Ҳама сола дар ҷаҳон давлатҳои миллӣ мавриди ҳамлаҳои террористиву экстремистӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротиву ҷудоихоҳ қарор мегиранд. Имрӯз дар шароити муосир ҷаҳони башарият дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо ва бархурди манфиатҳо қарор дорад. Воқеият нишон медиҳад, ки ҷуғрофияи ноамниҳо дар як марз ё ҳудуде қарор нагирифта, то рафт ҳудуди хешро васеъ намуда истодаанд. Соли 2020 дар ҳаёти аксари кишварҳо як зумра тағйиротҳое ворид намуд, ки ба ҳаёти сокинон ва сохти давлатдорӣ бетаъсир намонд. Дар соли 2020 якчанд кишварҳо шоҳиди баргузории маъракаҳои муҳимми сиёсӣ гардиданд, ки фоҷиаҳои нохуберо дар пай гузошт. Дар раванди баргузории маъракаҳои сиёсӣ ҳама гурӯҳҳои мухолифи дохилию хориҷӣ фаъол гардида, тарғибу ташвиқотро бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ хуб ба роҳ мемонанд. Воқеҳои кишвари Беларус, Қирғизистон, Озарбойҷону Арманистон, Франсия ва охирин норозигиву бетартибиҳо, ки дар кишвари Америка шуда гузашт гуфтаҳои болоро исбот менамояд. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар соли 2020 баргузоркунандаи ду маъракаи муҳимми сиёсӣ яке интихоботӣ парламентӣ ва дигаре президентӣ буд, ки дар фазои сулҳу субот ва оромӣ баргузор гардид.
Зуҳуроти гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар ҳама гӯшаву канори олам вазъи мавҷударо печидатар сохта, давлатҳои миллиро дар таъмини низоми амниятӣ дучори мушкилоти нав ба нав карда истодааст. Имрӯз, ки инсоният бо истифода аз технологияи муосири сиёсиву иттилоотӣ мушкилоти мавҷударо дар як фурсати кӯтоҳ ҳал менамояд, аз ҷониби дигар гурӯҳҳои ифротӣ низ бо истифода аз он ба низоми амниятии давлатҳои миллӣ таъсирҳои манфии хешро расонида, мушкилотро дар шакли кибертерроризм ба вуҷуд оварданд. Гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоиву сомонаҳои интернетӣ, ба мафкураи ҷомеа, хусусан ҷавонон, таъсир расонида, тавассути мағзшӯйӣ идеологияҳои ифротиву террористиро дар онҳо ҷой карда истодаанд. Дар ин ҳол, нақши технологияи муосири иттилоотӣ фаъол ба назар расида, шароити мазкур ба гурӯҳҳои ифротӣ имкон додааст бо истифода аз он ҳадафҳои нопоки хешро дар муддати кӯтоҳ амалӣ намоянд.
Кам шудани захираҳои табии ҷаҳон ва афзоиш ёфтани шумораи истеъмолкунандагон, кишварҳои абарқудратро беқарор сохтааст. Баҳри қонеъ намудани талаботи рӯзмарра ва даст ёфтан ба манофеи сиёсиву иқтисодии хеш, ҳозиранд дилхоҳ бозиҳои сиёсиро дар саросари ҷаҳон ба роҳ монанд. Имрӯз, агар нақшаву маромҳои баъзан гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ба манфиати онҳо созгор бошад, розиянд дар ҳама самт онҳоро дастгирӣ намоянд. Дар ин раванд таъмини амният дар ҷомеаи шаҳрвандӣ барои давлатҳои миллӣ дар мадди аввал қарор мегирад. Давлатҳои миллиро зарур меояд вобаста ба ҳолати мазкур дар ғафлат қарор нагирифта, қурбонии манфиатҳои абарқудратону гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд. Давлатҳои миллиро мебояд баҳри таъмини амният бо ҳама соҳаҳои ҷомеа дар робита бошанду зидди таҳдидҳое, ки ба амнияти онҳо халал ворид меанамоянд, муқовимат намоянд.
Таъмини амният, пеш аз ҳама, аз ҷомеаи соҳибмаърифат вобастагии зиёд дорад, зеро дар ҳолати баланд будани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ҳеҷ кадом гурӯҳ ё ҳеҷ шахсе наметавонад ба он таъсиргузор бошад. Гурӯҳҳо ё ашхоси мухолифин бештар ба ҳамон шахсоне мароқ зоҳир менамоянд, ки сатҳи саводнокиашон заиф асту дарки худшиносию худогоҳӣ дар онҳо рушд накардааст. Ин гуна ашхос ҳамчун туъмаи муфте ба доми онҳо афтида, ғулом ё дар шакли муосир ҳамчун робот тавассути тугмачае идора карда мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони расидан ба истиқлоли сиёсӣ баҳри боло бурдани сатҳи маърифатии ҷомеа ҳама имкони мавҷударо, истифода мебарад. Таҳкиму таъмини амнияти миллӣ, пеш аз ҳама аз ҷавонон, ки қисми зиёди ҷомеаро ташкил медиҳанд, вобастагӣ дорад. Вобаста ба мавзӯи ҷавонон ва нақшу мақоми онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар дар соли 2016 чунин қайд намуда буданд: “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”. Вобаста ба саҳми ҷавон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли Ҷавонон” эълон карда шуд. Сол то сол сафи ҷавонони соҳибилму соҳибистеъдод афзоиш ёфта, нақш ва мақоми онҳо дар рушди давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад. Ин ҳама роҳёбӣ ва фаъолияти ҷавонон дар сохторҳои қудратӣ, пеш аз ҳама аз сиёсати хирадмандонаву ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат сарчашма гирифта, имкони зиёдеро баҳри табақаи мазкур фароҳам оварда истодааст
Вобаста ба таҳдидҳои мавҷуда, ки ба амнияти кишварҳо бевосита таъсири манфӣ мерасонад, Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф набуда, ҳамеша барои таъмини амният, пеш аз ҳама, дар дохил ва баъдан дар минтақаву ҷаҳон омода аст, бо ҳама кишварҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз доштанд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад”.
Дар шароити муосир, ки амнияти инсоният аз ҳама арзишноктарин неъмат ба ҳисоб меравад, дар ҳар дақиқаву сония ивазшаванда ба назар мерасад. Имрӯз ҳеҷ як кишвари мустақили ҷаҳони муосир наметавонад амнияти хешро орӣ аз хавфу хатар шуморад. Шароит хеле зудивазшаванда ба назар расида, ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ наметавонад зидди таҳдидҳои нав ба нави гурӯҳҳои ифротӣ муқовимат намояд. Баҳри муқовимати таҳдидҳои замони муосир кишварҳоро зарур меояд, дар ҳамбастагӣ дар доираи созмонҳо бо онҳо муқовимат намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз замони расидан ба истиқлол ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ хуб ба роҳ монда, ҷонибдори таъмини амният дар саросари ҷаҳон мебошад. Яке аз хатарҳое, ки ба низоми амниятӣ дар сатҳи ҷаҳон, хусусан кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид менамояд, ин вазъи бесуботӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад. Баҳри таъмини амният дар кишвари мазкур, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳои хеш дар минбарҳои сатҳи байналмилалӣ вазъи мавҷударо ба саҳми ҷаҳониён расонида, аз ҷаҳониён тақозо менамоянд, ки ҳарчи бештар сулҳ дар ин кишвар пойдор карда шавад. Чунонки дар яке аз суханрониҳои хеш сарвари давлат иброз доштанд: “Суботи Афғонистон барои мо чун боду ҳаво зарур аст”. Таъмини суботу оромӣ дар ҳамсоякишвар, ба манфиати ҳама кишварҳои Осиёи Маркази ва ҷаҳон буда, метавонад омили рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсии ҷомеаи башарӣ ва
аҳолии кишвари мазкур гардад.
Хоҷагон ва роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ, ҳамеша дар ҷустуҷӯи маконе ҳастанд, ки низоми амниятӣ дар он заиф ба назар мерасад. Зиёд шудани гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва интихоб шудани кишвари мазкур ҳамчун макони мусоид, метавонад ба фазои сиёсиву амниятии кишварҳои ҳамҷавори он таъсиргузор бошад. Баҳри несту нобуд сохтани чунин гурӯҳҳои ба ҳаёти инсоният хатарафзо, пеш аз ҳама, нақши мардум ва қавми муқими ин кишвар калидӣ ба шумор меравад. Дар таъмини амният ва сулҳу субот дар ҳама давру замон нақши роҳбари сиёсӣ аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Ҳамдигарфаҳмию ҳамоҳангӣ миёни роҳбарони қудратӣ метавонад омили асосии пойдор гардидани низоми амниятӣ дар ин кишвар гардад.
Хулоса, таъмини амнияти ҳар як давлати миллӣ, пеш аз ҳама, вазифаи асосии ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкиму таъмини амнияти миллӣ, ҳама имкони мавҷударо истифода намуда истодааст, то халқи тоҷик дар фазои сулҳу субот ва оромӣ сазовори зиндагии шоиста гардад. Ҳар як фарди ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифадор аст, ки дар таъмини амнияти миллии хеш баҳри пешрафти кишвар саҳмгузор бошад. Хусусан ҷавонон, зеро нақши ҷавонон дар ҳама давру замон дар ҳама кишварҳо калидӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти босамари онҳо, омили асосии пешрафт ва рушди минбаъдаи кишвар аст.
Шодбахт Сабуров, мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон