Рӯзи 28 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи нуҳуми  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон,  даъвати шашум, Паёми навбатии худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд. Дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ, ки дар “Кохи Сомон” баргузор гардид, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир, аъзои Ҳукумат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ,  муассисаҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, намояндагони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корпуси дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма, ҷавонон ва дигарон  ширкат варзиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди муваффақи сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ, аз ҷумла, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону духтарон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар Паём аз ҷумла қайд  гардид, ки  аз якуми  январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40  дарсад зиёд мегардад. Ҳамзамон, Сарвари давлат дастур доданд, ки аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин,  иловапулии онҳо дар ҳаҷми 30  дарсад аз андозаи муқарраргардидаашон зиёд карда мешавад. Инчунин,  аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо 40 дарсад зиёд мегардад.  Ба ғайр аз ин,  аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад. Ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати молия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдом тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ дар арафаи Соли нав ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Ироа шудани Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст. Яъне Паём суханони  барномавии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳимми барномавӣ буда, оинаи рӯшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо кормандони давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон беш аз пеш ба ин санади муҳимму арзишманд рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти  ҳамешагии худ қарор медиҳанд.

Ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъӣ чун дигар кормандони вазорату муассисаҳои давлатӣ ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз аввал то ба фарҷом тамошо карда, таассуроти   пурмазмуну ғанӣ  ва амиқ гирифтанд. Онҳо кӯшишу талош ба харҷ медиҳанд, ки  минбаъд ҳам дар амалӣ гардидани нуктаҳои ин  санади сарнавиштсози халқу ватанамони азизамон саҳми  шоистаи худро  гузоранд.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед