Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ стратегияи ислоҳоти куллии иқтисодиро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тавассути амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама, таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар пеш гирифт.

Дар робита ба ин, дар доираи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат натиҷаи нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодӣ давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2024 бо нишондиҳандаҳои қаноатбахш ҷамъбаст гардиданд ва суръати рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 8,4 дарсад таъмин гардид. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 15,0 дарсад, кишоварзӣ зиёда аз 11,4 дарсад, хизматрасонии пулакӣ 16,0 дарсад, боркашонӣ 15,0 дарсад, мусофиркашонӣ ва гардиши савдо 12,0 дарсад ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7,0 дарсад афзоиш ёфтааст. Новобаста аз шиддат гирифтани омилҳои манфии берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ, сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок 3,0 дарсадро ташкил намуд.

Дар ин давра, яъне давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2024 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 25,3 млрд. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 11,4 фоиз афзоиш ёфтааст ва ҳиссаи ин соҳа дар ин давра нисбат ба ММД 24,6 дарсадро ташкил намудааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 17,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба моҳҳои январ – сентябри соли 2023 ба андозаи 15,0 дарсад афзоиш ёфтааст ва ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД ба 17,4 дарсад баробар гардидааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2024 бо нархҳои ҷорӣ ба 102641,1 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бо меъёри 8,4 дарсад зиёд мебошад.

Солҳои охир вобаста ба шароити ҷаҳонишавӣ, таъсири омилҳои бошиддати геополитикӣ ва тағйирёбии босуръати иқлим, соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва нақлиёту энергетика мавқеи назаррасро дар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва танзиму нигоҳдории нишондиҳандаҳои муҳимми макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуда истодаанд.

Масалан, соли 2023 ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД ба 31769,7 млн. сомонӣ ё ин ки ба 24,3 дарсади ММД баробар гардид, ки дар қиёс нисбат ба соли 2019 ба маблағи 15261,8 млн. сомонӣ ё ин ки 92,5 дарсад зиёд гардидааст, яъне дар давоми панҷ соли охир истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ қариб як баробар афзоиш ёфтааст. Ин раванд бевосита ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошад.

Гарчанде ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД-и кишвар нисбат ба соҳаи саноат афзалияти бештар дорад, аммо солҳои охир сатҳи болоравии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ мушоҳида гардида истодааст. Масалан, соли 2023 ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД ба 21143,1 млн. сомонӣ ё ин ки ба 16,2 дарсади ММД баробар гардид, ки дар қиёс нисбат ба соли 2019 ба маблағи 7874,5 млн. сомонӣ ё ин ки 59,4 дарсад зиёд гардидааст.

Дар маҷмуъ, давоми панҷ соли охир истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ хеле афзоиш ёфта, ин нишондиҳанда аз татбиқи босамари барномаҳои молиявию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин, таъмини шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул гувоҳӣ медиҳад. Ҳиссаи соҳаҳои асосии иқтисодиёт дар ММД дар давоми моҳҳои январ–сентябри соли 2024 тавассути диаграммаи №1 нишон дода шудааст.

Диаграммаи №1

Ҳиссаи соҳаҳои асосии иқтисодиёт дар ММД дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2024

(бо фоиз)

Манбаъ: Дар асоси маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ-декабри 2023, саҳ. 12 омода карда шудааст.

Аз рӯйи нишондиҳандаҳои диаграммаи №1 мушоҳида карда мешавад, ки дар давоми 9 моҳи соли 2024 ҳиссаи соҳаи савдои яклухт ва чакана, таъмири автомобилҳо, хизматрасонии меҳмонхонаҳою тарабхонаҳо ба 15,4 млрд. сомонӣ ё ин ки ба 15 дарсади ММД баробар гардидааст. Ҳиссаи соҳаи сохтмон 8,3 млрд. сомонӣ ё ин ки 8,1 дарсад, соҳаҳои нақлиёт ва алоқа 6,2 млрд. сомонӣ ё ин ки 6,0 дарсад, андозҳои холис аз маҳсулот 10,5 млрд. сомонӣ ё ин ки 10,3 дарсад ва дигар намуди хизматрасонӣ 19,1 млрд. сомонӣ ё ин ки 18,6 дарсади ММД-ро ташкил намудааст.

Дар ин замина, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, новобаста аз шиддат гирифтани омилҳои манфии берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ ва таъсири омилҳои вобаста ба тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, дар давоми бист соли охир бо андешидани тадбирҳои судманд, суръати рушди иқтисоди миллиро ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 7,6 дарсад таъмин карда тавонист. Натиҷаи ҷамъбасти соли молиявии 2023 сатҳи рушди иқтисоди миллиро дар ҳудуди 8,3 дарсад ва натиҷаи ҷамъбасти моҳҳои январ – сентябри соли 2024-ро бо нишондиҳандаи 8,4 дарсад муайян намуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида, дар давоми соли 2023 сатҳи камбизоатӣ то 21,2 дарсад коҳиш ёфт ва баробари зиёд гардидани шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани шаҳрвандон, инчунин, пайваста дастгирӣ ёфтани қишри осебпазири ҷомеа ва тақвияти сиёсати иҷтимоии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, мавриди ҷамъбаст гардидани соли молиявии 2024 ин нишондиҳанда боз ҳам коҳиш хоҳад ёфт.

Соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар ҳамбастагӣ бо соҳаҳои нақлиёту энергетика ва бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҷуғрофии мамлакат дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллии дилхоҳ давлатҳои ҷаҳони муосир ҳиссаи бештар доранд. Бинобар ин, зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он санаи 31 октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, супориш дода шуд, ки барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар доир ба таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолии амалкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ҳалли мушкилоти корхонаву коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, бартарафсозии монеаҳои сунъиву маъмурӣ ва фароҳамсозии шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Дарвоқеъ, соҳаҳои саноату кишоварзӣ аз ҷумлаи соҳаҳои муҳимму пешбарандаи на танҳо иқтисодиёти миллӣ, балки ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосир ба шумор мераванд, чунки дар дилхоҳ шакли давлатдорӣ ин соҳаҳо, тавлидкунандаи асосии молу маҳсулот ва татбиқкунандаи ҳадафҳои рушди устувор мебошанд.Ҳиссаи соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар давоми солҳои 2019 ва нуҳ моҳи соли 2024 тавассути диаграммаи №2 мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Диаграммаи №2

Ҳиссаи соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар давоми солҳои 2019 ва нуҳ моҳи соли 2024

(бо фоиз)

Дар натиҷаи амалӣ гардидани ин ҳадафҳо, ҳиссаи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, нақлиёту энергетика дар ММД давра ба давра афзоиш меёбанд ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ низ зиёд мегарданд. Айни замон барномаҳои давлатӣ бо истифодаи комёбиҳои илмию инноватсионӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, баланд бардоштани зарфияти истеҳсолии соҳаҳои кишоварзию саноат, нақлиёту энергетика дар заминаи ҳадафҳои рушди устувор таъмин гардида истодаанд.

Ҳамин тавр, тавассути сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, самаранок истифодабарии захираҳо ва имкониятҳои молиявию иқтисодӣ, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди соҳаи саноат” эълон гардидааст.

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шудааст. Дар ин замина, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намуд.

Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 млрд. киловат – соатро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 бо меъёри 4,8 млрд. киловат -соат ё ин ки 28 дарсад зиёд мебошад. Яъне аз рӯйи маълумот гарчанде, ки сол то сол ба ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ наздик гардида истодаем, аммо дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2024 дар соҳаи энергетика паст кардани сатҳи талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии маблағи истифодаи он ҳамчун мушкилоти ҳалталаб боқӣ мондааст. Доир ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси Ҳукумат супориш доданд, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъмин гардида, дар самти ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағ аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли оянда бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст. Роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда истодаанд ва баробари татбиқи барномаҳои молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ–сентябри соли 2024 нақшаи даромади буҷети давлатӣ 105,4 дарсад иҷро гардид, ки дар ин давра ба буҷет дар маҷмуъ, 33,3 млрд. сомонӣ ворид гардидааст. Инчунин, дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба иқтисодиёти миллӣ бештар аз 334 млн. доллари ИМА сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба моҳҳои январ – сентябри соли 2023 ба андозаи 58,0 дарсад зиёд мебошад.

Дар баробари ин, қисми даромади буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 49,5 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли 2024 ба маблағи 6,6 млрд. сомонӣ ё ин ки 15,4 дарсад зиёд мебошад. Даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 35,5 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024 ба маблағи 6,5 млрд. сомонӣ ё ин ки 22,5 дарсад зиёд ба нақша гирифта шудааст ва қисми даромади буҷети давлатӣ барои соли 2025 наздик ба 30 дарсади ММД баробар мебошад.

Таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар меҳвари сиёсати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятнок ба шумор меравад.

Бинобар ин, хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 51,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли 2024 ба маблағи 7,5 млрд. сомонӣ ё ин ки 17 дарсад бештар тасдиқ гардидааст ва ин нишондиҳанда ба 31,1 дарсади ММД-и соли 2025 баробар мебошад. Қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2025 дар шакли диаграммаи №3 мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Диаграммаи №3

Қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2025

(бо млрд. сомонӣ)

Аз рӯйи маълумоти оморӣ, дар буҷети давлатӣ барои соли 2025 барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 23,9 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки 46,3 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,4 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра, яъне давоми соли 2025 барои таъмини рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар 15,2 млрд. сомонӣ равона карда мешавад.

Бинобар сабабе, ки соҳаҳои кишоварзию саноати мамлакат дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ фаъол мебошанд, маблағгузории қарзӣ, махсусан ҷалби сармояи хориҷӣ ва пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок ба ин соҳаҳо, муҳим арзёбӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки дурнамои нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ барои солҳои 2026–2027 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2025 мебошанд. Яъне ҳиссаи бештари хароҷот ба соҳаи иҷтимоӣ ва баъдан соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ рост меояд. Дар ин давра, даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 53,4 млрд. сомонӣ ва дар соли 2027 ба маблағи 57,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Пешбинии қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2027 тавассути диаграммаи 4 нишон дода мешавад. Ин ҷо зарур шуморидем, ки қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2026 – 2027 тавассути диаграммаи №4 нишон диҳем.

Диаграммаи №4

Қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2027

(бо млрд. сомонӣ)

Дар робита ба маълумоти омории диаграммаи 4 мушоҳида карда мешавад, ки ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2026 ба маблағи 54,9 млрд. сомонӣ ва соли 2027 дар доираи 59,3 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо моро водор месозад, ки барои дарёфти роҳҳои асосии рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва мақсаднок истифодабарии он дар доираи фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, роҳҳои таъмини рушди соҳаҳои хизматрасонӣ ва роҳҳои баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар бо дарназардошти коркарди ашёи хоми ватанӣ аз ҳамаи захираю имкониятҳо самаранок истифода намоем. Ҳадафи асосии таҳияи барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат саривақт, пурра ва мақсаднок иҷро намудани ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи вазифаҳои муҳимми давлатӣ иборат мебошад, ки танҳо мавриди мақсаднок иҷро намудани онҳо дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2025–2027 таъмин мегарданд.

Дар раванди маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 31 октябри соли 2024 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо то охири соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин замина, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро вобаста ба ин давра ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дарвоқеъ, бо андешидани тадбирҳои судманди роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи мақсадноки зарфиятҳои иқтисодӣ, ҳаҷми ММД соли 2023 ба 130791,5 млн. сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс нисбат ба соли 2019 ба маблағи 51681,7 млн. сомонӣ ё ин ки 65,3 дарсад зиёд мебошад.

Ҳамин тавр, баробари таъмини самаранокии фаъолияти соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ, афзоиши ММД таъмин гардида, нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ ва махсусан воридоти андозӣ низ зиёд мегарданд. Агар соли 2023 ҳаҷми буҷети давлатӣ ба маблағи 43903,4 млн. сомонӣ таъмин гардида бошад, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 ба маблағи 23469,4 млн. сомонӣ ё ин ки 87,1 дарсад зиёд мебошад. Ҳаҷми буҷети давлатӣ, воридоти андозӣ, ҳиссаи андози арзиши иловашуда ва андози даромаду фоида дар давоми солҳои 2019–2023 тавассути диаграммаи №5 мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Диаграммаи №5

Ҳаҷми буҷети давлатӣ, воридоти андозӣ, ҳиссаи андози арзиши иловашуда ва андози даромаду фоида дар солҳои 2019 – 2023

(бо ҳаз. сомонӣ)

Манбаъ: Дар асоси маълумоти оморӣ омода гардидааст.

Воридоти андозӣ соли 2023 ба маблағи 25769,1 ҳаз. сомонӣ таъмин гардидааст, ки дар қиёс нисбат ба соли 2019 ба маблағи 9993,7 ҳаз. сомонӣ ё ин ки 63,3 дарсад зиёд мебошад. Маълум аст, ки дар ҳаҷми умумии ҳам буҷети давлатӣ ва ҳам воридоти андозӣ ҳиссаи андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромаду фоида бештар мебошад. Солҳои охир баробари татбиқи барномаҳои миёнамуҳлати рушд, ҷорӣ намудани имтиёзҳои бештари андозӣ ва таҳияи консепсияҳои рушди соҳавӣ, миқдори субъектҳои алоҳидаи хоҷагидор ва таъсиси ҷойҳои корӣ бамаротиб афзоиш ёфтанд.

Соли 2019 ҳиссаи андоз аз арзиши иловашуда ҳамчун андози ғайримустақими низоми андози мамлакат нисбат ба ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба 27,3 дарсад, соли 2020 ба 25,5 дарсад, соли 2021 ба 27,3 дарсад, соли 2022 ба 24,8 дарсад ва соли 2023 ба 24,6 дарсад баробар гардидааст. Дар баробари ин, сол то сол ҳиссаи андоз аз даромад ва фоида ҳамчун андозҳои мустақими низоми андоз ба ҳисоби буҷети давлатӣ зиёд гардида истодаанд.

Ба ҳолати якуми августи соли 2024 ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба 25,0 млрд. сомонӣ баробар гардида, 107 дарсади нақшаи пешбинигардидаро ташкил намудааст. Иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 105,8 дарсад (ба маблағи 11,6 млрд. сомонӣ бо барзиёдии 635,0 млн. сомонӣ) иҷро гардидааст. Воридоти маблағ аз ҳисоби фаъолияти Хадамоти гумрук 107,7 дарсад (ба маблағи 5,4 млрд. сомонӣ бо барзиёдии 389,6 млн. сомонӣ) иҷро шудааст.

Дар маҷмуъ, бо андешидани тадбирҳои судманд, ба монанди таъмини раванди истеҳсолот дар коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо технологияи муосири инноватсионӣ, коркарди бештари ашёи хоми ватанӣ, иқтисодиёти миллӣ рушд меёбад ва солҳои минбаъда, баробари таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши содироти молу маҳсулот, даромади буҷети давлатӣ низ афзоиш ёфта, дар ин замина, сатҳи камбизоатӣ бамаротиб коҳиш хоҳад ёфт.

Дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” низ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҳамчун ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон дарҷ ёфтааст. Ниёз доштани кишвари моро ба модели нави рушд, ки он ҳам ба таъмини диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ алоқаманд мебошад, ҳамчун омили рушди иқтисодӣ нишон медиҳад, ки ин раванд ба афзоиши босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёту энергетика ва бахши молиявӣ вобастагӣ дорад. Ин раванд бо истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, қувваи корӣ ва иқтидори истеҳсолии соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ ва бо истифодаи самараноку коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми ватанӣ имконпазир мегардад.

Бинобар ин, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки ҳарчи бештар захираҳои молиявӣ барои ворид намудани технологияи муосир бо мақсади коркарди ашёи хоми ватанӣ мақсаднок истифода бурда шаванд. Чунки вобаста ба шароити замони муосир, баробари таҷҳизонидани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо технологияи муосир ҳам таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон ва ҳам боло рафтани иқтидори содиротии кишвар таъмин мегардад. Ҳамзамон, таҷриба нишон медиҳад, ки беҳтар намудани самти фаъолияти хизматрасонӣ дар бахшҳои молиявӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати хизматрасонии ташкилотҳои қарзии ватанӣ ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ заминаи мусоид гузошта метавонад.

Ҷӯрахон Бобоев,
сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед