Дар марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеаи башарӣ гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва инсонҳо вобаста ба тасаввуру дарки нооромиҳои шадиди иҷтимоию иқтисодӣ ниёзмандии ҳарчи бештарро ба намодҳои роҳбарӣ ва пуштибоникунанда аз манфиатҳояшон эҳсос ва ҷустуҷӯ мекунанд. Дарёфти чунин намоди боэътимоду кафили роҳи ҳалли ин масъалаҳо вобаста ба сатҳи рушди ҷомеаҳо, мавқеи ҷойгиршавияшон дар нуқтаҳои ҳассоси геополитикию минтақавӣ аз ҳамдигар фарқ мекунад. Вале новобаста аз ин тафовутҳо, дар маҷмӯъ, чунин талошҳо зарурияти майли беихтиёронаи одамонро ба интихоби ниҳодҳои гуногуни аз манфиату садоҳояшон намояндагикунандаро ба вуҷуд меоранд. Агар дар ҷомеаҳои ғарбӣ ба сифати чунин ниҳоди намояндагикунандаи садою манфиати мардум ниҳодҳои худидоракунандаи расмию ғайрирасмӣ аҳёнан баромад кунанд, пас дар ҷомеаҳои инкишофнаёфтаю рушдкунанда ҷараён гирифтани вазъияти мазкур каме дигаргунатар аст. Ҷомеаҳои рушдёбанда кафили намояндагии манфиату садоҳояшонро аслан дар ҷеҳраи давлатҳои миллӣ ва талош баҳри устувории онҳо мебинанд. Баръакс ҷомеаҳои тавсианаёфтаю дорои низомҳои ноустувори сиёсӣ одатан қудрати назорати арсаи чунин талошҳоро пурра дар ихтиёр гирифтан надоранд ва бо сабаби надоштани сармояю ҳавсалаи дарки муносиби манфиатҳои ҳаётии одамон баёни онҳоро на бо забони сиёсӣ, балки сирф мафкуравию мазҳабӣ сурат мебахшанд. Чунин ҳолат ба рақибони геополитикии сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ имконият фароҳам меорад, ки аксари равандҳои ҷамъиятияшонро ба осонӣ таҳти пӯшиши мафҳумҳои барои худашон муносиб қарор диҳанд ва дар фурсатҳои муносиб баҳри бесубот сохтанашон ин вазъиятро ба манфиати худ истифода баранд. Масалан, солҳои охир мо шоҳиди тавасути баёнияҳою изҳоротҳои гуногуни сиёсию коршиносӣ таашаккул ёфтани чунин пӯшишҳои мафҳумӣ аз ҳаёти ҷамъиятии кишварҳои тавсиаёбанда дар шакли “манотиқи кабуд”, “давлатҳои нокомил”, “квазидавлатҳо”, “ҳавзаи давлатҳои авторитарӣ” ва ғайра гардидем, ки ҳар кадоме аз зарродхонаи худ аслиҳаи заруриро барои ислоҳи ин вазъи ба назарашон носолим пешкаши тасмимгирандагон карда метавонанд.

Мутаасифона, манзараи мазкур аз ҳама бештар дар ҳавзаи кишварҳои мусалмоннишин шадидтар сурат мегирад ва низомҳои сиёсии ҳавза барои пурра ба зимма гирифтани намоди роҳбарии манфиатҳои мардум бештари маврид ғайр аз рамзҳои урёни мафкуравию мазҳабӣ дигар рамзҳои аз орзую омоли ба зиндагии беҳтари дунявӣ расидани мардумро зарфияти пешниҳод кардан надоранд. Таҳлилҳо ва бознигарии таҷрибаи ҷомеасозии муосири кишварҳои мусалмоннишин нишон медиҳад, ки дар сархати чунин омилҳои мушкилзо баробари омилҳои дигар аз ҳама бештар таъсири манфии мафкураи исломи сиёсӣ ба талошҳои касби суботи сиёсии онҳо мушоҳида мешавад. Омили мазкур на танҳо бо талоши сиёсатварзии ба ифодаи манфиатҳои фаромиллӣ нигаронидашуда, балки сирф ба арзишҳои мафкуравии динӣ такя намуданаш сабабгори заъф пайдо кардани рушди аксари кишварҳои мусалмоннишин шудааст. Аз ин ҷиҳат аксар маврид доираҳои берунии манфиатдор онро ҳамчун абзори амалисозии ҳадафҳои худ дар ин кишварҳо васеъ истифода кардаанд. Лозим ба таъкид аст, ки интихоби равиши дар сояи дастгирии кишварҳои манфиатдори беруна ҳаракату амалҳои сиёсии худро пеш бурдани чунин гуруҳҳо бештар маврид асари манфиашонро на танҳо ба устувории низомҳои сиёсии дохилӣ, инчунин бевосита ба вазъи зиндагии табақаҳои ниёзманди ҷомеа мерасонанд. Масалан, масъулияти вазъи ногувору зиндагии риққатбори сокинони аксари кишварҳои ҷангзадаи мусалмоннишин ва муҳоҷирони ба хотири рӯзгори амнтар пайдо кардан дар баҳру сарҳадҳои кишварҳои дигар дучори поймолшавии шарафи оддии инсонияшон гаштаро дар баробари кишварҳои интишордиҳандаи низоми мардумсолорӣ инчунин маҳз парчамбардорони мафкураи исломи сиёсӣ ба дӯш доранд. Яъне ҷомеаи кишварҳои муайянро гаравгони ҳадафҳо ва арзишҳои маҳдуди эътиқодии худ гирифтани пайравони мафкураи мазкур паёмадҳои ногувор на танҳо барои низомҳои сиёсӣ, балки барои мардумони оддӣ низ дар пай дорад.

Паёмади талошҳои сиёсатварзии номувафақи наҳзатиҳо дар арсаи ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон тӯли солҳои замони истиқлолиятёбии кишвар ва дар замони ҳозир тавсеаи маъракаи бадгӯӣ тавассути истифодаи фазои маҷозӣ нисбати кишварамон яке аз намунаҳои талоши харобиовари таъсиргузории мафкураи исломи сиёсӣ ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки бо чунин собиқаю намоди сиёсии дар зеҳни мардум пайдокарда парчамбардорони мафкураи мазкур даъвои барои ҷомеа таҳияи барномаи рушдро карданашон имрӯз ба мазҳакаи сиёсӣ монанд аст. Дар чунин мазҳака иштирокдорон албатта хаёлпарастонеанд, ки дар фазои маҷозии сохтаи худашон машғули бозӣ ҳастанд ва қудрати ҷалби назари дигаронро ба барномаҳои худ надоранд. Манзури мо дар ин ҷо даъвои чанде пеш расонаишудаи барномаи рушди таҳияшавандаи наҳзатиҳо аст, ки касе онро мутолиа накардаю онро маҳсули зеҳни ғурбатгуморонаи эшон медонанд. Зеро таҳияи чунин барнома наметавонад маҳсули тахайюли сирф мафкураи исломи сиёсидоштаи доираи маҳдуд бошад, балки он ҷамъоварию ҷамъбасти маълумотеро тақозо мекунад, ки фаъолияти дастаҷамъонаи силсилаи бешумори ниҳодҳои маъмурӣ ва илмию таҳлилиро тақозо мекунад. Айни замон дар чорроҳаи чунин сардаргумӣ афтодани ҳокимияти муваққати Афғонистон бозгӯикунандаи чунин хаёлпарастиҳои ҳаракату ҷунбишҳои мазҳабӣ ба шумор меравад. Бинобар ин илҳомбахшони наҳзатиҳо чӣ дар замони ҳозир ва чӣ дар гузаштаи на чандон дур дар кишварҳои дигар низ бо сабаби надоштани зарфияти барномарезии рушди муосири ҷомеаҳои худ ҳамеша новобаста аз касби қудрат дар ҷомеа баъдан яке паси дигаре аз саҳнаи сиёсӣ канор андохта мешуданд. Яке аз намунаҳои барҷастаи он ба сари ҳокимият расидани роҳбарони ихвонияшон дар Миср буд, ки натавонист идораи кишварро тибқи хостҳои доираи васеи мардум амалӣ гардонанд ва бо ҳамин дар фурсати хеле кутоҳ риштаи умри қудратталабии худро қайчӣ заданд.

Вобаста ба масъалаи зикршуда бо таваҷҷӯҳ ба вазъи кунунии рушди ҷомеаи башарӣ беихтиёр чунин саволе ба зеҳни ҳар як фард ва таҳлилгари иҷтимоию сиёсӣ роҳ меёбад, ки то кадом сатҳ мафкураи исломи сиёсӣ қудрати посухгуӣ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосирро дорад. Барои дарёфти посух ба ин савол пеши назар овардани силсилаи масъалаҳое, ки дар марҳалаҳои гузашта дар маърази таваҷҷуҳи низомҳои оламшумули башарӣ қарор доштанд ва ҳар як ҷомеа талоши посухгӯии худро дар баробари онҳо ба харҷ медод, аз аҳамият холӣ нест. Ҳаракату ҷунбишҳои масъулиятпазир зимни чунин талошҳо дар қадами аввал ҳарчи бештар барои таъмини роҳи ҳамвори расидани инсонҳо ба неъматҳои ҳаётию таалаботҳои амниятияшон даст ба мардум дода, бо онҳо тавофуқ карданро кафили мувафаққияти хеш меҳисобиданд. Агар аз ин мавқеъ ба талошҳои мафкураи исломи сиёсӣ назар андозем пас мебинем, ки эҷоди тафриқаю низоъҳо миёни мардум тавассути афрухтани алангаи зиддиятҳои арзишӣ бар ивази ҷустуҷуи мусолиҳаю тавофуқ дар амалҳои сиёсатварзии онҳо афзалият доштааст. Ихтиёри чунин шеваи амал тули таърих боиси эҷоди мушкилоти муносибати тарафайни онҳо ҳамеша бо аксарияти мардум ва низомҳои сиёсӣ гаштааст. Он чизеро, ки аз анбони сармояи зеҳнию рафториашон алайҳи ин даъватҳо қарор медоданд ниҳоятан ба заъфи рушди ҷомеаи худ ва ба кавири фақру залолат ғутавар шудани мардум сабаб мегардиданд.

Барои эътимод ба ин қазоват интихобан якчанд намунаро аз силсилаи мавзуъоти дар маърази таваҷҷуҳи амалҳои сиёсии асри ХХ ва аввали асри ХХ1 қарордошта мисол меорем, ки чӣ гуна зарфияти посухгуии мафкураи исломи сиёсӣ ба онҳо сурат гирифтааст. Қабл аз зикри ин масоил ҳаминро бояд гуфт, ки талоши посухгуии исломи сиёсӣ ба онҳо муносибу мувафаққона ва ба манфиати рушди ҳаёти ҷамъиятии даврони нав набудааст. Инро пеш аз ҳама дар сохторёбии мавзуъҳои дар маърази таваҷҷӯҳи ҳавзаҳои ниҳодинасозии амалҳои сиёсии замони муосир дар кишварҳои мусалмоннишин дар посух ба фишорҳои низоми нави шаклгирандаи ҷаҳонӣ, ки ба сифати субъекти аслӣ давлатҳои миллии асли дунявӣ доштаро тақозо дошт, мушоҳида кардан мумкин аст. Чун ин раванд дар баробари масоили гуногун инчунин масъалаи тавзеҳи шакли ҳамкории давлат ва эътиқоди мазҳабии ҷомеаро дарбар мегирифт зуҳури он дар рӯзномаи амалҳои исломи сиёсӣ тобишҳои мухталифро касб намуд. Вобаста ба ин дар амалияи кӯшиши таҳмили идеали рушди ҷамъиятии худ ба зеҳни аъзоёни ҷомеа ҷилва додани мушкилоти рафънашавандаи низоми сиёсии дунявиро бо аркони эътиқоди мазҳабии мардум афзалият медоданд.

Агар ба ташаккули дидгоҳҳо оид ба чигунагии ҳамкории давлат ва дин аз ин мавқеъ назар андозем мебинем, ки дар ин маврид ҳам дар заминаи динҳо ва ҳам низомҳои сиёсӣ таърихан мавқеъгириҳои гуногун ба миён омадаанд. Мавқеъгириҳои таълимотҳои диниро дар робита бо чигунагии ҳамкорияшон бо низомҳои сиёсӣ мухтасар метавон дар намунаи зерин хулоса кард. Ин мавқеъгириҳо аз ҳамдигар тафовути назаррас доранд ва ин дар навбати худ таъсирашро ба муносибати тарафайни онҳо мегузорад. Дар насроният таъйинкунандаи вижагии ҳамкории дину давлат руи фурмули маъмуле, ки маҳаки аз ҳамдигар ҷудо намудани сарҳадоти ҳокимияти дунявию руҳонӣ дониста мешавад, яъне «кори худоро ба худо вогузору кори қайсарро ба қайсар» баён гардида буд. Дар индуизм маҳаки ҷудосозии сарҳадоти ҳокимияти руҳонию дунявӣ аз вижагии сохтори иҷтимоӣ асос мегирад, ки дар он ваколати татбиқи ҳокимияти дунявӣ ба души намояндагони табақаи кшатраҳо ва ҳокимияти руҳонӣ ба души табақаи браҳманҳо вогузор гардидааст. Ислом ҳамеша аз руи принсипи ягонагии ин ду навъи ҳокимият пайравӣ мекард, ки ин аксар маврид омили эҷоди зиддият дар ҳамкории дин ва давлат мегардид.

Таҷрибаи дар заминаи ҳамкории низоми ҷамъиятӣ ва дин ҷустуҷу намудани суботи иҷтимоӣ ба ганҷинаи афкори иҷтимоии мо намунаҳои гуногуни онро ворид намудааст, ки омузишашон барои дарки паҳлуҳои гуногуни ин масъала дар замони муосир низ аз аҳамият холӣ нест. Омузиши моделҳои марбут ба таъмини суботи иҷтимоии дар афкори иҷтимоию динии мо нуҳуфта нишон медиҳад, ки нусхабардорию пайравӣ аз моделҳои пешниҳоднамудаи суботи иҷтимоии онҳо аз нигоҳи муосир мақсаднок нест. Ҳарчанд имруз як чунин идеал дар таҳтушшуури баъзе аз афрод ва гурўҳҳо дар ҷомеа вуҷуд дорад. Муҳтавои ин идеалҳо аз он иборат аст, ки чӣ тавр ба инсоният аз намунаи олитарини тартибу суботи дар олами фароиҷтимоӣ мавҷудбуда имконияти нусха бардоштан барои олами ҳаёти дунявияш фароҳам меояд.

Вале таърихи афкори иҷтимоӣ гувоҳ аст, ҳануз дар асрҳои миёна ироаи чунин консепсияҳо ба мушкилот дучор шуда будандю Заминаи ин мушкилот эътирофи фарқияти назму суботи олами фароуттабиию иҷтимоӣ ба миён омад. Минбаъд андешаронию кўшиши амалан даст ёфтан ба ҳамоҳангии низоми тартибу суботи ҳаёти ҳамарўзаи иҷтимоии инсон дар шакли моделҳои гуногуни ҷомеаҳои ормонӣ сурат гирифт. Дар тамаддуни исломӣ намунаҳои барҷастаи ин гуна кўшишҳо аз ҷониби А. Форобӣ, И. Боҷа, А. Ҷомӣ ва ғайраҳо амалӣ гардиданд. Улгуи ҷомеаи ормонӣ инсонеро мадди назари худ қарор медиҳад, ки дорои сифатҳои муносиб ба арзишҳои назму тартиботи олами фароуттабиӣ бошад. Чун дар воқеияти ҳаёти башарӣ пайдо кардани чунин инсонҳо хеле душвор ба назар мерасад, бинобар ҳамин инсони заминии ба намоди инсони комил ташаккулёфтаро пайдо кардан дар ҷомеа ғайриимкон гардид. Вале то имруз дар зеҳни мардуми мо ин идеал ҷой дорад ва баъзан тарғиб мешавад. Ин яке аз омилҳои камтаваҷҷўҳии мо ба ниёзҳои воқеии афроди ҷомеа мебошад.

Гардиши нисбатан куллӣ дар баррасии муҳтавои суботи иҷтимоӣ дар таълимотҳои И. Халдун, Гоббс, Локк, Руссо ва дигарон ба амал меояд, ки ин як навъ фосилагирӣ аз намунаҳои сирф динии таъмини суботи иҷтимоӣ дар ҷомеа буд. Тибқи андешаи онҳо суботи иҷтимоӣ на маҳсули инъикоси намунаҳои фароуттабиӣ ва на майли пайравӣ аз моделҳои гуногуни ҷомеаҳои ормонӣ мебошад. Суботи иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ бо фаъолияту талаботҳоти инсон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Бинобар ҳамин ҳам, таъмини суботи иҷтимоӣ пеш аз ҳама зарурияти танзими фаъолияту таъмини талаботҳои муқаррарии инсонро ба миён мегузорад. Дар ин самт ҷомеаҳо ҳарчанд аз фишангҳои гуногун истифода мебаранд, вале дар маҷмўъ хусусияти онҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ таҷассуми худро меёбад, ки ин салоҳияти эҷоди усулҳои ташкилу нигоҳдории суботи иҷтимоиро ба души худи инсонҳо вогузор мекунад.

Маҳз дар ҳамин замина шаклҳои навини идоракунию таъмини суботи иҷтимоӣ ба миён омаданд, ки машруъияташон дигар ниёз ба тафвизу таъйини илоҳиро надошт. Ин то андозае ҳудуди даъвоҳои ниҳодҳои диниро оид ба машруъиятдиҳии илоҳии низомҳои муайяни идоракунӣ, чӣ дар аврупо ва баъдан дар кишварҳои шарқӣ, маҳдуд сохт. Вале дар кишварҳои шарқӣ бо гузашти солҳо чун ниҳодҳои динӣ ба қабули ин амалияи ҷомеасозӣ омода набуданд пас ин яке аз омилҳои ноустувории суботи ҷамъиятии онҳо гардид. Яке аз намунаҳои пуртаззоди муносибат карданро ба чунин амалияи муосири ҷомеасозӣ мо дар мавриди ташкили давлати Покистон мебинем, ки дар он вобаста ба ин масъала сиёсатмадорон бо гуруҳи улумои маъруфи динӣ вориди баҳсу талошҳои зиёд шуда буданд ва ин баҳсҳо ахиран бо мусолиҳаи онҳо оид ба тарзи ташкили давлати исломие, ки руҳониён бо вуҷуди давлати исломӣ унвон шудани мамлакат аз дарёфти мақоми роҳбарикунанда доштанашон дар он маҳрум шуданд, анҷомид. Дар дигар кишварҳо низ нобарории ҳамкориҳои ҳокимиятҳои сиёсӣ ва дин дар масъалаи афзалиятдиҳии намунаи муайяни суботи иҷтимоӣ аҳёнан боиси ташаккули сохтҳои сиёсии хусусияти авторитарӣ ва демократияи ҳарбӣ дошта гардид.

Омилҳои дар ин принсипҳо хусусияти таззоддошта дар даврони ташаккули давлатҳои миллӣ дар ҳавзаҳои гуногуни ҷуғрофию тамаддунӣ амиқтару ҷиддитар аз худ дарак доданд. Ҷустуҷуи роҳи ҳалли ин таззодҳо дар баъзе ҳавзаҳо ба таҳкими асосҳои давлати миллӣ ва дар дигар ҳавзаҳо баръакс боиси воридсозии мушкилот дар истиқрори суботи сиёсӣ гардиданд. Падидаи аввал равшантар аз ҳама дар ҳавзаи тамаддуни аврупойӣ мушоҳида мешавад, ки дар он зуҳури консепсияҳои дунявият ба тадриҷ динро моил ба қабули зарурияти маҳдудсозии даъвояш аз доштани мақоми хоса дар умури дунявӣ сохт. Ин раванд дар заминаи назарияпардозиҳои давлати дунявие, ки ҳамчун улгуи англосаксонӣ ва улгуи фаронсавӣ маълуманд, асоснок карда шудааст. Чуноне ки маълум аст барои модели фаронсавӣ тамоюли аз саҳнаи оммавӣ ба мадори фардият кашидани зуҳури мансубияти динии шахс ва ҷудосозии шадиди дин аз давлат хос аст. Баръакс модели англосаксонӣ зуҳури тамоюлоти диниро дар фазои оммавии ҷомеа ҳамчун таҳдид ба суботи иҷтимоӣ баррасӣ намекунад ва давлат дар баробари такя ба арзишҳои динӣ дар татбиқи ҷомеапазирии мақсадноки одамон инчунин дар танзими қонунии ин равандҳо фаъолона иштирок менамояд. Чунин шеваи муътадили ҳамкории дин ва давлат хатари дар шароити махфӣ, ғайриошкоро фаъолият кардани одамонро барои татбиқи арзишҳои динияшон метавонад камтар кунад.

Дар амалияи ҳамкории давлат ва дин дар Тоҷикистон имруз мо аҳёнан намунаи татбиқи модели англосаксониро мушоҳида мекунем, ки он воқеан ҳам кафолати таъмини суботи иҷтимоиро ба душ дорад. Маҳз ҳамин боиси он гашт, ки ҷомеа усули дунявияти раванди эъмори давлати миллиро бидуни мухолифат қабул намуда, минбаъд саҳеҳияти онро чи аз нигоҳи илми муосир ва чи аз нигоҳи шаръӣ низ асоснок намуданд. Назарияпардозии дар ин замина ташаккулёфта дар Тоҷикистон, ки ҳамзистии давлати дунявӣ ва динро мусолиҳатомез арзёбӣ менамояд, хусусияти нотакрор дорад ва агар минбаъд такмил ёбад он метавонад барои баъзе аз кишварҳои мусулмоннишин, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ, намунаи омӯзанда гардад. Заминаи ин назарияпардозӣ аз як қатор мақолаҳои Президенти мамлакатамон ва силсилаи андешарониҳои олимону пешвоёни динии кишварамон маншаъ мегирад.

Дар марҳилаи имрӯза эҳсоси заъфи бо забони сиёсӣ ифода кардани талошу интизориҳои мардум аз ҳаёти муносибу ба шарафи инсонияшон ҷавобгӯй пайравони мафкураи исломи сиёсиро ба интихоби роҳи тарсу ваҳшатафканӣ ва бадгӯӣ кардан аз таъриху тамаддуни бумӣ, анъанаҳои миллӣ мебарад. Барномаҳояшон саршор аз як навъ бозӣ бо луғатҳои ҷиҳодталабӣ ва пойбанди уммед ба зиндагии бемисли ухравӣ сохтани мардум аст. Мусаллам аст, ки бардошти маънидорона аз чунин забони сиёсии мафкураи қудратталаб дигаронро водор ба ҷеҳрасозии даҳшатафканонаи кулли сокинони ҳавзаҳои фарҳангии зуҳури намояндагони ин гурӯҳҳо месозад. Самараи чунин ҷеҳрасозиҳо имрӯз ба он оварда расонидааст, ки дар назари ҷомеаи ғарбӣ таркиби ҳувияти ин мардум акнун холӣ аз унсурҳои ба ҳаросафканию тундгаройӣ тамоюлдошта ҷудо тасаввур намешавад. Чанде пеш дар маҷаллаи “Нейшонел интерес” мақолаи Алиризо Ахмади таҳти унвони “Набарди руссия-укроинӣ нишон дод, ки Аврупо то имруз Шарқи Надикро дуруст дарк накардааст” ба табъ расид, ки дар он муаллиф вазъи қабули муҳоҷирони иҷбории аз маконҳои ҷангзадаи мусалмоннишин ба кишварҳои ғарбиро дар муқоиса бо муҳоҷирони украинӣ тасвир намудааст. Барои яке агар оғӯши гарм ба истиқбол шитофта бошад, пас барои дуюмӣ шароити тоқатфарсои ғайрибашарӣ зери хаймаю бошишгоҳҳои дур канори мардуми бумӣ насиб гардонида шудааст. Муаллиф сабаби чунин муносибатро дар он мебинад, ки: “мусалмононро барои он канор меандозанду ваҳшатнок ҷилва медиҳад, ки фарҳангу ҳувияти онҳо бо даҳшатафканию ифротгаройӣ алоқаманд дониста мешавад.”.

Чунин ҳолат наметавонад заминаи равнақи рушди босуботи ҷомеаро эҷод кунад, зеро зимни таомулот бо олам танҳо аз мавқеи арзишӣ, аз ҷумла арзишҳои мазҳабӣ баромад намудан ин маънои худро ба оғӯши баҳсу даргириҳои ҳалокатбор андохтанро дорад. Чунин диди назар ба дурнамои татбиқи таомулоти сиёсӣ бо олам, хусусан барои кишварҳои рӯ ба инкишоф, хатари зиёди дохилию беруниро метавонад ба дунбол дошта бошад. Зеро дар ин замина онҳо наметавонанд назари мусбати дигаронро ба мафкураю арзишҳояшон ҷалб намоянду ба гуногунии фарҳангии ҷаҳони имрӯза бо чашми иззату эҳтиром нигоҳ кунанд. Бинобар ин зимни тарҳрезию татбиқи муомилоти сиёсӣ бо кишварҳои ҷаҳони имрӯз афзалиятдиҳии абзорҳои сиёсию иқтисодии орӣ аз арзишҳои қавмгароёнаю мазҳабӣ муҳим ба назар мерасад. Ин имконият медиҳад, ки кишварҳои мазкур имтиёзҳои муайянро барои таъмини рушди устувори худ ба даст оранд. Пайравӣ аз чунин интизориҳои ҷомеаи башарии муосир барои гурӯҳҳое, ки қисми бештари фаъолияташонро сарфи амалҳои террористӣ кардаанд, ғайривоқеӣ ба назар мерасад. Бинобар ин даъвои гурӯҳи наҳзатиҳо барои таҳияи барномаҳои рушд тасаввуури ғайривоқеиятгарона аз масоили ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ ба назар мерасад.

Ҳамин тавр, имрӯзҳо новобаста аз босуръат иваз шудани вазъи ҷаҳону минтақа бо бардошт аз собиқаи талхи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон истодагарии бештарро барои нокомсозии талошҳои гурӯҳҳои исломгарои сиёсӣ барои ҳоким шуданашон ба сарнавишти мардуми на танҳо кишварамон, балки минтақа ба харҷ медиҳад. Ин ҳам дар ҳолате сурат мегирад, ки таҳдиди хатари ин гурӯҳҳо на танҳо тавассути фазои маҷозӣ инчунин таҷаммӯъи дастаҳои ҳаросафкани аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон созмонёфта дар тули сарҳади давлатҳои ИДМ бештар мегардад. Ҳодисаҳои сентябрии Қазоқистон нишон доданд, ки дар фурсатҳои барояшон муносиб чунин гурӯҳҳо метавонанд аз дохил низ ячейкаҳои хуфтаи худро бедор созанд ва барои анҷоми амалҳои ғасби қудрат сафарбар созанд. Аз ин рӯ устувории Тоҷикистон дар мавқеи интихобкардааш нисбати низоми имрӯз ҳоким дар Афғонистон низ аз он бармеояд, ки дурахши шарораи илҳомбахшии он ба талошҳои гурӯҳҳои исломгарои сиёсӣ баҳри ҳоким шудан ба сарнавишти мардуми минтақаҳои дигар пешгирӣ карда шавад. Баъзе аз кишварҳое, ки ба уммеди баҳраи зудҳангоми иқтисодӣ гирифтан масъалаи амниятиро маҳсули қаноатмандии талаботҳои моддӣ меҳисобанд, дар навбати худ мумкин аст беихтиёр алангаи оташи зиддиятҳои мавҷударо минбаъд боз ҳам фурӯзонтар созанд. Барои пешгирии чунин вазъият ҳамкориҳо бо низоми мазкур бо роҳи коҳиши ҳамкориҳои ҳарбӣ бояд аз мавқеи батадриҷ ғайринизомисозии он пеш равад ва барномаи дастгириҳ о танҳо ба хотири паст кардани шиддати фақру бекорӣ татбиқ карда шавад. Аз ин ҷиҳат андешаи эҷоди ҳалқаи амниятӣ атрофи Афғонистон тавассути ҳамкории кишварҳои ҳамсарҳаду шарикони рушди он, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ба воқеият наздиктар аст. Вагарна ҷуброни хатари оқибатҳои ногувори қувват гирифтани гурӯҳҳои исломгарои сиёсӣ барои ҳоким шуданашон ба сарнавишти мардуми ин кишварҳо сангин хоҳад шуд. Чунин андешаро муҳаққиуи рум Малашенко С. низ дар мақолааш таҳти унвони “Исламизм в Центральной Азии: cегодня – тишина, а завтра?” баён кардааст.

Мубрамияти ин масъалаҳо дар ҷомеаи тоҷикистонӣ имрӯз низ эҳсос мешавад, зеро дар баробари фазои буғранҷи ҳаёти сиёсии ҳамсоякишварамон инчунин аксар маврид гурӯҳҳои маҷозии мазҳабӣ кӯшиши таҳмили моделҳои тезутунд сохтани заминаи ҳамкориҳои осоиштаи давлату эътиқоди мазҳабии ҷомеаро ба харҷ диҳанд. Бинобар ин масире, ки имрӯз дар пешорӯи ҷомеаи мо бар асари ҳодисаҳои хеле мураккаби олами муосир қарор дорад, моро мӯътақид месозад, ки чунин иқдомҳои гурӯҳҳои таассубпеша наметавонанд ва набояд ҷузъи барномаи рушди кишвари мо гарданд. Ҷомеаи тоҷикистонӣ тӯли солҳои истиқлолият таҷрибаи кофии таҳия ва татбиқи барномаҳои воқеии рушди кишварамонро бо такя аз манфиатҳои миллии он андухтааст. Масалан, ба таври зудҳангом нишон додани муносибати мутавозини кишварамон ба ҳодисаҳои ҳаёти дохилӣ ва берунӣ дар мавриди пешгирии оқибатҳои манфии таҳримҳои зиддирусиягӣ ба таври барҷаста намоён шуд, ки дар натиҷаи он раванди муътадили таъмини талаботҳо ба хизматрасониҳо, маводи озуқаворӣ, фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайра ба даст омад.

Усмонзода.Х.,
д.и.ф, профессор, узви вобастаи АМИТ,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед