Тибқи маълумоти расмӣ, санаи 12-ми феврали соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил дар кишвар то 9,5 фоизи солона муқаррар карда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023-ум ба андозаи 0,5 фоиз кам мебошад. Акнун саволи матраҳ ин аст, ки иқдоми мазкур ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар чӣ таъсир гузошта метавонад?

Қобил ба зикри хос аст, ки давоми соли 2023-ум меъёри бозтамвил ду маротиба бозбинӣ гардид (моҳи феврал аз 13,0 то 11,0 фоиз ва моҳи май то 10,0 фоизи солона паст шуда буд.

Барои дарки пурраи ин масъала, пеш овардани маълумот доир ба мафҳум ва моҳияти бозтавмил ва меъёри он муҳим мебошад.

Дар шароити кунунӣ, ки таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии баланди иқтисоди миллӣ аз бисёр ҷиҳат ба ҷалби сармоя ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ вобаста аст, бозтамвил ба сифати яке аз воситаҳои самарабахштарини танзими вазъи иқтисодиёти кишвар баромад мекунад.

Меъёри бозтамвил бошад, чун нишондиҳандаи муҳими рушди иқтисодиёт дониста шуда, барои муайян кардани меъёри андозҳо, ҷарима ва дигар пардохтҳои пулӣ истифода карда мешавад. Ин мафҳум дар баъзе аз кишварҳо, бахусус Федератсияи Русия, «меъёри асосӣ» ном бурда мешавад.

Тибқи қонунгузорӣ меъёри бозтамвил меъёри минималии фоизие дониста мешавад, ки тавассути он Бонки миллӣ ба ташкилоту муассисаҳои бонкии кишвар ҷиҳати таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат қарз медиҳанд.

Муҳлати чунин қарзҳо, ки бонкҳо метавонанд дар музоядаҳо онро дастрас кунанд, аз як то 28 рӯзро ташкил медиҳанд. Фарқи байни меъёри бозтамвил ва фоизи он, ки ба аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ барои ҳар гуна мақсадҳо қарз пешниҳод карда мешавад, ҳамчун фоидаи бонк дониста мешавад.

Муассисаҳои бонкӣ қарзро дар навбати аввал барои дастгирии пардохтпазирии худ дар давраи кӯтоҳмуҳлат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои таъҷилӣ, аз ҷумла ҳисоббаробарӣ дар бозори байнибонкӣ, пардохти қарзи ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва ғайра истифода мебаранд.

Меъёри бозтавмил дар заминаи омилҳои гуногун муайяну мушаххас карда мешавад, аз ҷумла чунин омилҳоро метавон ном бурд:

  • ворид намудани тағйиру иловаҳо дар қонунгузории андоз, ҷорӣ намудани имтиёзу сабукиҳои андозӣ, бекор кардани пардохтҳои ҳатмӣ. Тибқи омори расмӣ соли 2023-ум ҳаҷми имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ дар кишвар 6,1 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки ин метавонад исботи ин гуфтаҳо бошад;
  • ҷой доштани таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ва таъсири манфии онҳо ба рушди иқтисодиёт (таҳримҳои молиявию иқтисодӣ, тағйирёбии босуръати иқлим, вазъи мурракаб ва пешгӯйинашавандаи ҷаҳони муосир);
  • тағйирёбии вазъи бозори ҷаҳонӣ, бахусус канда шудани занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот, коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, ба таври бесобиқа боло рафтани арзиши маводи озуқаворӣ, воситаҳои асосии истеҳсолӣ;
  • бо таъсисри омилҳои беруна паст гардидани сатҳи қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ ва ноустувор гардидани вазъи бозор ва ғайра.

Баланд ва паст будани меъёри бозтавмил дорои ҷанбаҳои мусбат ва манфӣ мебошад. Ҳангоми паст шудани ин нишондиҳанда дар иқтисодиёт равандҳои зерин ба амал меоянд:

  • арзонтар ва дастрас гардидани пешниҳоди қарзҳо;
  • дастрасии ҳарчӣ бештари соҳибкорон ва аҳолӣ ба қарзҳои низоми бонкӣ;
  • коҳиш ёфтани меъёри пасандозҳо;
  • баланд гардидани сатҳи қобилияти харидории аҳолӣ ва дар ин замина беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум;
  • эҳтимол баланд гардидани сатҳи таваррум. Зеро дар чунин сурат соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон имкон пайдо намекунанд, ки зуд ва ба таври зарурӣ талаботи бозорро бо маҳсулоти серталаб таъмин намояд, ки ин бевосита ба болоравии нарх оварда мерасонад.

Дар сурати баланд гардидани нишондиҳандаи мазкур, ин раванд дар иқтисодиёти мамлакат раванди баръаксро ба худ касб хоҳад кард, аз ҷумла:

  • меъёри таваррум коҳиш меёбад;
  • баланд гардидани меъёри фоизи пешниҳоди воситаҳои қарзӣ;
  • баланд гардидани меъёрӣ пасандозҳо дар муассисаҳои бонкӣ;
  • коҳиш ёфтани сатҳи пардохтпазирӣ ва дараҷаи талаботи истеъмолии аҳолӣ;
  • ниҳоят суст гардидани суръати рушди иқтисодиёт.

Ҳамин тавр, тасмими гирифташуда бисёр муҳим ва саривақтӣ буда, татбиқи он ба рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии кишвар, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши муомилоти пулӣ, ба эътидол овардани нархҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, дастрасии ҳарчӣ бештари соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ бо воситаҳои қарзии нисбатан арзон ва дар маҷмуъ, муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар солӣ ҷори  бахусус таъмини суръати рушди иқтисодиёт на камтар аз 8 фоиз, ҷалби сармояи хориҷӣ (мустақим ва қарзу грантҳо) дар ҳаҷми беш аз як миллиард доллар ва сатҳи таваррум таъсири мусбат хоҳад расонид.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки соли 2023-ум сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 3,8 фоизро ташкил дода, ба сатҳи рекордӣ баробар гардида буд. Чунин нишондиҳандаи пасттарин (3,8%) ҳамзамон дар соли 2013-ум низ  ба қайд гирифта шуда буд. Чунин раванд дар тамоми давраи соҳибистиқлоли кишвар бори дуюм ба назар мерасад.

Наҷмуддинов М.С. мутахассиси
пешбари Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ

Чоп кунед