ДУШАНБЕ, 06.06.2020 /НИАТ «Ховар»/. Дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Зеро, имрӯз бо рушди фаъоли Интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро дар тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Ҳатто расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин лиҳоз, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ мубаддал гаштааст. Ин нуктаро Зубайдулло ДАВЛАТОВ, сардори Раёсати таъминоти иттилоотии МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Дар идамаи суҳбат мавсуф чунин афзуд:
-Дар ҷаҳони муосири пуртазод ва зудтағйирёбанда чолишҳои пайиҳам ва таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ ҷомеаи ҷаҳониро беш аз пеш ба ташвиш овардааст. Авзоъ дар кишварҳои ҷангзада собит месозад, ки ин амалҳо бо аҳдофи геосиёсии кишварҳои абарқудрат ва созмонҳову гурӯҳҳои манфиатхоҳ омезиши ҳамсон дошта, чун вабое ва ё силоҳи қатли ом ба тамоми мавҷудоти сайёра таҳдиди амиқ доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ чун кишвари соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, ҷанги иттилоотӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои хатарзо пайваста ибтикороти назаррас нишон медиҳад. Натиҷаи ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки пойтахти кишвари мо тайи солҳои охир тадриҷан ба яке аз майдонҳои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Коршиносони соҳа ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти пешгириву мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа баланд арзёбӣ мекунанд.
Мусаллам аст, ки имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани аҳдофи хеш дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда истифода мекунанд. Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Зеро, имрӯз бо рушди фаъоли Интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро дар тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Ҳатто расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.
Иттилоот ва амнияти иттилоотӣ тавзеҳоти зиёд доранд, агар аз рӯи раванди рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканем, дар замони ҷорӣ метавон иттилоотро бо амният тавъам гуфт. Зеро, ин ду мафҳум дар ҳамбастагӣ ба амнияти комили миллӣ рабт доранд. Агар имрӯз мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва муғризона аз ҷониби душманони давлату миллат роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, он метавонад ба амнияти милливу давлатиамон таъсири манфӣ расонад. Ҷангҳои таҳмилии ҷаҳони муосир шаҳодат медиҳанд, ки аксари онҳо бо даъватҳои оммавӣ тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо ба майдонҳо хондани анбӯҳи одамон сурат гирифтаанд. Тибқи арзёбиҳо, аз ҷумла, сарнагун сохтани ҳукумати Ҳуснӣ Муборак дар Миср, Муаммар Қаззофӣ дар Либия бо даъватҳои ба майдонҳову хиёбонҳо баромадани одамон тавассути шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» сурат гирифта буд ва ин гуна мисолҳоро метавон дар дигар манотиқи ҷаҳон низ мушоҳида намуд. Биноан, коршиносон муътақид бар онанд, ки имрӯз бидуни таъмини амнияти иттилоотӣ наметавон амнияти миллиро комилан таъмин намуд. Ин нукта бори дигар дар ҷараёни суҳбати гирди мизи мудаввар, ки 26 апрели соли 2018 бо ташаббуси АМИТ «Ховар» дар мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ: равандҳо, падидаҳо ва таҳдидҳо» доир шуд, таъкид гардид. Коршиносони соҳа дар ин чорабинӣ зикр намуданд, ки мебояд дар муқобили чунин ҳуҷумҳои иттилоотии аз хориҷа тарҳрезишаванда посухҳои муносиб дод, зеро таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар шароити ниҳоят тезу тунди ҷомеаи байналмилалӣ ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорист. Гуфта шуд, ки набояд дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотӣ бетарафиро ихтиёр кард ва хомӯш буд, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омили асосии таъмини суботу амният ва оромии ҷомеа, рушду шукуфоии кишварамон мебошад, пас ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод.
Мавриди зикр аст, ки муҳимтарин омили таъмини амнияти иттилоотӣ он аст, ки бояд ВАО моҳияти рӯйдодҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар сатҳи баланди касбият, ба таври мўъҷаз ва саривақтию фаҳмо ба ҷомеа расонанд ва дар ташаккули афкори мусбӣ ва дуруст дар ҷомеа саҳми муносиб гузоранд. Дар ин сурат шиддати таъсири ҳар гуна иттилооти беасос ва бардурӯғ дар расонаҳои манфиатхоҳ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористию ифротгаро ва ҷонибҳои манфиатхоҳ метавонад камтар гардад. Чунки табиати инсон чунин аст, ки ба иттилои аввал дарёфтнамуда бештар эътимод пайдо мекунад. Эътимод ва боварӣ ба иттилооти расонаҳои расмӣ моҳиятан эътимод ва бовариро ба мақомот ва ҳукумат бештар месозад.
Воқеан, ҷозиба ва сеҳри иттилоот он қадар бузург аст, ки баробари пахш метавонад иттиҳодро барпо созад ё онро пароканда кунад. Яъне ҳам созанда ва ҳам сӯзанда бошад. Аз ин лиҳоз, мақомоти марбутаро зарур аст, ки афкори ҷомеаро аз ҳар гуна иттилои носолим эмин доранд ва аҳли ҷомеаро низ мебояд, ки аз равандҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир сабақ биомӯзад.
Ба вуқўъ омадани тақсимоти нави ҷаҳон баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шўравӣ миёни абарқудратҳо ва қудратталабон ба ҳаёти башарият тағйироти куллӣ ба миён овард. Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст. Таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути васоити ахбори омма, ки дорои нерўи бузурги таъсиррасонанда аст, эҳсос мегардад ва дар баробари талқини сулҳу субот ва неъмати оромӣ ҳамзамон иттилоот ва ВАО дар тарғибу ташвиқи гурӯҳу созмонҳои террористӣ, ки ин зуҳурот бошандагони сайёраро ба ҷунбиш овардааст, нақши гўшношунидро касб кардааст. Ҳамзамон ВАО дар пиёда шудани манфиати ин ё он қувваву гурӯҳҳои муайян ба тариқи конкретӣ истифода мешавад ва таҷрибаи дилхоҳеро низ баҳри қувваҳои манфиатҷӯ ба бор овардаанд.
Ба миён омадани мафҳумҳое ба монанди «ҷангӣ иттилоотӣ» дар ҷаҳони муосир сабабгори ба миён омадани нигарониву таассуфи сиёсатмадорону коршинсони олам аз чунин ҳодисаҳо гардидааст.
Ҷанги иттилоотӣ таърихи куҳан дошта, ба ақидаи муҳаққиқон ин мафҳум бо пайдоиши давлатҳо ва мухолифату рақобати байни онҳо ташаккул ёфтааст. Вале аввалин маротиба муҳаққиқи канадагӣ Маршалл Маклюэн солҳои 60-уми асри ХХ дар бораи ҷанги иттилоотӣ ба таври кушод дар матбуот навиштааст. Профессор Маршалл Маклюэн доир ба ҷанги иттилоотии ИМА гуфтааст, ки «Ветнам аввалин ҷанги телевизионии ИМА буд. Ҷангҳои қаблӣ бо кӯмаки кинову аксу расмҳо ва сурату матбуот бурда мешуд». Ба ақидаи Ҷовид Муқим, мунаққиди тоҷик: «Ҷанги иттилоотӣ ин таъсиррасонии нақшавӣ ба тамоми системаи иттилоотиву иртиботии душман ва давлатҳои бетараф бо мақсади ташаккул додани фазои мусоиди ҷаҳонии иттилоотӣ барои гузаронидани амалиётҳои сиёсӣ мебошад, ки назорати аксари ин фазоро таъмин менамояд». Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар замони муосир ҷанги иттилоотиро асосан кишварҳои абарқудрату қудратталаб ва ташкилоту қувваҳои бузурги ҷаҳон барои амалисозии ҳадафҳои геополитикии худ истифода мебаранд.
Мувофиқи гуфтаҳои коршиносону таҳқиқгарон терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ, бахусус тероризми диние, ки ба дасти абарқудратон созмон ёфтааст, бо мақсади пиёдасозии манфиат ва сиёсати онҳо роҳандозӣ гардидааст. Яке аз василаву роҳҳои аслии то ин ҳад қувваву қудрати бузургро ба даст овардани ин вабои замон, тариқи иттилоот муаррифӣ шудани тахаюли бофтаву осмонии онҳо мебошад, ки гўё хидмат ба дин менамоянду, вале дар асл ҷуз қатлу куштори ваҳшиёнаи сокинони осоишта ва амалисозии барномаҳои хоҷагони пасипардагии онҳо дигар чизе нест. Мисоли равшан фаъолияти ИГИЛ, ё ДОИШ ва даҳҳо ташкилоти террористию экстремистии дигар дар ҷаҳон мебошад. Имрӯзҳо мақомоти амниятии кишварҳои сайёра аз паи маҳву нобудсозии роҳҳои вусъатёбиву инкишофи гурӯҳҳои террористӣ бо мақсади билохира аз байн бурдани ин мушкилоти глобалӣ талош меварзанд. Яке аз василаи аслии ба шикаст рӯ ба рӯ намудани созмонҳои террористӣ, ин аз байн бурдани роҳҳову усулҳои таблиғотии он буда, дар ин самт садҳо ва бештар аз он сомонаҳои интернетии таблиғотии гурӯҳҳои террористӣ ошкор ва қисме аз онҳо бекор карда шудааст. Қисми дигари чунин саҳифаҳои таблиғотии ифротгароёна зери назорати қатъӣ қарор гирифтаанд. Ба андешаи мо чунин амалҳои сулҳҷўёна гурӯҳҳои терористиву экстремистиро ба шикасти ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард. Бархе аз олимон ақида доранд, ки вазъи ҳосилшуда ва афзоиши таъсири ВАО-и хориҷӣ ба афкори умум дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии мамлакатҳо метавонад тахдид ба бор оварад. ВАО-и хориҷӣ имрӯз дар тамоми гўшаву канори олам фаъол буда, он мутааллиқ ба кишварҳои қудратманд ва дар ҷанги иттилоотии давр ҳамчун абарқудрат шинохта шуда мебошанд. Чун дигар кишварҳо имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон низ фаъолияти расонаҳои иттилоотии хориҷӣ ва хусусӣ ба таври назаррас ба роҳ монда шудаанд. Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад.
Чи тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар таҷлили 100-солагии матбуоти тоҷик зикр намуда буданд:
«Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон шумораи расонаҳои хабарии мустақил хеле афзудааст ва аз лиҳози миқдор ҳоло онҳо нисбат ба расонаҳои хабарии ҳукуматӣ ба маротиб зиёданд».
Маврид ба таъкид аст, ки дар Тоҷикистон соли 1991 ҳамагӣ 139 адад рӯзномаву маҷалла вуҷуд дошт, ки аз ин шумора фақат чор рӯзнома хусусӣ буд. Ғайр аз ин, ҳамагӣ як агентии иттилоотии давлатӣ фаъолият мекард. Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон 446 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 270 — тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Аз даҳ агентии иттилоотӣ, ки ба қайд гирифта шудааст, нӯҳ агентӣ ғайриҳукуматӣ аст. Ҳоло дар мамлакат 44 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 шабакаи радиову телевизион хусусӣ мебошад. Ин, албатта, хуб аст, зеро фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма яке аз нишонаҳои асосии рушди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. Ҳар яке аз ин расонаҳо ба таври худ фазои иттилоотии мамлакатро пур карда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳиссаи хешро мегузоранд. Вале дар баъзе ҳолат бознашр гардидани ин ё он хабару маводҳои таҳлилии ғаразноку иғвобарангез ва хусуматомез дар ВАО-и хориҷӣ ва мустақил бахусус нашрияти чопиву электронӣ миёни ҷомеа мушкилот ба бор оварда ба имиҷи мусбии кишвар лакнат ворид менамоянд. Гумон меравад, ки ҳоҷат ба номбар кардани чунин расонаҳои иттилоотӣ нест, чун ҳамагӣ медонанд, ки кадом расона дар интишор ва ё расонаӣ намудани чунин иттилоот даст дорад.
Истифода намудан аз ВАО ин роҳи хеле осон, бехатар ва бе ҷавобгарӣ расидан ба мақсадҳои худ мебошад. Аз ҷониби дигар, дар замони муосир ва ҷомеаи имрӯза таъсири сухан ба мафкураи одамон аз таъсири яроқ дида зиёдтар аст. Аз ин лиҳоз, кишварҳои абарқудрат аз қувваи ВАО хеле хуб истифода мебаранд ва тавассути медиа — психология тарғиб ва ташвиқи идеологияи худро анҷом медиҳанд.
Кибертерроризм усулест, ки миёни давлатҳо аз муборизаи тиру туфанг ва яроқҳои ҳастаӣ дида садҳо маротиб болост ва ин навъ муҳориба ба воситаи иттилоот, яъне ҷанги иттилоотӣ сурат гирифта, бе талафоти ҷонӣ анҷом дода мешавад. Дигар ин ки, сухани хабарнигор дар ҳолати ҷангу нооромиҳо метавонад чун даво ба дарди ҷомеа бошад ва боиси ором шудани вазъият гардад. Аз ҷониби дигар метавонад сабаби нооромиҳо шавад, ҷонибҳои мухолифро бо ҳам шӯронад ва ба нооромӣ даъват намояд. Дар чунин вазъият он метавонад боиси авҷ гирифтани инқилобу нооромиҳо ва кушта шудани ҳазорон шахси бегуноҳ гардад.
Иттилоърасонӣ ва муборизаи иттилоотӣ тайи чанд соли охир дар тамоми давлатҳои дунё, махсусан ба тариқи расонаҳои иҷтимоӣ, нисбат ба дигар намуди ВАО қувваи бештаре пайдо намудааст. Бо истифода аз равнақ ёфтани системаҳои иттилоърасонӣ гурӯҳҳои тундрав ва ҷудоихоҳу фитнаангез ҳадафҳои хешро бо истифода аз дину оин ва расму русуму гўё тарзи ҳаёти исломӣ миёни мардум пиёда месозанд ва ба ин васила, афроди ноогоҳ аз донишҳои динӣ ва дунявиро ба самти хеш мекашанд, то ҳадафҳои ғаразноки хешро тавассути эшон миёни мардум тарғиб намоянд. Ҳолати ҷаҳонишавии пурсуръат, кашфи воситаҳои нави иттилоърасонӣ, рушди бесобиқаи технологияи муосир нишон медиҳад, ки ин ҷараён дар оянда боз ҳам пурзўртар, тезутунд ва амиқтар хоҳад шуд. Албатта, надоштани донишҳои комили динӣ, фарҳанги сиёсӣ, ҳисси миллию ватандўстӣ ва фирефта шудан ба суханони ин афроди аҳриманмаоб тариқи расонаҳои иҷтимоӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бояд гуфт, ки саркардагони Ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ маҳз тариқи ана ҳамин расонаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ба худ хос, ки блогерони онҳо таъсис додаанд, ақидаҳои ифротангез ва нопоки худро баён месозанд.
Ҳамин тариқ, мақомоти марбута, хабарнигорони ҳирфаӣ, зиёиён ва ҳар як фарди огоҳи ҷомеа вазифадоранд, то суду зиёни истифодаи Интернет, дигар намуди ВАО ва дурустии маводҳои нигошташударо ба мардум фаҳмонанд, чаро ки сухани зиёӣ, хабарнигор, чеҳраи шинохта ба равони шунаванда таъсири даҳчанд дорад.
Зубайдулло Давлатов,
Сардори Раёсати таъминооти итилоотии
МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр: АМИТ “Ховар”