Беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ мебошад.
Чунки раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил соҳаи иқтисодиёт бо такя ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ нақши ниҳоят бузург дорад. Бинобар ин, аз рузҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ ба рушди соҳаи мазкур эътибори аввалиндараҷа зоҳир карда шуд, ки ҳадафи асосии он пеш аз ҳама, афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, такмили низоми андозбандӣ, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ амалӣ менамояд.
Авалин қадаме, ки дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусусӣ дар идоракунии давлатӣ гузошта шуд, таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1997 «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мебошад.
Ин санад иртиботи байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ муайян намуда, барои рушду тараққиёти шаклҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» иншоотҳои зиёди хурд ва корхонаи миёнаю калон хусусӣ гардонида шуда, ки ин раванд дар муътадил гашатани вазьияи макроиқтисодӣ нақши муҳим гузошт.
Дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ ва амалисозии лоиҳаҳои инфиродии таҷдиди сохтори субъектҳои инҳисори табиӣ ва корхонаҳои азими давлатӣ то 90 фоизи дороиҳои давлатӣ ба бахши хусусӣ дода шуданд.
Ҳоло ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст.
Маҷмӯан, ҳоло барои фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ, қариб 110 номгўи имтиёзҳо пешбинӣ шуда, субъектҳои соҳибкориро зарур аст, ки имтиёзҳо ва сабукиҳои пешбининамудаи қонунгузориро самаранок истифода баранд ва низоми пардохти андозро пурра, риоя намоянд.
Ислоҳоти доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ амалигардида имкон дод, ки дар давоми даҳ соли охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 7 фоиз таъмин карда шавад.
Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ҳоло 70 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ таъмин карда мешавад, ки ин нисбат ба соли 1998 тақрибан 2,5 маротиба зиёд мебошад. Қариб 80 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 67 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисоди фаъол низ аз ҳисоби бахши хусусӣ таъмин мегардад.
Илова бар ин, давоми солҳои 1991-2020 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ бо назардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) беш аз 40 маротиба, шумораи корхонаҳои хурде, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машѓуланд ва мақоми шахси ҳуқуқиро доранд, тақрибан 2 баробар ва ҳаҷми даромад аз фурўши маҳсулоташон бошад беш аз, 5,5 маротиба зиёд гардид.
Дар ин давра, муҳлати бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» аз 40 то ба 5 рӯз, ва барои соҳибкорони инфиродӣ то 3 рӯз кӯтоҳ карда шуда, шумораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии давлатии таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз 30 то ба 7 адад кам карда шуд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ гузаронида шуданд, ки дар натиҷаи он шумораи иҷозатномаҳо аз 680 то 74 адад кам гардида, расмиёти дастрас намудани онҳо низ соддатар гардонида шуданд. Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти мазкур Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ низ ҷорӣ карда шуд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ, махсусан дар 7 соли охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ва ҳимояи манфиятҳои соҳибкорони истеҳсолӣ тавассути муҳайё гардонидани шароити дастраси ба захираҳои молиявии имтиёзнок Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар заминаи он бо қарори ҳукумати кишвар бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” таъсиси дода шуд, ки ҳадафи асосии он аз дастгирии корхонаҳои навтаъсис, амалкунанда, ва соҳибкорони инфиродӣ барои истеҳсол, банду баст, нигоҳдории молу маҳсулот, аз ҷумла молу маҳсулотӣ воридоивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда иборат мебошад.
Муассиса аз ибтидои фаъолият то соли 2020 дар асоси қарорҳои Шӯрои нозирони Муассиса 175 лоиҳаҳои тиҷоратии субъектҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба маблағи умумии тақрибан 248,6 миллион сомонӣ дастгирӣ намудааст, ки 51 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро мегирад ва ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар равона шудаанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар мамлакат теъдоди мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ 19 ададро ташкил дода, беш аз 63 намуди хулосаву иҷозатномаҳоро барои оғози фаъолият дар ин ё он соҳа пешниҳод менамоянд, ки нишондиҳанда то оғози ислоҳот дар низоми иҷозатдиҳӣ ба 600 адад баробар буд.
Эълон намудани моратория ба санҷишу тафтишоти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз тадбирҳое аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ амали карда мешаванд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо ин мақсад 4 маротиба моратория дар давоми солҳои зерин эълон гардид, аз ҷумла:
- 2008-2010 «Моратория ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна»;
- 2011-2014 «Моратория ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»;
- 2018-2019 «Моратория ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»;
- 2019-2020 «Моратория ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таъмини рушди ин бахши муҳими иқтисодиёт дар солҳои истиқлолияти давлатӣ як силсила ислоҳотҳои муҳим ва ҷиддиро амали намуд, ки муҳимтарини онҳо таҳия ва қабули Кодекси андоз ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, дар давраи соҳибистиқлолӣ низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 5 марҳала ҷудо намудан мумкин аст, аз ҷумла,
- Дарвраи якум солҳои 1991-1992;
- Дарвраи дувум солҳои 1993-1999;
- Дарвраи севум солҳои 1999-2013;
- Дарвраи чаҳору -2013-2020;
- Давраи панҷум 2020 то кунун.
Ҳамин тавр, мунтазам амалӣ намудани тадбирҳои судманд дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ба баланд гардидани мавқеъи байналмилалии Ҷумҳури Тоҷикистон оид ба ташкил ва пешбурди соҳибкорӣ замина гузошта, соли 2020 дар миёни 190 кишварҳои аъзои рейтинг ҷойи 106-умро ишғол намуд, ки ин рақам дар соли 2019 ба 124 баробар буд.
Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат тавассути татбиқи ислоҳоти зарурӣ фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ низ густариш ёфт, ки дар натиҷаи он Тоҷикистон се маротиба ба даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар шомил гардид.
Одинаев Амин Иброҳимович,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои соҳибкорӣ
ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон