавад. Албатта, дар ин амалиёт харҷ низ дида мешаванд. Ин ва дигар ҳолатҳо боис мегарданд, ки ба буҷети мамлакат таъсири манфӣ расонад.
Мусаллам аст, ки сабабҳои мазкур боиси кам ворид гардидани маблағҳо ба фондҳои захиравию буҷетии ин кишвар гардида, навобаста аз ҳаммаи ин, Федератсияи Русия дар асоси барномаҳои гуногуни давлатӣ ба ин фишангҳо тоб оварда, пайваста кӯшиш менамояд, ки мувозинати нишондиҳандаҳои макроиқтисодии худро нигоҳ дорад. Ба андешаи коршиносон, ин ҳолати мазкур бартарафшаванда буда, танҳо имкони якчанд моҳ идома ёфтанро дорад.
Ҳамин тавр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи мувозини таваррум нигоҳ дошта шуда, нисбати шаш моҳи соли гузашта сатҳи таваррум пастар мебошад. Дар раванди беқурбшавии рубли русӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевоситаи худро расонида наметавонад. Мавқеи Тоҷикистон бо дарназардошти пули муҳоҷирон ва сиёсати оқилонаи пулию қарзӣ давлат, мавқеи он устувор боқӣ мемонад.
Рустамҷони С.Қ., н.и.и.
муовини сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон