Тайи солҳои охир Нишасти Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои ҷаҳон ба як анъанаи созгор ва натиҷабахш табдил ёфтааст. Ин раванд, бо тартиби Нишасти машваратии Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Нишасти машваратии Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо (5+1), Нишасти Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико (С5+1), Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Корея, Нишасти Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин (С+С5) дар қолабҳои гуногун доир мегарданд.
Дар ин замина, санаи 17 сентябри соли 2024 Нишасти дуюми Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир гардид, ки ҳадафи он таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ, пойдории амният, рушди устувор ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни кишварҳои минтақа дониста мешавад ва ин раванд метавонад ба густариши муносибатҳои самарабахши дуҷонибаи ин кишварҳо, заминаи мусоидро фароҳам оварад. Бояд гуфт, ки дар Нишасти дуюми Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олаф Шолтс ширкат доштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ин нишаст иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ таъкид доштанд:“…идомаи муколамаи мо дар сиғаи Осиёи Марказӣ ва Олмон ба талошҳои муштарак ҷиҳати муайян кардани самтҳои ояндадори ҳамкории бисёрҷониба ва ноил шудан ба натиҷаҳои амалӣ мусоидат мекунад”.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аснои суханрониашон дар Нишасти дуюми Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон оид ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, барои истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, паёмадҳои хушксолию обхезӣ ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, андешаронӣ намуда, дар ин самт, густариши ҳамкориро бо шарикон, аз ҷумла бо Олмон муҳим арзёбӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «…Кишвари мо аз сарватҳои гуногуни маъданӣ бой буда, барои рушди ҳамкориҳо бо шарикон дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ манфиатдор мебошад ва ба афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ ва дигар навъҳои маҳсулот ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҳавасманд аст».
Дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олаф Шолтс сурат гирифт. Дар ҷараёни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар татбиқи стратегияҳои миллии кишвари мо саҳми назарраси Ҷамъияти Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки Олмонии Рушд назаррас мебошад. Ҷонибҳо дар доираи ҳамкории босамар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, такмили энергияи офтобӣ ва бодӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сипосмандӣ аз ҳиссагузории Олмон дар бунёди неругоҳҳои кишвар, аз ҷумла “Тоҷикистон” ва “Себзор” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин, навсозии Неругоҳи барқи обии “Норак” ёдовар шуда, идомаи таҷрибаи андӯхтаро дар сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” хостгори ҳиссагузорӣ ва умед намуданд. Ҳамзамон, истихроҷу коркарди маъданҳо, бахусус элементҳои нодири он ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, бахусус содироти маҳсулоти ин бахшҳо аз Тоҷикистон ба Олмон, аз ҷумлаи ҳамкориҳои ояндадор номида шуданд. Дар робита ба ин Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олаф Шолтс зимни суханронӣ изҳор дошт, ки «…Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика ва дигар манбаъҳои неруи “сабз”, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор мебошад. Ҳамзамон, мо ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонии Олмонро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ менамоем».
Воқеан ҳам, имрӯз кишварҳои минтақа ва Олмон дар татбиқи ҳадафҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дошта, доираи ин ҳамкориҳо сол аз сол тақвият меёбанд. Соли 2008 Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои таҷдиди дастгоҳи барқтақсимкунии Неругоҳи барқи обии “Норак” 25 млн. евро ҷудо намуда буд, ки аз он 18 млн. евро ҳамчун қарзи дуҷониба ба муддати 40 сол ва 7 млн. қарзи грантӣ мебошад. Ҳамчунин, ба ҳамин ҳадаф Олмон барои таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Мурғоб” созишнома ба имзо расонид.
Дар идомаи вохӯрии дуюми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон роҳбарони кишварҳои минтақа, оид ба таҳкими амнияти энергетикӣ ва рушди роҳҳои алтернативии таъмини неруи барқ, мусоидат ба рақамисозии устувор, тиҷорати электронӣ, беҳтар кардани робитаҳои нақлиётию транзитӣ, рушди иқтисодиёти “сабз”, тағйирёбии иқлим ва роҳҳои таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ изҳори андеша намуданд.
Доир ба ин масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании табиӣ, бахусус манбаъҳои тавлиди “энергияи сабз” мебошад, ки истифодаи самараноки ин иқтидор ба мо имкон медиҳад, ки дар “рушди сабз”-и минтақа саҳми арзанда гузорем. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки имрӯз 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда тавлид шуда, Ҳукумати кишвар нақша дорад, ки то соли 2032 онро ба 100 дарсад расонида, то соли 2037 Тоҷикистонро ба “кишвари сабз” табдил диҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки Нахустин нишасти Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон 29-уми сентябри соли 2023 дар Берлин бо ширкати раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон бо Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва раиси ҷумҳурии Олмон баргузор гардида буд. Дар нишасти мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои минтақа дар бахшҳои гуногун иқтисодӣ, аз ҷумла обу энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия ибрози андеша намуданд. Бахусус, сарвари давлат таъкид доштанд: «Мо манфиатдорем, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Олмон ва кишварҳои минтақа бо дарназардошти иқтидори ҷонибҳо афзоиш ёбад»
Воқеан ҳам, ҳеҷ як кишвар дар баробари мушкилоти ҷаҳонӣ наметавонад бидуни ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо кишварҳои дигар рушди устувор дошта, бошад. Аз ин лиҳоз, барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, иттиҳодиву ҳамгироии муштарак ва тақвияти ҳамкориҳо зарур шуморида мешаванд.
Дар ҳошияи Нишасти Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳбарони кишварҳо бори дигар азми худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикии дар асоси арзишҳои муштарак, эҳтироми тарафайн, манфиатҳои якдигар ва идомаи муколамаи сатҳи олӣ таъкид доштанд. Бояд гуфт, ки дар ҷараёни вохӯрӣ аҳаммияти мубориза бо мушкилиҳои глобалӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, паҳншавии силоҳ, амнияти киберӣ, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ масъалаи муҳим дониста шуд.
Гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа моҳҳои январ-июни соли 2024 наздик ба 1 млрд. доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 104 дарсад зиёд мебошад. Ҳамзамон, гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Олмон дар нимсолаи якуми соли 2024 ба 46,4 млн. доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 105 дарсад бештар гардидааст. Минбаъд низ бо дарназардошти андешидани тадбирҳои судманд дар самти омӯхтани зарфиятҳои истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, муносибатҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои шарик, махсусан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад афзоиш ёбад. Ин ҷо зарур мешуморем, ки гардиши тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмонро давоми солҳои 2020–2023 дар шакли (ҷадвали. 1) нишон диҳем.
Ҷадвали 1.
Гардиши тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар давоми солҳои 2020–2023
Манбаъ: Дар асоси маълумоти сомонаҳои интернетӣ ва оморӣ, аз ҷумла Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2023 саҳ. 309 аз ҷониби муаллиф омода гардидааст.
Аз рӯйи нишондиҳандаҳои ҷадвали 1 ба хулоса омадан мумкин аст, ки сол то сол гардиши тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, махсусан давоми солҳои 2020–2023, афзоиш ёфта истодааст. Агар соли 2020 ҳаҷми гардиши тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон маблағи 5847,6 ҳаз. доллари амрикоиро ташкил намуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2023 ба 10218,7 ҳаз. доллар баробар гардидааст. Дар ин давра, яъне дар соли 2023 гардиши тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон нисбат ба соли 2020 ба маблағи 3771,1 ҳаз. доллар ё ин ки 82,7 дарсад зиёд гардидааст.
Ҳамин тавр, бо андешидани чораҳои судманди Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои тарафайн, дар самти истифодаи захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаҳои кишоварзию саноат, энергетика, истифодаи технологияҳои муосир, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва тақвияти гардиши тиҷоратӣ заминаи мусоид гузошта метавонад.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон