Амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ ба шумор рафта, бевосита дар партави сиёсати Ҳукумати мамлакат ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳим ва мубрам қарор дорад. Баҳри таъмини аҳолӣ бо озуқаи хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин бобат аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор қонуни қарорҳо, стратегияву барномаҳои дахлдор қабул гардида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат иқдоми саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» қабул гардидаанд. Ин иқдом барои амалӣ ва муайян кардани самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ, ки вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи  амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад, бо меъёрҳои байналмилалӣ ва дохилӣ равона гардидааст. Ҳадаф аз ин матлаб дастгирии давлатӣ доир ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини талаботи аҳолӣ бо озуқа буда, аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватанӣ ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ сурат мегирад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба масъулини соҳаҳои кишоварзӣ доир ба зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, васеъ намудани майдони киштзор ва боғу токзор супориш ва дастурҳои мушаххас медиҳанд. Дар ин росто барои таъмин намудани амнияти озуқаворӣ дар мамлакат, ба ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон ва барои беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳар як оила, тамоми кишоварзон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар вобастагии зиёд дошта, барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се-чор ҳосил аз мақсад дур нест.

Дар робита ба ин, бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати мамлакат барои пешгирӣ намудани гуруснагӣ ва таъмини аҳолӣ бо ғизо дар андозаи 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд”.

Қайд кардан зарур аст, ки дар соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо 1 миллиону 600 ҳазор тоннаро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 1 миллион тонна баробар гардид. Инчунин, ҳаҷми  умумии меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки истеҳсоли гӯшти паранда дар соли 2022 8 баробар зиёд шуда, ҳаҷми воридоти он 11 баробар кам гардид, ки сабаби ин коҳишёбӣ дар бунёду таъсиси фабрикаҳои парандапарварӣ ва истеҳсоли гӯшти паранда дар худи ҷумҳурӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ҳар сол арзиши баъзе аз маҳсулоти ниёзи аввал бо сабабҳои гуногун баланд мегарданд. Масалан, дар соли 2020 нархи сабзӣ дар бозорҳои кишвар ба 12 сомон баробар шуда буд. Коршиносон болоравии нархи сабзиро дар бештари аз кишварҳои минтақа рабт медиҳанд. Хусусан, дар Ҷумҳурии Қирғизистон арзиши ин намуди маҳсулот аз 100 танга ба 700 танга баробар гардида буд. Ҳол он, ки Қирғизистон яке аз кишварҳои содиркунандаи ин навъи маҳсулот мебошад. Чунин тамоюли болоравӣ дар тамоми кишварҳои дигари минтақа ва қариб дар ҳамаи маҳсулот мушоҳида мегардид.

Сабабҳои боло рафтани нархи сабзиро деҳқонону фурӯшандагон дар соли 2020 ба якчанд омил рабт медиҳанд, аз ҷумла:

– дар соли 2020 аз меъёр зиёд нигаҳдорӣ кардани сабзӣ дар сардхонаҳо, ки якбора ба коҳиши нархи он мусоидат кард ва дар ин ҷода деҳқонон зиён диданд;

– бо дарназардошти зиён дидан дар соли гузашта, ба миқдори кам захира намудани сабзӣ;

– бо сабаби сард омадани боду ҳаво ва аз муҳлати муайяншуда дер ғун доштани сабзӣ”

–  аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид нагардидани сабзӣ бо сабаби баста будани марз дар пастманзари пандемияи“COVID-19

–дуруст пешгӯйӣ ва ба нақша нагирифтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ.

Коршиносони соҳаи кишоварзӣ гуфта буданд, ки дар соли 2020-2021 нархи пиёз дар нуқтаҳои яклухтфурӯшӣ то 40 дирам расида буд ва деҳқонон тасмим гирифтанд, ки майдони кишти сабзиро бештар кунанд. Дар ин маврид  бо сабаби камтар кишт кардани майдони пиёз ва баланд шудани нархи нируҳои маъданӣ арзиши ин навъи маҳсулот дар аввали соли 2023 якбора баланд гардид. Тавре деҳқонон иброз доштанд, солҳои гузашта аз моҳи апрел сар карда, аз Қирғизистон сабзӣ меоварданд ва то пухтани сабзии кишварамон нарх дар бозор муътадил буд. Аммо соли 2020 марзҳо баста шуданд ва умуман аз Қирғизистон сабзӣ оварда нашуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳолати баланд шудани нархи маҳсулоти ниёзи аввал ба иқтисодиёти ҳар як аҳолӣ зарба мезанад. Албатта, ин болоравӣ сабабҳои худро дошта, аз омилҳои таъсиррасонандаи гуногун иборат мебошад. Масалан,дар якмоҳи охири соли ҷорӣ арзиши пиёз, ки яке аз навъҳои маҳсулоти ниёзи аввал дар бештари кишварҳои ҷаҳон истифода мешавад, гарон шуд.

Пиёз яке аз маҳсулоти серистеъмол барои оилаҳо дар Тоҷикистон аст ва ҳар гуна тағйирот дар нархи он мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор мегирад.

Бояд қайд кард, ки соли 2022 дар Тоҷикистон нақшаи истеҳсоли пиёз 727 ҳазор тонна пешбинӣ шуда буд, вале бо сабабҳои гарон будани нируҳои маъданӣ 672 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд. Дар ин росто дар соли сипаришуда нисбат ба як соли қабл бештар аз 2500 гектар камтар пиёз кишт шудаст.

Коршиносон афзоиши нархи пиёзро дар бозорҳои кишвар дар якчанд омил рабт медиҳанд:

– аз нақшаи истеҳсоли пешбинишудаи соли 2022 кам ҷамъоварӣ намудани ҳосил;

– содироти зиёди пиёз ба кишварҳои Афғонистон, Русия ва Қазоқистон;

– дар бештари кишварҳои ҷаҳон гарон шудани арзиши ин намуди маҳсулот;

– дар паи сардиҳои моҳи январи соли ҷорӣ талаф ёфтани бисёре аз маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили пиёз;

– дар сардхонаҳо миқдори кам захира намудани пиёз;

Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати кишвар дар пастманзари афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ содироти пиёзу картошка ва сабзиро ба хориҷа манъ кард. Ин иқдом то муътадил гардидани фазои бозор давом мекунад. Баъзе коршиносону деҳқонон дар он назаранд, ки дар сардиҳои охир гарон шудани нархи баъзе аз маҳсулотҳои кишоварзӣ дар рузҳои баъдӣ низ аз эҳтимол дур нест.

Деҳқонон тасмим гирифтаанд, ки дар соли 2023 кишти маҳсулоти кишоварзӣ хусусан пиёзро бештар кунанд. Бояд қайд намуд, ки баъд аз гирифтани ҳосили якум, ки дар моҳи апрел рост меояд, ба коҳишёбии нархи маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар натиҷа амнияти озуқавории кишвар, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор гирифтааст, дар вазъи муътадил қарор дорад. Тибқи омори расмӣ, арзиши маҳсулоти хурокворӣ як дарсад коҳиш ёфта, арзиши воқеии он дар бозор каме баландтар аст. Барои мисол, маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар се моҳи сипаришуда дар ҷадвали 1 оварда шудааст. Боло рафтани нархи баъзе аз маҳсулот дар пайи содироти бештари он метавон арзёбӣ кард, аз ҷумла, пиёз, мақомоти Тоҷикистонро маҷбур ба тасмимгирии манъи содироти ин намуди маҳсулот овард.

Мувофиқи сарчашмаҳои таҳлили бозорҳои шаҳри Душанбе ба мо маълум гардид, ки арзиши баъзе аз маҳсулотҳо дар ду моҳи соли 2023 боло рафтааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки бештаре аз маҳсулотҳои ниёзи аввал нисбати декабри соли 2022 коҳиш ёфтаанд. Тавре, ки дар ҷадвал оварда шудааст арзиши як халта орд аз 330 сомонӣ дар моҳи декабри соли 2022 ба 280 сомонӣ дар ду моҳи соли 2023 баробар аст, ки ин нисбат ба декабри соли 2022 – 15,15 дарсад коҳиш ёфтааст ва ин албатта боиси фаровонии дастархони аҳолӣ мебошад. Дар ин қатор равғани растанӣ низ аз 105 сомонӣ ба 88 сомонӣ дар ду моҳи соли 2023 расидааст, ки ин нисбат ба моҳи декабри соли 2022 – 16,2 дарсад поин омадааст. Ҳамин тавр, шакар аз 12 сомони ба 9-10 сомон, биринҷи маҳаллӣ аз 18-20 сомонӣ ба 14-18 сомонӣ, тухми мурғ аз 45-50 сомони моҳи декабр ба 35-38 сомонӣ дар ду моҳи аввали соли 2023 баробар шуд, ки коҳишёбии он қариб ба 24 дарсад баробар аст.

Бояд қайд кард, ки нархи чанде аз маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба мисоли пиёз, картошка ва сабзӣ дар ду моҳи аввали соли 2023  баланд гардид, ки мо сабабҳояшонро дар боло гуфта гузаштем. Мувофиқи таҳлилҳои санҷидашуда дар бозорҳои шаҳри Душанбе 1кг пиёз аз 2,50 сомонии моҳи декабри соли 2022 ба 7-8 сомонӣ дар ду моҳи аввали соли 2023 баробар гардидааст, ки ин 220 дарсад боло рафтааст.

Нархи картошка аз 3,50 сомонӣ дар моҳи декабри соли 2022 ба  5,5 сомонӣ дар моҳи феврали соли 2023 расидааст, ки қариб 50 дарсад афзоиш ёфтааст. Арзиши сабзӣ бошад, аз 3 сомонӣ ба 4 сомонӣ дар феврали соли 2023 баробар шудааст, ки 33 дарсад афзоиш ёфтааст. Бояд тазаккур дод, ки афзоиши арзиши баъзе аз маҳсулоти хурокворӣ ба амсоли  ғалладонагиҳо нахуд, лубиё, марҷумак (гречка), мош ва макарон ба назар мерасад, ки деҳқонон дар гарон шудани нархи нуриҳои минаралӣ рабт медиҳанд.

Дар ин қатор афзоиши арзиши маҳсулоти ширӣ ва гӯшт низ мушоҳида мегардад. Арзиши гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба 65-68 сомон баробар аст ва чорводорону деҳқонон аз гарм омадани тобистони соли 2022, ки боиси талаф ёфтани хӯроки чорво шуд ва якбора арзиши он баланд гардид, рабт медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки бинобар афзоиши нархи баъзе аз маҳсулоти ниёзи аввал Ҳукумати мамлакат иқдомҳои саривақтиро даст гирифта, барои коҳиш додани нархи ин намуди маҳсулотҳо ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва Агентии захираҳои модии давлатӣ супориш дода шудааст. Тавре аз таҳлилҳои бозорҳои шаҳри Душанбе маълум гардид, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва Агентии захираҳои модии давлатӣ дар назди бозорҳо ярмаркаи доимамалкунандаро ба роҳ мондаанд, ки арзиши ҳамаи аз маҳсулотҳои ба фурӯшмонда нисбати бозор чанд дарсад арзон мебошад ва мо онро дар ҷадвал нишон додем. Тибқи маълумотҳои Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ин иқдом дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо ва ҳангоми ба миён омадани номуътадилии нархи маҳсулоти бозор ба роҳ монда мешавад. Дар ин росто бояд гуфт, ки дар Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва Агентии захираҳои модии давлатӣ нархи орд 260 сомонро ташкил дода, нисбат ба бозорҳо қариб 7,6 дарсад арзон мебошад. Инчунин, нархи 1 кг гӯшт ба 55 сомон баробар аст, ки нисбати нархи бозор 18 дарсад поён аст. Ҳамчунин, нархи пиёз 3,5 сомонӣ нисбат ба бозорҳо 128 дарсад, сабзӣ 2,5 сомонӣ нисбат ба бозорҳо 20 дарсад, картошка 3,5 сомонӣ нисбат ба бозорҳо 57 дарсад ва равғани растанӣ 80 сомонӣ нисбати нархи бозорҳо 10 дарсад арзон арзёбӣ карда мешавад.

Ҳамин тавр, таҳлил нишон медиҳад, ки нархҳои молу маҳсулот дар бозор вобаста ба омилҳои беруна ва дохилӣ тағйир ёфтааст, аз ҷумла боло рафтани нархҳои баъзе аз маҳсулот дар кишварҳои хориҷӣ, кам шудани воридоти баъзе намудҳои маҳсулоти, баланд гардидани нархҳои нуриҳои минералӣ, тибқи талабот ва меъёр нигаҳдорӣ ва захира накардани маҳсулот, банақшагирии нопурраи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, омилҳои табиӣ. Новобаста ба ин омилҳо, сохторҳои масъули давлатӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтӣ меандешанд, ярмаркаю нуқтаҳои фурӯши доимӣ ва мавсимии маҳсулоти ниёзи аввали мардумро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин, боиси зикр аст, ки минбаъд барои нигоҳдории нархи муътадил дар бозорҳо ва дастрас будани молу маҳсулоти ниёзи аввал бояд ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки заминҳо, дуруст ба роҳ мондани банақшагирии кишти маҳсулоти ниёзи аввал, истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар дохили кишвар ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад.

Ҷурахонзода Саодати Ҷурахон н.и.и.,
муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содиқова Аниса,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши
хусусии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед