Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 апрели соли 2012)  қайд намуда буд: “Истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар асоси он ташаккули ҳукумати электронӣ аз масъалаҳои муҳимми замони муосир мебошад”[2]. Дар ҳақиқат, яке аз омилҳои асосии пешрафти кишварҳои тараққикард татбиқи босамари технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рушди ҳукумати электронӣ мебошад. Бинобар ин, бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ба масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисос, рушди инфрасохтори зарурии иттилоотӣ, зина ба зина баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сармогузорону соҳибкорон ва дигар шаҳрвандон дар татбиқи усулҳои идоракунии электронӣ ва истифодаи мақсадноки технологияҳои муосир диққати зарурӣ медиҳанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати техникии қишрҳо ва сохторҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар иқтисоди миллии кишвар ва бо мақсади амалисозии стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643, “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид [5].

Консепсияи мазкур бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, №1174, доир ба Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, №468 доир ба “Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, №451 дар бораи “Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, №1713,  дорир ба “Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва тасдиқ гардидааст[9].

Амалисозии Консепсия имкон дод, ки номгӯйи зиёди хизматрасониҳои давлатӣ сари вақт ва босифат ба шаҳрвандон ба таври электронӣ расонида шуда, зуҳуроти номатлубе чун бюрократизм ва коррупсия тадриҷан дар ҷомеа коҳиш ёфта аз байн равад.

Барои ташаккули ҳукумати электронӣ дар консепсия се марҳалаи татбиқи ҳукумати электронӣ муайян гардидааст:

Марҳилаи якум, солҳои 2012–2013-ро дар бар гирифта, дар он вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаю корхонаҳои тамоми шаҳру ноҳияҳо бо шабакаи ягона, компютер, шабакаҳои интернетӣ, барномаҳои иттилоотии соҳавӣ ва муассисавӣ оид ба татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар самти фаъолияти худ таъмин гардида, ҳамзамон сайтҳои (саҳифаҳои) хешро дар интернет таъсис ва тавассути сомонаҳои расмии худ шаффофияти фаъолияти ҳамарўзаро инъикос менамоянд, ки инро қисмати калидии ҳукумати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон меноманд [5].

Дар давраи мазкур ҳамзамон, қарорҳои технологии идоравии намунавӣ оид ба дастгирӣ ва пешниҳод намудани хизматҳои давлатӣ ва таъмини дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, системаи ягонаи ҷонибдории иттилоотӣ-маълумотии шаҳрвандон, инфрасохтори ҳамкории мутақобилаи байниидоравии электронӣ, бо системаи муҳофизатшавандаи ҳуҷҷатгузории (гардиши ҳуҷҷатҳои) электронии байниидоравӣ ва дигар рубрикаҳои муҳим ҷойгир ва фаъолият менамоянд.

Солҳои 2013–2015, ки марҳалаи дуюмро дар бар мегирад, дар амал  татбиқи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ тариқи қарорҳои технологии байниидоравӣ сурат гирифта, он иборат аст, аз:

– такмил додани вазъи ҳуқуқӣ, тадорукотӣ ва техникии таъсиси ҳукумати электронӣ;

– ташаккул додани механизмҳои робитаи дуҷониба ва бисёрҷониба ба мақсади ворид намудани ҳуҷҷатгузории ягонаи электронӣ;

– васеъ намудани манбаҳои иттилоотии идоравӣ ва байниидоравӣ;

– аз байн бурдани нобаробарии рақамӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ;

– таъсиси системаҳои байниидоравии ҳукуматиэлектронӣ дар сохторҳои мақомоти маҳаллӣ.

Давраи ниҳоӣ солҳои 2015–2020-ро дар бар гирифта, дар он рушди ҳукумати электронӣ, автоматикунонии раванди пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳо, инчунин гирифтани хизматҳоро аз муассисаҳо барои ниёзмандиҳои давлатӣ дар назар дорад.

Ворид намудани системаи иттилоотии ҳукумати электронӣ ва таъмини амнияти иттилоотии ин система як силсила мушкилоти тадорукотӣ, иқтисодӣ, қонунгузорӣ, ҳуқуқӣ, технологӣ ва кадриро доро мебошад, ки ҳаллу фасли онҳо бояд ба муносибати системавӣ ва ҳамаҷониба асос ёбад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар Паёми навбатии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2019 таъкид гардид, ки “минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад” [2].

Дар ин самт татбиқи босамари ҳукумати электронӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳо дар самти иқтисодиёти рақамӣ мусоидат хоҳад намуд.

Бо мақсади муайян намудани вазъи татбиқи ҳукумати электронӣ Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути арзёбӣ вобаста ба критерияҳои интихобшуда мусоҳибаҳои рўбарў бо масъулини ҳукумати электронӣ (тавассути мизи гирд) дар мақомоти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва назарсанҷӣ тариқи саволнома  тадқиқот анҷом дод.

Тибқи критерияҳои муқарраргардида таъсиси сомона, инъикоси сохтори мақомот, маълумот оид ба роҳбарият, инъикоси хабарҳои рӯз, вазъи соҳаҳо, фаъолияти кории сохторҳо, санадҳои амалкунанда аз қабили қонунҳою қарорҳо, ҳисобот, барномаҳо ва стратегияҳои рушди маҳал, маълумоти оморӣ (рушди иқтисодию иҷтимоӣ), муроҷиати электронӣ ба роҳбари мақомот, бойгонӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо назардошти мавҷудияти ашёи хом ва имкониятҳои ноҳия, имкониятҳо ва имтиёзҳо бобати ҷалби сармоягузорӣ дар рушди соҳаи истеҳсолот бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ, ташкили интернет – портал барои тамоми сомонаҳо басо муҳим ҳисобида шуд.

Таҳлилҳо нишон дод, ки сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва татбиқи ҳукумати электронӣ ба талаботҳои дар критерияҳои муайянгардида пурра, яъне дар сатҳи 100 дарсад ҷавобгў буда, ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ ва Исмоили  Сомонӣ бошад, дар сатҳи аз 26 то 46 дарсад вобаста ба талабот иҷро гардидааст (Ҷадвали 1).

Ҷадвали 1.

Таҳлили сомонаи ноҳияҳои ш. Душанбе вобаста ба критерияҳои муайянгардида (дарсад) [7].

% Шаҳру  ноҳияҳо Ҳаст Нопурра Нест Сомонаҳо
1 Шаҳри  Душанбе 100,0 www.dushanbe.tj
2 Ноҳияи Шоҳмансур 40,0 60,0 www.shohmansur.tj
3 Ноҳияи  Сино 46,7 26,7 26,7 www.sino.tj
4 Ноҳияи Фирдавсӣ 26,7 6,7 66,7 www.firdavsi.tj
5 Ноҳияи   И. Сомонӣ 46,7 6,7 46,7 www.i–somoni.tj

Аз ҷадвали 1 дидан мумкин аст, ки сомонаи шаҳри Душанбе бо тарзи пурра таъсис дода шуда, нишондиҳандаҳояшон аз рӯйи критерияҳо дар сатҳи 100 дарсад, ноҳияҳои Шоҳмансур 40 дарсад, Сино 46,7 дарсад, Фирдавсӣ 26,7 дарсад ва Исмоили  Сомонӣ 46,7 дарсадро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ вобаста ба критерияҳои муайянгардида таҳлил гузаронида шуд. Таҳлили вазъи сомонаҳои ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ чунин аст.

Ҷадвали 2.

Сатҳи татбиқи ҳукумати электронӣ ва таҳлили вазъи сомонаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ [7].

Шаҳру  ноҳияҳо Ҳаст Нопурра Нест Сомонаҳо
1 Ноҳияи  Варзоб 13,3 20,0 66,7 www.varzob.tj
2 Шаҳри  Ваҳдат 13,3 13,3 73,3 www.vahdat.tj
3 Ноҳияи  Лахш 53,3 46,7 www.lakhsh.tj
4 Ноҳияи  Нуробод 20.0 13.3 66.7 www.nurobod.tj
5 Ноҳияи Рашт 53,3 13,3 33,3 www.rasht.tj
6 Шаҳри Роғун 46,7 13,3 40,0 www.roghun.tj
7 Ноҳияи Рудакӣ 53,3 46,7 www.nrudaki.tj
8 Ноҳияи Сангвор 26,7 6,7 66,7 www.sangvor.tj
9 Ноҳияи Тоҷикобод 33,3 6,7 60,0 www.tojikobod.tj
10 Шаҳри Турсунзода 60,0 6,7 33,3 www.tursunzoda.tj
11 Ноҳияи Файзобод 26,7 73,3  www.faizobod.tj
12 Шаҳри Ҳисор 26, 7 13,3 60,0 www.hisor.tj
13 Ноҳияи Шаҳринав 40,0 13,3 46,7 www.shahrinav.tj

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки айни ҳол дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Рудакӣ, Шаҳринав ва шаҳрҳои Турсунзода ва Роғун аз рӯйи критерияҳои муайянгардида дар сатҳи 40-60 дарсад, ноҳияҳои Тоҷикобод, Файзобод, Сангвор, Нуробод ва шаҳри Ҳисор, дар сатҳи 26, 7 – 33, 3 дарсад ва шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Варзоб дар сатҳи 13,3 дарсад фаъолият доранд. Иҷрои марҳалаи аввал яъне таъсис додани саҳифаи интернетӣ ё сомонаи зерсохторҳои мақомоти маҳал, бахусус, дар муассисаю корхонаҳо ҳанўз мушкилоти аввалиндараҷа башумор меравад. Бахусус, дар шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахшҳои фарҳангӣ аксар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сомона ё саҳифаи интернетӣ таъсис дода нашудааст ва дар бисёр маврид то ҳол бо компютерҳо барои фаъолият таъмин нагардидаанд.

Дар вилояти Суғд бо мақсади муайян намудани вазъи татбиқи ҳукумати электронӣ ва огаҳӣ аз фаъолияти сомонаи вилоят, ки яке аз хадафҳои амалишавии он ба ҳисоб меравад, таҳлилҳо чунин баҳогузориро муайян намуданд (Ҷадвали 3):

Ҷадвали 3.

Сатҳи татбиқи ҳукумати электронӣ ва таҳлили вазъи сомонаҳои вилояти Суғд [7].

Шаҳруноҳияҳо Ҳаст Нопурра Нест Сомонаҳо
1 Вилояти Суғд 100,0 www.sugd.tj
2 Шаҳри Хуҷанд 66,7 33,3 www.khujand.tj
3 Шаҳри Гулистон 60,0 13,3 26,7 www.guliston.tj
4 Шаҳри Истаравшан 60,0 40,0 www.mihdistaravshan.tj
5 Шаҳри Исфара 33,3 6,7 60,0 www.isfara.tj
6 Шаҳри Истиқлол 33,3 20,0 46,7 www.mihd–istiqlol.tj
7 Шаҳри Конибодом 40,0 13,3 46,7 www.konibodom.tj
8 Шаҳри Бӯстон 33,3 33,3 33,3 www.buston.tj
9 Шаҳри Панҷакент 13,3 86,7 www.panjakent.tj
10 Ноҳияи Айнӣ 33,3 6,7 60,0 www.ayni.tj
11 Ноҳияи Б. Гафуров 33,3 13,3 6,7 www.gafurov.tj
12 Ноҳияи Деваштич 33,3 6,7 60,0 www.devashtich.tj
13 Ноҳияи Зафаробод 20,0 80,0 www.mihd-zafarobod.tj
14 Ноҳияи Мастчоҳ 33,3 26,7 40,0 www.mastchoh.tj
15 Ноҳияи Ҷ. Расулов 46,7 13,3 40,0 www.jabborrasulov.tj
16 Ноҳияи Шаҳристон 26,7 73,3 www.shahriston.tj
17 Ноҳияи Ашт 40,0 60,0 www.mihdasht.tj
18 Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 33.3 66.7 www.kuhistoni-maschoh.tj
19 Ноҳияи Спитамен 40,0 6,7 53,3 www.spitamen.tj

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сомонаи мақомот, муроҷиати электронӣ ба роҳбарияти мақомот, бойгонӣ, хабарҳои рўз аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят, лоиҳаҳои сармоягузории дар вилоят татбиқшаванда, имтиёзҳо бобати ҷалби сармоягузорӣ дар мавриди рушди соҳаи истеҳсолот бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллию саноатикунонии босуръат ва интернет – портали ягона байни шаҳру ноҳияҳои вилоят таъсис дода шудааст. Сомона бо критерияҳои муайянгардида пурра мутобиқ буда,  сад дарсад, яъне пурра фаъол мебошад.

Фаъолияти аксар сомонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан ва ноҳияҳои Ҷ. Расулов, Ашт дар сатҳи аз 40,0 то 60, 0 дарсад, шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истиқлол ва ноҳияҳои Б.Ғафуров, Деваштич, Мастчоҳ, Айнӣ, Бўстон, Шаҳристон дар сатҳи 33,3 то 26,7 дарсад ва ноҳияи Зафаробод, шаҳри Панҷакент, ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар сатҳи 13,3 то 20,0 дарсад ба роҳ монда шудааст.

Раёсатҳои тандурустӣ, фарҳанг, занон ва кор бо оила, ҷавонон ва варзиш, кишоварзии вилоят ва аксар шаҳру ноҳияҳо бо портали ягона пайваст нестанд ва доир ба сомонаҳояшон маълумот низ ҷой дода нашудааст.

Дар вилояти Хатлон тадқиқотчиён муайян намуданд, ки вазъи татбиқи ҳукумати электронӣ ва ҳолати сомонаи вилоят дар чунин ҳолат қарор доранд (Ҷадвали 4).

Ҷадвали  4.

Таҳлили сомонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон[7].

% Шаҳру ноҳияҳо Ҳаст Нопурра Нест Сомонаҳо
1 Вилояти Хатлон 50,0 6,3 43,8 www.khatlon.tj
2 Шаҳри Бохтар 40,0 6,7 53,3 www.bokhtar.tj
3 Шаҳри Кӯлоб 46,7 26,7 26,7 www.kulob.tj
4 Шаҳри Норак 46,7 53,3 www.norak.tj
5 Шаҳри Левакант 46.7 53.3 www.levakant.tj
6 Шаҳри Ёвон 26,7 73,3 www.yovon.tj
7 Ноҳияи Ҷомӣ www.jomi.tj
8 Ноҳияи Вахш 33,3 6,7 60,0 www.vakhsh.tj
9 Ноҳияи Восеъ 26,7 6,7 66,7 www.vose.tj
10 Ноҳияи Балҷувон 20,0 80,0 www.baljuvon.tj
11 Ноҳияи Данғара 13,3 26,7 60,0 www.dangara.tj
12 Ноҳияи Дӯсти 26,7 13,3 60,0 www.ndusti.tj
13 Ноҳияи Кушониён 33,3 6,7 60,0 www.kushoniyon.tj
14 Ноҳияи Қубодиён 46,7 6,7 46,7 www.qubodiyon.tj
15 Ноҳияи Муминобод 26,7 6,7 66,7 www.muminobod.tj
16 Ноҳияи Носири Хусрав 33,3 6,7 60,0 www.nosirikhusrav.tj
17 Ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ 40,0 13,3 46,7 www.hamadoni.tj
18 Ноҳияи Панҷ 6,7 93,3 www.panj.tj
19 Ноҳияи Темурмалик 13,3 20,0 66,7 www.temurmalik.tj
20 Ноҳияи Фархор 33,3 6,7 60,0 www.farkhor.tj
21 Ноҳияи Хуросон 33,3 66,7 www.khuroson.tj
22 Ноҳияи Ховалинг 33,3 13,3 53,3 www.khovaling.tj
23 Ноҳияи Ҷайҳун 13.3 20.0 66.7 www.jaihun.tj
24 Ноҳияи Ҷ. Балхӣ 13,3 6,7 80,0 www.balkhi.tj
25 Ноҳияи Шаҳритуз 26,7 6,7 66,7 www.shahrituz.tj
26 Ноҳияи Ш. Шоҳин 33,3 66,7 www.shamsiddinshohin.tj

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сомонаи худро бо суроғаи электронии www.Khatlon.tj таъсис дода, фаъолият менамоянд. Аз рўйи критерияҳои муайянгардида дар сомона дидан мумкин аст, ки фаъолияти кории сохторҳо, маълумот оид ба роҳбарияти мақомот, хабарҳои рӯз,  санадҳо, қарорҳо ва муроҷиати электронӣ ба роҳбарият ташкил дода шудааст.

Маълумот роҷеъ ба соҳаҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҳисобот, барномаҳо ва стратегияҳои рушд, маълумотҳои оморӣ (рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ), лоиҳаҳои сармоягузорӣ, имтиёзҳо бобати ҷалби сармоягузорӣ дар мавриди рушди соҳаи истеҳсолот бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллию саноатикунонии босуръат ва интернет–портал арзи вуҷуд надоранд.

Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки аз критерияҳои муайянгардида, сомонаи вилоят 50,0 дарсад арзи вуҷуд дошта, 6,3 дарсад таҳлилу пуррагардониро талаб мекунад ва 43,3 дарсад умуман вуҷуд надорад.

Ҳамчунин, бо мақсади таҳлили пурра аз вазъи сомонаҳои аксар зерсохторҳои мақомот дидан намудем. Муайян гардид, ки раёсати маориф бо суроғаи электронии (www.maorif-khatlon.tj), бахши сайёҳӣ (www.sayohikhatlon.tj), кумитаи иҷроияи ҲХДТ (www.hhdtkhatlon.tj),  шуъбаи итифоқи касаба (www.shik-khatlon.tj) ва САҲШ (www.sahsh-khatlon.tj)-и вилоят сомонаи худро таъсис дода, айни ҳол фаъолият доранд.

Баъзе аз сохторҳои мақомот, аз ҷумла раёсатҳои тандурустӣ, занон ва кор бо оила, ҷавонон, варзиш ва кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо портали ягона пайваст набуда, то ҳол саҳифаҳои интернетии худро таъсис надодаанд.

Фаъолияти аксар сомонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бошанд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳарчанд ҳар сол аз ҳисоби буҷети маҳал барои татбиқи ҳукумати электронӣ дар ҳар шаҳру ноҳияҳои вилоят маблағ ҷудо гардида бошад ҳам, вале самаранокии истифодаи онҳо мушоҳида нагардида, ба сервери асосӣ низ таъмин нестанд. Мутахассисоне, ки дар ин самт тариқи шартнома кору фаъолият доранд, ҳамчун  техникҳо масъулиятро дар мавриди таъмини амнияти иттилоотӣ ба уҳда намегиранд.

           Дигар ҳолати тадқиқот тавассути назарсанҷӣ ё пурсишнома (анкета)  гузаронида шуд. Назарсанҷӣ дар байни 330 нафар хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки аз ин 97 нафар занон ва 233 нафарро мардон ташкил медиҳанд, гузаронида шуд. Маълум гардид, ки аз шумораи посухдиҳандагон 235 нафар маълумоти олӣ, 12 нафар магистрон, 45 нафар бакалавр, 33 нафар маълумоти нопурра ва 5 нафар маълумоти миёнаи махсус доранд.

Ба саволи “Шумо маълумотро вобаста ба масъалаҳои заруриатон дар фаъолияти корӣ аз куҷо мегиред“,  26,7 дарсад аз корхона, 16,7 дарсад ба воситаи мактуб, 18,5 дарсад тариқи телефон, 27,0 дарсад бо воситаи сомона ва 11,2 дарсади ба воситаи дигар роҳҳо ҷавоб доданд.

Аз саволнома муайян гардид, ки хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони мақомот аз шабакаҳои интернетӣ тавассути компютер, планшет, ноутбук, нетбук ва телефонҳои мобилӣ истифода мебаранд. Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии провайдерҳои интернет TojNet, Тоҷиктелеком, Вавилон-Т, Мегафон тариқи шартнома истифода менамоянд, ки 78,8 дарсади посухдиҳандагон ҷавоб доданд: “хизматрасонии провайдерҳо қонеъкунанда мебошад”, 21,2 дарсад қонеъкунанда нест. Ба саволи “Шумо кадом тарифи интернетиро истифода мебаред?”, 48,8 дарсад аз тарифи бемаҳдуд ва 51,2 дарсади дигараш аз хариди мегабайт ҷавоб доданд, ки арзиши тарифҳо аз 50 сомонӣ то 360 сомонӣ дар як моҳ мебошад.

Ба саволи “Дар корхонае (муассиса), ки шумо кору фаъолият доред, сомонаи расмӣ вуҷуд дорад?“, 71,5 дарсади  кормандони муассисаҳои давлатӣ ҷавоб доданд, ки дар корхонаи онҳо сомона фаъолият мекунад ва 28,5 дарсади онҳо қайд намуданд, ки дар муассисаи онҳо сомона таъсис дода нашудааст.

Ҳангоми пурсишнома муайян гардид, ки дар аксари муассисаҳои давлатӣ шабакаи ягона (автономная сеть) таъсис дода нашудааст, ба саволи “Дар корхона (муассиса)-и шумо фаъолиятдошта шабакаи ягона (автономная сеть) мавҷуд аст?”, 42,4 дарсади кормандони муассисаҳо ҷавоб доданд, ки дар дохили корхона шабакаи ягона байни коргарон таъсис дода шудааст ва 57,6 дарсади онҳо қайд намуданд, ки то ҳол шабакаи ягона вуҷуд надорад.

Муайян гардид, ки айни ҳол 11,7 дарсади посухдиҳандагон маълумот ва ҳисоботҳоро тариқи сомонаҳои дохилӣ, 88,3 дарсади кормандони муассисаҳои давлатӣ, тавассути факс, мактуб ва почтаи электронии шахсӣ ирсол менамоянд [7].

Дар натиҷа, ҳангоми гузаронидани тадқиқот аз рӯйи се шакл дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муайян гардид, ки барои татбиқи босамари ҳукумати электронӣ чунин омилҳо таъсиррасон мебошанд:

–нарасидани мутахассисони касбии соҳа;

–пешбинӣ нагардидани маблағҳо дар аксар шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи босамари ҳукумати электронӣ;

–беаҳамиятӣ ва ё бемасъулиятӣ аз ҷониби масъулини соҳа;

–маърифати номукаммал ё сатҳи пасти дониши мутахассисони соҳа;

–нодуруст васлу насб ва истифода намудани технологияҳои муосир;

–ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои ҷудогардида;

–сари вақт пешниҳод нагардидани маълумотҳои соҳавӣ ба масъулин бобати инъикос ва пешниҳоди маводҳо;

–сатҳи пасти хизматрасонии провайдерҳои шабакаҳои интернетӣ;

–набудани назорат ва талаботи муайян аз ҷониби роҳбарони мақомот;

Барои татбиқи ҳадафмандонаи ҳукумати электронӣ ва гузаштан ба иқтисоди рақамӣ  дар кишвар чунин пешниҳодҳоро зарур мешуморем:

1.Назорати қатъии сомонаҳои расмӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ тавассути таъсиси бахши иттилоотӣ ё ниҳоди махсус (мутахасиси ҳукумати электронӣ, рўзноманигори касбӣ барои ҷойгир намудани маълумотҳо дар сомона ва барномасоз барои нигоҳдошти сомона, сервер ва дигар ноҳодҳои техникӣ) ҳамчун хизматчиёни давлатӣ.

2.Ба тобеияти мақомот даровардани тамоми махфиятҳои барномасозони провайдерҳои Tojnet, Babilon, Истера, Tarena ва дигар ширкатҳо, бахусус порол ва логини супер администратор, администратор, модератор ва техсервис бо мақсади таъмини амнияти иттилоотии сомонаҳои мақомотҳодар аксар шаҳру ноҳияҳо.

3.Ташкили курсҳои омўзишӣ, семинару мизҳои гирд ва ба ин васила таблиғи ҳукумати электронии шаҳру ноҳияҳои ҳушманд бо мақсади иттилоотикунонӣ ва баланд бардоштани савияи дониши касбии мутахассисон дар самти иқтисоди рақамӣ дар мақомотҳо.

4.Пешбинӣ намудани маблағҳо дар буҷети маҳал бо мақсади таъмини фаъолияти зерсохторҳои мақомоти маҳал бо технологияҳои муосир, яъне серверҳои алоҳида ва компютерҳои нав  (таҷрибаи шаҳру ноҳияҳои в. Суғд).

5.Таҳти назорат қарор додани маблағҳои ҷудогардида бобати татбиқи ҳукумати электронӣ ва фаъолияти босамари он аз ҷониби роҳбарияти мақомот.

6.Таҳия ва тасдиқи шакли ягонаи сомонаҳои расмӣ аз ҷониби мақомоти масъул бо назардошти ҳадафҳои стратегии миллии кишвар (тавсияи сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе–”Шаҳри Ҳушманд” ҳамчун намуна барои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар).

7.Ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи сомонаҳои мақомот бо мақсади огоҳии шаҳрвандон ва муроҷиати электронии онҳо, инчунин дастрасӣ ва огаҳӣ ёфтан аз вазъи фаъолияти хизматчиёни давлатӣ.

8.Бо мақсади ҳарчӣ тезтар баррасӣ намудани ҳуҷҷатҳои воридгардида ва маводҳои назоратӣ, таъсиси шабакаи ягона дар сохторҳои мақомот.

9.Таъсиси интернет-портали ягона дар байни мақомот ва зерсохторҳои он, бо мақсади огаҳӣ аз вазъи соҳаҳо, хабарҳои рўз, ки намунаи он дар сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мушоҳида гардид.

Вобаста ба мушкилотҳои ҷойдошта хулоса намудан мумкин аст, ки татбиқи ҳукумати электронӣ аз марҳалаҳои муайяншудаи консепсияи тасдиқгардида дур монда, барои амалӣ намудани он ва иҷрои ҳадафҳои ҳукумат дар мавриди гузаштан ба иқтисоди рақамӣ аз масъулин  тавваҷуҳ ва диққати ҷиддиро тақозо менамояд.

Вобаста ба амалисозии иқтисоди рақамӣ, механизмҳои рақамии пешбурд, ки дар доираи он ҳисоботдиҳӣ байни вазорату идораҳо ва мақомотҳо тавассути пешниҳоди нишондиҳандаҳо бо мақсади беҳтаршавии мавқеи ҷумҳурӣ, дастрасӣ ба интернети фарохмавҷ ва мобилӣ, афзоиши трафикҳои байналмилалӣ, миқдори муассисаҳо ва корхонаҳои ба низоми ягонаи давлатии рақамӣ пайвастшуда, афзун намудани шумораи истифодабарандагони хизматрасонии рақамӣ, болоравии сифати хизматрасонӣ, ки дар шакли рақамӣ расонида мешавад ва миқдори ҷойҳои нави кории таъсисдодашуда дар бахши рақамӣ  сурат гирифта, заминаи асосии онро татбиқи ҳукумати электронӣ муайян месозад.

Рўйхати манбаъҳои истифодашуда

  1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 3 декабри соли 2004, №468 “Оид ба тасдиқи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
  2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019.
  4. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, №451, “Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
  5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643, “Дар бораи тасдиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
  6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, № 642, “Дар бораи тасдиқи Косепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
  7. Маводи таҳлилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  8. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, №1174, “Дар бораи Стратегияи давлатии Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
  9. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, №1713, “Дар бораи Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

ҚАЮМОВА ШАҲЗОДА ТАҒОЕВНА,

номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори Раёсати

таҳлил ва ояндабинии  масъалаҳои макроиқтисодии

Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

АЗИЗОВ САФАРҶОН АХМЕДШОЕВИЧ,

муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии

масъалаҳои макроиқтисодии  Маркази

тадқиқоти стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЮСУФБЕКОВА КАМИЛА ШАКАРБЕКОВНА,

мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии

масъалаҳои макроиқтисодии Маркази

тадқиқоти стратегии назди Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед