Таҷрибаи сулҳи тоҷикон падидаи нодири даврони истиқлолият аст. Барои ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳияи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳанӯз дар даврони эълони сиёсати “бозсозӣ” дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 80-уми асри ХХ замина фароҳам омада буд. Ошкорбаёнӣ омода набудани халқи шӯравӣ ба дигаргуниҳои демократӣ, модернизатсияи инфрасохтори иқтисодию иҷтимоӣ ва истифодаи дурусти ҳуқуқу озодиҳои инсонро зоҳир кард. Оқибат имзои созишномаи Беловежская Пуша аз ҷониби сарварони се кишвари славянии шӯравӣ 8 декабри соли 1991 мужда аз таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дод. Дар муқаддимаи ин ҳуҷҷат таъкид гардид, ки дигар «Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ ва воқеияти геополитикӣ вуҷуд надорад».

Ин рӯйдоди сиёсӣ оғози расидан ба соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии 15 ҷумҳурии собиқ шӯравӣ гардид. Акнун ҳар ҷумҳурӣ бояд роҳи ояндаи рушди сиёсию иқтисодӣ ва бунёди давлатдории мустақилонаро муайян мекард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно набуд. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар баробари мақомоти ҳоким дар Тоҷикистон боз ду гурӯҳи асосии қудратхоҳ рӯи кор омад: яке нерӯи зиёини эҷодкори дунявӣ, ки дар пояи пуштибонӣ аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекард; ва дигаре, рӯҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд ва ба пиндори худ, ҳеҷ даъвои сиёсӣ не, балки нияти ислоҳоти динию ахлоқии ҷомеаро доштанд. Ин ду нерӯи либералии сиёсӣ ба зудӣ сарпарастони хориҷӣ пайдо кар­данд. Қисме аз зиёиёни огоҳ ва дорои тафаккури созандаи тоҷик асли ғаразҳои сиёсиро ба зудӣ дарк карданд, вале исломгароёни сиёсӣ ба “хизмат” омода будани худро баён дошта, ҳамкориро бо омили беруна барои расидан ба қудрат идома доданд.

Дар он замон буҳрони ҷанги Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеологӣ дар байни пайра­вони ислом ва дин­ҳои дигари ҷомеаи шӯравӣ ба болоравии ҷаҳон­би­нии динӣ шиддат бахшид. Таъсири вазъияти сиёсию иҷтимоии Эрону Афғонистон дар ду ҷумҳурӣ – Озарбойҷон ва Тоҷикистон ҳузури исломи сиёсиро қавӣ гардонид. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зуҳури ҳизби наҳзати исломӣ муддате дар мағзи ҷавонон ақидаи боти­леро ҷойгузин кард, ки гӯё таъсиси давлати исломӣ ва ҷаҳонбинии диниро ҳамчун як роҳи алтернативӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда пазируфтан мумкин аст.

Ҳамин тавр, баъди эълони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ду қувваи муттаҳидаи сиёсӣ шакл гирифт. Қувваи якум, элитаи ҳизбию давлатӣ буд. Онҳо боварӣ доштанд, ки вазъияти кунунӣ муваққатӣ аст ва ҳизби коммунистӣ сохти шӯравиро боз барқарор мекунад. Тарафдорони онҳо рушди ояндаро дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравии нав медиданд ва мардумро ба фаъолият дар ин самт равона мекарданд. Қувваи дуюм, роҳбарияту пайравони ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизбу ҷунбишҳои либералӣ-демократӣ ва рӯҳониёни исломгаро буданд. Онҳо ҳадафи барпо кардани давлати исломӣ ва ҳокимияти меъёру муқаррароти шариатро талқин мекарданд. Ин ду нерӯи сиёсӣ ба зудӣ сарпарастони хориҷӣ ва пуштибонони сиёсиву молиявӣ пайдо кар­данд. Табиист, ки нуфуз, таъсиргузорӣ ва фишанги идеологии сохтори шӯравӣ ҳанӯз пурқувват буд. Ин омил барои пуштибонӣ аз нерӯҳои содиқ ва ҳаммаслаки худ омодагии доимӣ нишон медод ва саъю талош мекард, ки дар шароити соҳибихтиёрӣ низ тарафдорони онҳо пешоҳангони роҳбарияти сиёсӣ бошанд. Бозингарони дигари ҷаҳони геополитикӣ оқибати корро фикр нокарда, ба нерӯи исломгароён ҳамчун қувваи таъсиргузори фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон такя мекарданд ва ба онҳо дастгирии сиёсӣ ва кумаки молиявӣ мерасониданд. Дар чунин вазъият тадриҷан аз байн рафтани мудирияти марказӣ боиси бархӯрди сахти ин ду қувваи сиёсӣ гардид. Ин ҳолат ба поймол шудани қонунҳои амалкунанда, фалаҷ гардидани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва зуҳури беҳокимиятию бенизомӣ оварда расонид. Дар натиҷа тӯли як сол таҳти фишори гурӯҳу доираҳои манфиатхоҳ ду президент ва панҷ ҳукумат ба истеъфо рафт ва ин раванд боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар он марҳалаи тақдирсоз барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ба мусолиҳа ва эътидол овардани вазъият, таъмини қонунияту тартибот ва хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ба масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистони ҷавон табдил ёфта буд. Ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ ва гурӯҳҳои қудратхоҳ дар бораи сулҳу амонӣ андеша намекарданд. Ҳама дар фикри расидан ба қудрат бо роҳи зӯроварӣ ва қувваи силоҳ дарафтода буданд. Гирифтани пеши роҳи ин раванди мудҳиш андешидани чораҳои фавриро пеш гузошт. Амалисозии ин вазифаи душвору мураккаб танҳо баъди баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ оғоз гардид.

Дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-уми асри гузашта  тамоми заминаҳо барои бархӯрди бардавоми мусалла­ҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гурӯҳҳои мусаллаҳи ду тарафи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд. Қумон­дон­ҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд. Тибқи таълимоти ҷомеашиносии муосир дар давраҳои ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа бояд “ақаллияти созанда (creative minority)” пайдо шавад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба чунин хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз ин ақаллияти фаъол ва созанда бақо ва пойдории давлату фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини пешвои ин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гиранд. Роҳбари давлати Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғози давраи нав ва ташаккули модели сулҳи тоҷикон гардид.

Пас кадом омилҳо буданд, ки баъди иҷлосияи таърихӣ барои шаклгирии таҷрибаи сулҳи тоҷикон мусоидат намуданд?

Бояд гуфта шавад, ки дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон чаҳор хислати қавӣ барои меъмори сулҳи тоҷикон будан таҷассум гардид: 1) ҷасорати ба дӯш гирифтани масъулият ва фидокорӣ дар марҳилаи муайяни таърихӣ ва бо имону боварии қавӣ баён намудани он ки “ман ба шумо сулҳ меорам”; 2) бо қатъият эълон кардани мавқеи нав дар масъалаи муайян намудани сохти давлатдории Тоҷикистон – барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки гузашти солҳо дуруст будани ин интихобро собит намуд; 3) боварӣ ҳосил кардани шаҳрвандони қишру табақаҳои гуногуни минтақаҳои ҷумҳурӣ ба маҳорати роҳба­рии Эмомалӣ Раҳмон; 4) эътирофи роҳбари нави давлати тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва оғози ҳамкории кишварҳои ҷаҳон бо Тоҷикистон. Ҳамин падидаҳои равшан дар шахсияти Пешвои миллат дар ниҳояти кор имкон фароҳам овард, ки нақшаи таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон тарҳрезӣ карда шавад. Бозёфти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли муаммои ду масъалаи печида – қабули конститутсияи даврони истиқлолият ва ташкили ҳизби нави мардумӣ зоҳир гардид. Баъди раиси Шӯрои Олӣ таъйин шудан Ҷаноби Олӣ дар баробари ҳалли проблемаҳои таъхирнопазири ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ пайваста болои ҳалли ҳарчи бештари ин ду масъала кор мебурданд. Ҳардуи ин масъала ҳалли дурусти худро дар соли 1994 пайдо кард. Нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсия қабул гардид ва президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Сипас Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 таъсис дода шуд. Тоҷикистон баъди қабули Конститутсияи нав роҳи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб кард. Яке аз принсипҳои барпо намудани чунин ҷамъият плюрализми сиёсӣ мебошад. Яъне, дар асоси талаботи ҷомеаи демократӣ созмону ҳаракатҳои сиёсӣ ҳамфикрону ҳаммаслакони худро муттаҳид намуда, ҳуқуқ доранд дар доираи муқаррароти қонунгузории кишвар ҳизбҳои сиёсӣ таъсис диҳанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Идеяи асосии таъсиси ҳизби нав мавқеи миёнаи тиллоиро талқин мекард. Ин ҳизби мардумӣ манфиатҳои давлату миллатро боло гузошта, ҳам сиёсати консервативии пештара ва ҳам даъвоҳои тундрави исломгароёнро дар бахши плюрализми сиёсӣ рад мекард. Ин ҳизб тавонист ақаллияти созандаро дар он шароити душвор дар саффи худ муттаҳид сохта, баъди гузашти айём онро ба раҳнамо ва ташаббускори дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил диҳад. Ин ду омил такягоҳи муҳимме шуданд, то дар пояҳои устувори ҳуқуқӣ ва идеологии онҳо татбиқи ниҳоии барномаи сулҳофарии тоҷикон баъди тай намудани якчанд марҳала амалӣ гардад.

Марҳалаи якум солҳои 1992-1997-ро дарбар мегирифт. Дар ин марҳала зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳими зерин андешида шуданд: якум, масъалаи таҳияи Конститутсияи Тоҷикисто­ни соҳибистиқлол ва таъсиси Комиссияи конститутсионӣ; дуюм, барқа­рор кардани сохти конститутсионӣ, қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини қонунияту тартибот ва якҷоя бо раванди таҳияву қабули Конститутсия ва дар асоси муқаррароти он баргузор намудани интихоботи президентӣ; сеюм, оғози гуфтушуниди миёни тоҷикон ва ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” аз 27 июни соли 1997.

Марҳалаи дуюм ба солҳои 1997-2000 рост меояд. Дар ин давра Комиссияи оштии миллӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Байни ҳукумат ва иттиҳоди нерӯҳои оппозитсия оид ба ҷудо намудани 30% мансабҳо ба намояндагони онҳо мувофиқа ҳосил гардид. Ин ҳамкории бесобиқа боиси ба ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, барқарорсозии минтақаҳои зарардида, татбиқи самараноки меъёрҳои конститутсионӣ аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандон ва расидан ба сулҳи комил гардид. Дар натиҷа, риоя намудани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба ҳукми анъана даромад, раванди сулҳу субот ва истиқрори ҷомеа тақвият ёфт ва мардум ба ҳаёти осоишта баргаштанд. Ҳокимияти қонун ташаккули рӯзафзуни давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ба арзиши бебозгашт мубаддал сохт. Истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ натиҷаи дурахши ақлу хиради миллати бостонии тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Ба имзо расидани санади муҳимми таърихӣ – “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” байни гурӯҳҳои размандаи мухолиф падидаи нодир дар сиёсати ҷаҳонӣ аст. Ин ҳуҷҷати арзишманд дар як муддати кӯтоҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошт ва инфрасохтори Тоҷикистонро куллан дигар кард.

Марҳалаи сеюм аз соли 2001 оғоз гардид, ки то имрӯз идома дорад. Тағйиру иловаҳои соли 1999 ба Конститутсия воридшуда доираи ба амал баровардани ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян кард. Дар ин росто, сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргун гардида, он ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар иборат аз ду палата таъсис дода шуд. Дар натиҷаи татбиқи самараноки меъёрҳои конститутсионӣ Тоҷикистон аз соли 2000 ба марҳалаи рушди устувор ворид гардид ва солҳои охир афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна беш аз 8 фоиз таъмин шуда истодааст. Аз соли 2001 фаъолияти парламенти касбӣ – Маҷлиси намояндагон шурӯъ гардид. Ин тағйиротҳои муҳим роҳро барои оғози ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ҳамвор сохт, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият дар иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккул ва рушд ёфт. Ҳамон ақаллияти созандае, ки Пешвои муаззами миллат ташкил карда буданд, акнун ба аксарияти созанда дар партави барномаҳои мардумсолории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мубаддал гашт. Раванди сулҳу субот, ойини мудоро, зеҳнияту андешаи ободонию созандагӣ дар тафаккури шаҳрвандон сахт ҷойгузин шуд. Ин омилҳои муҳим платформаи сулҳофаринии тоҷиконро амри бебозгашт гардонид. Ҳам акнун таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба мактаби ибратомӯзи ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ дар миқёси ҷаҳон мубаддал гардидааст.

Тоҷикистон 33 сол аст, ки дар шароити сулҳу субот ва истиқрори миллӣ кору фаъолият мекунад. Вале таъсири нооромиҳои солҳои 90-уми қарни гузашта дар рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишвар то ҳанӯз эҳсос мешавад. Ин ҳолат бештар дар осебпазирии насли ҷа­вон ба раванду ҷараёнҳои номатлуб ва гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ зоҳир мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти зуд тағйирёбандаи сиёса­ти ҷаҳонӣ бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринӣ ва кон­сеп­си­яи мукаммали ваҳдати миллии худ фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва шабакаҳои илмию таҳлилӣ ва иҷтимоиро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати ифрот­га­­роӣ, терроризми динӣ, решакан кардани гароиши ҷавонон ба сафи ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ, таблиғи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ваҳдати динию эътиқодӣ сафарбар карда истода­анд.

Бояд ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин бидонад, ки дар ҳамон солҳои муд­ҳи­ши 1992-1997 миллати тоҷик тамоми масъулияти мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризми диниро ба дӯши худ гирифта, бар ивази қурбо­ниҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ садди роҳи паҳншавии ин раванди номат­луб дар қисмати шарқии олами ислом ва қаламрави кишварҳои ИДМ гардида буд.

Шароити пуртазоди замони муосир ва бозиҳои геосиёсӣ, таҳдиди афкори бегона ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ ва рақобатҳои иттилоотӣ моро водор месозанд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Мардуми фарҳангсолори тоҷик ба қадру манзалати ваҳдат ва сулҳу субот мерасанд ва намегузоранд, ки ҳеҷ нерӯе пойдории онро заррае халалдор созад.

 

Файзулло Баротзода – раиси Комиссия оид ба одоби
вакилони
Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ,
сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви фраксияи ҲХДТ

 

Чоп кунед