Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ қайд гардидааст, “… мо бояд то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро боз ҳам  беҳтар карда , бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои сокинони кишвар ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем”.

Тавре, ки маълумоти диаграммаи 1  нишон медиҳад, ки дар соли 2014 ба ҳисоби миёна аз ҳазор  нафар аҳолии қобили меҳнат 132 нафари онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар карда бошанд, пас нишондиҳандаи мазкур дар соли 2015 – 106 нафар, соли 2016 – 98 нафар, соли 2017 – 90 нафар, ва  соли 2018 – 88 нафарро ташкил медиҳанд. Чунин тамоюли пастшавии нишондиҳандаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон дар давоми солҳои 2014 – 2018 ба ҳисоби ҳазор нафар аҳолии қобили меҳнати ошкорро доир ба коҳишёбии шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳодат намудааст.  ( нигаред ба диаграммаи 1).

Диаграммаи 1. Динамикаи шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон солҳои 2014 – 2018

Гарчанде, ки дар солҳои охир ба коҳишёбии шиддати муҳоҷиратӣ натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар сабаб гардида бошад ҳам, вале раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба Иттиҳоди Давлатҳои  мустаъқил (ИДМ), хусусан Федератсияи Россия ва хориҷи дур идома дорад.  Зеро ки ба ташаккули рафтори аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ як қатор омилҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ таъсир мерасонанд, ки дар натиҷа ба зиёдшавии тамоюли муҳоҷирати меҳнатӣ сабаб мегардад.

Айни замон, омилҳои асосии иҷтимоӣ – иқтисодие, ки ба раванди вусъатёбии муҳоҷират меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷии дур ва наздик мусоидат менамоянд, инҳоянд:

  1. Хусусияти рушди вазъи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар баланд будани сатҳи таваллуд ва нисбати паст будани сатҳи фавт ва инчунин зиёд будани афзоиши табии аҳолӣ зоҳир мегардад. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2018 шумораи таваллудшудагон – 231,0 ҳазор нафар, шумораи фавтидагон – 32,7 ҳазор нафар ва афзоиши табии аҳолӣ 198,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Афзоиши табии шумораи аҳолӣ бечуну чаро ба зиёд шудани шумораи аҳолии қобили меҳнат сабаб мегардад. Дар соли 2018 шумораи аҳолии қобили меҳнат 5473,9 ҳазор нафар ё ҳиссаи 59,9 фоизро аз шумораи  аҳолии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
  2. Зиёд шудани шумораи бекорон ва қувваи корӣ дар иқтисодиёт истифоданашуда аз ҳисоби афзоиши табии аҳолӣ. Дар асоси маълумоти омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 шумораи бекорони расман эътирофшуда 52,0 ҳазор нафар ва шумораи қувваи кории дар иқтисодиёт истифоданашуда 2949,0 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дараҷаи бекорӣ, яъне шумораи расман эътирофшудаи бекорон нисбат ба қувваҳои корӣ дар соли 2018 ҳиссаи 2,1% ва сатҳи қувваҳои кории дар иқтисодиёт истифоданашуда нисбат ба захираҳои меҳнатӣ дар ҳамин давраи таҳлилӣ 54,3 фоизро ташкил медиҳанд.
  3. Афзудани шумораи бекороне, ки ба ҷои корӣ ниёз доранд, тибқи маълумоти омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019) шумораи шахсоне, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул нестанд, кор ҷустуҷӯ доранд, дар Хадамоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифташуда, дар соли 2018 теъдоди 92631 нафар ва изҳороти корхонаҳо дар бораи талабот ба кормандон ҳамагӣ 8972 ҷои кориро ташкил дода, дар натиҷа шумораи бекороне, ки ба ҷои корӣ ниёз доранд 10,3 нафарро ба ҳар як ҷои корӣ ташкил медиҳад. Чунин ҳолат авҷгирии шиддатнокӣ дар бозори меҳнатро инъикос менамояд, ки дар натиҷа қисми муайяни бекорон роҳи муҳочирати меҳнатиро интихоб менамоянд.
  4. Паст будани ҳаҷми музди миёнаи меҳнати ҳармоҳаи номиналии пардохтшудаи кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳо аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ. Бояд қайд кард, ки дар соли 2018 ҳаҷми музди миёнаи меҳнати номиналии пардохтшудаи ҳар корманди соҳаи кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ – 492,3 сомонӣ, моҳипарварӣ – 687,56 сомонӣ, саноати истихроҷи маъданҳои куҳӣ ва коркарди конҳо – 2422,03 сомонӣ, саноати коркард – 1460,02 сомонӣ, нерӯи барқ, газ ва таъминоти об – 1676,52 сомонӣ, сохтмон – 2325,41сомонӣ, савдои яклухт ва чакана, таъмири автомобилҳо, мотосиклҳо, молҳои маишӣ ва маводҳои истифодаи шахсӣ – 1147,72 сомонӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо – 975,58 сомонӣ, нақлиёт, хоҷагии анбор ва алоқа – 2336,96 сомонӣ, фаъолияти молиявӣ – 3203,3 сомонӣ, мақомоти давлатӣ ва мудофиа – 1061,1 сомонӣ, маориф 938-48 сомонӣ, тандурустӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ – 831,13 сомониморо ташкил медиҳанд. Агарчӣ ҳаҷми музди миёнаи меҳнати номиналии пардохтшудаи ҳар корманд ба ҳисоби миёна аз рӯи ҳамаи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ 1233,82 сомониро ташкил диҳад ҳам, вале дар миёни давлатҳои ИДМ паст буда, на танҳо боиси коҳишёбии сифати қувваи корӣ, инчунин сабабгори муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷии дур ва наздик мегардад.

Бояд  иброз дошт, ки дар баробари омилҳои асосии иҷтимоӣ – иқтисодии дар боло номбаршуда, инчунин дигар омилу шароитҳои объективӣ, аз қабили камбизоатӣ, вайрон шудани соҳаҳои пешинаи шуғл дар натиҷаи тағйироти сохтори иқтисодиёт, ва ғайра ҷой доранд, ба зиёдшавии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат менамоянд. Зимнан муҳоҷирати меҳнатӣ, айни замон механизмест, ки на танҳо ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии шаҳрвандон таъсири мусбӣ мерасонад, инчунин омилест, ки ба рушди низоми молиявию бонкӣ, умуман бахши хусусии иқтисодиёти кишвар дар солҳои оянда такони ҷиддӣ медиҳад.

Бо вуҷуди гуфтаҳои боло, таҳлили раванди муосири муҳоҷирати меҳнатӣ тақозо менамояд, ки коҳишдиҳии сатҳи шиддатнокии муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими зерин алоқамандӣ дорад:

  1. Ҳолати муосири муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки самаранокии ҷорӣ намудани механизмҳои алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус дар амалияи корҳои мақомотҳои давлатӣ, ки бо масъалаҳои муҳоҷирати беруна машғуланд, нокифоя ба танзим дароварда шудааст. Зарурият ба миён омадааст, ки дар Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират” (1999) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар назардошти хусусиятҳои ҳолат, характер ва ҷараёни муосири муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон дар вазъияти кунунӣ  тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, таҷдиди назар ва дар таҳрири нав такмил дода шаванд;
  2. Таҳия ва амалигардонии механизм ва роҳҳои таъмини шароити иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳрвандон дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин имконият фароҳам меорад, ки суръати афзоиши муҳоҷиратӣ меҳнатӣ аз манотиқи ҷумҳурӣ ба кишварҳои хориҷӣ коҳиш дода шавад;
  3. Бояд дар назар гирифт, ки бозори меҳнати дохилӣ дар ҳолати шиддатнокӣ қарор дорад. Таҳлил нишон медиҳад, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ нишондиҳандаи шумораи бекороне, ки ба ҷойҳои кор ниёз ё эҳтиёҷот доранд, дар сатҳи баланд қарор дорад. Аз ин лиҳоз, зарурият ба миён омадааст, ки аз ҳисоби ташкили ҷойҳои кории нав, бахсус дар бахши хусусӣ бо роҳи дастгирии давлатии соҳибкорони хурд ва миёна рушди бозори меҳнати дохилӣ таъмин карда шаванд:
  4. Лозим дониста мешавад, ки тибқи талаботҳои муосири бозори меҳнат тайёр кардани мутахассисони ҷавон дар макотибҳои олӣ, миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва ибтидои касбӣ ба роҳ монда шавад. Зеро ҳиссаи шахсоне, ки дорои маълумотӣ олӣ, миёнаи касбӣ ва ибтидоӣ касбӣ мебошанд, дар ҷамъи умумии шумораи бекорон зиёд мебошад. Тибқи таҳлилҳои оморӣ солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019) дар соли 2018 ҳиссаи шахсоне, ки дорои маълумоти олӣ, миёнаи касбӣ ва ибтидои касбӣ мебошанд ва дар мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар ҷамъи умумии шумораи бекорон 34,7 фоизро ташкил медиҳад. Гумон меравад, ки инкишофи раванди мазкур метавонад ба афзоиши дараҷаи бекорӣ дар дохили кишвар ва зиёдшавии сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мусоидат намояд.
  5. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба танзим даровардани шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар дохили бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ доранд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар дохили кишвар фаъолияти меҳнатӣ мегузаронанд, 6857 нафарро ташкил медиҳанд. Дар оянда, тахмин меравад, ки рақобати кормандони аз кишварҳои хориҷӣ дар бозори меҳнат нисбат ба кормандони маҳаллӣ бозҳам пурзӯр гардида, боиси маҳдуд гардидани мавқеи кормандони маҳаллӣ аз бозори меҳнати дохили кишвар мегарданд.

Назарзода Наврузҷон Назар,

мутахасси  Раёсати таҳлили

масъалаҳои иҷтимоӣ

Чоп кунед