(Чанд андеша дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаълон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлкат, 9 марти соли 2024)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки бояд таассуб ва хурофотро аз ҷомеа решакан кард, зеро ба ҷомеаи хатари ҷиддӣ дорад. Масъалаи пешгирии гароиши занону ҷавонон ба падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили таассуби динӣ ва ифротгароӣ, ки дар дар ҷомеаи Тоҷикистон низ ҳамчун падидаи номатлуб ба мушоҳида мерасад, нигарониҳои таассуфовареро дар пай дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқоти бо фаълон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлкат, ки 9 марти соли 2024 баргузор гардид, такроран ба ин масъалаи доғи рӯз ишора карда таъкид намуданд:”Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст.”
Агар ба маънои луғавии калимаи таассуб назар афканем, баромади ин калима аз забони арабӣ буда, маънояш ҷонибдории ноогоҳонаю кӯркӯрона аз чизе, касе ё назарияву ақидае мебошад. Таассуб он аст, ки мо ин ё он масъаларо бедарку ногоҳона онро дар доираи фаҳмиш ва табъу хости дили худамон амалӣ мекунем. Боз таассуб гуфта, навъи якравие ҳам фаҳмида мешавад, ки дар хусуси масъалаҳои ба ақл мухолиф ва ба руҳи дин мувофиқатнакунанда ба миён гузошта мешавад. Инчунин, таассуб як шакли рафторест, ки тамоман бар асоси ҳиссу асабоният бино шуд, эҳсосест, ки аз ҷисмоният ва ҳайвоният ғизо гирифта, аз ботин ба берун зуҳур кардааст.
Маҳз таассубу хурофот аст, ки ба пешрафти ҷомеаҳо халал мерасонад, чунончи мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, он ба амнияти ҷаҳону башарият ва сокинони сайёра хатари ҷиддӣ дорад. Мутаассифона, ҳоло ҳам бархе аз занону ҷавонони мо бинобар надоштани дониши мукаммали диниву дунявӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии васеъ ба таассуб дода шуда, ба равияҳои гуногуни ифротӣ пайваст гаридида, ҷони ҷавони хешро дар роҳгумӣ қурбон месозанд.
Мутаассиб ё таассубгарро дар гуфтор бо калимаҳои тундгаро, ифротӣ, ифротгаро, радикал, фанат ва ғайра дучор шудан мумкин аст.
Таассубу хурофотпарастӣ ягон заминаи таърихӣ ва илмию динӣ надорад.Таззакур бояд дод, ки таассуб дар ҳар самту соҳа буда метавонад. Масалан, яке сирф дар хусуси масоили сиёсӣ таассуб дорад, якеи дигар дар бораи масъалаҳое, ки ба фарҳанг алоқаманданд, каси дигар сирф ба масоили динӣ ва шариат. Аз ин ҷост, ки таассубро ба таассуби сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайра ҷудо мекунанд.
Дар ҷомеаи имрўза гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои тундрав аз надонистани донишҳои диниву дунявӣ ва пастии маърифати динӣ ибтидо мегирад. Яъне наомўхтан, огоҳ набудан аз асли дини мубини ислом, бехабар будан аз осори гузаштагони пурифтихорамон, сарфаҳм нарафтан ба моҳияту маънои оятҳои раббонӣ, тассавуротҳои пучу бемақсад оид ба таасубу хурофотпарастӣ моро ба мушкилиҳои зиёде дар зиндагиамон мувоҷеҳ мегардонад. Аз ин рў, омўхтани осори ниёгонамон дар самти мукаммал гардидани донишҳои диниамон шарт ва зарур аст.
Шоистаи зикр аст, ки дар замони Истиқлол бо ибтикори Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қуръони карим ба забони тоҷикӣ тарҷума ва се маротиба нашр гардида, ба мардум дастрас карда шуд. Ҳамчунин, осри илмию динии бузургони гузаштаамон – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, рӯйи чоп омаданд, ки аз он истифода намудану аз онҳо баҳра бардоштан ба баланд бардоштани донишҳои дунявию диниамон аз манфиат холӣ нест.
Таҷриба исбот намудааст, ки занону ҷавонони бехираду ноогоҳ зери таъсири хурофотпарастон монда, зуд ва ба осонӣ ба фикру ақидаҳои равияҳои гуногуни динӣ, яъне таассубу ифротгароӣ бовар намуда, ба иҷрои мақсадҳои нопок камар мебанданд. Рӯ овардан ба фарҳанги бегона, таассуби кӯр-кӯрона, тақлиди бебунёд, дар аксар вақт занону ҷавонон ба он гирифтор мешаванд, ба ин зуҳуроти номатлуб нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Насли ҷавон, ки ояндаи Ватан ва неруи пешбарандаи Ватани маҳбубамон мебошанд, бояд роҳи дурустро дар зиндагӣ интихоб намоянд ва барои ободу шукуфо кардани он талош намоянд. Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки пайваста таъкид менамоянд: «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».
Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро зарур аст, худогоҳ, хештаншинос, ватандӯст бошанду зиракии сиёсиро аз даст надода, махсусан ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаҳои нопок ва таассубарангезу ифротгароён нашуда, барои ҳимояи Ватани хеш ҳамеша омода бошанд. Дар якдилию ҳамандешӣ пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҳар як зуҳуроти номатлубро решакан намуда, дар ҳифзи ин сарзамини биҳиштосо ҷони худро нисор намоем. Ба қадри неъмате чун истиқлолу давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Яке аз рисолатҳои аҳли зиёи кишвар бояд дар он бошад, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва илму фарҳангомӯзӣ тарбия намоянд, роҳу василаҳои беҳтари мубориза бар зидди зидди таассубу ифротгароӣ ва терроризмро ба ҷавонон пешниҳод созанд ва паёмадҳои фоҷиабору манфии қувваҳои ѓаразнок ва моҷароҷўро ба таври муассир фаҳмонанд. Ин нукта аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ишора ба зиёиёни мамлакат низ чунин таъкид гардид:“Ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани эҳтироми падару модар, шахсони калонсол, одобу ахлоқи ҳамида, бахусус фарҳанги муоширату муомила, дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоби оиладорӣ ва бисёр масъалаҳои дигари иҷтимоӣ вазифаи имониву виҷдонии шумо мебошад”.
Барои ба низом даровардани урфу одатҳои мардум, роҳ надодан ба таассубу хурофотзадагӣ ва зиёдаравии зиёд дар баргузории маросиму маъракаҳои бесарусомон “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” қабул гардид ва собит намуд, , ки қонуни мазкур барои некуаҳволӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар нигаронида шудааст. Ишора ба муҳимияти қонуни мазкур Пешвои миллат дар баромадашон зикр намуданд, ки “қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад”.
Бешубҳа, аз рўзи мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур дар бисёр соҳаҳои зиндагии мардум натиҷаҳои назаррас ба чашм мерасад. Сатҳи таассуб ва хурофотпарастӣ коҳиш гардида истода, сокинони кишвар дарк намудаанд, ки қонуни амалкунанда ба нафъи ҷомеа аст. Метавон мисолҳои зиёдеро дар ин хусус овард, ки аз аҳаммият ва арзишмандии “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” далолат мекунанд.
Замони нав, қарни 21 талаботи навро пешорӯямон қарор додааст, ки иҷрои он ҷаҳонбинии нав ва дидгоҳи илмиро тақозо менамояд. Таассубу хурофотпарастӣ ҳамчун сарчашмаи бадбахтиҳо бегуфтугӯ, падидаи номатлуб ва зиёновар аст ва яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи ҷомеаи мо дар ҳамин шабу рӯз ба ҳисоб меравад. Бинобар ин зарур аст, тамкину таҳаммулпазириро сармашқи кори хеш намуда, бар зидди ин падидаи номатлуб муташаккилона мубориза барем.
Давлатов Рамазонӣ,
котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон