ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки  аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар доданд.

«Зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст»,- таъкид намуданд дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия.

Барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд.

khovar.tj

Чоп кунед