Мавриди зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012 таҳти №201 «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» таҳия ва қабул гардида буд. Татбиқи Барномаи мазкур се марҳаларо дар бар гирифта, соли 2020 маҳрҳалаи сеюми он ба анҷом мерасад. Бинобар ин, таҳлилу арзёбии татбиқи фазифаю афзалиятҳои Барномаи мазкур аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар доираи Барномаи мазкур нишондиҳандаҳои асосии зерин ҳамчун дурнамо барои давраи солҳои 2012-2020 муайян гардида буданд, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборат мебошанд:
- зиёд намудани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ то ба 50%;
- таъсиси чойҳои нави корӣ на камтар аз 25%;
- афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ 30%;
- афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот то 50%;
- зиёд намудани ҳаҷми қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкорӣ то ба 100%.
Натиҷаҳои омории раванди татбиқи Барнома нишон доданд, ки давоми солҳои 2012-2019 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ беш аз 1,6 баробар, таъсиси чойҳои нави корӣ беш аз 6 маротиба, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ 46,6 дарсад, аз ҷумла растанипарварӣ ва чорводорӣ аз 40 то 61 дарсад, маҳсулоти саноатӣ 2,9 маротиба, аз ҷумла саноати кокард беш аз 2,4 маротиба ҳаҷми содироти маҳсулот аз рӯи гуруҳи молҳо, тақрибан 25 дарсад зиёд гардидааст, ки ин гувоҳи возеҳи амалӣ гардидани дурнамои нишондиҳандаҳои дар Барнома муқарраргардида мебошад.
Аммо бо вуҷуди мушоҳида гаштани тамоюлҳои мусбат дар самти таъмини рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ҳоло ҳам як қатор масъалаҳои ҳалталаби дигар низ ҷой доранд, ки ҳаллу фасли онҳо ба рушди минбаъдаи соҳа метавонанд такони ҷидди бахшад. Ин гуфтаҳоро ҳамзамон ба он метавон асоснок намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми саханронии худ дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ – 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» таъкид доштанд, ки раванди дастгирии давлатии соҳибкорӣ вобаста ба вазъ ва рушди муносибатҳои бозорӣ дар кишвар талаб мекунад, ки ислоҳот дар ин самт идома дода шавад. Яъне то вақте, ки бахши хусусии кишварамон, соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва истеҳсолкунандагони ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ қобили рақобат ва фазои сармоягузории кишвар аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳо мусоид гардад. Илова бар ин, торафт шиддат гирифтани рақобати байналмилалӣ, махсусан, хуруҷи COVID-19, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилиҳои иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ ба бор овардааст моро водор месозад, ки дар самти татбиқи ҳадафҳои умумимиллӣ имконоту захираҳои мавҷударо самаранок истифода карда, фазои соҳибкориву сармоягузориро боз ҳам беҳтар ва фаъолнокии иқтисодии аҳолии Тоҷикистонро баланд бардорем.
Марҳила ба марҳила бартараф ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта, аз ҷумла дар самти таъмини рушди фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин бартараф намудани буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ пешгӯшаванда аз таъсири COVID-19, вазъи зуд таѓйирёбандаи ҷаҳони муосир, то рафт шиддат гирифтани муносибатҳои геосиёсӣ, авҷ гирифтани бархӯрдҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон гузоштани заминаҳои мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифат, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ зарурати қабули барномаи навро барои давраҳои оянда ба миён мегузорад. Бинобар ин, таҳия ва қабули «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва дар доираи он баинобат гирифтани масъалаҳои зерин ҳамчун афзалият ё вазифаи асосӣ ба мақсад мувофиқ мешуморем:
- Таъсис додани бонки махсусгардонидашуда дар самти дастгирии соҳибкорӣ, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ таввасути пешниҳоди маблаѓҳои имтиёзноки молиявӣ бо фоизҳои нисбатан паст. Дар доираи имкониятҳои функсионалии Бонки мазкур ба инобат гирифтани масъалаҳои зерин, аз ҷумла ба сифати гарав қабул нагардидани таҷҳизоту иншооти бунёдшаванда, пешниҳоди муҳлат ва имтиёзҳо барои пардохти фоизи қарз, инчунин дастрас набудани қарз барои дигар намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ (кор, хизматрасонӣ) мувофиқи мақсад шуморида мешавад;
- Андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати паст намудани фоизи қарзҳо, осон намудани дастрасии соҳибкорон ба воситаҳои қарзию молиявӣ ва ба сифати гарав қабул намудани таҷҳизоту иншооти бунёдшаванда дар муассисаҳои қарздиҳанда;
- Ҷорӣ намудани механизҳои дастгирии давлатӣ ба соҳибкорони дар соҳаҳои афзалиятнок фаъолияткунанда, ки аз таъсири COVID-19 муфлис ё зарар дидаанд муҳим дониста мешава;
- Дар натиҷаи омȳзиш ва туҳлилу арзёбиҳо муайян гардид, ки имруз шумораи ками фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ (ХДФ) ҳамчун шакли пешбарандаи фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба шароити муносибатҳои нави бозоргонӣ, мутобиқ асту халос. Аз ин рӯ, ҷиҳати зиёд намудани шумораи хоҷагиҳои сатҳи даромаднокиашон баланд андешидани чораҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:
- таҳия ва қабули «Барномаи махсуси дастгирӣ ва ҳимояи хоҷагиҳои даромаднок»;
- гузаронидани тафтиши (ревизия) ҳолати хоҷагидории кулли соҳибмулкон ва заминистифодабарандагон;
- маҳв ё худ барҳам додани фаъолияти ХДФ, ки ҳади ақал ҳолати одии таъмини такрористеҳсолиро таъмин карда наметавонад. Ин имкон медиҳад, ки на танҳо замин истифодабарандаи аслии худро бо майдони барояш мувофиқро дарёфт намояд, балки самаранокии истеҳсолот ва таъмини такрористеҳсолиро дар сатҳи нисбатан баланд таъмин гардад, ва хоҷагиҳо ҳарчи зутар майдони заминҳои худро аз ҳисоби хоҷагиҳои зараровар инкишоф дода, сатҳи ҳавасмандии онҳо зиёд гардад;
- Баланд бардоштани самаранокии фаъолият, ҳосилнокии меҳнат, савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумаки ройгон барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ;
- Фароҳам овардани шароите, ки шахси дорандаи идея тавонад худро дар фаъолияти мустақилонаи соҳибкорӣ дар ин ё он соҳа санҷад;
- Тарҳрезии механизми омода намудани соҳибкори воқеӣ дар маҳалҳо, хусусан, дар соҳаи кишоварзӣ. Ҳоло аксарияти соҳибкорон дар бахши аграрӣ ҳатто ба мафҳуми соҳибкор ва мақсаду мароми он дар шароити иқтисоди бозорӣ сарфаҳм намераванд;
- Таъмини рақобати озод ва шаффофияти баробарии низом, афзоиши бартарияти сохторҳои инҳисорӣ дар бозор;
- Таъмини бахшҳои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мутахассисони соҳибтахассус;
- Боз ҳам беҳтар намудани муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ, хусусан дар сатҳи минтақаҳои кишвар;
- Мусоидат дар самти дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ, роҳҳои самаранок истифода намудани захираҳо, ҷалби сармоя, дастрасӣ ва идоракунии захираҳои молиявӣ-қарзӣ, ба роҳ мондани ҳамкори бо ташкилотҳои қарзӣ;
- Боз ҳам тавваҷуҳи бештар зоҳир намудан ба дастгирии соҳибкории инноватсионӣ, ташкили бюллетенҳои иттилоотию омории инъикоскунандаи фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан инноватсионӣ;
- Мусоидат дар самти дастрасии соҳибкорон ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва биноҳои бекорхобидаи ташкилоту муассиса ва корхонаҳо;
Одинаев А.И.,
Сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ