Ҳафтоду панҷ сол муқаддам дар таърихи ҷомеаи ҷаҳонӣ бузургтарин дастовард  сабт гардид. Рӯзи 9 майи соли 1945 ҳамчун санаи ғалабаи бузурги халқҳо бар алайҳи фашизм шинохта мешавад.

Дар ҷанге, ки 22 июни соли 1941 аз тарафи Германияи гитлерӣ бар зидди Иттиҳоди Шуравӣ  оғоз гардид, дар таърихи 9 майи соли 1945 ба манфиати давлати сулҳхоҳу башардӯсти Иттиҳоди Шуравӣ  хотима ёфт. Яъне дар ин ҷанги хонумонсӯз аскарони Иттиҳоди Шуравӣ пирӯзӣ ба даст оварда, ҳамчун нишона аз ғалабаи худ бар фашизми ғаддор парчами ғалабаро бар болои Рейхстаг парафшон намуданд.

    9 майи соли 1945 барои мардуми сайёра аз ҷумлаи хушбахттарин рӯзи ҳаёташон буд. Рӯзе буд, ки мардум аз тарсу бими ҷанги пурдаҳшат раҳоӣ ёфта, оромиву осудагӣ ёфтанд. Он замон аз дидаҳои мардум ашки шодӣ мерехту вуҷудашонро саросар шодиву фараҳ фаро гирифта буд. Ин  ҷанги наҳсу касофатбор дар ҳар хонадоне нақши дарду аламе гузошта буду аз ин хотир, шодии мардум аз он буд, ки рӯзгорашон ба маҷрои осудаҳолонаи худ баргаштаву хушиву саодатмандиҳо барояшон насиб хоҳад гашт.

      Қувваҳои мусаллаҳи сулҳхоҳи Иттиҳоди Шуравӣ  фашизми Германияро пурра шикаст дод. Ғалабаи ӯ  ба ҷомеаи инсонӣ собит бар он буд, ки   сулҳ ҳамеша бар ҷанг ғолиб меояд.  Дар  ягон давру замон  дӯстии ҳалқҳоро қуввае шикаст дода наметавонад.

Ғалабаи мазкур, ки онро ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ ном мебаранд,  дастоварди тамоми сокинони 15 ҷумҳурие буданд, ки Иттиҳоди Шӯравиро Ватани ягона ва хонаи умеди худ дониста, барои аз душман озод намуданаш ҷоннисорӣ мекарданд.

Аз  анҷоми ин ҷанг 75 сол сипарӣ мешавад, вале то ҳанӯз насли калонсоли ҷомеаи ҷаҳонӣ   солҳои вазнин ва пурдаҳшати ин  ҷангро бо нафрати зиёд ба ёд меоваранд.  Дар  он зиёда аз 55 миллион нафар мардуми сайёра қурбон гардидаанд, ки дар миёнашон тифлони навзод, кудакони наврас, мардону занон, пирони барҷомонда, аскарони шуҷоъу далер буданд.

300 ҳазор нафар тоҷикистониён ба муҳофизати Ватан сафарбар шуда, аз ин шумора 92 ҳазори онҳо дар майдонҳои набард ба ҳалокат расидаанд. Беш  аз 55 ҳазор нафар ҷанговарони тоҷик барои ҷасорату мардонагӣ бар зидди фашизм бо ордену медалҳои давлатӣ сарфароз гардида, ба 54 нафари онҳо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуданд,  ки дар байни онҳо Сафар Амиршоев, Домулло Азизов, Ҳайдар Қосимов, Туйчӣ Эрйигитов, Чутак Урозов, Исмоил Ҳамзаалиев, Ҳодӣ Кенҷаев ва дигарон буданд. 

Ғалабае 75 сол муқаддам насиб гардиду 75 сол боз дар бораи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳарф мезананд, осон ба даст наомадааст.  Рукни аз ҳама муҳими ғалаба дар ин ҷанг    шуҷоату мардонагӣ дустию рафоқат, ваҳдату якдигарфаҳмии халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буд,  ки ба ғалаба боис гардидаву онҳоро аз хатари фашизм  наҷоти дод.

Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозӣ кардаанд  ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Пас аз фатҳи Ғалаба,  собиқ  ҷанговарон дар барқарорсозии оқибатҳои ҷанг фаъолона иштирок намуда, кишвари азизамонро ба яке аз давлатҳои пуриқтидор табдил доданд.

 Онҳо дар ҳар як пешравӣ, бахусус, баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат, рушду нумуи соҳаҳо ва сохтмони иншоотҳои азим нақши асосӣ доштанд.

 Боиси таассуфи зиёд аст, ки  пас  аз 46 соли Ғалаба  дар ҷумҳурии осоиштаи   соҳибистиқлоламон бо кушиши душманони халқу миллатамон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки собиқадорони ҷангро  сахт дар ҳарос овард.

Онҳо, ки дарду азоб  ҷанг, харобию даҳшати онро аз наздик дида буданд, бонги изтироб заданд, зеро  бар асари ин ҷанг на танҳо мулки ободу осоиштаамон харобу валангор хоҳад гардид, балки мавҷудияти минбаъдаи миллатамон зери бори суол хоҳад монд.

 Онҳо аз ҷумлаи ватандӯстони асил ва ҷамоатчиёни фаъол баҳри таъмини оромӣ ва хотимаи ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ  ҷаҳду талоши зиёд менамуданд.

Даъватҳои ватандустона ва нақли таҷрибаҳои ҳаётиашон самараҳои нек ба бор оварданду ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ  дар муҳлати кутоҳ хотима ёфт.

Онҳо бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ саҳми беназир гузоштанд.

Ҳукумати мамлакат дар тӯли  29 соли даврони соҳибистиқлолӣ нигоҳубину парастории иштирокчиёну собиқадорони ҷанг, расонидани кӯмакҳои молиявӣ ва дигар ғамхориҳои иҷтимоиро вазифаи асосии худ ҳисобида, дар ин самт ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид ва ин корро дар оянда низ идома хоҳад бахшид. Зеро ки шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси халқамон дар давраҳои ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла, дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ ба наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Айни замон дар кишварамон нафар иштирокчиёну маъюбони ҷанг –  шоҳидони воқеии он рӯзҳои мудҳиш солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 зиндагӣ доранд. 

Расидан ба қадри меҳнат  ва кӯмаку ғамхорӣ намудан дар ҳаққи иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат қарзи инсонии ҳар фарди баору номус аст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар таҷлили солгарди Рӯзи Ғалаба чунин изҳор дошта буданд:

«Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, ҳаёту фаъолияти собиқадорони  ҷангу меҳнат ва маслиҳату машварати онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва рушди давлати соҳибистиқлоламон дастури муҳим ба шумор меравад.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба бар фашизм ҷаҳони имрӯзаро бори дигар водор месозад, ки доир ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамгироиву ҳамкорӣ ва тақвияти  равобити ҳамаи давлатҳо, ҳамчун шарти асосии ҳифзи сулҳу субот, рӯзгори орому осудаи мардуми сайёра ва омили муҳимтарини  муборизаи муштарак бар зидди неруҳои бадхоҳ талош намоянд.

Алалхусус, дар шароити ноором ва бисёр мураккаби ҷаҳони муосир, ки хатарҳои нав дар он вусъати бесобиқа пайдо карда, мардуми сайёраро ба нигарониву ташвиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардаанд, тарғибу ташвиқи сулҳу субот, дӯстиву ҳамкорӣ ва матонату шуҷоати фарзандони Ватан дар ҷодаи мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили экстремизму терроризм, миллатгароиву нажодпарастӣ ва дигар зуҳуроти нангину хатарнок, инчунин барои тарбияи эҳсоси ватандӯстиву озодихоҳии ҷавонон ва баланд бардоштани руҳияи ватанхоҳии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳим мебошад. Зеро ки вазъи сайёра имрӯз нисбат ба ҳар вақти дигар ниҳоят печидаву мураккаб гардидааст ва бар зиди хатарҳои муосир танҳо тавассути иродаи неки халқҳои олам ва саъю талоши муштарак истодагарӣ кардан мумкин аст». 

 Имрӯз дар саросари кишварамон бо василаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботи воқеӣ ҳукмрон асту ҳамарӯза ба пешрафту ободкориҳои нав муяссар гардида истодаем. Аз ин хотир, шукронаи ин ҳама сулҳу субот,  пешрафту ободкориҳои Ватани азизамон намуда, ҳар кадомамон ҷавобан ба ин шароиту имкониятҳои мавҷуда дар таҳкими онҳо саҳмгузорӣ намоем.

Бояд ҳар нафар аз мо, сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол, алалхусус, ҷавонон барои рушди Истиқлолияти кишварамон, таъмини ҳамешагии сулҳу амнияти он ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ҳамеша дар талош бошем.

Ҳар нафар аз насли калони кишварамонро зарур аст, ки   барои дар руҳияи ватандустиву сулҳпарварӣ, ифтихори милливу донишпарварӣ ва зиракии сиёсӣ тарбия намудани  ҷавонон ва чун ҳомиён ва ғамгусорони халқу миллат ба воя расидани онҳо ҳиссагузорӣ намоянд.

Аҳли ҷомеа бояд хуб дарк намоянд, ки дар ягон асру замон ҷанг ба ҷуз харобӣ манфиате нахоҳад овард. Ҷанг боиси ҳалокати одамон, вайрону валангор шудани шаҳру деҳот ва монеаи пешравии халқ давлатҳо хоҳад гашт.

Таъмини сулҳу оромӣ, ки боис ба осудагии рӯзгор аст, вазифаи аз хурд то бузурги кишвар аст. Мо ба таври ҳамешагӣ ба якдигар, хосатан ба насли наврасамон дар бораи даҳшату оқибатҳои ҷанг ҳарф зада, бадбиниро дар қалбашон нисбат ба ҷангу ҷангҷӯён бедор намоем. Аз хусуси аҳамияти сулҳу субот дар пешрафти ҳаёт доимо ёдовар шуда, онҳоро баҳри ҳиссагузорӣ намудан дар бунёди Кохи пурҳашамати сулҳу осоиштагии кишварамон ҳидоятгарӣ кунем. Аз таҷрибаи сулҳсозии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон ҳикоят намудану арҷгузорӣ намудан ба хизматҳои беназири ин марди миллатдӯсту раиятпарварро дар байни аҳолӣ тарғибу ташвиқ намудан қарзи миллатдӯстиву ватанпарастии мо ба ҳисоб меравад.

 Кишварамон ҳамарӯза ба сӯи пешравию шукуфоиҳо қадамҳои устувор мегузорад, ки ин худ аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат медиҳад. Роҳандозӣ  намудани бунёдкориву созандагиҳои азими кишвар, ки бо василаи таъмини сулҳу суботи воқеӣ даст додаанд, ҳадафи олии ин марди бузург ҳастанд, ки моро ба рӯзгори шоиста комёб хоҳанд гардонид.   Аз ин хотир аз номи Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Мирзо Файзалӣ гуфтанием:

Ба ин марди Худо аз ҷону дил шукрона бояд кард,

Дуои  давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард.

Ҳама умр эътирофи хизматаш мардона бояд кард,

Ба роҳи сулҳ рафта зиндагӣ аҳлона бояд кард. 

Ашӯров Мирзо,

корманди Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед