Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати дурандешона ва ба роҳ мондани муносибатҳои бародарию дӯстона бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон густариш бахшиндани низоми иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию ҷамъиятиро барои ҷонибҳо муҳим медонад. Бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ дониста шуда, имрӯзҳо ғояҳои ҳамкориҳои тамоми бахшҳои хоҷагии халқ миёни ин ду кишвари дӯсту бародар беш аз пеш бо эътимоди зиёд тақвият меёбанд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, яъне 22 октябри соли 1992 ба роҳ монда шуда, солҳои минбаъда низ ҳамкориҳои ин ду кишвари дӯст марҳалаи навро касб намуда, рушд меёбанд.

Боиси хушнудӣ аст, ки бо иродаи сиёсӣ ва талошу ибтикороти муштараки роҳбарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва  Шавкат Мирзиёев ҷиҳати татбиқ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо пайваста тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, заминаи асосии густариши муносибатҳои миёни ин ду кишвари шарики стратегӣ дар сатҳи байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ имзои беш аз 200 “Созишномаи шарикии стратегӣ” (17 августи 2018, Тошканд) ва “Созишномаи дӯстии абадӣ”-ро (15 июни 2000, Душанбе) зикр намудан бамаврид аст, ки аҳаммияти хосса доранд. Ҳамзамон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар созмонҳову ташкилотҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ба монанди: СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СҲИ ва МҲТБО ҳамкории зич дошта, ҷойгоҳу мавқеъи худро мунтазам ҳамоҳанг менамоянд.

Бояд гуфт, ки мавқеи ҷуғрофӣ, арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, динӣ, расму оин ва анъанаҳо яке аз омилҳои асосии муносибатҳои дӯстонаи байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, дар ин замина, ҳамкориҳо дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истеҳсоли энергияи «сабз», дар соҳаи кишоварзӣ бо бароҳ мондани технологияи муосир, бахши хусусӣ, нақлиёт, технологияи рақамӣ, илму маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои муҳими хоҷагии халқ ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи сиёсати созандаву дӯстонаи Роҳбарони ин давлатҳо густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ зарур дониста шуда, дар асоси маълумотҳои оморӣ соли 2023 гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёда аз 500 миллион доллари амрикоиро ташкил намуд. Дар ин давра,  содироти молу маҳсулот 151 млн. долларро ташкил намуд, ки дар қиёс ба соли 2000-ум ба андозаи 1,5 баробар афзоиш ёфтааст. Молу маҳсулоте, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содир мешаванд: маъданҳо ва консентратҳо – 33,1 дарсад, масолеҳи сохтмон (семент) – 28,5 дарсад, неруи барқ ​​– 18,7 дарсад, металлҳои сиёҳ – 6,4 дарсад, металлҳои ранга – 3,5 дарсад, хизматрасонӣ – 2,3 дарсад ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон дар баробари содироти маҳсулоти лозимӣ ба миқдори 353,5 млн. доллар молу маҳсулот ба кишвар ворид шуда, нисбат ба соли 2000-ум 1,9 баробар зиёд гардидааст. Гардиши асосии молу маҳсулоте, ки аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мегарданд: хизматрасонии нақлиётӣ – 36,2 дарсад, маҳсулоти хӯрокворӣ – 13,8 дарсад, маҳсулоти нафту газ – 11,8 дарсад, нуриҳои минералӣ (азот, фосфор ва ғайра) – 5 дарсад, молу маҳсулот барои шахсони воқеӣ – 4,9 дарсад, маҳсулоти нассоҷӣ – 4,5 дарсад, металлхои сиёҳ – 3,6 дарсад, пластмасса ва маснуоти аз онхо омодашуда  – 2,9 дарсад, таҷҳизоти электрикӣ – 2,1 дарсад ва ғайраро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти захираю имкониятҳои мавҷуда ва низоми тиҷорати озод миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, минбаъд ҳаҷми муомилоти мутақобила метавонад ба 1 миллиард доллар расонида шавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гардиши молу маҳсулот байни ин ду кишварро асосан, маҳсулоти хӯрока, маъдан, кимиёвӣ, нассоҷӣ, пойафзол, металлҳои қимматбаҳо, мошину таҷҳизот наклиёт, сайёҳӣ, хизматрасонии меҳмонхонаҳо, хизматрасонии роҳи оҳан ва роҳи ҳавоӣ дар бар мегирад. Аммо, имкониятҳо барои боз ҳам таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии баҳри ҷонибҳо бештар буда, ҷиҳати истифодаи иқтидори пурраи имкониятҳои ҷойдошта,  робитаҳои дуҷониба давра ба давра густариш меёбанд. Бояд тазаккур дод, ки рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ хеле назаррас буда, дар ин масир фаъолияти корхонаҳои муштарак дар қаламрави ҳар ду кишвар далели гуфтаҳои боло мебошанд. Аз ҷумла, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ бо сармояи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон корхонаҳои бо сармояи Тоҷикистон фаъолияти пурсамар менамоянд. Бинобар ин, солҳои охир шумораи корхонаҳои муштарак қариб 10 баробар афзоиш ёфтааст. Бояд гуфт, ки тибқи маълумотҳои расмӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 адад корхона бо ҳиссаи соҳибкорони Ӯзбекистон сабти ном шуда, дар давраи солҳои 2007-2023 аз ҷониби онҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон 74,1 миллион доллар сармоя ворид гардидааст, ки дар миёни онҳо корхонаи муштараки “Артел Авесто Электроникс”, ки асбобу анҷоми рӯзгорро истеҳсол мекунад ва  корхонаи муштараки “Талко-крантас”, ки ба ҷамъоварӣ ва истифодабарии мошинҳои махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ машғул аст хеле маъруфият доранд. Ҳамзамон, дар баробари ин, шумораи зиёди корхонаҳое ҳастанд, ки бо ҳиссаи сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд.

Иқдоми мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Ӯзбекистон яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар низоми минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба заминагузор хоҳад буд.

Дар робита ба ин, рушди ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти маблағгузории лоиҳаҳои бузурги афзалиятнок, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ба ҳисоб меравад, ки дар асоси ҷалби бахши хусусӣ ва ширкати сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳим дониста мешавад.

Имрӯзҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳкими робитаҳо дар самти ташкили долонҳои нави транзитӣ, бунёди инфрасохтори муосири логистикӣ, афзоиши ҳаракати ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автобусҳо, таъсиси муштараки агрокластерҳо ва корхонаҳои муосири истеҳсолӣ, коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ва ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои сеюм ба мувофиқа расиданд. Бештари ҳамкориҳои дуҷониба  дар соҳаи иқтисодиёт асос ёфтааст, ки дар панҷ соли охир нишондиҳандаҳои хеле баландро касб кардааст. Дар робита ба ин, Тоҷикистон ба даҳгонаи шарикони тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон шомил шуда, дар даҳсолаи охир ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба беш аз 3 маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар асоси имкониятҳои мавҷуда ва манфиатҳои мутақобила ҷонибҳо аз имконоти нақлиётию транзитӣ самаранок истифода барда, дар ҳоли истифодаи пурраи иқтидори умумии нақлиётию транзитӣ ва ташаккули ин муносибатҳо аз ҷумла, масири тавассути Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Чин на танҳо ба афзоиши ҳаҷми молу маҳсулот, балки дар таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба таъсиргузор хоҳад буд.

Ҳамзамон, дар рушди муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бахши обу энергетика низ муҳим дониста шуда, оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Ёвон дар рӯдхонаи Зарафшон яке аз бузургтарин ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика дониста мешавад. Нерӯгоҳи мазкур бо васлу насби истгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз гардида, иқтидори истеҳсолии он зиёда аз 140 мегаваттро доро мебошад, ки минбаъд дар таъмини амнияти энергетикӣ, рушди кишоварзӣ ва таъмини об байни ҷонибҳо нақши муҳим дорад.

Ҳамин тавр, раванди тақвиятёбии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон баёнгари он ҳаст, ки ҷонибҳо дар ташаккули робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сиёсию иҷтимоии муштарак манфиатдор буда, минбаъд низ муносибатҳо дар руҳияи эътимоди мутақобилан судманд, бародарӣ ва дӯстию ҳамҷаворӣ таҳким хоҳанд ёфт.

Итминони комил дорем, ки ҳамкориҳо дар соҳаи саноати вазнин, сабук, кимиё, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва саноати хурокворӣ, соҳаи сайёҳӣ, экология ва энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ барои ҷонибҳо ба ҳисоб рафта, минбаъд низ созишҳо дар руҳияи ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариш хоҳанд ёфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳоро бо шарикони рушд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ дониста, дар ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ саҳми арзанда дорад. Дар ин самт Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз шарикони боэътимоду стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ манфиатдор боқӣ мемонад.

Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед