Дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Вожаи ватандӯстӣ аз нигоҳи илмҳои ҷомеашиносӣ маънои дӯст доштани Ватан-модар, зодгоҳ, марзу буми аҷдодӣ, содиқ будан ба халқу ватани хеш, меҳанпараст будан ва хизмат ба халқу ватан маънидод мегардад.

Ба ибораи дигар ватандӯстӣ, пос доштан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки тоҷикон таърихан миллати ватандӯст буданд. Яке аз хислати миллии тоҷикон ватандӯстӣ маҳсуб ёфта, дар ҳама давру замон масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад”.

Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки “Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем”.

Дарвоқеъ, бо назардошти рӯз то рӯз мураккаб гардидани вазъият дар ҷаҳон, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон дар Тоҷикистон боз ҳам таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.

Вобаста ба таҳкими, ҳисси ватандӯстӣ дар кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуданд: ʽʽМо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027»-ро қабул намудемˮ.

Барномаҳои мазкур барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ шаҳрвандони Тоҷикистон нақши басо муҳим доранд. Таърих гувоҳ аст, ки инсон ҳамеша барои ҳифзи марзу бум ва амнияти он талош меварзанд. Дар амал нишон додани ватандӯстӣ ба якчанд омил  вобастагӣ дорад. Дар хотираи ҳар як халқу миллат номи қаҳрамононаш ва корнамоиҳои онҳо барои Ватанашон ба таври абадӣ сабт мешавад. Мо инро дар мисоли  муборизони роҳи озодӣ Муқаннаъ, Спитамен, Темурмалик ва дигарон дида метавонем, ки аз рӯи эҳсосӣ баланди ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ҷони худро нисор карданд. Яке аз намунаҳои назарраси фаъолияти ватандӯстона муҳофизати Ватан ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуданд: “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад. Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоемˮ.

Хизмат дар қувваҳои муссалаҳ қарзи ҷавонмардӣ ба ҳисоб рафта, аз ҳар як ҷавони бонангу номуси ин мамлакат  масъулияти баландро талаб менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандонˮ ба маврид арзёбӣ мегардад. Ҳадаф аз қабул намудани қонуни мазкур ин тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат мебошад. Дар моддаи 5-и боби 2-юми қонуни номбурда субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ оварда шудааст.

Дар қонуни мазкур яке аз субъектҳои асосии тарбияи ватандӯстӣ оила ба ҳисоб меравад. Дар ин замина бахусус модарон дар тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас саҳми назаррас доранд. Тамоми инсониятро, ки зан модар ба дунё меорад, бешак нахустин тарбия низ ба он вобастагӣ дорад. Зан нақши созанда дар тарбияи фарзанд дорад. Зан-Модар дар тарбияи насли оянда саҳми бузург дошта, нахустин муррабии фарзанд ба шумор меравад ва дар раванди ҷомеасозӣ нақши бориз дорад. Натанҳо ободии ҳар хонадон, балки ободии давлату ҷомеа низ аз рисолати зан- модар сарчашма мегирад. Гузашта аз ин руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии шаҳрвандон дар масири таъмини рушди устувори мамлакат омили таъсиргузор маҳсуб мегардад.

Зиёда аз ин дар моддаи 5 ба субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ ворид кардани муассисаҳои таълимӣ беҳуда нест. Ҳамасола Пешвои Миллат дар Паёми солонаи худ нақши мактабу маорифро таъкид менамоянд ва дар ин росто аз омӯзгорон даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷавобан ба  ғамхориҳои давлату ҳукумати мамлакат бештар аз пештар барои тарбияи насли ҷавон саъю кӯшиш намоянд.

Имрӯзҳо нақши мактабу маориф дар ҷомеаи мо баръало мушоҳида мегардад. Ҷавонону наврасон, ки нахустин пояи дониши худро дар мактаб мегиранд омӯзгоронро мебояд кӯшиш ба харҷ диҳанд то онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба камол расанд.

Дар роҳи ватандустӣ тарбия кардани ҷавонону наврасон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар мактабу маориф ба ҳисоб меравад. Зиёд намудани  иттилооти наврасон оиди дастовардҳои замони истиқлоли кишвар ва нақши онҳо дар ҳаёти имрӯза дар ин раванд хеле ба маврид мебошад. Дар мактаб шинос кардани хонандагон ба хизматҳои нишондодаи фарзандони бонангу номуси ин ватан, қаҳрамонони Тоҷикистон ва шоистаи таҳсин будани онҳо бояд аҳаммияти ҷиддӣ дода шавад. Хонандагонро аз таърихи ватан огоҳ кардан ва дар замири онҳо ҷой додани ҳисси ватандӯстӣ бояд ба вазифаи аввалиндараҷаи ҳар омӯзгор табдил ёбад. Дар ин асно агар хонандагон ба чорабиниҳое, ки дар онҳо инъикоси арзишҳои миллӣ вуҷуд дорад, ҷалб гарданд хело бамаврид аст. Агар дар ин чорабиниҳо хонандагони муассисаҳо фикру ақидаи худро доир ба ватану ватандӯстӣ пешниҳод намоянд ба манфиати кор хоҳад буд. Баъди огоҳ гардидани онҳо аз таърих, фарҳанг ва тамаддуни  кишвари хеш дар ниҳоди онҳо ҳисси  ватандустӣ пайдо мегардад.

Субъекти дигари  тарбияи ватандӯстӣ  воситаҳои ахбори умум ба шумор меравад. Зеро таввасути барномаҳои телевизионию радиоӣ пахш кардани маводи хусусияти ватандӯстӣ дошта аз манфиат холӣ нест. Дар рӯзномаю маҷаллаҳо чоп гардидани мақолаҳои оид ба ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, инъикоси арзишҳои миллӣ, тарғиби либоси миллӣ, маконҳои фарҳангии кишвар бештар гарданд. Барои рушди фарҳанги миллӣ бояд барномаҳое пешниҳод гардаанд, ки дар онҳо ҷанбаҳои фарҳангии мо инъикос гардида бошанд. Яке аз онҳо ин тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ба ҳисоб меравад. Шаҳрвандон, ки яке аз субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ватандӯстии  шаҳрвандонˮ ба ҳисоб мераванд, аҳамият ва моҳияти ин қонунро дарк карда барои амалишавии он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Имрӯз моро мебояд бештар аз пештар баҳри ободии Ватан саҳми хешро гузорем. Барои дар замири ҷавонону наврасон ҷой додани меҳри ватану, ватандӯстӣ кӯшиш намоем.

Ҳамин тариқ, ҳар шаҳрванди кишвар бояд дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон саҳми худро гузорад. Муассисаҳое, ки дар қонуни номбурда ба ҳайси субъекти тарбияи ватандӯстӣ интихоб гардидаанд тарбияи ватандӯстиро ба  яке вазифаҳои аввалини худ дар назди давлату миллат қарор диҳанд.  Хулоса, тарбияи ватандӯстӣ боиси рушди соҳаҳои алоҳидаи кишвар гардида, дар ҳифзи марзу бум, тамомияти арзии кишвар ва таъмини сулҳу осоиштагӣ нақши асосӣ мегузорад.

                                        

                                           ТАВАРОВА МОҲИРА ШАРИФХОНОВНА,
Мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед