Баъд аз истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ҷаҳон обрӯву нуфузи муайянро соҳиб шуд. Дар муҳлати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии мо бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккули тафаккури миллат низ пешравиҳои мушаххасро ба даст овард. Маҳз дар натиҷаи ҳамин имрӯз дар қаламрави мамлакат сулҳу субот ва оромиву осудагӣ ҳукмфармо буда, марҳилаи нави рушди маънавии миллат фаро расид. Бо ин мақсад дар аксари  баромадҳои худ Пешвои миллат такя ба ҷавонон намуда, насли наврасро ба роҳи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ҳидоят менамоянд.

Барои дар амал ҷорӣ намудани ин сиёсат ва рушди босуботи кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳои сирф миллӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, барои сарфаи буҷаи оила ва гирифтани сари роҳи хароҷоти изофагиву бемантиқ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” 28-уми августи соли 2007 қабул гардид. Дар ин радиф барои пурзӯр намудани таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону наврасон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд, зеро тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар оила ин яке аз стратегияҳои муҳими идеологӣ ба шумор рафта, маҳаки асосии ҷомеаи солим мебошад.

Дар робита бо ин Пешвои миллат таъкид доштанд: “Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон  бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ  ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд”. Дар ҳақиқат, чи тавре ки аз суханҳои Пешвои миллат бармеояд, на танҳо ҷавонону наврасон, балки бо маънии том инсон дар оила тарбияи рӯҳии мусбат ё манфӣ мегирад.

Чунонки дар моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, “Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.” Бо сабаби  озод будани шаҳрвандон дар интихоби мафкура имрӯз дар асри XXI, ки асри техникаву технология ва инноватсия ба шумор меравад, омилҳои таъсиррасон ба ҷаҳонбинӣ, мафкура ва фикрронии онҳо зиёданд. Ин омилҳо васоити ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ, филмҳо ва сарчашмаҳои дигари иттилоотӣ мебошанд. Дар баробари нақши оила, тарзи дуруст ё нодуруст истифодабарии ин воситаҳо омили муайянкунандаи хислатҳои неку бади инсонӣ низ шуда метавонанд. Бинобар ин ташаккули тафаккури солиму қавӣ ва муосир воситаи асосие барои тарбияи дурусти инсон дар роҳи рушти босуботи кишвар мебошад.

Бунёди мактабу боғчаҳои кӯдакона, бунгоҳҳои тиббӣ, иншоотҳои фарҳангӣ – маърифатӣ, боғҳои фароғатӣ ва рушд додани инфрасохтори дигари мамлакат, ғамхорӣ нисбат ба бепарасторону ятимон, маъюбон, хонандагони болаёқат ва дастгирии доимии онҳо ин ҳама исботи он аст, ки Пешвои миллат дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди тафаккури солиму қавӣ дар ҷомеа пояҳои асосиро гузошта, мунтазам кӯшиш намуда истодаанд, ки он боз ҳам мустаҳкамтар гардад.

Мавҷуд набудани тафаккури солим ва қавӣ боиси он мегардад, ки қувваҳои мухолифи давлатӣ ва давлатҳои абарқудрат барои амалӣ гардонидани мақсадҳои гуногуни худ дар ҳолати зарурии ба онҳо мувофиқ ҷомеаро ноором сохта, онро ба ҷангу ҷидолҳои харобиовар оварда расонанд. Ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мисоли ин гуфтаҳои боло бошад, зеро он ба манфиатҳои қувваи сеюм буд.

Бояд таъкид намуд, ки танҳо кӯшишу ҳаракатҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани тафаккури солиму қавӣ дар ҷомеа басанда нест. Имрӯз, мутаассифона, ин амал дар ҷомеаи мо ба таври зарурӣ роҳандозӣ нагардида, такмилу коркарди бештарро талаб менамояд. Барои ҷорӣ ва мустаҳкам  намудани тафаккури солим дар ҷомеа ҳамаи сохторҳои давлатиро зарур аст, ки ба таври дуруст онро дарк намуда, барои амалишавии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аз як гиребон сар бароранд ва ҷидду ҷаҳди бештар намоянд.

Вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда мехостем, ки чанд андешаеро оид ба ташаккули тафаккури солим ва қавӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон баён намоем. Барои ин бошад, тафсири мафҳуми идеологияро овардан зарурат дорад.

Андешаву фикру мулоҳизаҳои олимон оид ба мафҳуми идеология ва моҳияти он гуногун буда, то ҳанӯз ҳалли мантиқию ягонаи худро наёфтааст. Масалан, олимону намояндагони гуногун нисбат ба идеология андешаҳои худро иброз намуда, тарафдорон ё ҳамфикрони худро пайдо карданд. Мисоли ин А. Дестют де Траси, О. Конт, К. Маркс, Ф. Энгелс, Э. Дюркгейм, М Вебер, В. Парето, К. Мангейм, Т. Парсонс ва дигарон буданд.

Яке аз аввалин муҳаққиқоне, ки идеологияро таҳлили амиқ намудааст, ин олими франсуз – файласуф ва иқтисодчӣ Антуан Дестют  де Трасси мебошад, ки дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX зиндагӣ ва фаъолият намудааст. Ӯ дар китоби худ “Унсурҳои идеология”, ин мафҳумро ҳамчун “илм дар бораи ғояҳо” тавсиф дода, қайд менамояд, ки илми идеологӣ бояд мисли дигар илмҳои дақиқ возеҳу аниқ буда, ҳамчун воситаи тарбияи шаҳрвандони хайрхоҳ, ки сулҳу суботи ҷомеаро нигоҳ медоранд, хизмат намояд. Ҳамзамон, ӯ ибрози ақида намудааст, ки идеология ин илм дар бораи ғояҳоест, ки табиати фикрронии инсонро таҳқиқ намуда, ҳақиқат ё дурӯғро муайян менамояд. Ин назарияи олими машҳур то имрӯз рӯзмарра мебошад.

Бо мурури замон фаҳмиши идеология тавсифи дигар гирифт. Як сабаби таъғирёбии тавсифи идеология ин пешниҳоди консепсияи К. Маркс ва         Ф. Энгелс мебошад. Аз нигоҳи марксистӣ идеология ин низоми назарҳо, ғояҳо ва эътиқодҳое мебошад, ки манфиатҳои гуруҳҳои гуногуни иҷтимоиро баён менамояд. Барои асосгузорони марксизм идеология ин воситаи муборизаи синфӣ буд.

Мувофиқи ақидаи К. Маркс дар асоси идеология манфиатҳои гуруҳҳои иҷтимоии ҳукмфармо, ки даъвои ҳамаҷониба, оммавӣ ва дуруст буданро доранд, гузошта мешавад. Идеологияро К. Маркс ҳамчун шуурнокии бардурӯғ, таҳрифшуда ва муаррификунандаи манфиатҳои синфи ҳукмрон мешуморад.

Олимони рус профессор Дзахова Лариса Хасановна ва дотсент Бязрова Ҷулетта Барановна дар мақолаи худ бо номи “Идеология ҳамчун омили муҳими ҳаёти ҷомеаи муосир” (Идеология как необходимый фактор жизни современного общества) нисбат ба мафҳуми идеология якчанд фикру мулоҳизаҳои олимони давру замони гуногунро иқтибос оварда, онро чунин шарҳ додаанд:

  • идеология ба якчанд принсипҳо асос ёфта, онҳо дар навбати худ ҷавҳари онро ташкил медиҳанд. Идеологияи алакай ташкилёфта бошад, ба низоми ягона табдил ёфта, вазифаи пайвасткунии манфиатҳо ва орзуҳои гуруҳҳои ҷамъиятиро иҷро менамояд;
  • идеология табиатан баёнгари раванди рушди ғояҳое мебошад, ки дар он гузошта шудааст.

Дар маҷмуъ идеология, аз як тараф ҳамчун низоми назарҳо ғояҳои назариявиро, ки ҳамчун модели идеалӣ қудрати иброз намудани манфиатҳои гуруҳҳои иҷтимоиро доранд, дар бар гирифта, аз тарафи дигар он дар асоси талаботи воқеии гурӯҳҳо ва табақаҳои аҳолӣ таҳия карда мешавад.

Ҳамин тариқ, идеология ҳамчун низоми рушдёбандаи ғояҳо ва нуқтаҳои назар метавонад намуди назариявӣ дошта бошад ё ин ки ба талаботи воқеии аҳолӣ асос ёфта бошад. Бинобар ин ташаккулёбии идеология чӣ аз боло ба поён ва чӣ аз поён ба боло амалӣ карда мешавад.

Ягон давлат бе асосҳои маънавӣ фаъолият карда наметавонад, чунки маҳз маънавиёт ваҳдату ягонагии онро таъмин намуда, барномаи иҷтимоии мақсадноки ҳаёту фаъолияти халқро дар бар мегиранд. Беҳуда нест, ки рушди давлат дар асоси то чӣ дараҷа қавӣ будани маънавиёт ва тафаккури солим дар ҷомеа баҳо дода мешавад. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарогири идеяҳои ватандӯстӣ, ҳифзи миллату давлат ва дастовардҳои истиқлолият, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки асоси тафаккури солиму қавии шаҳрвандони моро ташкил медиҳад.

Тафаккури қавӣ ин фарогири ғояҳое, ки аз нигоҳи фалсафӣ ба таври дақиқ асоснок шуда, дар низоми мустаҳками иқтисодиву сиёсӣ замина доранд, вазифаи банақшагирии стратегиро иҷро менамоянд ва воситаи самараноктарини рушди ҷомеа мебошанд. Мо низ, агар хоҳем, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, рушди босуботи давлатамонро таъмин намоем ва дар ин асос барои наслҳои ояндаи худ мероси хуб гузошта, ояндаи дурахшони онҳоро таъмин намоем, бояд рӯ ба тафаккури солиму қавӣ биёрем.

Инҷо саволе ба миён меояд, ки тафаккури солим чӣ маъни дорад?  Чунонки ҳангоми шарҳи мафҳуми идеология иброз намудем, идеология баёнгари низоми рушдёбандаи ғояҳо ва нуқтаҳои назар дар ҷомеа мебошад. Агар, чунин бошад, дар ҷомеа метавонад ғояву нуқтаи назари манфӣ ё тафаккури носолим низ рушд ёбад. Бинобар ин тафаккури солим гуфта, мо сайқал додани афкори ҷомеаро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар назар дорем. Ҳамаи ин бошад, ҷавҳари сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ташкил медиҳад.

Чи тавре дар боло қайд намудем, аҳамияти маънавиёт барои давлат ва ҷомеа бузург буда, давлате, ки тафаккури солиму қавӣ надорад, мисли одамест, ки масъуният (имунитет) надорад. Ҳамаи мо медонем, шахсе, ки масунияти паст дорад, барои ӯ ҳатто маризии ночиз метавонад фоҷеабор бошад. Пас, давлате, ки тафаккури солиму қавӣ надорад, ба ҳар гуна чолишҳо осебпазир мемонад. Ҷой доштани тафаккури солиму қавӣ дар ҷомеа ин кафолати расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат мебошад. Чунки рӯҳияи хуби аҳолӣ имкон медиҳад, ки ҳамаи мушкилоти дар пеш будаи давлат ба осонӣ бартараф шуда, ҳамаи ин кафолати рушд гардад. Чунин таҷрибаҳо дар таърихи ҷомеаи инсонӣ зиёд буда, бояд боиси диққат ва таҳлил бошанд.

Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз тафаккур, ё он солҳо идеологияе, ки дар ҷомеа мавҷуд буд, боис шуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғолиб омада, дар муддати кӯтоҳ инфрасохтори аз таъсири ҷанг вайрону валангор шуда барқарор шавад ва ба яке аз давлатҳои қудратмандтарини ҷаҳон мубаддал гардад. Дар навбати худ филмҳое, ки дар ин давра офарида мешуданд, характери идеологӣ дошта, инсонро барои парастории адолат, меҳру муҳаббат ба муқаддасоти шӯравӣ, содиқ будан ба ҳизб ва давлат, баробарӣ даъват менамуданд. Мақсади ягона аз тарбияи идеологии даврони шӯравӣ он буд, ки тамоми шаҳрвандон, бахусус ҷавонон аз ҷиҳати идеологӣ ҳамчун шахсияти вафодор, содиқ ба ватан ба воя расанд.  Низоми тарбияи идеологӣ ба дараҷаи олӣ ба роҳ монда шуда, ҳама занҷираҳои он бо ҳам алоқаманд буданд. Насли наврас аз айёми кӯдакӣ бо муҳити зарурӣ иҳота шуда, дар боғчаи кӯдакон заминаҳои аввалини идеологии он гузошта мешуд. Дар давраи мактабӣ бошад, аз синфи 1 то 4 кӯдакони болаёқатро интихоб намуда, ба гурӯҳҳои октябрят ва аз синфи 5 то 8 – ро бошад ба гурӯҳҳои пионерӣ дохил менамуданд. Ин ба дигар толибилмон намунаи ибрат шуда, дар вуҷуди онҳо як ангезаро бедор менамуд, то ки онҳо низ ба ин гуна дастовардҳо ноил гарданд. Занҷираи навбатии тарбияи идеологӣ барои ҷавонон ин шомил шудан ба гуруҳи комсомолӣ буд. Ингуна тарзи тарбия пеш аз ҳама ҳисси рақобати солимро дар вуҷуди ҷавонон бедор намуда, онҳоро водор месохт, ки ба дастовардҳои хуби илмӣ, амалӣ, варзишӣ ва ғайра ноил гардида, идеология ва сиёсати давлати шӯравиро дастгирӣ намоянд. Аз ингуна ҷавонон мутахассисони хуби ватандӯст ба воя расида, ҳамаи онҳо барои рушди меҳани худ хизмат мекарданд ва дар раванди фаъолияти корӣ худ ба дастовардҳои назаррас комёб мешуданд. Охирин марҳила ё занҷираи тарбиявии идеологӣ ин шомил шудан ба ҳизби коммунистӣ буд. Ба ғайр аз ин, фишангҳои дигари таъсиррасони идеологӣ дар даврони шӯравӣ бисёр буданд. Дар чойхонаву тарабхонаҳо ва тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ фазои тарбиявии идеологӣ бараъло ҳис карда мешуд, ки дар маҷмӯъ ин ҳама идеологияи солиму қавии ҷомеаро таъмин ва пурзӯр менамуд.

Мисоли дигар давлати Ҳиндустон шуда метавонад, ки бо филмҳои овозадори худ дунёро ба ваҷд оварда, тарбияи хуби маънавии халқи худро дар роҳи ватандустӣ, муҳаббат ва зебопарастӣ, ба роҳ мондааст. Гарчанде қисми аҳолии Ҳиндустон дар ҳолати қашшоқӣ умр ба сар баранд ҳам, аммо ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ, муҳаббат, инсондӯстӣ, зебоипарастӣ ва садоқат ба ватан дар онҳо бузург аст.

Давлати дигар – Туркия низ бо филмҳои худ диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, таъриху фарҳанг ва маданияти худро муаррифӣ намуда истодааст. Ин ҳам ба тарбияи тафаккури халқи турк бетаъсир намонда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанг, зебоипарастӣ, инсондӯстии онҳоро бедор менамояд.

Аз гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки истифодаи дурусти маънавиёт аз ҷумла тафаккур ҷамъиятро сарҷамъ намуда, мавқеи давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ қудратмандтар менамояд. Албатта, низом ё сохтори кори тарбиявии давлатҳои мазкурро мо пурра истифода бурда наметавонем, чунки ҳар давлат онро тибқи хусусиятҳои хоси миллӣ, фарҳангӣ, динӣ ва мадании худ роҳандозӣ менамояд. Дар ин радиф моро зарур аст, ки дастовардҳои чунин давлатҳоро мавриди таҳлил қарор дода, ҳамчун дастурамал барои коркард, такмил ва рушди тафаккур ва маънавиёти худ истифода барем.

Дар баробари ин, имрӯз, мутаассифона, ҳастанд омилҳое, ки ба ҷомеа таъсири манфӣ расонида, онро ба гумроҳӣ оварда мерасонад. Мо дар асри техникаву технология ва ҷаҳонишавӣ зиндагӣ дошта, дар баробари рушд ёфтани ҷомеаи инсонӣ дар мубориза бо як қатор омилҳое, ки ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд, қарор дорем. Афроде, ки дар асри XXI зиндагӣ мекунанд, ба хубӣ аз пешрафти техника, технология ва дастовардҳои навини техникӣ огоҳ ҳастанд, хусусан аксари ҷавонон аз он бархурдор мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки таъсири дастрасии маҷмӯи хабарҳои гуногун, нисбати ҷаҳонбинӣ, фикрронӣ ва тафаккури ҷомеаи имрӯза пешгӯинашаванда буда, хатари таъсири манфии он низ вуҷуд дорад. Бинобар ин дар баробари истифода бурдани дастовардҳои маънавию ғоявии давлатҳои пешрафта, моро зарур аст, ки омилҳои муосиреро, ки  ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд, ба назар гирифта, сатҳи тафаккур ва маънавиёти имрӯзаи худро сайқал диҳем.

Дар охир иброз намуданием, ки моро зарур аст таърихи гузаштагони худро омӯзем, хатогиҳои рӯйдодаро ба назар гирифта, имрӯз роҳи дурусту комилро пеш гирем, то ки ояндаи дурахшони худро бисозем ва сиёсати хирадмандона, сулҳҷӯёнаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем. Дар ин марҳилаи таърихӣ мо метавонем танҳо бо роҳи амалӣ намудани ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат пояҳои давлатдории миллати тоҷикро устовор намуда, давлати пешрафтаи дунявиро барои наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Мирбобоев Фурқат Насимович – муовини

сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои

соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед