Дар доираи конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав», ки Маркази тадқиқоти стратегӣ дар баргузории он саҳмгузор аст, силсилаи чорабиниҳо бо иштироки коршиносони масоили соҳаҳои гуногун ду кишвар оғоз гардид. Ин чорабиниҳо то оғози конференсия идома ёфта, вохӯрию мулоқотҳо бо коршиносони соҳа, рӯйнамоии китобҳои ба нашр расонидаи Марказ доир ба ҳамкориҳо, боздид аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва иншоотҳои саноатии муштарак бунёдгардида, инчунин мубодилаи афкори коршиносони ватанию чинӣ ба нақша гирифта шудааст.
Вобаста ба ҳамоиши зикргардида, санаи 21 июни соли 2024 вохӯрии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайридин бо ҳайати Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин таҳти роҳбарии директори институт Чин Сун Чжуанҷи дар толори Марказ баргузор гардид.
Дар мулоқоти доиргардида, сардори шӯъбаи тадқиқоти иқтисодии Русия Сю Полин, ходими пешбари шуъбаи тадқиқоти иқтисодии Русия Ҷян Ҷин, ходими пешбари бахши Осиёи Марказӣ Ли Руиси ва ходими калони илмии бисёрҷониба Ниу Йичэн низ ширкат доштанд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ дар оғози мулоқот ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду кишвар мебошад. Хайриддин Усмонзода нақши роҳбарони олии ду кишвари дӯстро дар пешбурд ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ намуд.
Инчунин мавсуф афзоиши бомароми ҳамкориҳои илмии Маркази тадқиқоти стратегиро бо марказҳои таҳлилии Чин, аз ҷумла бо Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин махсус қайд намуд.
Дар навбати худ директори Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Сун Чжуанҷи барои қабули самимӣ изҳори сипос намуда, ба сатҳи кунунии муносибатҳои илмию таҳлилии байни ду ниҳоди зеҳнӣ баҳои баланд дод ва изҳори итминон намуд, ки ҷонибҳо дар оянда барои таҳкими ҳамкориҳои таҳлилӣ талош хоҳад намуд.
Илова бар ин, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии Чинро, ки 3 декабри соли 2019 ба имзо расонида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо дар мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба таҳкими ҳамкориҳои ниҳодҳо, бахусус дар соҳаи тадқиқоти илмӣ ва баргузории конфронси муштарак оид ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ба тавофуқ расиданд.
Мулоқот дар руҳияи самимӣ, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон