Дар назар дошта шудааст, ки соли ҷорӣ сарфи назар аз мураккаб гардидани вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, вусъат гирифтани таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бар зидди Федератсияи Россия, ҳамчун шарики стратегӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ, пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишвар нигоҳ дошта, суръати рушди иқтисодёт дар сатҳи на кам аз 8 дарсад таъмин карда мешавад. Тибқи омори расмӣ, танҳо дар  нимсолаи якуми соли ҷорӣ суръати рушди иқтисодёти кишвар дар сатҳи 8,2 дарсад таъмин гашт, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи пешбинигардида 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Чунин вазъ бешубҳа, баёнгари татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронии кишвар, сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта дар соли ҷорӣ дарак медиҳад.  Илова бар ин, интизор меравад, ки соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 дарсад афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар карда шавад.

Ҳарчанд ки Федератсияи Россия дорои имконоту захираҳои бузурги иқтисодӣ бошад ҳам, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иқтисодиёти ин кишвар дар натиҷаи таҳримҳои ҷоригардида, аз бисёр ҷиҳат зиён дидааст.

Дар ин самт қатъи робитаи ташкилоту муассисаҳои бузурги молиявии  Россия, аз низоми SWIFT, баста шудани қисме аз дороиҳои Бонки марказии Федератсияи Россия, инчунин, манъ гардидани содироти хатҳои нави технологияи авиатсионӣ, электроника ва молҳои зарурӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ, даст кашидан аз хариди нафти хом ва маҳсулоти нафтӣ ва амсоли онҳоро метавон мисол овард.

Тибқи арзёбиҳо, дар натиҷаи таҳримҳои ҷоригардида, Федератсияи Россия тақрибан 1000 адад ширкатҳоро, ки бо сармояи хориҷӣ фаъолияти устувор мекарданд, аз даст дод, ки саҳми онҳо дар ММД-ии ин кишвар наздики 40 дарсад арзёбӣ карда мешавад.

Акнун дар баробари дигар омилҳои манфӣ, беқурбшавии якбораи рубли русӣ ба иқтисодиёт, аз ҷумла ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар Федератсияи Россия ва кишварҳои Осиёи Мраказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ то кадом андоза метавонад таъсиргузор бошад. Чунки Россия дар миёни шарикони иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоссаро ишғол намуда, тибқи омори расмӣ соли 2022 гардиши мол миёни ҳар ду кишвар тақрибан 1,4 миллиард долларро ташкил додааст .  Илова бар ин, дар ин давра тавассути низоми пардохт аз Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми тақрибан 2,3 миллиард доллар интиқол гардидааст, ки ин бешубҳа, далели возеҳи шарики асосии иқтисодиву тиҷоратӣ будани Россия бо Тоҷикистон мебошад.

Тавре маълум аст, тайи як моҳи охир қурби расмии рубли русӣ нисбат ба доллар ва евро якбора тамоюл ба коҳиш ниҳод. Коршиносон идомаи чунин вазъро то охири сол тахмин мезананд.

Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия қурби миёнаи долларро то охири соли 2023 дар сатҳи 68,3 рубл пешбинӣ намуда буд. Бонки марказӣ бшад дар моҳи марти соли ҷорӣ, қурби миёнаи солонаро тақрибан 73,6 рубл барои як доллар пешбинӣ намуда буд, аммо ҳоло арзиши як доллар беш аз 90,50 рублро ташкил медиҳад.

Ба андешаи коршиносон Россия дар таърихи пасошӯравӣ, бори аввал ба чунин вазъ дучор гардидааст. Беқурбшавии нави рубл нисбат ба доллар, бешубҳа, суръати таваррумро суръат бахшида, ба кам гардидани даромад ва сатҳи пардохтпазирии мардум оварда мерасонад.

Коршиносони соҳавӣ сабабҳои бамаломадаро дар таъсири омилҳои зерин маънидод менамоянд.

  • Чуноне аз таҳлилҳо мушоҳида мегардад, то кунун чандин маротиба арзиши қурби рубл ба чунин сатҳ поин рафта буд, аммо сабаби асосиаш коҳиш ёфтани нархи нафт дар бозори ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Вале ҳоло ин манзара комилан дигар ба назар мерасад, чунки сарфи назар аз он, ки дар давраи таҳлилӣ арзиши қурби рубл зиёда аз 10 дарсад коҳиш ёфта бошад ҳам, вале арзиши нафт дар сатҳи 80 доллар барои як баррел чун нархи қаблӣ, яъне бетағйир боқӣ мондааст?;
  • Тибқи маълумоти Бонки мараказии Россия то 22,7 дарсад кам шудани ҳаҷми гардиши моли беруна, аз ҷумла содироти молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо нисбат ба соли 2022. Вазъи бамаломада аз ҳисоби коҳиши содирот 6,5 дарсад ва воридот 31,2 дарсад ба вуҷуд омадааст.Тибқи маълумоти Хадамоти федеролии гумрукӣ, танҳо дар моҳи январи соли 2023 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Россия ба хориҷ 28 дарсад ва воридот бошад, 4,7 дарсад кам шудааст;
  • Мунтазам қатъ гардидани фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ дар бозорҳои Россия. Зикр кардан бамаврид аст, ки то соли 2022 дар ин кишвар 2400 адад ширкатҳои фаръӣ, аз ҷумла 1400 ширкат аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва G7 фаъолияти мекарданд. Танҳо дар моҳи ноябри соли 2022 8,5 дарсади ширкатҳои ғарбӣ бозори Росияро тарк карданд. Дар ин давра ҳамзамон, 18 дарсади филиалҳои ширкатҳои фаръии ИМА, 15 дарсади Ҷопон ва 8,5 дарсади Иттиҳоди Аврупо бозори Росияро тарк карданд.
  • Афзоиши ҳаҷми хуруҷи сармоя. Тибқи маълумоти Бонки марказии Россия дар соли 2022 ҳаҷми хуруҷи сармоя 251 миллиард долларро ташкил намуда, нисбат ба соли 2021-ум 70,5 дарсад зиёд мебошад;
  • Коҳиш ёфтани ҳаҷми даромад аз содироти маҳсулот. Тибқи омори расмӣ, дар давоми солҳои 2022–2023 ҳаҷми даромади Россия аз содироти нафт ва газ тақрибан 40 дарсад (2023–18,5 2022–30 миллиард доллар) коҳиш ёфтааст;
  • Афзоиши ҳаҷми интиқоли асъор, хусусан доллар ба хориҷи кишвар. Тибқи маълумоти Хадамоти федеролии гумрукӣ, сарфи назар аз ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар бобати интиқоли маблағ, ки на беш аз 10 ҳазор доллар муайян шудааст, танҳо дар давоми соли 2022 ва семоҳаи якуми соли 2023 беш аз 12 ҳазор ҳолати қонуншиканӣ ҳангоми интиқоли пули нақд аз сарҳад ошкор гардидааст;
  • Камчинии доллар ва евро дар пайи афзоиши талабот нисбат ба пешниҳод. Кам гардидани ҳаҷми даромад аз содироти ашёи хом боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми воридоти асъори хориҷӣ ба кишвар шуд. Пас аз як соли оғози амалёти махсуси ҳарбӣ (АМҲ), иқтисоди Россия давра ба давра ба камбуди доллар дучор гардид. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳаҷми даромад аз содирот танҳо дар се моҳи охир тақрибан ду баробар (аз 15 млрд доллари моҳи декабри 2022 то 7,8 млрд доллар дар моҳи феврали соли 2023) коҳиш ёфт, ки ин, бешубҳа, боиси норасоии асъор ва болоравии арзиши он гардид;
  • Омили дигаре, ки боиси тағйирёбии қурби асъор дониста мешавад, коршиносони соҳавӣ дар муомилоти хариди дороиҳои ширкатҳои хориҷӣ аз бозори Руссия маънидод менамоянд;
  • Дар ин самт эҳтимолан аз ширкати британиягии газу нафт «Shell» харидани як қисми лоиҳаи «Сахалин–2» аз ҷониби ҷамъияти саҳомии «НОВАТЕК» бо иҷозаи мақомоти Россияро метавон ном бурд. Ҳаҷми маблағи муомилот қариб 95 миллиард рублро ташкил медиҳад. Бешубҳа барои иҷрои ин амал, миқдори зиёди асъор лозим меояд, ки дарёфти он бевосита талаботи зиёдро ба вуҷуд овард. Илова бар ин, фурӯши дороиҳои дигари русиягии ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла «Hyundai ва Volkswagen» низ дар баррасӣ қарор дорад. Инчунин, тасдиқи фурӯши дороиҳои руссиягии фурӯши либосҳои испании  «Inditex», ки бо доллар сурат мегирад, ба бозори асъори Руссия таъсири манфӣ хоҳад расонид;
  • Ниҳоят баъзе аз коршиносон вазъи бамаломадаро дар омилҳои сунъӣ ва дар ин замина бартараф намудани камбудии буҷет арзёбӣ мекунанд. Тибқи арзёбиҳо, касри буҷаи федоролӣ дар семоҳаи аввали соли 2023-ум 2,4 триллион рублро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, тибқи гузориши Вазорати молия, дар ин давра буҷаи давлат тақрибан нисфи даромади худро аз ҳисоби фурӯши нафту газ низ аз даст дода, ҳаҷми воридот нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 45 дарсад кам шудааст, аммо то кадом андоза асоси воқеӣ дотани ин гуфтаҳоро вақт нишон хоҳад дод.

Вазъи бамаломада дар баробари дигар соҳаҳо рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусии Федератсияи Россияро низ бетаъсир нагузошт.

Тибқи арзёбиҳо, ҳоло қариб 75–80 дарсади корхонаҳои хурду миёна, ки дар Руссия ба фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан дар самти содироту воридоти молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо машғуланд, аз қурби рубл вобастагии зиёд доранд. Яъне ҳаргуна тағйирёбии бозори асъор нисбат ба рубл ба фаъолияти онҳо метавонад таъсири мусасбат ва манфӣ гузорад.

Вобаста ба ин масъла, аз ҷониби Агентии таҳқиқоти «Market Magram» дар якҷоягь бо «Опорой России» ва ҷамъияти саҳомии «Промсвязьбанком» миёни 1609 адад соҳибкорони хурду миёна таҳқиот гузаронида шуд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки ҳар як ширкати чоруми ба тадқиқот фарогирифта, ки ба воридоти молу маҳсулот машғуланд, акнун маҷбур шуданд, ки хароҷоти дар натиҷаи беқурбшавии рубл ба миён омадааст, тавассути баланд намудани нархи фурӯш аз истеъмолкунандагон ситонанд, ки ин ба коҳишёбии сатҳи пардохтпазирии аҳолӣ ва афзоиши таваррум боис хоҳад гашт.

Соҳибкорони дар соҳаҳои истеҳсолӣ, савдо ва то андозае соҳаи хизматрасонӣ низ дар татиҷаи берқубшавии рубл бештар зиён хоҳанд дид. Дар натиҷаи таҳқиқот муйян карда шудааст, ки аз шумораи умумии соҳибкорони ба таҳқиқот фарогирифта танҳо фаъолияти 23 дарсадаш бо сабабҳои ба воридоти маҳсулот ё ашёи хом аз хориҷи кишвар аз тағйирёбии қурби асъор вобаста нестанд.

Ҳамин тавр, соҳибкорони ба таҳқиқот фарогирифта омилҳои манфии вазъи баамаломда ва таъсири онро ба фаъолияти худ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ чунин хулоса менамоянд:

  • Фаъолият дар соҳаи хизматрасонии хуроки умумии «Chо Pho». То 10–15 афзоиш офтани арзиши нарх дар натиҷаи баланд гардидани арзиши аслии хизматрасонӣ аз ҷониби таъминкунандагон, хусусан дар нуқтаҳои хизматрасонии соҳаи хуроки умумӣ, ки фаъолияти буштар доранд;
  • Фаъолияти машваратдиҳӣ дар соҳаи идоракунӣ. Баланд шудани арзиши хизматрасониҳо боиси 15–20 дарсад зиёд шудани хароҷот мерасонад. Вазъи бамаломда, танҳо хароҷоти музди меҳнатро нисбат ба солҳои 2019–2020 тақрибан 55 дарсад зиёд намуд;
  • Фаъолият дар соҳаи тандурустӣ. Масъалаҳои стратегия ва рушди инноватсия ҳамчун нақшаи дуюдараҷа қарор хоҳанд гирифт. Зиёни молӣ барои ширкатҳое, ки сиёсати нархгузории дарозмудат доранд, вобаста ба воридоти ашёи хом ва дигар техникаву таҷҳизоти зарурӣ 3–10 дарсад арзёбӣ карда мешавад. Аммо бо дарназардошти логистика ин рақам метавонад 5–10 дарсад афзоиш ёбад;
  • Фаъолият дар соҳаи саноати боғдорӣ. Ҳоло бисёре аз соҳаҳои кишоварзии Россия аз воридоти маводи ниҳолшинонӣ, зотпарварӣ, мошинҳо, таҷҳизот, воситаҳои ҳифзи растанӣ ва ғайра вобастаанд. Мутаассифона, бисёре аз онҳоро дар дохили Россия пайдо кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин, талабот аз ҳисоби воридот тавассути батани шарномаи муштарак қонеъ гардонида мешавад. Пардохт дар доираи шартнома бо доллар ва евро сурат мегирад. Аз ин рӣ, вазъи баамаломада, ба самаранокии фаъолияти корхона, хусусан дар заминаи афзоиши ҳаҷми хароҷоти пардохт, таъсири манфӣ расонид. Идомаи чунин вазъ эҳтимол метавонад ба муфлисшавии корхона оварда расонад;
  • Фаъолият дар самти коркарди чӯбу тахта, мебел ва ҷузъҳои ранг. Беқурбшавии рубл дар баробари дигар соҳаҳо, ба соҳаи зикргардида бештар таъсири манфии худро расонидааст. Зеро таъмин бо ашёи хом дар ин корхона, аслан аз кишварҳои Австрия ва Италия сурат мегирад. Дар натиҷаи тағйирёбии қурби рубл арзиши хариди масолеҳ, яъне ашёи хом назар ба соли гузашта 15–20 дарсад баланд шуд, ки ин хеле ҷиддӣ аст, чунки ин ҳола ба ҳамин андоза болоравии нархро дар пай дорад.

Акнун эҳтимол то кадом андоза вазъи баамаломада метавонад ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсри манфӣ расонад. Асбаски Россия яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, бинобар ин, пеш омадани ҳар гуна буҳронҳо, аз ҷумла иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва молиявӣ болои  ин кишвар, натанҳо мамлакати мо, балки дигар кишварҳои Осиёи Марказиро низ дар канор нахоҳад гузошт.  Яке аз масъалаҳои ташвишовар дар ин самт, барои кишвари мо коҳиши сатҳи даромаднокии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия қарордошта тавассути эҳтимол баланд гардидани хароҷоти будубош, аз ҷумла афзоиши арзиши молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, патент, иҷораи манзил, ҳуҷҷатгузорӣ ва ниҳоят коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағ буда метавонад.

Ин гуфтаҳоро ба он метавон асоснок намуд, ки моҳи марти соли 2022 чанде пас аз оғози АМҲ Россия дар Украина қурби рубл то сатҳи 115 рубл барои як доллар поён рафта буд. Дар натиҷа, даромади муҳоҷирони корӣ ба ҳадди минимум кам шуд.

Дар иртибот ба ин, дар семоҳаи якуми соли 2022-ум 60337 нафар муҳоҷирон ба ватан баргаштанд, ки нисбат ба соли 2011-ум 2,6 маротиба зиёд буд. Ҳамин тавр, тибқи арзёбиҳо дар натиҷаи вазъи баамаломада, тақрибан 400 ҳазор муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои гуногун тарки Руссия карданд.

Чуноне маълум аст, қурби рубл дар як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон поин рафта, ҳоло ҳазор рубл ба 121 сомонӣ баробар шудаст, ки ин ба нишондишандаи соли 2016 баробар мебошад. Вазъи баамаломада, аллакай ба сабади истеъмолии баъзе аз шаҳрвадоне, ки рӯзғори онҳо то адозае аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Россия вобастааст таъсири худро расонидааст.

Вазъи мавҷуда, ба дигара соҳаҳо аз ҷумла бахши воқеии иқтисодиёт ва низоми бонкии кишвар, чандон назаррас нахоҳад буд. Вале баъзе аз ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бонки Рушди Осиё сатҳи таваррум дар кишварро дар соли 2023 баланд арзёбӣ намуда, 7 дарсад пешбинӣ намудааст. Бонки мазкур яке аз сабабҳои асосии чунин вазъро, пеш аз ҳама, дар беқурбшавии эҳтимолии пули миллӣ дар заминаи коҳиши қурби рубли русӣ, афзоиши минбаъдаи қарзи истеъмолӣ ва маоши хизматчиёни давлатӣ, инчунин, нафақа арзёбӣ менамоянд.  Ин нишондиҳандаро Бонки АвруОсиё 6 дарсад ва Бонки Ҷаҳонӣ дар сатҳи 5,6 дарсад пешбинӣ намудаанд. Аз ин нуқтаи назар, идомаи минбаъдаи вазъи баамаломада то андозае ба кишвари мо таъсиргузор буда метавонад.

Дар маҷмуъ,  бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва факту рақамҳои возеҳи овардашуда доир ба вазъи мавҷуда ва таъсири он ба рушди бахши воқеии иқтисодиёт, соҳибкорӣ,  коҳиши сатҳи пардохтпазирии аҳолӣ дар заминаи баланд гардидани арзиши молу маҳсулот, кор ва хитзматрасониҳо, афзоиши таваррум дар Россия метавон хулоса намуд, ки буҳрони рухдода на кори сунъӣ, балки ба вусъат ёфтани таҳримҳо бар зидди ин кишвар ва тулонӣ кашол ёфтани раванди АМҲ  Россия дар Украина бештар рабт дорад.

Илова бар ин, дастгирии ҳамаҷонибаи Россия доир ба ба роҳ мондани муомилоти пулӣ бо юан ва рубли русӣ ва дар ин замина даст кашидан аз истифода ва коҳиши вобастагии Россия аз доллар, ба ин васила муътадил нигоҳдоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла коҳиши таваррум ва беқурбшавии рубл нисбат ба доллар, бешубҳа, баёнгари дигари ин гуфтаҳо мебошад. Чунки ҳоло Россия бо сабабҳои таҳримҳои ҷоригардида натанҳо дар самти дастрасӣ ба доллар, балки ба он аз суратҳисобҳои худ низ ба мушкилӣ дучор гардидааст.

Ҳамзамон, пешниҳоди Президенти Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва ҳангоми сафараш ба Чин вобаста ба ҷорӣ намудани асъори алтернативии ивазкунандаи доллар дар доираи кишварҳои БРИКС барои Руссия низ хеле ба манфиати кор хоҳад буд.

Роҳандозӣ намудани муомилоти пулӣ бо юан, рубли русӣ ва ҷорӣ намудани асъори алтернативии ивазкунандаи доллар барои кишвари мо низ ба манфиати кор хоҳад буд, чунки Тоҷикистон бо Чин тақрибан ҳаҷми тақрибан 2 миллар доллар ва бо Россия тақрибан дар ҳаҷми 1,4 миллар доллар гардиши мол дорад.

Ба андешаи мо, дар ин ҳолат, ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи бозори асъор, хусусан барои Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, батадриҷ афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот, аз ҷумла дар заминаи коркарди ашёи хоми ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ ва дар ин асос воридоти ҳарчи бештари асъори хориҷӣ муҳим шуморида мешавад.

 

Одинаев А.И.,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ

 

Наҷмуддинов М.С.,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлили масъалаҳои соҳибкорӣ
ва рушди бахши хусусӣ

 

 

 

Чоп кунед