Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ тайғироти куллӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа ворид кард. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ҷузъи муҳимми сиёсати давлатиро ташкил медиҳад.
Ба вазъи ногувори ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда мулоқоти аввалини расмии Роҳбари мамлакат Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 2 феврали соли 1993 баргузор гардид, ки ин нишони возеҳи ғамхорӣ, пуштибонӣ ва дастгирии Роҳбарияти Олии Мамлакат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба шумор мерафт. Баргузории мулоқотҳои мунтазами Пешвои муаззами миллат бо ҷавонон (2-уми феврали соли 1993, 17-уми марти соли 1994, 23-юми майи соли 1997, 16-уми майи соли 1998, 21-уми майи соли 2005, 23-юми майи соли 2013 ва 23-юми майи соли 2017) қадамҳои навбатии Ҳукумати мамлакат дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии сиёсии ҷавонон маҳсуб меёфтанд. Бо дарназардошти ҷорӣ гардидани равандҳои гуногун дар ҷаҳон зарурати бештари рӯ овардан ба сиёсати давлатии ҷавонон тақозои ҷомеа ба шумор мерафт, зеро агар як раванд хосияти мусбиро доро бошад, дигараш хусусияти манфиро дар бар мегирад.
Равандҳои ҷаҳони муосир, бештар ба қишри ҷавон таъсири худро мерасонад. Пайвастан ба гурӯҳҳои тундгаро ва ифротӣ ҷузъе аз равандҳои манфиеро ташкил медиҳад, ки маҳз ҷавононро ба коми худ мебарад. Яке аз сабабҳои душвори кашидани ҷавонон дар муайян кардани масъалаҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар камтаҷрибагию мусаллаҳ набудан бо донишҳои соҳавиро ташкил медиҳад. Ин омил боиси он мегардад, ки ҷавонон бештар зери таъсироти идеологию сиёсии носолим қарор гирифта, қувваю ғайрати созандагиашонро дар ҷомеа ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд. Яке аз равандҳои муосир ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбад. Падидаҳои гуногуни ҷаҳонишавӣ аксар вақт хосияти омезиши фарҳангҳои гуногунро дар бар мегирад.
Ҷаҳонишавӣ ва таъсири беш аз беши онро аксаран дар ахлоқи ҷавонон дидан мумкин аст. Дар қиёс ба солҳои пешин айни ҳол аксари ҷавонон ҳафтаҳо ва рӯзҳоро ба мутолиаи иттилоот дар таввасути телефонҳои мобилӣ сипарӣ менамоянд. Натиҷаи манфии ин омил дар он аст, ки фазои интернет, бинобар сабаби надоштани маҳдудият метавонад иттилооти таъсиррасон ба афкорро низ пахш намояд, ки ин боиси таҳрифи афкори солим гашта, дастовардҳои ҳаёти воқеӣ ба чашми қишри осебпазир камранг мегардад.
Вусъат ёфтани ҳисси нохудогоҳӣ ва қарор гирифтани ҷавонон зери шиори “зистан танҳо барои худ” масъалаи хатарзо барои ояндаи наздик ба шумор меравад, зеро ҳар нафари зери ин ғоя қарордошта нисбат ба оянда бетарафиро ихтиёр менамоянд. Таърихи начандони дури давлатдории мо ба фоҷиаҳои нангин, ки аз бетарафӣ сар зада буд ошност. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 марти соли 2024 иброз доштанд: “Агар бисёриҳо бетарафӣ намекарданд, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар намезад”.
Мусаллам аст, аст, ки тамоми рафтори фард ба ҷаҳонбинии он вобастагии зич дорад. Ҷаҳонбинӣ маҷмуи ақоиду эътиқод, фикру эҳсос, табъу завқ, саъю кўшиш, умеду армон ва амсоли ин вожаҳоро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки ду навъи ҷаҳонбинӣ дар тамоми қишрҳои ҷомеа ба назар мерасад, ки ин ҷаҳонбинии муқаррарӣ ва дигаре илмӣ мебошад. Ҷаҳонбинии муқаррарӣ дар натиҷаи таҷрибаи ҳаррӯза ба вуҷуд меояду, ҷаҳонбинии илмӣ дар натиҷаи аз бар кардани донишҳои гуногуни соҳавӣ. Мақсад ва асли таълиму тарбияро дар мактабҳои миёна ва олии мамлакат ташаккули сатҳи маърифату ҷаҳонбинии илмии ҷавонон ташкил медиҳад. Яке аз омилҳои рушди мамлакат ва тараққиёти ҳамаҷонибаи он аз тарбияи дурусти насли ҷавон вобаста аст. Ҳамин аст, ки бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои болозикр Ҳукумати мамлакат сиёсати маорифпарваронаро пеш гирифтааст. Танҳо дар ҳолати ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ муносибати шахс нисбат ба олам, ба худаш, мавқеи ҳаётию иҷтимоии инсон, армон, усулҳои маърифат, фаъолият ва арзишҳои муҳим шакл мегирад.
Яке аз роҳҳои тарбияи насли ҷавонро ин ташаккул додани идеалҳои ахлоқӣ, касбӣ, иҷтимоӣ ташкил медиҳад, ки ин аз зинаҳои нахусти таълим оғоз гардида, ба фазои касбӣ ва саъю кӯшишҳои касбӣ нақши бориз дорад. Раванди нахустини таълиму тарбия, ки дар муассисаҳои миёна сурат мегирад, таъсири амиқро дар руҳияи насли ҷавон барои интихоби ояндааш мегузорад. Дар зинаи нахустини таълим дар зеҳни кӯдакон ғояҳояшон шакл мегиранду, онҳо ба ягон нафар пайравӣ кардан мехоҳанд. Агар омӯзгори ҷавон дорои маърифати баланди касбӣ бошад, он гоҳ метавонад идеали касбии аксар хонандагон гардад.
Ҳамин тавр, ҷавонони Тоҷикистон табақаи иҷтимоеро ташкил медиҳанд, ки дар пешрафти ҷомеа нақши муҳимро мебозанд. Насли ҷавон гурӯҳи тавонои ҳар мамлакат ба шумор рафта, дар амалӣ кардани манфиатҳои миллӣ ва рушди ҷомеа саҳмгузоранд.
Вазъи кунунии равандҳои муосир ва таъсири он ба афкори ҷавонон нишон медиҳад, ки роҳандозӣ намудани тадбирҳои замонавӣ барои дурнамои вазъи ҷавонон муҳим мебошад:
Аз ҷумла, ҷиҳати баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон зарурат ба миён омадааст, ки чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо усулҳои замонавӣ баргузор карда шаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити кунунӣ, гурӯҳҳои тахрибкор аз усулҳои муосиртарин истифода мебаранд. Аммо бо усулҳои қолабӣ ва классикӣ пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни ҷавонон самаранокии тадбирҳои роҳандози шударо коста намудааст.
Дар ин замина истифода намудани усулҳои маркетинг ҷиҳати иттилоотонии ҷомеа яке аз механизмҳои муассир ба шумор мераванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифода аз чунин усул ба кормандони касбу кори гуногун имкон додааст, ки дар самти пайдо намудани аудиторияи васеъ муваффақ шаванд. Аммо дар муқоиса ба чунин тамоюл ғолибони озмунҳои миллӣ, ки сармояи стратегии давлат мебошанд ба таври зарурӣ дар фазои иттилоотӣ муаррифӣ намегарданд.
Аз ин рӯ, паҳн намудани буклетҳои иттилоотӣ, наворҳои кӯтоҳи мубрам ва ҷолиб, таҳияи барномаҳои махсуси таълимӣ ва ҷойгир намудани онҳо тавассути роликҳои тарғиботии телевизионию радиоӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Таварова Моҳира Шарифхоновна,
Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон