Имсол тоҷикистониён дар арафаи ҷашни бузурги давлатӣ, яъне 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ қарор доранд. Ҳар як давлат зиндагии мардуми хешро бидуни ин неъмати бебаҳо, ки Истиқлол ном дорад, тасаввур карда наметавонад. Зеро, дар низоми идоракунии давлатӣ таҳкурсии асосӣ пеш аз ҳама Истиқлоли давлатӣ аст ва баъдан пойдеворҳои дигаре, ки онро таҳким мебахшанд, яъне Ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти давлатӣ. Дар ҳолате, ки ҳар яке аз ин арзишҳо мустаҳкам бошанд, он гоҳ чунин давлатро соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона меноманд, чунонки давлати азизи мо Тоҷикистонро.
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ меоварад. Бахусус барои мардуми тоҷик, зеро барои тоҷикон ин дастовардест, ки дар натиҷаи ҷонфидоиҳои ҳазорҳо бародарону хоҳарони миллат, ки дар солҳои ноороми 90 –ум руй дода буд ва бо заҳматҳои марди ҷассуру қаҳрамон, худододу фарзонадил, матину қавиирода ва муборакқадам – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст. Ин дастовард ганҷи нодиру бебаҳоест, ки қадр накардани он ношукрӣ маҳсуб мебошад. Бинобар ин ҳар яки мо бояд шукри Истиқлол, шукри сулҳу Ваҳдати миллӣ, шукри суботи сиёсӣ, шукри нону обу хоки Ватан, шукри оила, шукри роҳати фарзандон ва шукри ҳастии хешро кунем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир номидаанд.
Давлате, ки дар ҷаҳон дорои нуфузу эътибор аст ва чун узви фаъоли комилҳуқуқ дар созмонҳои байналмилалӣ дорои мақому мавқеъ ва имкониятҳо ҷиҳати муаррифӣ, ҳимояву татбиқи ташаббусҳо ва ҳадафҳои милливу стратегии хеш аст, бешубҳа ин худ як дастоварди барҷастатарин барои ҳар як халқ мебошад, чунонки давлати мо Тоҷикистон барои тоҷикон. Ин аст, ки Тоҷикистони ҷавони мо, кишваре, ки дар давоми 30 соли Истиқлол аз он роҳи пурпечутоби даврони 90–ум ба роҳи росту ҳамвор, ба сӯи бунёдкориву созандагӣ сол аз сол қадамҳои устувори хешро гузошт, имрӯз дар ҷаҳон нуфузу эътибори намунавии эҳёгару сулҳофарро дорад. Маврид ба зикр аст, ки дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар ҳама самтҳо ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид. Аз ҷумла, он дастовардҳое бузурге, ки Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷӣ ноил гардидааст инҳо мебошанд:
– дар харитаи сиёсии ҷаҳон зуҳур намудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он;
– сулҳи тоҷикон – дастовард ва намунаи сулҳи нодир барои ҷаҳониён;
– эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 192 давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол;
– бо 179 кишвар барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ;
– амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷииТоҷикистон дар ҷаҳон;
– муаллифи чор ташаббуси бузурги ҷаҳонӣ гаштани Пешвои миллат: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005–2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028” ва дигар ташабусҳои вобаста ба ҳамин мавзӯъ;
– бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №332 аз 27 январи соли 2015 қабул гардидани Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он бо дарназардошти таҳаввулоту тағйироти дар арсаи байналмилалӣ бавуҷудомада, ҳадафу мақсадҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар муайян карда шудаанд. Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷрои раванди татбиқи манфиатҳои миллиро дар сиёсати хориҷии давлат муайян ва мушаххас намуда, боиси комёбиҳои назарраси кишвар дар сиёсати байналхалқӣ шуд;
– бо шаш кишвар барқарор гаштани шарикии стратегӣ, ки самаранокии ҳамин марҳилаи тарихии сиёсати хориҷии кишвар ва дипломатия мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Белоруссия эъломияи муштараки шарикии стратегиро ба имзо расонид, ки дар натиҷаи он қадамҳои сифатан нав дар самти таҳкими сиёсати дӯстона бо ин давлатҳо гузошта шуданд.
Боиси хушнудист, ки Тоҷикистон дар даврони истиқлолият узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Машварати ҳамкориҳо ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Долони нақлиётии Аврупо–Қафқоз–Осиё, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ва бисёр созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ гаштааст.
Қайд намудан зарур аст, ки дар рӯзҳои наздик яке аз дастовардҳои бузурги тоза, ки Сарвари Тоҷикистон ба он сарфароз гашт, ин нахустин мукофоти олӣ байни сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ – “Нишонаи фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” ҷиҳати ҳизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмиллалӣ мебошад. Дар арафаи ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатӣ ин туҳфаи олимақоми байналмилалиест барои миллати тоҷик, ки чунин Пешвои миллати бузург ва намунавии ҷаҳониро дорад.
Ҳамзамон, дар баробари дастовардҳо дар самти сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилӣ низ ба дастовардҳои бузурги зерин ноил гардидааст:
– қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар;
– барқарор гардидани тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ;
– ташкили Артиши миллии Тоҷикистон аз сифр ва комилан ба дӯши худ гирифтани ҳифзи давлат, аз ҷумла сарҳадҳои он;
– пайдоиш ва рушди қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қабули қонунҳои миллие, ки дар собиқаи ҷаҳонии ҳуқуқӣ шабеҳи худро надоранд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар ҳама бахшҳои ҳаёт, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ба чандин дастовардҳои бузурги дигар ноил гардидааст, ки зикри ҳамаи онҳо дар як мақолаву китоб ғайриимкон аст.
Хулоса, дарахти Истиқлоли тоҷикон дар ин даврон решаи мустаҳкам давонд ва мисли дарахти мевадор боровар гардид, ки хурду бузург метавонанд аз самараи ин меваҳо баҳраманд гарданд. Чун мавҷудоти зинда дарахти Истиқлол нашъунамои худро ҳоло ҳам идома медиҳад ва ниёзи ҳамешагӣ ба обёрӣ ва нигоҳубин дорад. Аз ин лиҳоз, бигзор ин обёрӣ аз чашмаи ҷон ва қалбҳои пур аз муҳаббати ҳар яки мо бошад ва мисли гавҳараки чашм мо онро ҳифз ва нигоҳдорӣ намоем.
Фарзона Худойдодова,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон