Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки аз сар задани пандемияи COVID–19 ду сол сипарӣ гардида, ба ҷони миллионҳо нафар аҳолии сайёра хатар эҷод намудааст. Ин бемории ҳамагир дар ин муддат ба соҳаҳои гуногуни ҷомеа таъсири худро гузоштааст, ки аз ҳама муҳим дар зери хатар мондани солимӣ ва ҳаёти шаҳрвандон мебошад ва ин албатта бевосита ба таъмини амнияти тандурустии кишварҳо мушкилоти зиёдеро ба миён овардааст.
Имрӯз таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар шароити пандемияи COVID–19, дар таъмини амнияти тандурустии ҳар як кишвар таъмини маводи доруворӣ яке аз афзалиятҳои муҳимми сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он таъмини маводи дорувории босифат ва дастрас барои қишрҳои гуногуни ҷомеа дар ҳаргуна ҳолат мебошад.
Аз ин рӯ, соҳаи дорусозӣ дар низоми тандурустии кишварҳо ҷойгаҳи махсус дошта, яке аз муҳимтарин бахшҳои иқтисодиёти ҳар як кишвар ба шумор меравад. Ин соҳа бо мураккаб будани технологияи истеҳсол дар самти саноат бисёр муҳим ва сермасраф ба шумор меравад. Зеро соҳаи мазкур бо мушкилиҳои гуногуни худ шурӯъ аз марҳилаи коркард дар озмоишгоҳ ва экспертизаю ба роҳ мондани истеҳсоли мавод заҳмати зиёдро талаб менамояд. Маҳсулоте, ки дар ин намуди саноат истеҳсол мегардад, барои ҳифзи солимии инсон хеле муҳим буда, талабот нисбат ба он рӯз аз рӯз меафзояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз дар ин самт норасоии мутахассисони баландихтисос ба назар мерасад, ки баъди сар задани пандемияи COVID–19 ҳамаи кишварҳо инро эҳсос намудаанд. Ҳарчанд, ки имрӯз дар ҷумҳурии мо мутахассисони зиёд дар соҳаи дорусозӣ ё бо ибораи дигар фармасевт дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи тандурустӣ тайёр карда мешаванд, вале пандемияи кароновирус нишон медиҳад, ки дар тайёр намудани ягон маводи дорувории муҳим ё зиддивирусӣ мутахассисони мо оҷиз ҳастанд. Инчунин, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, бахусус дар ин соҳа, на аз шумора, балки аз сифату таҷрибаи он вобаста мебошад.
Ҳамзамон, дар баробари тайёр намудани мутахассис барои рушди саноати дорусозӣ дастовардҳои илми химия ва биология хеле муҳим аст, зеро бе таҳлилу синтези химиявию биологӣ ба ягон дастовард ноил гардидан ғайриимкон мебошад. Дар ин самт олимон қайд менамоянд, ки барои ихтироъ намудани як навъи дору таҳлили дурударози озмоишӣ лозим меояд. Яъне барои ба даст овардани як навъ дору аз 5000 то 10000 синтезҳои химиявӣ гузаронида мешавад ва ин метавонад аз 10 то 15 сол давом ёбад. Дар баробари ин хароҷоти хеле зиёдро талаб менамояд. Мисоли ин ихтироъ намудани ваксинаи зидди каронавируси COVID–19 мебошад, ки кишварҳои пешрафта бо мушкилот ва хароҷоти хеле зиёд рӯ ба рӯ гардидаанд. Бо вуҷуди он, ки баъзе кишварҳо ваксинаи худро бар зидди ин беморӣ ихтироъ намудаанд, вале ҳанӯз садди роҳи пандемия гирифта нашудааст.
Имрӯз ягон кишваре нест, ки маҷмӯи пурраи доруҳоро истеҳсол намуда, аҳолии худро бо он таъмин намояд. Аммо аз нуқтаи назари амнияти миллӣ, аниқтараш амнияти соҳаи тандурустӣ ҳар як кишвар бояд аҳолиашро ба миқдори муайян бо маводи дорувории ватанӣ таъмин намояд. Аз сабаби он, ки кишвари мо дар рушди соҳаи фармасевтӣ на он қадар пеш рафтааст, воридоти маводи доруворӣ хеле зиёд ба назар мерасад, ки он зиёда аз 90%-ро ташкил медиҳад. Ин миқдор вобастагии бозори дохилии ҷумҳурии моро ба маводи дорувории воридотӣ нишон медиҳад.
Айни ҳол ҷумҳурии мо ҳамагӣ 10% талаботи дохилиро бо доруҳои ватанӣ таъмин менамояд. Ҳамаи он доруҳое, ки ба аҳолии кишвар ҳаётан муҳим мебошанд, аз қабили антибиотикҳо, инсулин, доруҳои қалб, бемориҳои онкологӣ, доруҳои зиддивирусӣ барои табобати бемориҳои гуногуни сироятӣ ва ғайра аз хориҷи кишвар ворид мегарданд. Ин вобастагии талаботи моро ба маводи дорувории хориҷӣ нишон медиҳад ва сабаби ба бозори дохилӣ ворид гардидани доруҳои пастсифат гардида, метавонад ба саломатии аксарият зарари ҷиддӣ расонад. Ё ин ки дар ҳолатҳои ғайричашмдошт, ба монанди пандемияи COVID–19, ки дар гӯшаи хаёли ҳеҷ кас набуд ё худ паҳн гардидани эпидемия ва сар задани офатҳои табиӣ мамлакатро ба як ҳолати ногувор оварда расонад, ки ин, пеш аз ҳама, ба қишрҳои осебпазири ҷомеа таъсир мерасонад.
Ҳоло дар кишвар ширкатҳои зиёд ба воридоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғул буда, асосан воридоти онро аз кишварҳои Россия, Беларус, Украина, Покистон, Хитой ва Ҳиндустон ба роҳ мондаанд. Дар бозори дохилӣ аз номгӯи умумии маводи доруворӣ аксариятро истеҳсолкунандагони ширкатҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд, ки ин аз рӯи стандарти ҷаҳонӣ таҳдид ба амнияти тандурустии давлат ба ҳисоб меравад. Чунки маводҳои дорувории босифат ва ҳаётан зарур аз воридоти он вобаста мебошад. Номгӯи дорувориҳое, ки ба кишвари мо ворид мегарданд, қисми зиёди онро “ҷенерик” яъне нусхаи доруҳои аслӣ ташкил медиҳанд. Дар бисёр ҳолат як навъи дору бо чанд ном ворид мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар оиди воридоти маводи доруворӣ, назорати сифати он, муомилоти доруҳои қалбакӣ ва мунтазам баланд гардидани нархи он андешаи назар карда буданд. Дар ин раванд, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки барои кам кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешанд. Илова бар ин, дар ҷаҳон нархи маводи доруворӣ босуръат меафзояд, ки ин ба иқтисодиёти кишварҳои вобаста таъсир мерасонад.
Айни замон бо мақсади кам кардани воридоти маводи доруворӣ аз хориҷи кишвар ва дар ин замина ба роҳ мондани истеҳсоли маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ зиёда аз 32 корхонаи хурди истеҳсолӣ фаъолият менамояд. Дар ин корхонаҳо ҳамагӣ 240 номгӯи маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ истеҳсол мегардад, ки ин барои аҳолии кишвар басанда нест. Ҳамзамон маводи доруворие, ки истеҳсоли онро корхонаҳои ватанӣ ба роҳ мондаанд, аз он доруҳои калидии ҳаётан зарур нестанд.
Маводҳои дорувориҳои ватанӣ, асосан аз шарбатҳои (сироп) гуногун, гурӯҳи витаминҳо, маҳлулҳои глюкоза, маҳлули Рингер, хлориди натрий, метрогил, лидокаин, новокаин, димедрол, аналгин, папаверин ва намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш, ки дар намуди чой банду баст карда шудаанд, иборат мебошанд. Аксарияти маводи доруворӣ ва маҳсулотҳои тиббии ватанӣ аз гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулотҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза тайёр карда мешаванд. Аммо бо вуҷуди ин баъди коркард, сифати банду басти он ба меъёрҳо ҷавобгӯ нестанд. Шояд ин аз таҷриба надоштан ё ба кор ҷалб гардидани шахсони тасодуфӣ бошад, ки ин маҳсулот дар бозор харидори худро пайдо намекунад, дар натиҷа корхонаҳои истеҳсолкунанда аз фаъолият боз мемонанд.
Вобаста ба ин моро зарур аст, ки барои таъмин намудани амнияти миллӣ ва ба ин васила коҳиш додани вобастагӣ аз воридот саноати дорусозии худро бо технологияҳои муосир хуб ба роҳ монда, доруҳои босифат ва ба ҳамаи табақаҳои аҳолӣ дастрас истеҳсол намоем. Заводу корхонаҳои дорусозӣ ва маҳсулоти тиббӣ, ки аз тарафи ширкатҳои ватанию хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон сохта мешаванд, бояд ҳаматарафа ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ намуда, ба хотири рушд ва рақобатпазир гардидани маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббии истеҳсоли ватанӣ, воридоти як қатор маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббиро, ки истеҳсоли он дар кишвар ба роҳ монда шудааст, кам намудан лозим аст.
Ҳамзамон барои баланд бардоштани сифати маводи доруворӣ мутахассисони соҳаи дорусозии кишвар бояд давра ба давра аз такмили ихтисос гузаронида шуда, барои минбаъд тайёр намудани мутахассисони ин соҳа базаи омӯзиши фанҳои химия ва биология аз зинаи аввал, яъне аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сар карда, то коллеҷу донишгоҳҳо пурқувват гардондан лозим аст. Зеро бе омӯзиши ин илмҳо ихтироъ намудани ягон маводи доруворӣ ғайриимкон аст.
Назирова М.Н.,
сармутахассиси Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон