Ба ҳама маълум аст, ки рӯзи 15 феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи бориши зиёди барф дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тармафароӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа якчанд сокинони шаҳри Хоруғ ба ин офати табиӣ мувоҷеҳ гардидаанд. Ин ҳодисаи ғайричашмдошту ҷонсуз боиси талафоти моддӣ ва ҷонии сокинони вилоят гардид.
Вобаста ба ҳолати ба амаломада Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон суҳбати телефонӣ анҷом дода, оид ба бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмаки моддӣ ба зарардидагон ба Сарвазири мамлакат, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фоҷиаи баамаломада ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият баён намуданд. Бояд қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табииро таҳти назорати шахсии худ қарор дода, тадбирҳои таъхирнопазирро амалӣ карда истодаанд.
Аз ҷумла бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали як қатор вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд. Дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Комиссияи давлатӣ вазифадор шуданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин оқибатҳои офати табииро бартараф карда, ба оилаҳои зарардида кумаки моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили маводи хӯрока, сару либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор дастрас намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол дар вилоят ва ҷойи ҳодиса бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди доимоамалкунанда фаъолият намуда, кормандони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ, сохторҳои қудратию низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин сокинони маҳаллӣ ба бартарфсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ машғуланд.
Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Коммисияи давлатии ташкилгардида ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, оқибатҳои манфии ҳодисаи табиии рухдодаро бартараф намуда истодаанд.
Дар воқеъ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президенти мардумӣ ҳамеша дар фикри мардум ва бо мардуми худ ҳастанд. Ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро ба сокинони кишвар борҳо мушоҳида намудаем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ҳамеша ба ваҳдату якдилӣ даъват намуда, ба ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят менамоянд. Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони кишвар дар паҳлӯи мардуми Бадахшон қарор гирифта, ба зарардидагони офатҳои табиӣ ҳамдардии амиқи худро баён намуда истодаанд. Илова ба кӯмакҳои моддӣ ва маънавии Ҳукумати мамлакат сокинони кишвар низ барои осебдидагон кумакҳои худро равона намуда истодаанд, ки ин ҳама гувоҳи сиёсатгузориҳои самараноки Сарвари давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар ҷомеа аст.
Ҳамин тавр, бояд зикр намоем, ки имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон дар паҳлӯи аз офатҳои табиии зарардида қарор доранд. Ҳамдилӣ, ҳамдардӣ ва кумак ба осебдидагони офатҳои табииӣ шиори тамоми мардуми кишвар аст. Яъне, имрӯз дар ин вазъияти душвори ба амаломада сокинони Бадахшон танҳо нестанд. Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми Тоҷикистон дар паҳлӯи онҳо қарор доранд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон