Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ дар баробари дигар кишварҳо ба рушду густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба бо кулли мамлакатҳои Осиё ва Африка, аз ҷумла  Арабистони Саудӣ аҳамияти хосса зоҳир менамояд.

Робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ 2 феврали 1992 барқарор гардида, сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз сентябри соли 2008 ва сафорати Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Душанбе соли 2010  ифтитоҳ ёфтанд.

Сафарҳои кории Пешвои миллат, ки ҳоло маротибаи 6-ум сурат мегирад, ба рушди густариши ҳамкориҳои ду кишвар таъсири ҳалкунанда гузошта, дар доираи онҳо чандин созишномаю санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар ин раванд Комиссияи байни ҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, инчунин,  Шурои соҳибкорон ҳамчун афзори ҳамоҳангсози ҳамкориҳои бахши хусусии ду кишвар нақши хосса дорад. Давоми солҳои 2013-2018 ҷиҳати рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар дар шаҳрҳои Душанбе ва Риёз ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ сурат гирфта, дар ҳошияи он ду форуми соҳибкорӣ баргузор гардидааст. Ҳамзамон, соли 2022 дар доираи ҷаласаи 3-ми комиссаи мазкур дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ бо иштироки намояндагони беш аз 200 ширкату корхонаҳои дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳар ду кишвар фаъолияткунанда баргузор гардида, дар ҳошияи он имкониятҳои сармоягузории ҳар дуҷониб дар соҳаҳои гуногун муаррифӣ гардиданд. Илова бар ин,  дар доираи Форум вохӯрии ду ҷонибаи соҳибкорони ҳар ду кишвар дар шакли «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши хусусиву давлатӣ сурат гирифт.

Дар натиҷаи татбиқи босамари санаду созишномаҳои қаблан имзошуда, ҳаҷми гардиши мол миёни ҳарду ду кишвар мунтазам тамоюл ба зиёдшавӣ дошта,  соли 2022-юм 276 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба соли 2021-ум 26,1 кам мебошад. Ҳарчан, ки дар нишондишадаҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар тамоюлҳои мусбат, ба назар расад ҳам, вале сурати рушди он бо дарназардошти имконияҳои мавҷуда қонеъкунанда нест.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Арабистони Саудӣ аз бисёр ҷиҳат, аз ҷумла захираҳои табии нафту газ ва саноатикунонии он, инчунин, бахши молия ва сармоягузорӣ дорои зарифиятҳои зиёде мебошад.

Тоҷикистон дар навбати худ дорои имконоти фарох дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумда дар бахшҳои саноат, бахусус саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, энергетика, бонкдорӣ, сайёҳӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, татбиқи “иқтисоди сабз” ва имконияти транзитиву нақлиётӣ мебошад. Ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чунин соҳаҳои афзалиятнок барои ҳар ду кишвар манфиатовар хоҳад буд.

Ҳоло Арабистони Саудӣ дар баробари дигар соҳаҳои афзалиятнок ба густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла содироти меваю сабзавоти тару тоза, меваи хушк, асал, оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ҳамасманд мебошад. Дар ин самт низ кишвари мо дорои зарфияатҳои хеле зиёди ҳануз истифоданашуда мебошад.

Ҳамин тавр, ҳоло барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратву иқтисодӣ ояндадор миёни ҳар ду кишвар имкониятҳои фарон мавҷуд буда,  дар сурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҳаҷми гардиши мол миёни ҳар ду кишвар метавонад ба таври назаррас афзоиш ёбад.

Бо дарназардошти омӯзиши имкониятҳои васеи мавҷуда миёни ҳар ду кишвар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судмандро дар соҳаҳои зерин мувофиқи мақсад мешуморем:

  • Мунтазам баргузор намудани форумҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла дар шакли «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва дар ин замина муаррифии ҳарчи бештари имконияҳои сармоягузорӣ;
  • Таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ва содироти он ба Арабистони Саудӣ;
  • Ҳамкориҳо дар самти рушди соҳаи занбури асалпарварӣ ва истеҳсоли асали аз лиҳози экологӣ тоза;
  • Ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаи дорусозӣ ва озмоишгоҳҳои тиббӣ, табодули таҷриба;
  • Иштироки муштарак дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузург буда, талош дорад, то бахши энергетикаи «сабз»-ро тавассути сохтани силсиланеругоҳҳои гуногунҳаҷм ҳамаҷониба ба нафъи тамоми минтақа рушд диҳад;
  • Ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштараки судманд дар соҳаи сайёҳӣ. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикитон дорои зарфиятҳои фаровон буда, барои рушди соҳаи мазкур тамоми шароитҳои лозима ва имтиёзнок пешбинӣ гардидааст. Танҳо ҷорӣ намудани низоми яктарафаи бераводид аз ҷониби Тоҷикистон дар соли 2022 барои шаҳрвандони кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс метавонад баёнгари ин гуфтаҳо бошад.
  • Таъсиси Фонди махсуси сармоягузорӣ ҷиҳати тадбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду афзалиятнок.

Дар амал татбиқ намудани имкониятҳои мавҷуда натанҳо ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ҳар ду кишвар, балки ба боз ҳам баланд гардидани нишондиҳандаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар ҳамаи бахшҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатовар таъсири ҳалкунанда хоҳад расонид.

Дар ин раванд, густариши ҳамкориҳо, хусусан дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, инчунин,  Шурои соҳибкорон ҳамчун афзори ҳамоҳангсози ҳамкориҳои бахши хусусии ду кишвар муҳим шуморида мешавад.

Одиназода А.И., сардори
Раёсати таҳлилӣ масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ

Чоп кунед