Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 вобаста ба масъалаи таъмини амнияти милливу минтақавӣ чунин иброз доштанд: “Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад”.
Бешубҳа, дар замони соҳибистиқлолӣ масъалаи таъмини сулҳ субот ва амнияту тартиботи ҷамъиятӣ меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ ба сифати кишвари пешқадам шинохта шудааст.
Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз намуда буданд, ки Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт.
Бояд қайд намуд, ки масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ хусусияти мураккаби геополитикӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Мураккабии он аз таъсири бисёрсатҳаи омилҳои дохилӣ ва берунӣ ба вазъи амнияти минтақа бармеояд.
Бояд қайд намуд, ки пас аз соли 2016 дар Осиёи Марказӣ раванди ҳамгироии минтақавӣ идома дорад. Дар баробари ин, як қатор сиғаҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа ва давлатҳои сеюм, аз ҷумла Чин, Россия, ИМА, Ҷ, Иттиҳоди Аврупо, Ҳиндустон ва ғайра таъсис ёфтаанд. Раванди тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ бо абарқудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба бархурди манфиатҳои миллии онҳо оварда мерасонад, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.
Аз ин сабаб, омӯзиши масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ – сиёсӣ ва иқтисодӣ хеле муҳим ва актуалӣ мебошад. Таҳлили он барои пешгӯйӣ ва ба танзим даровардани системаи амнияти минтақавӣ мусоидат мекунад. Осиёи Марказӣ дар раванди рақобати стратегии абарқудратҳо дорои аҳаммияти муҳимми геостратегӣ ва ргеоиқтисодӣ дошта, омилҳои зерини таъсиррасонро метавон қайд намуд:
Осиёи Марказӣ дубора ба макони ба ҳам таъсиррасонӣ ва бархӯрди ғояҳои гуногун, диду назарҳои сиёсӣ-иқтисодӣ, ҷараёнҳои динӣ ва фарҳангӣ мубаддал гаштааст. Дар баробари ин, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ имкон фароҳам овардаанд, ки идеология ва ғояҳои тарсафкании худро паҳн намоянд ва яке аз объектҳои муборизаҳои манфиатҳои геостратегӣ ва геополитикии абарқудратҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфт, ки байни худ дар муборизаи шадид қарор дошта, манфиатҳои миллии онҳо на танҳо миёни худ, балки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ ва принсипҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлатҳои ин минтақа мутобиқат намекунанд.
Аксари сарчашмаҳои муноқишаҳо ва омилҳои ба амнияти минтақавӣ хатарзо берун аз минтақа қарор доранд, ки сабаби асосии як навъ заифӣ ва пешгӯйинашавандагии системаи амнияти минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Се кишвари Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ҳамсарҳаданд, ки ин кишвар то ҳанӯз бузургтарин истеҳсолкунандаи маводи мухаддир боқӣ мемонад. Чунин ҳолат ба рушди ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили экстремизму терроризм мусоидат менамояд, зеро он яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории фаъолияти ташкилотҳои мазкур ба ҳисоб меравад.
Новобаста аз он, ки Осиёи Марказӣ ба субъекти муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст, омиле чун мудохилаи кишварҳои сеюм ба корҳои дохилӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Равандҳои воқеаҳои сиёсии охир бозгӯи идома ва то рафт авҷ гирифтани омили мазкур мебошанд.
Ҳамин тариқ, таъмини амнияти миллии кишварҳои минтақа дар сурати таъсиси системаи бисёрсатҳаи амнияти минтақавӣ имконпазир аст. Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирокчии фаъоли созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба монанди Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (СААД), Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (МЗТ ИДМ) ва ғайра мебошанд, ки ҳам системаи амниятӣ ҷаҳонӣ ва ҳам минтақавиро ташкил медиҳанд.
Дар дурнамои наздик омилҳои болозикр ба вазъи амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таъсиррасон боқӣ мемонанд. Авҷи рақобатҳои стратегӣ миёни абарқудратҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Ғарб аз як ҷониб ва Россияву Чин аз ҷониби дигар, ба манфиатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ низ таъсиррасон хоҳанд буд.
Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаро пеш гирифта, бо назардошти манфиатҳои миллии давлату миллат ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст.
СОДИҚОВА Саодат,
мутахассиси пешбари Раёсати
омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон