Яке аз унсурҳои асосии бунёди ҷомеаи муосир ва самаранкоии фаъолият дар мамлакатҳои мутараққӣ низоми “иқтисоди рақамӣ” ба ҳисоб рафта, он имкон медиҳад, ки идоракунӣ ва иҷрои амалиётҳо саривақтӣ ва сифатнок иҷро гардад. Зеро рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар аз ҷорӣ намудани технолгияҳои рақамӣ ва гузаштан ба мадели инноватсионӣ бевосита вобаста буда, имконияти самаранокиро афзун менамояд.

Бо дарназардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28.12.2024 зимни ироаи паёмашон қайд намуданд, ки «Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд». Албатта дар шароити имрӯз бе рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия рушди нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ ғайриимкон буда, низоми мазкур ба рушди соҳаҳои гуногун таъсиргузор мебошад.

Аз тарафи дигар назар намоем инноватсия дар рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ саҳми назаррас дошта, вобаста ба тадбиқ ва амалигардияш ба ду тарз шарҳ дода мешавад.

  • якум, инноватсия як раванди амаликунандаи комёбиҳои тафаккури инсон, натиҷаҳои илмию техникӣ буда, ба рушди неруи зеҳнӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва баланд бардоштани шиддатнокии илмии он мусоидат мекунад;
  • дуюм, ба тадбиқи навоварӣ доираи молу хизматҳо васеъ шуда, сифати онҳо беҳтар мегардад, ки ба афзоиши талаботи ҳар як шахс дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар умум рушди инноватсионии ҳар як кишвар аз ташаккули системаи миллии инноватсионӣ, ки таъмин намудани фаъолияти инноватсияро дар миқёси давлат талаб мекунад, тадбиқ мегардад. Рушди иқтидори кадрии соҳаи илмию техникӣ, баҳодиҳии фаъолнокии инноватсионии корхонаҳои мамлакат, таъминоти молиявии фаъолияти ниноватсионӣ дар кишварро пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон, ташаккули иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия дар Тоҷикистон ба рушд ёфтани соҳаҳои муҳимми иқтисодӣ оварда мерасонад, аз қабилӣ:

1) Баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии соҳаҳо. Рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ба беҳтар шудани равандҳои истеҳсолӣ мусоидат мекунад. Истифодаи автоматика, робототехника, зеҳни сунъӣ ва тиҷорати эелектронӣ метавонад ҳосилнокии меҳнатро хеле баланд бардорад, арзиши аслиро кам ва сифати маҳсулотро беҳтар созад. Ин раванд, махсусан дар саноат ва соҳаи кишоварзӣ, ки дар он ҷо навоварӣ раванди истеҳсолот ва идоракунии захираҳоро беҳтар карда метавонад, муҳим аст.

2) Рушди соҳаи саноат ва бозорҳои нав. Рақамикунонӣ ба рушди бахшҳои нави иқтисодӣ, аз қабили киберамният, тиҷорати электронӣ, маълумоти калон ва зеҳни сунъӣ мусоидат мекунад. Ин соҳаҳо на танҳо ҷойҳои нави корӣ эҷод мекунанд, балки ба бахшҳои анъанавӣ мутобиқ шуда ба тағйирот мусоидат мекунанд, ки рушди иқтисодӣ ва рақобатпазириро ҳавасманд мегардад.

3) Беҳтар намудани дастрасӣ ба бозор ва ҷаҳонишавӣ. Бо ёрии технологияҳои рақамӣ, аз қабили интернет, замимаҳои мобилӣ ва платформаҳои тиҷорати электронӣ, ширкатҳо ва соҳибкорон метавонанд ба бозорҳои байналмилалӣ ворид шуда, на танҳо дар сатҳи маҳаллӣ, балки дар миқёси ҷаҳонӣ молу хизматрасонӣ пешниҳод кунанд. Ин дастрасӣ ба истеъмолкунандагонро беҳтар мекунад, мубодилаи иттилоотро суръат мебахшад ва ба тавсеаи зудтари тиҷорат мусоидат мекунад.

4) Муайян намудани шароит барои фаъолияти инноватсионӣ. Рақамикунонӣ дастрасии васеъ ба захираҳои иттилоотӣ, таълимӣ ва тадқиқотиро фароҳам меорад, ки ба таъсиси корхонаҳои нав ва рушди соҳибкории инноватсионӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин, бо рушди технология, стартапҳо метавонанд миқёси зудтарро афзоиш диҳанд ва сармоягузорӣ, аз ҷумла сармояи венчуриро ҷалб намояд.

5) Иқтисоди рақамӣ ва вусъат бахшидан ба идоракунии давлатӣ. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ низ як ҷанбаи муҳим аст. Хидматҳои электронӣ, феҳристҳои рақамӣ, шаҳрҳои интеллектуалӣ ва системаҳои идоракунии маълумотҳо имкон медиҳанд, ки сифати хизматрасониҳои давлатӣ беҳтар гардад, дастрасӣ ва шаффофияти онҳо афзоиш ёбад. Он ҳамчунин метавонад фасодро коҳиш диҳад ва эътимодро ба ниҳодҳои давлатӣ афзоиш диҳад.

6) Рушди устувории экологӣ. Технологияҳои инноватсионӣ барои ҳалли мушкилоти устуворӣ, масалан тавассути шабакаҳои интеллектуалӣ, навовариҳои энергияи барқароршаванда ва рушди технологияҳои тоза кӯмак мекунанд. Рақамикунонӣ ба мо имкон медиҳад, ки истифодаи захираҳоро муътадил намуда, самаранокии энергетикиро афзоиш диҳад ва таъсири манфиро ба муҳити зист коҳиш диҳад.

7) Тағйироти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Рақамикунонӣ ба беҳтар шудани дастрасии маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Дар баробари ин, агар дастрасии баробар ба технологияҳои рақамӣ таъмин нашавад, ин метавонад боиси пайдоиши як навъи нави нобаробарии иҷтимоӣ гардад.

Албатта саволе ба миён меояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зарфиятро доро буда метавонад? Албатта, рақамсозӣ ва инноватсия дар Тоҷикистон имконпазир аст ва ҳатто фаъолона рушд мекунад. Гарчанде дар баъзе аз минтақаҳои кишвар мушкилот, аз қабили дастрасии маҳдуд ба интернети баландсуръат ва каме коста будани сатҳи саводнокии  (инҳам дар минтақаҳои дурдасти кишвар) аҳолӣ, дар солҳои охир барои ҷорӣ кардани фанновариҳои муосир талошҳо сурат гирифтаанд. Ҳамзамон, барои расидан ба ин ҳадафҳо як қатор корҳои дигар ҷоннок мегардад то ҷанбаҳои асосии рақамисозӣ ва инноватсия дар Тоҷикистон ривоҷ ёбад.

1) Аз 2 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ» содир шуд, акнун аз 1 август пардохтҳои давлатӣ танҳо дар шакли ғайринақдӣ сурат мегиранд. Пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, андозҳо, боҷи давлатӣ барои додани иҷозатнома ва иҷозатномаҳо, ҷарима ва дигар намудҳои хизматрасониҳои давлатӣ танҳо бо истифода аз кортҳои бонкӣ ё ҳамёнҳои мобилӣ сурат мегирад. Сарвари давлат дар паёмҳои қаблии худ низ таъкид намуда буданд, ки “барои рақамикунонии устувори иқтисодиёти миллӣ ва ташаккули заминаи технологии он зарур аст, ки ислоҳот дар соҳаи алоқа суръат бахшида, марҳала ба марҳала ба иқтисодиёти рақамӣ ва хизматрасонии рақамӣ дар тамоми соҳаҳо гузарад. Паркхои технологӣ барпо карда, дар ҳама ҷо технологияи интеллектуалии сунъӣ ҷорӣ карда шаванд”.

2) Дар солҳои охир дар Тоҷикистон дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани равзанаи онлайнӣ ҷиҳати соддагардонии раванди дарёфти хизматрасониҳо фаъолона кор бурда мешавад. Ҳукумати электронӣ низ ба як ҷузъи муҳими рӯзафзун табдил ёфта корҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми онлайнии ҳисоботи андоз, бақайдгирии соҳибкорӣ ва дигар хизматрасониҳои маъмурӣ идома доранд.

Барои бозҳам ривоҷ ёфтани рақамикунонӣ ва инноватсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 идораҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки дар кишвар барои беҳтар кардани сифати интернет ва алоқаи мобилӣ чораҳои қатъи андешанд. Ин беҳбудии инфрасохтор ва васеъ кардани фарогирии минтақаҳои дурдастро дар бар мегирад.

«Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

  • якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;
  • дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
  • сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;
  • чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;
  • панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;
  • шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот;
  • ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ».

Чунин иқдомҳои ояндабинонаи Президенти кишвар имкон медиҳад, ки дар кишвар пешравиҳои назаррас дар самти рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия вусъат ёбад.

1) Ташаббусҳо барои омӯзиши ҷавонон дар соҳаи технологияҳои нав, стартапҳо ва соҳибкорӣ вуҷуд доранд. Иштироки бештари Тоҷикистон дар озмуну форумҳои байналмилалӣ барои ҷалб ва таваҷҷуҳ ба лоиҳаҳои инноватсионӣ мусоидат мекунад. Барои дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва сармоягузорон робитаҳо барқарор шудаанд.

2) Таъсири инноватсия ба саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо. Қабули технологияҳо (ба монанди технологияи инноватсионии худидорашаванда, дронҳои кишоварзӣ, рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, истифодаи зеҳнҳои сунъӣ) ва системаҳои идоракунии об ба баланд бардоштани самаранокӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ мусоидат мекунанд. Дар ин замина технологияҳои энергетикӣ ва экологӣ низ инкишоф ёфта, истеҳсоли неру тавассути технологияи инноватсионӣ аз нерӯи офтоб, об, шамол ва маду ҷазри дигар манобеъҳои табиӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар умум, рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия омили муҳими рушди иқтисодӣ миллӣ буда, афзоиши рақобатпазирӣ ва устувории амнияти иқтисодии кишварро таъмин менамояд. Муҳим он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин равандро самарабахш дар соҳаҳои муҳимми иқтисодӣ татбиқ намуда, рушди онро ба манфиати ҷомеа равона созем. Дар баробари ин,  чунин раванд метавонад хатарҳои эҳтимолие, ки (хатарҳои табиӣ ва хатарҳо вобаста ба омилҳои беруна) ба кишвар таъсири бевоситаи худро расонида метавонад пешгирӣ намуда, гузаштан ба иқтисодиёти “сабз”-ро таҳким бахшад. Барҳақ эълон намудани соли 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” дар он аст, ки он ҳамчун мадели нав барои расидан ба тамоми стратегияҳои қабулгардидаи кишвар шароит фароҳам меовард.

Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодӣ

Чоп кунед