Имрӯзҳо масъалаи глобалии тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ва ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, оқибатҳои ногувор ва хавфу хатарҳои онро сиёсатмадорону коршиносон мунтазам ҳушдор медиҳанд. Воқеият ва таъсири манфии тағйирёбии иқлим на танҳо ба фаъолияти зисти аҳолӣ, балки ба иқтисодиёти дилхоҳ давлат ҷиддӣ таъсир расонида, боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои нави бесобиқаи амниятӣ мегардад.
Хеле муҳим аст, ки ба ояндаи сайёра эътимоди зиёд намуда, ҷиҳати пешгирии гирдоби хавфу хатарҳои тағйирёбии иқлим ба инсоният беш аз пеш чораҳои таъҷилӣ андешида шавад. Возеҳу равшан аст, ки масъалаи мазкур таваҷҷуҳи тамоми роҳбарони кулли мамолики оламро ҷалб намуда, аз зуҳурот ва равандҳои хатарноки табиӣ ва ба таври бесобиқа гарм шудани ҳавою обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо мунтазам нишасту конфронсҳо баргузор мегардад. Воқеан ҳам, тадбирҳои самараноку саривақтӣ дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ боис мегардад, ки мувозинати ҳамаи низомҳои ҳаёт нигоҳ дошта шаванд.
Бахусус, барои коҳиш додани таъсири дигаргуншавии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои зарурӣ ва корҳои воқеӣ анҷом дода мешаванд. Дар робита ба ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешоҳангу ташаббускор эътироф менамоянд, зеро дар ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим устуворона қадам мегузорад. Эҳсос мегардад, ки барои ҳаёти инсониятро аз фоҷиаҳои эҳтимолии иқлимӣ наҷот бахшидан, талош меварзад.
Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза консентратсияи газҳои гулхонагӣ нисбати солҳои 1800-ум дар сатҳи баландтарин қарор дошта, тақрибан 1,1 дараҷа гармтар шуда, хусусан даҳсолаи охир гармтарин солҳо дар таърихи башарият дониста мешавад. Дар робита ба ин, бештари ҷомеаи башарӣ дар он андешаанд, ки тағйирёбии иқлим танҳо дар сурати баланд шудани ҳарорати ҳаво маҳдуд мешавад халос. Аммо ба назари таҳлилгарону донишмандон ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ тағйирёбии кунунии ҷаҳонӣ метавонад ба хушксолии шадид дар тамоми кишварҳои ҷаҳон оварда расонида, инчунин, он ба норасоии об, сӯхторҳои азиме, ки боиси аз байн рафтани набототу ҳайвонот мегардад, болоравии сатҳи рӯдҳову дарёҳо, ки ба обхезиҳои шадид дар ногувор сохтани раванди зиндагии аҳолӣ ҳолатҳои манфиро ба бор меоварад, обшавии пиряхҳо, ки ба дастрасӣ ба оби ошомиданиро дар минтақаҳои алоҳида дастнорас месозад, тӯфонҳои фалокатбор, ки дар он чангу ғубор ба вуҷуд омада, ҳар гуна бемориҳои сироятиро ба вуҷуд оварда, ба солимии ҷомеа хатарзо мебошад ва аз байн рафтани гуногунии биологӣ оварда мерасонад.
Дар робита ба ин, санаи 2-юми декабри соли 2023 Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки “…имрӯз тағйирёбии иқлим зимни истифодаи захираҳои табиӣ ва фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон аз мо муносибати дастаҷамъона ва мукаммалро тақозо менамояд”.
Бояд тазаккур дод, ки кишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим бештар хисорот мебинанд, зеро ин раванд ба саломатии аҳолӣ, қобилияти истеъмоли ғизои солим, осебпазирии манзил ва аз даст додани ҷойҳои корӣ алоқамандӣ дорад. Аз ин рӯ, кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро мебояд, ки баҳри пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамчун сармоягузорӣ кишварҳои осебпазир бошанд ва ин раванд метавонад дар коҳиш додани оқибатҳои ногувори иқлимӣ таъсири мусбат гузорад.
Бояд қайд кард, ки афзоиши ҳар як дараҷаи иловагии глобалӣ бисёр ташвишовар ва хатарафзо буда, ҳазорон олимону коршиносони ҷаҳонӣ дар соҳаи иқлим ба мувофиқа расидаанд, ки маҳдуд кардани ҳарорати ҷаҳонӣ то 1,5 дараҷа метавонад моро аз нобудшавӣ ва дигар оқибатҳои ногувор кумак кунад. Инчунин, агар тамоюлҳои кунунӣ ва хунукназарии ҷомеаи башарӣ дар афзоиш ёфтани иқлими сайёра идома ёбанд, ҳарорати ҷаҳон метавонад то охири қарне, ки мо зиндагӣ дорем то 4,4 дараҷа боло равад ва ин ба нобудшавии сартосарӣ дарак хоҳад дод. Дар натиҷаи хориҷ кардани газҳои гулхонагӣ, ки боиси баланд шудани ҳарорати ҷаҳонӣ мегардад дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон мушоҳида кардан мумкин аст, аммо кишварҳои рушдёфта ва мутараққӣ нисбати кишварҳои хурди рӯ ба рушд бештар истеҳсол мекунанд. Тибқи ҳисобҳои коршиносони соҳаи тағйирёбии иқлим, 100 кишвари хурди партовҳо 3 дарсади умумии партовҳои ҷаҳониро ташкил медиҳанд, дар ҳоле, ки 10 кишвари пешрафтаи партов 68 дарсадро дар саросари ҷаҳон ташкил медиҳанд. Ин раванд шаҳодат аз он медиҳад, ки кишварҳои пешрафта бояд масъулияти бештарро ба зимма гиранд ва дар навбати аввал ба ин қазия расидагӣ кунанд.
Зимнан, дар ҳошияи Конфронс Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлимро дар шароити имрузаи ҷаҳонӣ яке аз проблемаҳои сартосарӣ номида, таъкид доштанд, ки пешгирӣ ва коҳиш додани паёмадҳои номатлуби тағйирёбии иқлим як кишвар, сарфи назар аз иқтидору имкониятҳои мавҷудааш, наметавонад ба ҳолатҳои ногувори он мутобиқ шавад, зеро ин амали дастаҷамъонаро тақозо намуда, барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо маблағҳои буҷетӣ кифоягӣ намекунанд. Бинобар ин, кишварҳои пешрафтаро мебояд ба мамлакатҳои осебпазир аз нигоҳи тағйирёбии иқлим ҳамчун сармоягузор баромад намуда, дар ин масир нақшаҳои гузошташудаи дигар шарикони рушд дар раванди мутобиқшавӣ ба паёмадҳои ногувори иқлим саҳмгузор бошанд.
Гуфтан бамаврид аст, ки тағйирёбии иқлим мушкилоти асосии тамоми кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар бобати ба паст кардани шиддати он як қатор сандаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии дохилӣ ва байналмиллалӣ, инчунин, консепсияву барномаҳои эътибори ҷаҳонидошта ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз кишвар мавриди амал қарор гирифтаанд, ба монанди “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037”, “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солми 2030”, “Барномаи давлатии маҷмуи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030”. Инчунин, санадҳои байналмиллалие низ вуҷуд доранд, ки барои коҳиш додани ин хатарҳо нигаронида шудаанд, аз ҷумла “Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим” ва “Созишномаи Париж” ин санадҳое мебашанд, ки доир ба кам кардани партовҳо, мутобиқшавӣ ба таъсири тағирёбии иқлим ва маблағгузории чораҳои зарурии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона гардидаанд.
Сарфи назар аз эътилофи афзояндаи тағйирёбии сайёра кишварҳои ҷаҳон уҳдадор шудаанд, ки то соли 2050 истеҳсоли партовҳоро ба сифр бирасонанд ва нисфи коҳиши партовҳоро бояд то соли 2030 амалӣ кунанд, ки ҳарорати ҷаҳонӣ дар зери 1,5 дараҷа нигоҳ дошта шавад. Бояд гуфт, ки аз соли 2020 то соли 2030 интизор меравад истеҳсоли сӯзишвории истихроҷшаванда тақрибан 6 дарсад дар як сол коҳиш ёбад.
Хотирнишон бояд сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои обӣ дар миқёси ҷаҳон ҷойи 6-умро касб карда, 98 дарсади истеҳсоли неруи энергетикиро аз ин манбаъ истифода мебарад. Ҳамзамон рушди иқтисоди “сабз” ва дар ин замина энергияи “сабз” яке аз масъалаҳое ба ҳисоб меравад, ки пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дарвоқеъ, кишвари мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти он ки омилҳои манфии тағйирёбии иқлим ва мушкилоти об барои ҷомеаи башарӣ ва табиати атроф хатару таҳдиди ҷиддиро ба бор меорад, беш аз ду даҳсола боз ташаббусҳои ҷаҳониро дар самти об ва мудирияти он роҳандозӣ менамояд. Далели ин амр дар он собит мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат панҷ ташаббуси байналмилалиро доир ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул ва эътироф гардида, мавриди амал қарор доранд.
Салихов Ҷамшед Бобохалилович,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон