Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат яке аз ҳадафҳои муҳимми “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, маҳсуб меёбад. Соҳаи саноати хӯрокворӣ яке аз бахшҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ба шумор рафта, рушди он барои таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти истеъмолӣ, баланд гардидани сатҳи зиндагӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини амнияти озуқавориро яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон намудаанд.

Мавқеи корхонаи саноати хӯрокворӣ дар маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар назаррас буда, мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа аз 48,3 млн сомонии соли 1996 ба 11,6 млрд сомонӣ дар соли 2023 расонида шудааст, ки 6770 млн сомонӣ ё ин, ки дар қиёс ба соли 1996 2,4 баробар зиёд мебошад. Баробари пешрафти дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар корхонаҳои саноати хӯрокворӣ низ рушд намуда, сол то сол ҳиссаи онҳо дар ММД афзоиш меёбанд ва дар татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Саноатикунонии босуръати кишвар” саҳми арзанда гузошта истодаанд. Шумораи корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар соли 2023 ба 815 адад баробар гардид, ки нисбати соли 1991 8,6 баробар зиёд мебошад.

Мунтазам афзоиш ёфтани шумораи корхонаҳои саноати хӯрокворӣ ба зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ бо ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ ҳамасола афзоиш ёфта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Корхонаҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумлаи корхонаҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ ба фаъолият оғоз менамоянд ва дар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, истеҳсол, фурӯш ва ташкили истеъмоли маҳсулоти хӯроки умумии ҷамъият ҳиссаи худро мегузоранд.

Бо дарназардошти ин, ҳангоми баҳодиҳӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди фаъолияти корхонаҳои хӯрокворӣ зарур аст, ки иҷрои корҳои зерин пайваста такмил дода шаванд:

–маҳсулотҳои ба фурӯшгузошташуда ба навъҳо ҷудо карда шаванд;

– ба таҷҳизоти техникии корхона (базаи моддӣ, таҷҳизоти муҳандисиву техникӣ, таркиби биноҳо, ҳалли меъмориву нақшагирӣ ва ғайра), диққати ҷиддӣ дода шавад;

– тартиби нигоҳдории молу маҳсулот;

– дараҷаи тахассуснокии кормандони соҳа;

– бояд ба сифати хизматрасонӣ (одоби муошират, симои зоҳирии корманд ва либоси ягонаи корӣ) таваҷҷуҳ намуд;

– такмил додани номгӯи хизматрасониҳо дар шароити корхонаҳои хӯрокворӣ.

Қобили зикр аст, ки илова ба таснифоти дар боло баррасишудаи корхонаҳои хӯрокворӣ аз рӯи шакли хизматрасонии дигар соҳа ба таври куллӣ аз якдигар фарқ мекунанд.

– хизматрасониҳо оид ба фурӯши маҳсулот;

– хизматрасониҳои иттилоотӣ–машваратӣ ва дигар хизматрасониҳо.

Хизматрасонии корхонаҳои хӯрокворӣ, вобаста ба навъ ва хусусияти истеъмолкунандагон, метавонанд аз ҷониби корхонаҳои соҳа васеъ ё маҳдуд карда шаванд.

Бояд қайд намуд, ки сатҳи рушди фаъолияти корхонаҳои хӯрокворӣ аз дараҷаи даромаднокии аҳолӣ ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа вобастагии калон дорад. Ҳамзамон, рушди корхонаҳои саноати хӯрокворӣ сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии давлатро инъикос менамоянд. Дар кишварҳои тараққикарда, тиҷорати хӯроки умумӣ ва хизматрасонии он дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Истеъмолкунандагон барои истеъмоли хӯрок назар ба хариди номгӯи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва омодакунии онҳо дар шароити хона пули бештар сарф мекунанд. Аммо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон тиҷорати хӯроки тайёр берун аз шароити хона тақрибан 20 маротиба камтар аз гардиши фурӯши маҳсулоти хӯроквориро ташкил медиҳад.

Яке аз омилҳои асосие, ки ба рушди бозори хизматрасонии корхонаҳои саноати хӯрокворӣ таъсир мерасонад, беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад, ки тавассути болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум дараҷаи даромаднокии ин корхонаҳо афзоиш меёбад. Айни замон роҳбарияти Ҳукумати мамлакат барои беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии мардум аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода менамояд.

Чи тавре, ки дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои давраи то соли 2030 қайд карда шудааст, беҳтар намудани вазъи истеъмоли ғизо дар байни аҳолӣ ҳамчун мушкилии то ба охир ҳалношуда боқӣ мемонад. Норасоии ғизо ҳанӯз дар байни 26 дарсади аҳолӣ ба назар расида, гипотрофия дар байни 10 дарсади кӯдакони то синни 5˗сола мушоҳида мешавад. Аксари занҳо ва кӯдакон низ аз норасоии микроэлементҳо азият мекашанд, ки дар сатҳи баланди камхунӣ ва норасоии йод инъикос меёбад. Норасоии ғизо дар Тоҷикистон аз нуқтаи назари иқтисодӣ ҷой дошта, аз рӯйи ҳисобҳо бо сабаби аз даст додани қобилияти корӣ ва маҳсулнокӣ ҳамасола 41,0 млн. доллари ИМА˗ро ташкил медиҳад. Омили дигаре, ки ба самаранокии фаъолияти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ заминаи воқеӣ гузошта метавонад, ин пеш аз ҳама афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор меравад, ки ин нишондиҳандаро дар шакли диаграммаи˗1 дида мебароем.

Диаграммаи 1

Ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД давоми солҳои 2018-2023 (ҳаз. сомонӣ)

Сарчашма: Таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти омории АОНПҶТ “Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2023. саҳ. 219

Ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД соли 2023 ба 31769,7 млн сомонӣ ё ин, ки ба 24,3 дарсад баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 ба маблағи 17720,0 млн сомонӣ ё ин, ки ба 126 дарсад зиёд мебошад.

Тибқи пешгӯиҳои Бонки Авру Осиёии Рушд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 соли оянда афзоиши истеъмол дар назар аст. Ҳамин тавр, истеъмоли гӯшт 47 дарсад, тухм 27 дарсад, шир 25 дарсад, ғалла 79 дарсад, сабзавот 95 дарсад, равғани растанӣ 57 дарсад зиёд мешавад.

Новобаста аз афзоиши талабот ба молу маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳои давлатӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҳамаи захира ва имкониятҳо самаранок истифода бурда, рушди манбаъҳои соҳаи кишоварзиро таъмин менамоянд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, даромади пулии аҳолӣ дар соли 2023 3,3 дарсадро ташкил дода, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 баробар гардидааст. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардидааст. Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 дарсадро ташкил намуд.

Солҳои пештар ба дараҷаи даромаднокии аҳолӣ, сатҳи таваррум таъсири ҷиддӣ мерасонид, бинобар сабаби андешидани тадбирҳои судманд дар самти сиёсати монетарию фискалӣ, сатҳи таваррум солҳои охир муътадил нигоҳ дошта мешавад.

Воқеан, рушди корхонаҳои саноати хӯрокворӣҳамчун омили муайянкунандаи сифати зиндагии шаҳрвандон, дар навбати худ аз дараҷаи рушди иқтисодиёти  кишвар вобастагии зиёд дорад.Саломатии шаҳрвандон ва қобилияти кории онҳо аз тарзи истеъмоли ғизо вобаста буда, бинобар ин, беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ба шароити корхонаҳои хӯрокворӣ алоқаманд мебошад.

Бо дарназардошти тамоюли ҷалби шумораи бештари одамон ва фарҳанги истеъмоли ғизо берун аз шароити хона, корхонаҳои хӯрокворӣ барои тавсеаи минбаъда зарфияти калон доранд. Ҳамин тавр, гуфта метавонем, ки рушди бозори хӯроки умумиро дар оянда бо истифодаи маҳсулоти ватанӣ таъмин карда метавонем. Бо дарназардошти ин, барои беҳтар намудани соҳаи мазкур анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ ба манфиати кор буда, дар баробари татбиқи ҳадафҳои олии кишвар ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.

 ИБРОҲИМЗОДА Иброҳим Шоҳ,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед