Афғонистон беш аз чор даҳсола мешавад, ки гирифтори низоъҳои дохилӣ мебошад. Чунин ҳолат боис гаштааст, ки пояҳои қудрати сиёсӣ дар Афғонистон заифу ноустувор ва пайваста халадор гардад. Ҳокимияти сиёсӣ дар Афғонистон мудом тағйир ёфта, гоҳе ба дасти ҳаракатҳои тундгарову иртиҷоӣ ва гоҳе ба дасти ҳаракатҳои таҳаммулпазир мегузарад ва дар натиҷаи таҳаввулҳои пайиҳам ва парокандагии ҷомеа, низоми роҳбарию идораи давлат хусусияти қавмӣ гирифтааст. Барои ҳамин, мутамарказии Афғонистон аз байн рафта, оҳиста-оҳиста сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ комилан фалаҷ гаштанд. Дар натиҷаи фалаҷ гаштани ниҳодҳои давлатӣ ва ба вуҷуд омадани марказгурезӣ, шароит барои фаъолияти ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ фароҳам омад ва дар натиҷа идораи давлат ба дасти Толибон гузашт.
Ба қудрат расидани Толибон кори тасодуфӣ набуда, нақшаи аз қабл барномарезишуда мебошад. Чуноне Абдуносири Нурзод яке аз коршиносони ин кишвар қайд менамояд, “Касби қудрат барои Толибон дар натиҷаи як таҳаввул ва навасони ғайри қобили интизор дар муодилаи бозии қудратҳои бузург рух дод”. Таҳаввули қудрат вазъро на танҳо дар Афғонистон балки дар минтақа ва ҷаҳон низ ба монанди соли 2001 ба куллӣ тағйир дод.
Баъди ба қудрат расидани Толибон баъзе кишварҳои манфиатдор ба миёнравӣ ва лобизми сиёсӣ шурӯъ карданд. Ҷомеаи ҷаҳониро бовар мекунонданд, ки дар муддати кутоҳ вазъи сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон таҳти идораи Толибон ба самти мусбат тағйир мекунад ва онҳо барои шинохти Толибон омода буданд. Вале бо тағйири қудрат натиҷаи баръакси он рух дод, вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон ба якборагӣ хароб гардид. Дар муносибати Толибон бо ҳамсоякишварҳо низ дар ин муддат ихтилофҳои гуногун ба чашм расиданд. Аз ҷумла, 3 январи соли 2022 байни марзбонони Туркманистон ва Толибон даргирӣ рух дод, 18 апрел, 5 июл соли 2022 аз Афғонистон ба самти Ӯзбекистон мушак андохта шуд ва 5 марти соли 2023 Толибон бо марзбонони Эрон вориди муноқиша шуданд. Дар умум, он интизореро, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз Толибон дошт бароварда нашуд.
Имрӯзҳо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон вобаста ба манфиатҳои худ дар баробари ҳукумати Толибон сиёсати хориҷии худро пиёда карда истодаанд. Баъзе неруҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ новобаста аз он ки аз Толибон ҳимоят мекунанд, вале дар шинохти онҳо ба саросемагӣ роҳ намедиҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки “кишварҳои бузург, ки дар эҳё ва ба сари қудрат баргаштани толибон нақш доранд”, манфиатҳои геополитикии худро дунбол менамоянд. Мушкил дар он аст, ки ҳар як кишвар на аз диди манфиатҳои Афғонистону ҷомеаи башарӣ, балки аз нигоҳи манфиати худӣ бо Толибон муносибат карда истоданд. Яъне, имрӯз кишварҳо ба масъалаи Афғонистон аз диди манфиатҳои миллии худ назар меандозанд.
Мавриди зикр аст, вазъи имрӯзаи Афғонистон ба амнияти минтақа таъсири бевоситаи худро мерасонад. Барои ҳамин, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ду соли охир ба тақвияти сиёсати амниятмеҳвар бештар рӯ оварданд. Зеро лагерҳои ҷанговарони ифротӣ дар шимоли Афғонистон дучанд афзоиш ёфта истодааст, ки таҳдиди воқеӣ барои минтақа ва ҷаҳон мебошад. Дар ин замина, ДОИШ, Ансоруллоҳ, Ал-Қоида, ташкилоти Туркистони Шарқӣ, ҲИӮ, ТТП ва ғайра ба таври бесобиқа фаъол гардидаанд. Агар вазъ ба ҳамин минвол идома ёбад, Афғонистон дубора комилан ба лонаи терроризми байналмилалӣ мубадал мегардад ва ин нигаронии кишварҳои Осиёи Марказиро бештар мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки дар ин ду сол хатару таҳдидҳо аз Афғонистон дар ҳоли афзоиш мебошад. Чуноне ки Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ гуфтанд гардиши маводи мухаддир бештар гардида, “Дар ин давра мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар марз бо ин кишвар беш аз 10 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки назар ба солҳои пеш чандин маротиба зиёд аст”. Ҳамчунин, аз ҷониби террористон талоши воридшавӣ ба давлатҳои ҳаммарз бо Афғонистон мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, шаби 29 ба 30 августи соли 2023 аъзоёни ташкилоти террористии Ансоруллоҳ барои барҳам задани суботи Тоҷикистон ғайриқонуни марзро убур карданд, ки хушбахтона аз ҷониби ниҳодҳои амниятӣ безарар гардонида шуданд. Чунин авзои бади Афғонистон ва ба қудрат расидани ҳаракати террористӣ, илҳомбахши дигар гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ гардидааст. Дар чунин вазъи мураккаб ва печида мусоидат ба таҳкими марзҳои кишварҳои минтақа саривақтӣ мебошад. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир ба масъалаи Афғонистон ҳамкорӣ дар бахши таҳкими марзҳоро муҳим арзёбӣ карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 78 уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи Афғонистон фикру андешаи хешро чунин иброз доштанд. “Мо ҳамоно роҳандозии муколамаи байниафғонӣ ва таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ заминаи муҳимми расидан ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон медонем”. Яъне Президенти кишвар ҳукумати ҳамашумулро як фурсати амалӣ барои суботи Афғонистон медонад ва дар ин самт бояд назарияи бартариятхоҳии қавмӣ аз байн биравад. Эҷоди мувозинати қудрат боиси таъмини суботи бардавом на танҳо дар Афғонистон, балки дар минтақа мегардад. Вобаста ба ин, ҷомеаи байналмилалӣ бояд мухолифатҳо бо системаи қавммеҳвариро дар Афғонистон пурзур намоянд.
Имрӯз Афғонистон метавонад як нуқтаи муттаҳидсоз барои кишварҳои минтақа бошад. Фурсати он фаро расидааст, ки ҳамбастагии минтақавӣ дар қазияи Афғонистон тавсеа ёбад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ин нуқтаро хуб дарк кардаанд ва дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе болои дидгоҳҳои муштарак ва ҳамкориҳои васеи минтақавӣ таъкид намуданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Осиёи Марказӣ бидуни суботи Афғонистон ба амнияти комил намерасад. Чунки вазъи бади Афғонистон ҳатман ба суботи минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Барои ҳамин, кишварҳоро зарур аст, ки барои коҳиши таҳдидҳои мавҷуда аз ин самт дастаҷамъона амал намоянд.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
сармутахассиси раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон