Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи Низомномаи Комиссияи баҳодиҳии рафти иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ ва Шурои ҳамоҳангсозиии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шурои ҳамоҳангсозии КИТ), ки бо қарори Раёсати Шурои ҳамоҳангсозиии корҳои илмию таҳқиқотӣ (КИТ) 2 октябри соли 2020, протоколи №3 тасдиқ шудааст, доир ба рафти иҷрои мавзуъҳои фармоишии КИТ дар соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуд.
Аз ҷумла, доир ба рафти иҷрои лоиҳаи «Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он» (солҳои 2021-2025) аз ҷониби бахши сиёсии Марказ (роҳбари лоиҳа муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода) аз рӯйи чаҳор самт ё мавзуъҳои зерин гузориш дода шуд:
- Муайян ва пешгӯйӣ кардани хавфу хатарҳо ва таҳдидҳои дохилию хориҷии амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар замони муосир.
- Технологияи нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва ҳифзи манифиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Нақши амнияти иҷтимоӣ дар таъмини рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон
- Авлавиятҳои соҳавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар соли 2023 бахши сиёсии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин мавзуъҳо таҳқиқоти муҳим ва зиёдеро анҷом дод. Аз ҷумла, чорабиниҳои зиёди илмию амалӣ баргузор намуд. Дар ин давра кормандони ин бахши Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир гардиданд, маъруза карда, дар васоити ахбори омма суханронӣ намуданд. Дар доираи мавзуъҳои лоиҳаи илмӣ даҳҳо мақолаву матолиби илмию оммавӣ дар васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ нашр карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ ба маводи ҷиддии таҳлилӣ доир ба масъалаҳои амнияти миллӣ, роҳҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ эҳтиёҷ доранд. Бинобар ин, барои иҷро намудани супориши сохторҳои мазкур баргузор намудани таҳқиқот дар мавзуи интихобшуда мақсаднок мебошад.
Доир ба рафти иҷрои лоиҳаи “Таъмини амнияти иқтисодӣ дар заминаи баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (солҳои 2021–2025) дар бахши иқтисодии Марказ (роҳбари лоиҳа муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Саодат Ҷӯрахонзода) аз рӯйи се самт ё мавзуъҳои зерин ҳисобот дода шуд.
- Мониторинги амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ;
- Масъалаҳои ҳавасмандгардонии андозӣ дар рушди соҳибкории инноватсионӣ;
- Ташаккул ва рушди комплекси агросаноатӣ ҳамчун қисми таркибии саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар соли 2023 бахши иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чорабиниҳои зиёди илмию амалӣ баргузор намуд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони бахши иқтисодии Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд бо маърузаҳо баромад карда, дар васоити ахбори омма суханронӣ намуданд. Дар доираи мавзуъҳои лоиҳаи илмӣ даҳҳо мақолаву матолиби илмиву оммавӣ дар васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ нашр карданд.
Зимни таҳқиқи мавзуъҳо муайян карда шуд, ки воқеан ҳам аз мушкилоти ҷойдоштаи солҳои қаблӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи кофӣ дар таҳия ва татбиқи барномаву дурнаморо андӯхтааст ва дар мамлакат ба пешгирии таъсири манфии омилҳои беруна ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Дар натиҷа, рушди иқтисоди миллӣ таъмин, буҷети давлатӣ иҷро, гардиши тиҷорати хориҷӣ ва қурби пули миллӣ нисбат ба шарикони тиҷорат дар сатҳи муътадил қарор дорад. Бинобар ин, ҳадафи таҳқиқот низ дар заминаи ҳадафҳои стратегӣ муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва тартиб додани методология ва равишҳои нави воситаҳои назоратӣ ҷиҳати дарёфти мушкилот вобаста ба таъмини амнияти иқтисодии кишвар мебошад.
Дар таҳлилу натиҷагирии лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, муовинони директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода ва Саодат Ҷӯрахонзода иштирок намуданд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон