Бешак, тарбияи ҳуқуқии ҷавонон ба таъмини амнияти миллӣ, иқтидори мудофиавии кишвар заминаҳои мусоидро фароҳам меорад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 28-уми декабри соли 2023 пешниҳод намуданд, ки бахшида ба таҷлили 30–солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардад. Ин ташаббусро тамоми сокинони кишвар, хусусан донишмандону таҳлилгарон, мутахассисони ҳифзи ҳуқуқ бо хушнудӣ пазируфтанд.

Дар Паёми Президенти кишвар инчунин, бо дарназардошти вазъи мураккабу тағйирёбандаи ҷаҳон, даргириҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам шиддат гирифтани раванди тақсимкунии ҷаҳон, ва амиқшавии буҳрони молиявӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар рушди минбаъдаи иқтидори мудофиавии кишвар дастурҳои саривақти доданд.

Президенти кишвар дар суханронии худ нақши мардуми кишвар, неруи ҷавононро дар таъмини суботи сиёсии кишвар ва минтақа, мубориза бо падидаҳои номатлуби муосир, (ифротгароию терроризм), тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи амниятӣ, мустаҳкам нигоҳ доштани хати сарҳадӣ ва робитаҳои дипломатиро бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон, яке аз масъалаҳои муҳимми стратегӣ арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз пешниҳоди муҳиммро вобаста ба тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва дар ин замина фароҳам овардани шароити беҳтари иҷтимоиву хизмати шоистаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятӣ ватандӯстиву меҳанпарастии афсарону сарбозон ироа намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ин самт, ҳануз аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷузъу томҳои низомӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Дар заминаи ҳамкории Ҳукумати кишвар ва Парламенти касбӣ дар ин самт даҳҳо Қонуну ҳуҷатҳои зарурии ҳуқуқӣ ва барномаҳои алоҳидаи танзимкунанда, пешниҳод, таҳия ва қабул гардиданд. Баҳри боз ҳам беҳтар намудани иқтидори кишвар Сарвари давлат Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ чунин таъкид намуданд, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд.

Амалӣ намудани ин вазифагузориҳо роҳбарони тамоми вазорату кумита, сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиро водор менамояд, ки бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз санадҳои муҳимтарине мансуб меёбад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, заминаи бунёди давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст.

Баҳри арҷгузорӣ ба ин санади тақдирсоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Дар партави ҳидоятҳои додашуда баҳри иҷро ва таъмини онҳо ҳар як фарди боору номуси Ватанро водор месозад, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ аҳаммияти вазифаҳои гузошташударо сармашқи кору зиндагии худ намуда, баҳри иҷрои иқдомҳои нек, камари ҳиммат банданд.

Таҷрибаи зиндагӣ дар роҳи тайкарда аз раванди ҷаҳонишавии бошитоб, рақобати шаддиди абарқудратҳо, таҳдидҳои ғайриинтизор, ҳар як фарди ҷомеаро водор менамояд, ки барои омодабошии ҳифзи давлати соҳибистиқлол саҳм гузошта, дар татбиқи ҳар як нуктаи Паём дар рушди ҳаёти ҷомеа камари ҳиммат баста, ватандӯстии худро ба Ватани хеш нишон диҳад.

Масъалаҳои гузошташуда, ҳар як роҳбари вазорату кумита, сохторҳои низомию қудратӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрванди одии кишварро вазифадор менамояд, ки барои рушд ёфтани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҳамватанон дар дохил ва хориҷи кишвар саҳми худро гузоранд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо заҳматҳои шабонарӯзии Президенти кишвар дар самти рушди тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, қишри ҷавонон ва дурнамои зиндагии шоистаи онҳо, таъмини амнияту субот аҳаммияти хосса зоҳир намуданд. Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд,ки “рӯй овардан ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, фаъолияти минбаъдаи ҷавонон дар дохилу хориҷӣ кишвар ин худ зарурати таърих дар раванди ҷаҳонишавӣ мебошад”.

Бо дарназардошти амалӣ гардонидани чунин вазифагузориҳо Президенти кишвар таъқид менамоянд, ки дар заминаи Конститутсия бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин, заминаи бунёди давлати мустақили миллӣ ва дурнамо пешрафти тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳуриро фароҳам оварем. Иҷрои ҳадафҳои ин раванд бе саҳми неруи ҷавонон имконнопазир аст. Ин раванд аз ҳар як шаҳрванд, новобаста аз синну сол, масъулияти баланди ватандӯстӣ, фидокорӣ ва ҷасорату мардонагӣ доштанро дар рушди минбаъдаи кишвар тақозо менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаҳо боз талош меварзанд, ки волоияти қонун, самаранокии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми демократӣ, тарбияи ҳуқуқии ҷомеаро дар кишвар ба таври густурда таъмин намояд.

Зеро дар марҳалаҳои гузариш мавҷуд будани омилҳои номатлуб дар байни мардум ва насли ҷавон, аз қабили шомилу даст доштан дар амалҳои террористӣ, ифротгароӣ, тақлид ба расму оини ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ вазъи умумии ҳаёти ҷамъиятиро хеле халалдор намуда, номи миллати азизамонро ба бадномӣ овардаанд. Дар робита ба ин қабули қонуну барномаҳои мушаххас нисбати татбиқи сиёсати давлатии шаҳрвандону ҷавонон, яке аз заруратҳои саривақтие буданд, ки омилҳои номатлуби хатарзо безарар гардиданд.

Инчунин, ба маврид таъқид гардидааст, ки вазъи имрӯзаи бозиҳои сиёсии мавҷуда “моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”. Яъне ҳифзу нигаҳдории сарвати ин марзу бум, таъмини амнияту суботи кишварро пешгирӣ намудан аз падидаҳои номатлуб, шиддатёбии буҳрони иқтисодиро дар мадди аввал гузорем.

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии миллати тоҷик, салоҳияти ҳуқуқии ҷавонони мамлакат ва фаъолияти минбаъдаи онҳо якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул шудаанд. Аз ҷумла, баъди қабули Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», панҷ маротиба “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон”, се маротиба “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон”, ду маротиба “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (барои солҳои 2013–2015) ва 2016–2018”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Инчунин, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул гардид, ки маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандонро дар ҳалли вазифаҳои муҳимму мубрами рушди иҷтимоӣ, иқтисодии кишвар таъмин намуда, барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ имкониятҳо фароҳам оварда истодаанд. Ҳамин тавр, давра ба давра ба тавсиб расонидани қонуну стратегияҳо, барномаҳо таҷассуми мафҳуми тарбияи ватандӯстиро ба тафаккуру ахлоқи шаҳрвандон таъсири танзимкунанда расонида, дар ташаккули насли наврасу ҷавони солим заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам гузошта истодааст. Қабул ва татбиқи санадҳои муҳимми қонунгузории мамлакат «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҷалби неруи зеҳниву ақлонӣ ва ҷисмонии мардуми кишвар самараи дилхоҳ дода истодаанд. Вобаста ба ин эълон намудани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ низ идомаи ҳамин чорабиниҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Тавре аз нуктаи дигари Паём бар меояд: “Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020–2030 амалӣ шуда истодааст”.

Тарбияи ҳуқуқӣ, фарҳанги адолат, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷавононро уҳдадору тарбия менамоянд. Аз ин рӯ бо дарки принсипҳои қонун ва адолат, сокинону қишри ҷавонон ҳисси масъулияту эҳтиром ва уҳдадориҳои худро нисбати якдигар инкишоф дода, аҳаммияти баробарӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонунро меомӯзанд. Дурнамои дарки ин фаҳмиш қишри ҷавононро водор менамояд, ки адолатро риоя намуда, ба амалҳои ғайриқонунӣ ва дигар падидаҳои номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, ҷасорату муқовимати одилона нишон диҳанд.

Боиси арҷгузорӣ мебошад, ки аксари мардум, аз ҷумла ҷавонон, аз қабули санадҳои танзимкунандаи дар боло ишорагардида, на танҳо барои муттаҳид намудани қишри ҷавонон, балки муайяну мушаххас намудани вазифа ва уҳдадориҳо, саҳми минбаъдаи ҳар яки онҳоро дар пешрафти ҷомеа қавӣ гардонида истодааст.

Ихтиёран афзоиш ёфтани сафарбарии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷузъу томҳо, хизмати софдилонаи онҳо дар ҳимояи марзу бум ва якпорчагии кишвар, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва иштироки фаъол дар корҳои созандагию бунёдкорӣ боиси таҳсину офарин мебошад.

Баланд гардонидани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон боисии баланд гардидани савияи дониш ва зиракии сиёсии онҳо гардид, дар натиҷа, амнияти кишвар устувору осебнопазир мегардад. Ҷавонони мо бо руҳияи қавӣ аз таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ, бахусус гурӯҳҳои тундраву ифротгаро, худ ва оилаашонро эмин нигоҳ дошта, ба дасисаи онҳо гирифтор намегарданд.

Баҳри дарси ибрат ёдовар менамоем, ки даврони соҳибистиқлолӣ бархе аз ҷавонони сабукандеши мо аз бетаҷрибавию гумроҳӣ қурбони бозӣ ва ҳадафҳои нопоки ҳадамоти махсус гардида буданд. Аз ин рӯ, огоҳии бештари ҳуқуқӣ пайдо кардани шаҳрвандону қишри ҷавонони кишвар яке аз тадбирҳои бениҳоят муҳимми судманди Ҳукумати кишвар баҳри пешгирӣ аз ҳама гуна хавфу хатар дониста мешавад.

Мавзӯи тарбияи ҳуқуқи маънавию ахлоқии шаҳрвандону ҷавонон дар ҷомеа ҳамеша, яке аз мавзуи муҳим ва мубрами нигаронкунанда, таъсиргузор ба шумор меравад. Ояндаи рушду пешрафт, таъмини амнияти ҳар як давлату миллат аз он вобастагии ногусастанӣ дорад, ки насли минбаъда дар зиндагии худ кадом арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва ҳуқуқиро ба эътибор хоҳад гирифт. Тарбияи ватандӯстӣ дар ниҳоди ҷавонон аз тариқи талқин кардани муҳаббату эҳтиром арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, таърихи ниёгон, адабиёту фарҳанг, артиши миллӣ, табиати зебои диёр ва ғайра амалӣ мегардад.

Масъалаи тарбияи ҷавонон дар руҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан дар тамоми таърихи инсоният ҳамеша дар маркази диққати донишмандону коршиносон ва сиёсатмадорон қарор дошт. Чеҳраҳои намоёни фарҳанги миллиямон, ба монанди А. Фирдавсӣ, С. Айнӣ, Б.Ғафуров ва дигар чеҳраҳои мондагор ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, дар эҷодиёташон ҷасорату мардонагӣ ва дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу буми кишварро ҷовидона тасвир кардаанд.

Тарбия дар назди инсон доираи васеи донишҳои гуногунро боз мекунад, ӯро бо низоми муайяни раванди ҳаёти атроф шинос менамояд ва тамоми фаъолияти равонии онро такмилу густариш мебахшад. Дар синну соли наврасӣ алоқамандӣ ба шахсияти худ ва якҷо бо он имконияти худтарбиякуниро ба вуҷуд меоварад. Дар овони ҷавонӣ инсон ақидаҳои шахсӣ, шавқу рағбат, эҷодкорию навоварии босуръат рушду инкишоф ташаккул меёбанд ва онҳо рафтори ояндаи инсонро мукамалу муайян месозанд. Яке аз вазифаи муҳимми шакли тарбия ба наврасону ҷавонон–расонидани кумак ҷиҳати муайян намудани ҳадаф дар зиндагӣ ва тақвияти меъёри муайяни ҳуқуқии рафтори онҳо мебошад.

Мебояд, ҳар як ҷавони кишвар ватандӯсти воқеӣ будани худ ва оиларо дар ниҳоди худ бо хислати башардӯстонаву интернатсионалӣ тарбия намояд, яъне ба дигар кишварҳо, ба дигар миллату халқиятҳо, ба дӯстони ҳамкорӣ доштаи мо дар миқёси ҷаҳон эҳтироми амиқ гузошта, давлат ва миллаташро муаррифию ҷонибдорӣ карда тавонад.

Эҳсоси муҳаббат ба наздикону пайвандон, дӯст доштани Ватани худ, арҷгузории анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва табиати биҳиштосои он дар қалби шаҳрванд, аз овони кӯдакӣ оғоз ёфта, дар раванди зиндагӣ мукаммал мегардад. Дар асоси пайдо кардани чунин эҳсоси умумӣ барои наврасону ҷавонон, ҳисси баланди муҳаббат ба Ватани хеш ташаккул ва тақвият меёбад. Бинобар ин, дар тафаккури наврасону ҷавонон тақвият додани муҳаббат ба пайвандону наздикон, ба диёри хеш яке аз самтҳои муҳимму афзалиятноки тарбияи ватандӯстию ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Ташаккули эҳсоси алоқамандӣ ва дӯстдорӣ ба зодгоҳу муқаддасоти миллӣ низ яке аз ҷузъҳои асосии тарбияи ватандӯстии ҳар як ҷавони кишвар мебошад.

Вазифаи муҳимми дигари тарбияи ҳуқуқӣ ҷалб намудани майлу рағбати шаҳрвандону ҷавонон ба гузаштаи таърихи ниёгони худ мебошад. Бинобар ин, қаҳрамониҳо ва ҷоннисориҳои фарзандони миллат дар гузашта барои ҳаёти имрӯзаи ҷавонон эҳсосоти неки ватандӯстиро ба вуҷуд оварда, онро тақвият мебахшад.

Ташаккули дарку фаҳмиши аввалияи ҳар як фарди ҷомеа аз оила, мактабу донишкада сарчашма мегирад, бинобар ин дар раванди таълиму тарбия мукаммал намудани эҳсоси ватандӯстӣ, донишҳои ҳуқуқӣ дар руҳияи ҷавонон аҳаммияти хеле муҳимми маънавию ахлоқӣ дорад.

Наврасону ҷавонон бояд осори гузашта ва имрӯзаи таърихи Ватани худро омӯзанд, бо корномаи намояндагони беҳтарини илму фарҳанг, қаҳрамонони ҷанг ва собиқадорони меҳнатӣ ошно гардида, сабақи зиндагӣ омӯзанд. Пайдо кардани дониши мукаммал барои зуҳури эҳсоси ватандӯстӣ муҳимтарин замина ба ҳисоб меравад. Таълиму тарбияи дуруст аз оила аз боғча оғоз гардида, то мактабу донишкада ва муҳити минбаъдаи ҷомеа, яке аз сарчашмаи асосии дарёфти заминаи донишу маърифат ба ҳифзи Ватану фарҳанги миллати худ ба шумор меравад.

Дар асоси гузоштани заминаи дониши мукаммал ба эҳсоси муҳаббати ҷавонон нисбати дарки ватандорӣ, ҷасорату мардонагии ҳимояи марзу буми он рушд меёбад. Сатҳи тарбияи ватандӯстию ахлоқӣ аз мазмуни маводи дарсӣ, асбобҳои аёнӣ, ҷолибу шавқовар баргузор намудани чорабинии омадагии дифоӣ, аз мактабу донишкадаҳо дидан кардан ва ҳаёти афсарону сарбозони адои хизматдошта маншаъ гирифта, дар ҳаёти минбаъдаи ҷавонон нақши асосиро мебозад. Истифодаи асару корномаҳои таърихӣ, наворҳои ҷангӣ ва дигар воситаҳои аёнии техникии муосир, яке аз воситаҳои мукаммал намудани манбаи донишҳо мебошад, ки аҳаммияту таъсири дарсҳои тарбияи ватандӯстиро тақвият мебахшад.

Барои амалӣ намудани ҳадафу вазифагузориҳо ва татбиқи босамари самтҳои афзалиятнок зарураст, ки тадбирҳои зеринро амалӣ гардонем:

  • Сатҳи тарбияи ахлоқию ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки шаҳрвандону ҷавонони мо, бояд, пеш аз ҳама, шуҷоату қаҳрамонӣ, ватандустӣ, таърихи давлатдории миллӣ – ҳисси дарки фарҳанги миллии ниёгон, садоқату вафодориро ҳамчун арзиши муқадас қарор дода, ба фаъолияти худ ворид гардонанд. Ин омил ба ғанисозии мазмуни тарбияи ҳуқуқӣ ва васеъ гардонидани имкониятҳо дар ташаккули арзишҳои ватандӯстӣ мусоидат хоҳад кард. Бояд гуфт, ки танҳо такя ба тавонмандии азими маънавию ахлоқии халқи куҳанбунёд ва фарҳангпарвари тоҷик ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ метавон муҳимтарин вазифаҳоро дар соҳаҳои гуногуни пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кишвар ҳаллу фасл намуд;

Дарки мафҳуми муҳофизати ватан, манфиати давлат ва ҷомеа танҳо дар асоси тарбияи дурусти ҳуқуқии шаҳрвандон имконпазир аст. Ҳодисаҳои давраи аввали соҳибистиқлолӣ, хоссатан ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сабабгори талафоти зиёди ҷонию молӣ гардида, ҳамчун сабақи таърихӣ насиҳатномаи бузурге барои ҷавонони ояндаи кишвар боқӣ хоҳад монд.

Сабақ аз таърихӣ гузашта, нишон медиҳад, ки бори дигар тамоми аҳли ҷомеаро ба тарбияи ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ватандӯстию ватанпарварии ҷавонон ва эҳсоси баланди инсондӯстию ваҳдатофарӣ, ҷасорату мардонагӣ ҳимояи марзу буми кишвар даъвату сафарбар намоем;

– Мудофиаи Ватан, нигоҳдошти муқаддасоти миллӣ ва ҳимояи марзу буми он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намудаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд» .

Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми тарбияи ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ дар бисёр мавридҳо ҳамчун тарбияи ҳарбиву ҷисмонӣ фаҳмида мешавад, аммо дар асл асоси мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ, нозукӣ ва шаклҳои амиқии онро наметавон ба асоси омилҳои зоҳирӣ парвариш дод. Тарғибу талқин ва ҷалб кардани неруи ҷавонон ва дигар қишри ҷомеа ба фарҳанги мардуми худ, яке аз василаи ташаккули эҳсосоти ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маънавиёт дар онҳо мебошад. Мафҳуми ватандӯстӣ нишондиҳандаи рушди маънавӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, эҳёи кишвар, тамомияти арзӣ ва таъмини амниятии ҳар як инсонро ифода менамояд;

– Давлатҳои муттамадин имрӯз талош доранд, ки дар руҳияи шаҳрвандону ҷавонон эҳсоси ватандӯстӣ шаҳрвандӣ воқеи будан ва дарки масъулиятро парвариш намоянд. Тарбияи ҳуқуқию ахлоқӣ раванди хеле муҳимми тақдирсозе мебошад, ки ҷавононро ба арзишҳои ахлоқии инсонӣ пурра ошно месозад. Натиҷаи тарбияи ахлоқӣ, ташаккул ва тақвияти сифатҳои ахлоқии муайяни ҳар як шахсро дар раванди тарбия ва донистани ҳуқуқи худ рушд медиҳад ва мукаммал мегардонад.

Иқдоми аз ҳама неки арзишманд дар ин хусус омӯхтани асарҳои нодири адибони муосири тоҷик А.Фирдавсӣ, С. Айнӣ, Б.Ғафуров ва дигар чеҳраҳои мондагор мебошад, ки хусусияти таърихию тарбиявӣ дошта, барои нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ дар ҷомеаи имрӯза хеле саривақтӣ ва манфиатовар мебошанд.

Ҳифзи Ватан – ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳудуди ҷуғрофӣ, сарватҳои табии, пуштибонӣ аз маҳсули эҷодиву фарҳангии наслҳои гузашта, нигоҳдошти фарҳанги ниёгон ва мероси таърихиро дар назар дорад. Ҳифзи Ватан дар ҳолати ҳуҷуми мусаллаҳонаи ногаҳонӣ аз хориҷи кишвар ва эълони ҳолати ҷанг, нишон додани шуҷоату қаҳрамонӣ ва ҷонфидоии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро талаб менамояд.

Ҳимоя ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ бо кӯшишу талош, меҳнати садоқатмандона, таҳсили мунтазами касбомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, эҳсоси миллатдӯстӣ, ватанпарастии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири ободонии имрӯзу ояндаи кишвар ва таъмини пешрафти он ба даст меояд.

Аз ин хотир, таҳкими Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванду ҷавони баору номуси Тоҷикистон мебошад. Ҳифз ва таҳкими амнияти миллӣ ифодагари ҳифзи истиқлол, тамомияти арзӣ ва таъмини амният дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбию стратегӣ, илмию техникӣ, иттилоот ва муҳити зист мебошад.

Вобаста ба мақсадҳои ишорагардида, амалӣ намудани чунин талаботу вазифагузорӣ ба он равона мегардад, ки дар руҳияи ҷавон ва хизматчиёни ҳарбӣ ташаккул додани сифатҳои баланди ахлоқию руҳӣ ва омодагии ҷангӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватани худ, содиқ будан ба Савганди ҳарбӣ, дарки уҳдадориҳои ҳарбии худ, давом додани анъанаҳои таърихиву миллии Ватан, амиқ донистани сиёсати давлатӣ, риояи талаботи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиномаҳои сафороӣ ва бечунучаро итоат намудан ба фармонҳои командирон ва сардорон мебошад. Хулоса. Аз маҷмуи гуфтаҳо бармеояд, ки барпо намудани давлатӣ ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокӣ маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти роияи бечунучарои ҳамаи қонунгузории кишвар имконпазир аст.

Пурзӯр намудани тарбияи ҳуқуқии ҷавонон, яке аз масъалаҳои таъсиррасонии доимӣ ва мақсадноку ҳаматарафаи давлатӣ, барои заминагузорӣ дар шуури шаҳрвандон эҳё намудани савияи баланди донишу дарки фарҳанги ҳуқуқӣ, шуури мудофиавӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар коллективҳои ҳарбӣ, омӯзиши ҷавобгарии ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ баҳри иҷрои вазифаи хизматӣ, донистани қонунҳо ва оинномаҳои умумиҳарбӣ ва риояи қатъии онҳо равона гардидааст.

Вазифаҳои асоси ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқӣ дар зеҳни ҷавонону хизматчиёни ҳарбӣ ташаккул додани донишҳои ҳуқуқӣ, фаҳмондани меъёрҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ, давлатӣ ва байналмилалӣ, салоҳияти ҳуқуқии онҳо, пешгирӣ намудани муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва қонунвайронкунӣ дар байни сарбозон ва амалӣ намудани талаботи дигар қонунҳои танзимкунанда равона гардидааст.

Саидхоҷа Акбаров,
сармутахассиси раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти Минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоп кунед