Дар ҷаҳони муосир дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ падидаи наве ба миён омадааст, ки он ба “ғояи нав” асос ёфта, онро олимон ва коршиносон ҳамчун мафҳуми “иқтисоди эҷодӣ” (креативная экономика), “саноати эҷодӣ” (креативная индустрия) муаррифӣ менамоянд. Таҳлили ақидаҳои олимон нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло шарҳи умумии ин мафҳумҳо ҷой надоранд. Вале новобаста аз он  мушоҳида намудан мумкин аст, ки он ба натиҷаи меҳнати ақлонии инсон асос ёфтааст.

Боиси қайд аст, ки дар таҷрибаи ҷаҳони рӯйхати умумии соҳаҳои иқтисоди эҷодӣ низ вуҷуд надорад ва ҳар як давлат вобаста ба хусусияти фарҳанг ва рушди худ соҳаҳои иқтисоди эҷодиро муайян менамояд. Коршиносони СММ ба иқтисодиёти эҷодӣ саноати мӯд, кинематография, тарроҳӣ, хидматҳои таблиғотӣ, ҳунарҳо, мусиқӣ ва дигар соҳаҳо, ки ба фаъолияти зеҳнӣ асос ёфтаанд, дохил менамоянд.

Тибқи ақидаи коршиносон саноатҳои эҷодӣ соҳаҳои истеҳсолие мебошанд, ки захираҳои асосии онҳо иқтидорӣ эҷодӣ, моликияти зеҳнӣ, истеъдод ва меҳнати зеҳнӣ буда, бо истифода аз он молҳо ва хидматҳоро истеҳсол менамоянд. Дар нашри махсуси Ҳисоботи иқтисоди эҷодӣ барои соли 2013 қайд гардидааст, ки эҷодкорӣ ва фарҳанг – ин равандҳо ё сифатҳое мебошанд, ки дар тасаввурот ва тавлиди ғояҳо, маҳсулот ё роҳҳои нави тафсири ҷаҳон зич алоқаманданд, ки манфиатҳои пулӣ ва ғайрипулӣ ба даст меоранд, ва метавонанд барои рушди инсон муҳим дониста шаванд.

Дар замонаи рушди илму технологияҳо ривоҷу равнақи иқтисодиёти эҷодӣ, ки ба дониш, навоварӣ, эҷодкорӣ ва меҳнати зеҳнӣ асос ёфтааст, метавонад яке аз омилҳои пешбарандаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ гардад. Чунончи, тибқи ҳисоботи Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд UNCTAD “Дурнамои иқтисоди эҷодӣ дар соли 2024” нақши иқтисоди эҷодӣ дар рушди тиҷорат ва иқтисод калидӣ арзёбӣ гардидааст. Тибқи ин ҳисобот саҳми иқтисоди эҷодӣ дар ММД-и кишварҳо аз 0,5% то 7,3%-ро ташкил медиҳад ва дар он аз 0,5% – 12,5% қувваи корӣ фаъолият менамонд. Мувофиқи ҳисобот содироти хизматрасониҳои эҷодӣ дар соли 2022 ба 1,4 триллион доллар расид, ки нисбат ба соли 2017 – 29% зиёд буда, содироти молҳои эҷодӣ ба 713 миллиард доллар расида, 19% афзудааст. Дар даҳсолаи охир ҳиссаи хидматрасониҳои эҷодӣ дар тамоми содироти хидматрасониҳо аз 12% то 19% афзоиш ёфтааст, дар ҳоле ки ҳиссаи молҳои эҷодӣ дар тамоми содироти мол аз соли 2002 инҷониб дар сатҳи тақрибан 3% устувор боқӣ мондааст. Тибқи ин ҳисобот кишварҳои рӯ ба тараққӣ асосан молҳои эҷодӣ содир мекунанд, кишварҳои пешрафта бошанд, дар содироти хизматрасониҳои эҷодӣ бартарӣ доранд. Ҳамзамон, кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳиссаи худро аз 10% дар соли 2010 то 20% дар соли 2022 ба таври назаррас афзоиш доданд. Дар соли 2022 хизматрасониҳои содиршаванда ин хизматрасонии таҳияи таъминоти барномавӣ – 41,3%, тадқиқот ва таҳия – 30,7%, реклама, тадқиқотҳои маркетингӣ ва меъморӣ – 15,5%, хизматрасониҳои аудиовизуалӣ – 7,9%, хизматрасониҳои иттилоотӣ – 4% ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои фарҳанг, истироҳат ва мерос буданд.

Ин раванд, яъне рушди “иқтисоди эҷодӣ” бештар дар ҷомеаи пасазиндустриалӣ, дар давлатҳои рушд ёфта ба назар мерасад. Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки дигар давлатҳо низ аҳаммияти онро дарк намуда, барои дар худ ҷорӣ намудани ин раванд чораҳо андешида истодаанд.

Масалан, дар давлатҳои ҳамсоя заминаҳои қонунгузории фаъолияти “иқтисоди эҷодӣ” ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла дар Федератсияи Русия Қонуни федералӣ “Дар бораи рушди саноатҳои эҷодӣ дар Федератсияи Русия” аз 08.08.2024, № 330-ФЗ, дар Қазоқистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон “Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди саноатҳои эҷодӣ барои солҳои 2021-2025”, аз 30.11.2021, №860, дар Ҷумҳурии Қирғизистон Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи паркҳои саноатҳои эҷодӣ”, аз 08.08.2022, №88 қабул гардидаанд, ки дар онҳо мафҳум ва моҳияти фаъолият дар соҳаи “иқтисоди эҷодӣ” муайяну мушаххас гардидаанд. Ҳамчунин, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи иқтисоди эҷодӣ” таҳия гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, дар Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қайд гардидааст, ки “Сармояи инсонӣ омили муҳимми рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб меёбад, ки аз сифати он пешрафти тамоми соҳаҳо вобастагии зич дорад”. Ҳамзамон, ба сифати самтҳои асосии фаъолият “ҳавасмандгардонии низоми рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои бузург оид ба инкишофи инфрасохтори фарҳангӣ ва индустрияи эҷодӣ, аз ҷумла бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ” ва “таҳияи маҷмуи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардониҳо аз рўйи рушди коллективҳои эҷодӣ, рушди низоми ҷустуҷў ва дастгирии шахсони болаёқат” муайян шудаанд.

Боиси қайд аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ин тадбирҳо дар ҷумҳурӣ Марказҳои ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, фаъолият менамоянд. Инчунин, озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” ба роҳ монда шуда, эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (солҳои 2020-2040) дар ин раванд нақши муҳим мебозад.

Халқи тоҷик ҳамчун дорандаи таърихи бою қадимаи ҳунарҳои мардумӣ машҳур мебошад. Дар шароити имрӯза ҳунарҳои халқӣ на танҳо ҳамчун унсури мерос, ҳамчунин метавонад чун манбаи самараноки рушд истифода шавад ва инъикоскунандаи ҳувияти миллӣ гардад. Маҳсулоти нави эҷодӣ имкон медиҳад, ки он ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ роҳ ёбад.    Барои рушди ин соҳа дар ҷумҳурӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Ҳамин тариқ, қайд кардан ба маврид аст, ки барои рушди “иқтисоди эҷодӣ” пеш аз ҳама бояд заминаҳои самараноки инфрасохторӣ фароҳам оварда шавад, аз ҷумла заминаи қонунгузорӣ, марказҳои рушд ва омӯзишӣ, ассотсиатсияҳо, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт, ташкили кластерҳо, баланд бардоштани нақши давлат дар рушди самтҳои афзалиятноки илм ва ғ.

Ҷорӣ намудани асосҳои “иқтисоди эҷодӣ” барои пешрафти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа мусоидат менамояд, чунончи:

  • Таъсиси самтҳои нави фаъолият ва ҷойҳои нави корӣ;
  • Рушди иқтисоди инноватсионӣ ва рақамӣ;
  • Диверсификатсияи молу хизматрасонӣ;
  • Истифодаи самараноки захираҳо;
  • Баланд гардидани сатҳи тахассусии корманд;
  • Сайқал ёфтани дониш ва истеъдод;
  • Рушди соҳибкории хурду миёна;
  • Баланд гаштани вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақа, (шаҳр, ноҳия);
  • Тарғибу ташвиқ ва муаррифии фарҳанги миллӣ.

 

Содиқова А.Ф.,
муовини сардори раёсати тадқиқоти,
масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши
хусусии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед