Бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истифодаи тавонмандии зеҳнии эҷодӣ ва маънавию ахлоқии ҳар як шаҳрванд имконнопазир аст. Ин раванд аз ҳар як ҷавони имрӯза баҳри иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, зарурати ба даст овардани малакаю дониши кофӣ, масъулияти баланди ватандӯстӣ, фидокорӣ ва ҷасорату мардонагиро дар вуҷуди худ тақозо менамояд, зеро бо чунин сифатҳо метавон баҳри бунёди давлатдории навин саҳми арзанда гузошт.
Мавзуи тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон дар ҷомеа дар ҳама давру замон ҳамеша яке аз мавзуи тақдирсоз ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Таҷриба муайян намудаст, ки ояндаи ҳар як давлату миллатро бе тарбияи қавии насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои маънавию ахлоқи миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Барои зиндагии минбаъдаи фарзанди худ ба эътибор гирифтани тарбияи ӯ дар руҳияи ватандӯстӣ, муҳаббат ва эҳтиром ба забони давлатӣ, таърих, адабиёт, артиш, табиати зебои диёр ва ғайра дар мадди аввал меистад.
Масъалаҳои тарбияи ҷавонон дар руҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан манфиатҳои миллӣю давлатӣ, дар тамоми таърихи инсоният ҳамеша дар маркази диққати махсуси олимону коршиносон ва сиёсатмадорон қарор дошта буд. Донишмандон ва педагогҳои машҳур аз замонҳои қадим ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, андешаю таҷрибаи худро дар шаклҳои гуногун пешниҳод намудаанд.
Тарбия дар назди инсон доираи васеи донишҳои гуногунро боз мекунад, ӯро бо низоми муайяни раванди ҳаёти шинос менамояд ва тамоми фаъолияти руҳию равонии онро такмил медиҳад. Дар синну соли наврасӣ алоқамандӣ ба шахсияти худ ва якҷо бо он имконияти худтарбиякуниро ба вуҷуд меоварад. Дар овони ҷавонии инсон ақидаҳои шахсӣ, шавқу рағбат ва идеалҳо пайдо гардида, инкишоф меёбанд, ки дар оянда рафтори инсонро муайян месозанд. Яке аз вазифаи муҳимми таълиму тарбия ба наврасону ҷавонон аз ҷониби падарону модарон, устодон, расонидани кӯмак ҷиҳати муайян намудани ҳадаф интихоби касб ва тақвияти меъёри муайяни рафтори онҳо дар зиндагӣ мебошад.
Дар васиятномаҳои адибон омадааст, ки эҳсоси муҳаббат ба гузаштагон наздикону пайвандон, дӯст доштани ватани аҷдодӣ, арҷгузории анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва табиати биҳиштосои он дар қалби ҳар як шаҳрванд, аз кӯдакию ҷавонӣ оғоз ёфта, дар раванди зиндагӣ мукаммал мегардад. Дар асоси пайдо кардани чунин дарки умумӣ барои наврасону ҷавонон, ҳисси баланди муҳаббат ба диёри хеш ташаккул ва тақвият меёбад. Бинобар ин, дар тафаккури наврасону ҷавонон тақвият додани муҳаббат ба гузаштагони диёри хеш яке аз самтҳои муҳимму афзалиятноки корҳои тарбияи ватандӯстӣ ба шумор меравад.
Яке аз вазифаи муҳимми дигари тарбияи ватандӯстӣ ҷалб намудани майлу рағбати ҷавонон ба эҳёи гузаштаи таърихӣ халқу миллати худ мебошад.Бинобар ин, ёдоварӣ аз қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони миллату диёри хеш аз гузаштаи онҳо барои ҳаёти имрӯзаи ҷавонон шинохти неки ватандӯстиро ба вуҷуд оварда, онро тақвият мебахшад.
Мактабу донишкадаҳо бояд саъю талоши худро ба он равона намоянд, ки фаҳмиши ватандӯстии наврасону ҷавонон дар корҳои ба нафъи ояндаи ватану миллат ташкил диҳанд. Дар раванди пешбурди корҳои таълиму тарбия мукаммал намудани дарки ватандӯстӣ дар руҳияи наврасону ҷавонон ва ҳамаи қишри ҷомеа аҳаммияти хеле муҳими маънавию ахлоқӣ дорад. Наврасону ҷавонон бояд ба гузашта ва имрӯзаи таърихи ватану ниёгони худро омӯзанд, бо намояндагони арзандаи илму фарҳанг ва собиқадорони меҳнат пайваста вохӯрию мулоқот доир намуда, бо кору фаъолияти онҳо ошноии бештар пайдо намоянд. Пайдо кардани дониши мукаммал дар бораи шинохти моҳияти ватандӯстӣ муҳимтарин замина ба ҳисоб меравад. Таълиму тарбияи дуруст аз оила ва боғча маншаъ гирифта, то мактабу донишкада ва муҳити минбаъдаи ҷомеа, яке аз манбаъҳои асосии дарёфти донишу маърифат доир ба ҳифзи ватану фарҳанги миллати худ ба шумор меравад.
Дар асоси гузоштани заминаи дурусти дарёфти дониши мукаммал фаҳмиши муҳаббати ҷавонон нисбат ба дарки ватандорӣ, ҷасорату мардонагии онҳо рушду инкишоф меёбад. Сатҳи заминаи тарбияи ватандӯстӣ аз мазмуни маводи дарсӣ, асбобу таҷҳизоти аёнӣ, ҷолибу шавқовар баргузор намудани чорабиниҳои омадагии дифоӣ аз мактабу донишкадаҳо сарчашма гирифта, дар ҳаёти минбаъдаи ҷавонон нақши асосиро мебозад. Истифодаи асару корномаҳои гуногуни таърихӣ, наворҳо аз рафти омодагии муҳорибаҳо ва дигар воситаҳои аёнии техникии муосир дар рафти таълим яке аз воситаҳои муккамал намудани донишҳо мегардад, ки аҳаммияту таъсирнокии дарсҳои тарбияи ватандӯстию меҳанпарастиро бештар тақвият мебахшанд.
Аз шарҳи гуфтаҳои боло дар ин самт бармеояд, ки мактаб, муассисҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа бояд чунин неруи ҷавонеро тарбия намуда, ба камол расонад, ки ӯ ба калимаҳои муқаддаси Инсон, Шаҳрванд, Шахсият ва Ватандӯст сазовор бошад.
Ба ақидаи мутаффакири рус, педагоги машҳури ҷаҳон К.Д.Ушинский, зимни баррасии нақши ватандӯстӣ дар раванди ташаккули шахсият ба таъсири ҳамаҷонибаи он чунин ишора кардаанд. Ватандӯстӣ вазифаи муҳимми тарбия ва василаи қавии омузгорӣ мебошад: “Ҳамон тавре, ки инсон бе худбинӣ нест, ҳамин хел шахс бе муҳаббат ба Ватан буда наметавонад ва ин муҳаббат ба омӯзгор калиди дастрасӣ ба қалби инсонро медиҳад ва такягоҳи қавӣ барои мубориза бо тамоюлоти бади табиӣ, шахсӣ, оилавӣ ва авлодии вай мебошад”
Моҳияти ватандӯстӣ ҷанбаҳои зеринро дарбар мегирад: фаҳмиши муҳаббат ва алоқамандӣ ба ҷойҳое, ки шахс дар он ҷо таваллуд шуда, таълим гирифта, ба камол расидааст; муносибати эҳтиромона нисбат ба забони халқу миллати худ; ҳифзи манфиатҳои Ватану давлат; дарки қарзи худ дар назди Ватан, дифоъ аз шараф ва шоистагии он; зоҳир намудани эҳсосоти шаҳрвандӣ; ифтихор аз Ватани худ, аз рамзҳои давлатӣ; масъулият дар баробари сарнавишти Ватану халқи худ ва ояндаи онҳо; муносибати эҳтиромона нисбат ба таърихи гузаштагони давлатдорӣ ва халқи худ; башардӯстӣ, хайрхоҳӣ ба арзишҳои умуминсонӣ ва ғайра.
Тарбияи ватандӯстии муассири ҷавонон имрӯз роҳ ба сӯйи эҳёи маънавии ҷомеа, таблиғи бузургии кишвар дар афкори одамон мебошад. Натиҷаи чунин тарбия дар муносибати ҷавонон ба воқеият ва фаъолияти эҷодии онҳо зоҳир мешавад. Нишонаи он эътиқодмандӣ ва рафтори ватандӯстонаи устувори ҷавонон дар зиндагӣ мебошад.
Тарбияи маънавию ахлоқӣ дар шуури ҷавонон ташаккул додани арзишҳои башарии самтгиришуда ба авлавияти ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахс, муколамаи байнифарҳангӣ, ширкати фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, омодагии онҳо ба интихоби роҳи ҳаёти дуруст ва масъулиятшиносӣ дар баробари он иҷрои уҳдадории вазифаҳоро дар назар дорад.
Низоми таҷдидшудаи арзишҳои тарбияи ватандӯстиро шартан метавон ба чунин соҳаҳои асосӣ ҷудо кард:
- ватандӯстии маънавӣ –эътироф ва ҳифзи мероси бузурги халқи тоҷик, забони тоҷикӣ, фарҳанги миллӣ чун муқаддасот, худшиносии миллӣ, ифтихор, шоистагӣ, камолоти маънавӣ;
- ватандӯстии ахлоқӣ–муҳаббат ба Ватан, ба халқи худ, пайравӣ ба виҷдони худ, эътиқод ба муқаддасоти миллӣ ва усули ахлоқӣ, поквиҷдонӣ, садоқат, эҳтиром ба калонсолон, муҳаббат ва эҳтиром ба хонавода, ба наздикон;
- ватандӯстии таърихӣ – вафодорӣ ба гузаштаи пурарзиш ва анъанаҳои беҳтарини Ватан, пайравӣ ба ҳақиқати таърихӣ ва инкори таҳрифу сохтакории рӯйдодҳои таърихӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва ирсияти наслҳо);
- ватандӯстии давлатӣ – авлавияти арзишҳои фасли мушкилот ва рафъи онҳо дар ҷомеа.
Мутаассифона, бисёр коршиносон, ки ба таҳқиқи асосҳои ватандӯстӣ машғуланд, маҷбуранд ин воқеиятро ёдоварӣ намоянд, ки дар даҳсолаҳои охир ниҳоди арзишии ҷавонон, ҳам аз нигоҳи мазмун (заиф шудани роҳнамои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ) ва ҳам аз лиҳози шакл (дар радифи аввал қарор гирифтани арзишҳои инфиродӣ ва моддӣ) ба тағйироти ҷиддӣ дучор шуда, ташвишовар ба назар мерасанд. Фақат бо таъсиррасонӣ ба тафаккури ҷавонон, наметавон дар тағйири арзишҳои ҷавонон натиҷаи дилхоҳро ба даст овард. Танҳо бо усули таъсиррасонӣ ба тафаккур ва эҳсосот метавон дар афкори ҷавонон он арзишҳои ватандӯстиро ташаккул диҳанд, ки минбаъд таҳти шуури онҳо ҷой хоҳанд гирифт. Ҳамаи ин дар маҷмуъ, як навъи ҳисси ватандӯстӣ мебошад.
Тарбияи ватандӯстиро чун самти нисбатан мустақили кори тарбиявӣ баррасӣ карда, бояд баҳамалоқамандии онро бо дигар самтҳои тарбия (маънавӣ, ахлоқӣ, меҳнатдӯстӣ, эстетикӣ ва ғайра) таъкид намоем. Тарбияи ватандӯстӣ шахсро бо дигар самтҳои корӣ тарбиявӣ, наздику пайванд ва ҳамоҳанг месозад.
Муҳаққиқон зимни асоснок кардани усули халқияти тарбия чунин мешуморанд, ки дарки ватандӯстӣ ҳиссиёти аз ҳама баланд ва қавии инсон мансуб меёбад, бинобар ин, дар тарбияи ватандӯстӣ бояд бештар ба омӯзиши таърихи ватан – таърихи миллат, тамадуни мардумӣ, фарҳанги миллӣ, омӯзиши забони модарӣ, адабиёт, фолклор ва ғайра аҳаммияти зиёд дода шавад.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, вазорату кумитаҳо, сохторҳои қудратӣ, ташкилоту муасиссаҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба роҳ мондани самаранокии корҳои тарбияи ватандӯстӣ фаъолияти ҳамаҷонибаро ба зимма доранд. Бояд ба масъалаи дар руҳияи мардум ва наврасону ҷавонон ташаккули тафаккури ватандӯстӣ, эҳсосоти баланди садоқат ба Ватани худ, омодагӣ ба иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, уҳдадориҳои муҳимтарини конститутсионӣ, ҳифзи манфиатҳои Ватан, давлату миллат таваҷҷуҳӣ асоси равона гарданд.
- Раванди ҷаҳонишавӣ, ки сабабгори пайдо гардидани таҳдиду хатарҳои ғайричашмдошти солҳои охир гардидааст ҳамаи мақомотҳои вобаста ба корҳои тарбияви ватандӯстиро водору вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбияи руҳию равонии ҷавонон шуҷоату қаҳрамонӣ, ватанпарварӣ, омӯзиши таърихӣ давлатдорӣ – ҳисси ватанпарастӣ, фарҳанги миллӣ – садоқату вафодориро бедор намояд. Ин иқдом ба ғанисозии мазмуни тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани моҳият ва имкониятҳои он дар ташаккули арзишҳои ватандӯстӣ дар қишрҳои гуногуни ҷавонон мусоидат хоҳад кард.
Калимаи «ватандӯстӣ» имрӯз дар тафаккур ва андешаи одамон эҳсосоти гуногунро ба вуҷуд меоварад. Барои яке муродифи таассуб ва ақибмондагӣ, дилшикастагӣ, барои дигаре ҳамчун бузургтарин арзиш ва боиси ифтихормандии он мегардад. Ватандӯстиро дар ниҳоду сиришти инсонҳо бояд ба вуҷуд овард.
Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ дар бисёр мавридҳо ҳамчун тарбияи ҳарбиву ҷисмонӣ фаҳмида мешавад, аммо дар асл асоси мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ, нозукӣ ва шаклҳои амиқии онро наметавон ба асоси омилҳои зоҳирӣ парвариш дод.
Бо истифода аз чандин шаклу усулҳои тарғибу талқин ва ҷалб кардани нерӯи ҷавонон ва дигар қишри ҷомеа ба омузиши фарҳанги мардуми худ яке аз василаи ташаккули шинохти ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маънавиёти онҳо мебошад. Ватандӯстӣ ба наврас аз овони хурдсолӣ талқин мешавад ва ҳамчун фаҳмиш ба шакли инфиродӣ дар шуури он ташаккул меёбад ва минбаъд, бо рушди маънавияти инсон дар роҳи зиндагӣ алоқамандии ҷудонашаванда дорад.
Дар масири таърих мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги иҷтимоӣ зимни мулоҳиза дар бораи ватандӯстӣ онро ба шаклҳои гуногун арзёбӣ карда, шарҳ додаанд. Тарбияи ватандӯстӣ омили ҳамбастагӣ ва ҳампайвандии тамоми ҷомеа дар раванди зиндагии онҳо ба ҳисоб меравад.
Дар ин хусус адибони муосири тоҷик низ андешаҳои пурарзиш дошта, асарҳои нодиреро барои наврасону ҷавонон ба табъ расонидаанд, ки хусусияти таърихию тарбиявиро доро мебошанд. Устод Садриддин Айнӣ дар ин мавзуъ чунин таъқид доштааст: «Ҳар фарзанди одам Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоя ва мудофиа мекунад. Ба ӯ хидмат менамояд ва дар роҳи ӯ аз фидо кардани ҷони худ ҳам боз намеистад. Агар Ватан аз даст равад, ӯ дар он ҷо шаҳрвандӣ одӣ ҳам шуда наметавонад, балки дар дасти ғосибони истилогар ғулом ва асир шуда мемонад»
Воқеан, доир ба муқадасоти Ватан, ватандӯстӣ ва садоқад ба Ватан андешаҳо хеле зиёданд ва онҳо ҳамчун заминаи маънавӣ ҷиҳати ташаккули шуури мудофиавӣ, тарбияи ватандӯстӣ барои нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ дар ҷомеаи имрӯза баромад намуда метавонад.
Дар маҷмуъ, Ватан бо сарзамини аҷдодии тоҷикон алоқаманд мебошад, ки пайвастагии сокинони имрӯзаи кишварро бо ҳаёту фаъолият, шуҷоат, қаҳрамонӣ, ҷонфидоӣ, заҳмату корнамоии наслҳои гузаштаро ифода менамояд.
Яъне ёдовар аз Ватани аҷдодӣ ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро вазифадор менамояд, ки аз мероси таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла анъанаҳои давлатдории миллӣ, осори ғании таърихӣ пуштибону ҳимоят карда, онро ҳамчун гавҳараки чашм муҳофизат намоянд.
Дар маҷмуъ мафҳуми ватандӯстӣ нишондиҳандаи маҳсули рушди маънавӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, эҳёи кишвар, тамомияти арзӣ ва таъмини амниятии ҳар як инсонро ифода менамояд. Барои оянда тарбия намудани як насли донишманду хирадманду ҷонфидо бо тафаккури баланди сиёсӣ метавонад ҳамеша амнияту суботи ҷомеаи худро ҳифз намояд.
Саидхоҷа Акбаров, сармутахассиси
Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти
минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон